3 Мӯсо 15:1-33

  • Чизҳое, ки аз бадан ҷорӣ шуда шахсро нопок месозанд (1–33)

15  Яҳува бо Мӯсову Ҳорун суханашро давом дода гуфт:  «Ба исроилиён чунин бигӯед: “Агар аз олати ҷинсии марде нопокӣ ҷорӣ бошад, ин ҷараён вайро нопок месозад.+  Ӯ ба сабаби ҷараёни худ нопок аст, хоҳ он аз олати ҷинсияш ҷорӣ бошад, хоҳ дар он дармонда бошад.  Ҳар бистаре, ки чунин шахс дар он хоб равад, нопок аст ва ҳар чизе, ки ӯ бар он нишинад, нопок мешавад.  Ҳар кӣ ба бистари чунин мард даст расонад, бояд либоси худро бишӯяд ва дар об шустушӯ кунад ва то бегоҳ нопок мемонад.+  Ҳар кӣ ба чизе, ки он мард нишаста буд, нишинад, бояд либоси худро бишӯяд ва дар об шустушӯ кунад ва то бегоҳ нопок мемонад.  Ҳар кӣ ба бадани марде, ки чунин беморӣ дорад, даст расонад, бояд либоси худро бишӯяд ва дар об шустушӯ кунад ва то бегоҳ нопок мемонад.  Агар касе, ки чунин беморӣ дорад, ба касе, ки пок бошад, туф кунад, шахсе, ки пок буд, бояд либоси худро бишӯяд ва дар об шустушӯ кунад ва то бегоҳ нопок мемонад.  Агар шахсе, ки чунин беморӣ дорад, ба зине бишинад, он нопок аст. 10  Ҳар кӣ ба чизе, ки ӯ бар он нишастааст, даст расонад, то бегоҳ нопок мемонад ва ҳар кӣ он чизҳоро бардорад, бояд либоси худро бишӯяд ва дар об шустушӯ кунад ва то бегоҳ нопок мемонад. 11  Агар касе, ки гирифтори чунин беморӣ+ бошад, бо дасти ношушта ба касе даст расонад, он шахс бояд либоси худро бишӯяд ва дар об шустушӯ кунад ва то бегоҳ нопок мемонад. 12  Ҳар зарфи гилине, ки чунин бемор ба вай даст расонад, бояд шикаста шавад ва ҳар зарфи чӯбине, ки ӯ ба он даст расонад, бояд бо об шушта шавад.+ 13  Вақте ҷараёни бадани ӯ бас шавад ва ӯ аз он пок гардад, шахс бояд барои пок шуданаш ҳафт рӯз шумурда, либоси худро бишӯяд ва дар оби равон шустушӯ кунад ва он гоҳ пок мешавад.+ 14  Дар рӯзи ҳаштум ӯ бояд бо худ ду мусича ё ду кафтарбача+ гирифта, ба ҳузури Яҳува, назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ, биёяд ва онҳоро ба дасти коҳин супорад. 15  Коҳин як парандаро чун қурбонии гуноҳ ва дигареро чун қурбонии сӯхтанӣ пешкаш мекунад ва барои беморияш ба ҳузури Яҳува товон медиҳад. 16  Агар аз бадани мард нутфа ҷорӣ шавад, ӯ бояд тамоми баданашро бо об шӯяд ва то бегоҳ нопок мемонад.+ 17  Ӯ бояд ҳар либос ва ҳар чизи чарминеро, ки бар он нутфа мондааст, бо об бишӯяд ва он то бегоҳ нопок мемонад. 18  Агар аз бадани мард ҳангоми бо зан ҳамхоб шуданаш нутфа ҷорӣ шавад, онҳо бояд дар об шустушӯ кунанд ва то бегоҳ нопок мемонанд.+ 19  Агар зан хунравӣ дошта бошад, ӯ аз сабаби хунравияш ҳафт рӯз нопок мемонад.+ Ҳар касе ба ӯ даст расонад, то бегоҳ нопок мемонад.+ 20  Ҳар чизе, ки ӯ ҳангоми нопок буданаш бар он хоб равад, нопок мешавад ва ҳар чизе, ки ӯ бар он нишинад, нопок мешавад.+ 21  Ҳар касе ба ҷойхоби ӯ даст расонад, бояд либоси худро бишӯяд ва дар об шустушӯ кунад ва то бегоҳ нопок мемонад. 22  Ҳар кӣ ба чизе, ки он зан ба вай нишастааст, даст расонад, бояд либоси худро бишӯяд ва дар об шустушӯ кунад ва то бегоҳ нопок мемонад. 23  Агар он зан ба ҷойхоб ва ё дигар ашё шинад ва касе ба ин чизҳо даст расонад, вай то бегоҳ нопок мешавад.+ 24  Агар мард бо зан ҳамхоб шаваду бо хунравии зан олуда шавад,+ ӯ ба муддати ҳафт рӯз нопок мемонад ва ҳар бистаре, ки он мард бар вай хоб равад, нопок мешавад. 25  Агар зан рӯзҳои зиёд хунравӣ дошта бошад,+ вале давраи хунравияш нарасида бошад+ ва ё хунравияш аз давраи ҳармоҳааш зиёдтар тӯл кашад, ӯ тамоми ин вақт мисли хунравии ҳарвақтааш нопок ҳисобида мешавад. 26  Ҳар бистаре, ки ӯ дар муддати хунравияш бар он хоб равад, чун бистари хунравии ҳармоҳааш нопок мешавад+ ва ҳар ашёе, ки ӯ дар муддати хунравияш бар он нишинад, чун дар давраи хунравии ҳармоҳааш нопок мешавад. 27  Ҳар кӣ ба онҳо даст расонад, нопок мешавад. Чунин шахс бояд либоси худро бишӯяд ва дар об шустушӯ кунад ва то бегоҳ нопок мемонад.+ 28  Аммо, вақте хунравияш бозмонад, ӯ бояд ҳафт рӯз шуморад ва баъд аз ин пок мешавад.+ 29  Дар рӯзи ҳаштум ӯ бояд ду мусича ё ду кафтарбачаро+ гирифта, назди коҳин, ба даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ, биёрад.+ 30  Коҳин якеро чун қурбонии гуноҳ ва дигареро чун қурбонии сӯхтанӣ меорад ва коҳин барои вай ба ҳузури Яҳува барои хунравии нопокаш товон медиҳад.+ 31  Ҳамин тавр шумо бояд исроилиёнро аз нопокияшон ҷудо нигоҳ доред, то хаймаи муқаддаси маро, ки дар миёни онҳост, нопок насозанд ва дар нопокии худ намиранд.+ 32  Ин аст қонун дар бораи марде, ки аз баданаш нопокӣ ҷорӣ мешавад, марде, ки ба сабаби ҷорӣ шудани нутфа аз баданаш нопок аст.+ 33  Ин қонун дар бораи занест, ки хунравӣ дорад,+ дар бораи ҳар зан ё мардест, ки нопокӣ аз баданашон ҷорист+ ва дар бораи мардест, ки бо зане, ки мувофиқи Шариат нопок аст, ҳамхоб мешавад”».

Поварақҳо