3 Мӯсо 16:1-34

  • Рӯзи Товондиҳӣ (1–34)

16  Баъди он ки писарони Ҳорун ба таври ношоиста назди Яҳува даромаданду мурданд,+ Яҳува бо Мӯсо сухан ронд.  Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Ба бародарат Ҳорун бигӯ, ки, ҳар гоҳе ки хоҳад, ба ҷойи муқаддас,+ ки дар пушти парда,+ назди сарпӯши сандуқ, ҷойгир аст, надарояд, то намирад,+ зеро ман дар болои сарпӯш+ дар абре+ пайдо мешавам.  Ин аст он чӣ Ҳорун ҳангоми ба ҷойи муқаддас даромадан биёрад: буққаи ҷавонеро* барои қурбонии гуноҳ+ ва қӯчқореро барои қурбонии сӯхтанӣ.+  Ӯ бояд куртаи муқаддаси катонро+ бипӯшад ва эзори катонро+ дар бар кунад, то баданаш луч набошад ва бар миён миёнбанди катонро+ бибандаду саллаи катонро+ бар сар гузорад. Онҳо либосҳои муқаддасанд.+ Ӯ бояд бо об шустушӯ кунад+ ва онҳоро бипӯшад.  Ӯ бояд аз мардуми Исроил+ ду нарбузи ҷавонро бигирад: якеро барои қурбонии гуноҳ ва дигареро барои қурбонии сӯхтанӣ.  Сипас Ҳорун бояд буққаро барои худаш чун қурбонии гуноҳ пешкаш кунад, то барои худаш+ ва хонадонаш товон диҳад.  Баъд ӯ ду нарбузро гирифта, онҳоро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ, ба ҳузури Яҳува, мегузорад.  Ҳорун барои он ду нарбуз қуръа мепартояд: як қуръа барои Яҳува ва як қуръа барои азозил*.  Ҳорун бузеро, ки аз рӯйи қуръа+ барои Яҳува баромадааст, мегирад ва онро чун қурбонии гуноҳ пешкаш мекунад. 10  Аммо бузеро, ки аз рӯйи қуръа барои азозил баромадааст, гирифта, зинда ба зинда ба ҳузури Яҳува пешкаш мекунад, то ба воситаи он бахшиши гуноҳҳоро ба даст орад* ва онро барои азозил ба биёбон бифиристад.+ 11  Ҳорун буққаи қурбонии гуноҳро барои худаш пешкаш мекунад ва барои худашу хонадонаш товон медиҳад. Сипас ӯ буққаи қурбонии гуноҳро, ки барои рӯпӯш кардани гуноҳҳои худаш овардааст, сар мебурад.+ 12  Пас аз ин ӯ бухурдони пур аз лахчаҳои оташро мегирад,+ ки бо лахчаҳои қурбонгоҳ пур аст+ (қурбонгоҳе, ки ба ҳузури Яҳува аст). Ӯ бо бухурдони пур аз лахча ду мушт хокае аз бухури хушбӯ+ мегирад ва онҳоро ба даруни парда медарорад.+ 13  Ӯ ҳамчунин бар оташ ба ҳузури Яҳува бухурро месӯзонад+ ва абри бухур сарпӯши сандуқи шаҳодатро+ мепӯшонад,+ то ӯ намирад. 14  Ӯ аз хуни буққа каме гирифта,+ бо ангушташ ба пеши сарпӯш, аз тарафи шарқии он, мепошад. Ӯ каме аз хуни онро бо ангушташ ҳафт бор ба пеши сарпӯш мепошад.+ 15  Сипас ӯ бузи қурбонии гуноҳро барои гуноҳҳои мардум сар мебурад+ ва хуни онро гирифта, ба даруни парда меорад.+ Ӯ бо хуни вай+ он чиро, ки бо хуни буққа карда буд, мекунад. Ӯ хуни онро сӯйи сарпӯш ва дар пеши сарпӯш мепошад. 16  Ӯ бояд барои ҷойи муқаддас товон диҳад, то онро аз нопокӣ, ҷиноят ва гуноҳҳои исроилиён пок созад.+ Ӯ бояд ҳамчунин барои хаймаи ҷомеъ, ки дар байни нопокиҳои исроилиён аст, товон диҳад. 17  Вақте коҳин барои товондиҳӣ ба ҷойи муқаддас медарояд, ҳеҷ кас набояд дар хаймаи ҷомеъ бошад ва то вақти баромадани ӯ касе набояд он ҷо дарояд. Ӯ барои худаш, хонадонаш+ ва тамоми ҷамоати Исроил товон медиҳад.+ 18  Сипас коҳин назди қурбонгоҳ,+ ки дар ҳузури Яҳува аст, мебарояд ва барои он товон медиҳад ва каме аз хуни буққа ва буз гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳ гирдогирд мемолад. 19  Ӯ ҳамчунин ангушташро ба хун тар карда, ҳафт бор бар қурбонгоҳ мепошад ва онро аз нопокиҳои халқи Исроил пок месозад ва муқаддас мегардонад. 20  Баъди он ки барои ҷойи муқаддас, хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳ товон медиҳад,+ ӯ бузи зиндаро пешкаш мекунад.+ 21  Ҳорун ду дасташро ба сари бузи зинда мегузорад ва бар ҳама хато ва айбу гуноҳҳои халқи Исроил иқрор мешавад ва онҳоро ба сари буз+ мемонад ва бузро бо дасти шахси таъйиншуда ба биёбон мефиристад. 22  Он буз тамоми гуноҳҳои онҳоро+ гирифта, ба замини харобазор мебарад.+ Ӯ бузро ба биёбон мефиристад.+ 23  Ҳорун ба хаймаи ҷомеъ медарояд ва либосҳои катонро, ки ҳангоми ба ҷойи муқаддас даромаданаш пӯшида буд, мекашад ва онҳоро дар он ҷо мемонад. 24  Ӯ бояд дар ҷойи муқаддас бо об шустушӯ кунад+ ва либосҳои худро пӯшад.+ Пас аз ин ӯ аз он ҷо мебарояд ва қурбонии сӯхтании худаш+ ва қурбонии сӯхтании мардумро+ пешкаш мекунад ва барои худаш ва мардум товон медиҳад.+ 25  Ӯ чарбуи қурбонии гуноҳро бар қурбонгоҳ сӯзонда, дуд мекунад. 26  Касе, ки бузи азозилро+ мебарад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва бо об шустушӯ кунад, баъди ин ӯ метавонад ба хаймагоҳ дарояд. 27  Буққаи қурбонии гуноҳ ва бузи қурбонии гуноҳ, ки хунашон барои рӯпӯш кардани гуноҳҳо* ба ҷойи муқаддас дароварда шуд, бо пӯст, гӯшт ва ахлоташон берун аз хаймагоҳ дар оташ сӯзонда мешаванд.+ 28  Касе, ки ин чизҳоро месӯзонад, бояд либоси худро бишӯяд ва бо об шустушӯ кунад ва баъди ин метавонад ба хаймагоҳ дарояд. 29  Бигзор ин барои шумо амри бардавом бошад: дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи даҳуми моҳ, ҷони худро азоб диҳед* ва ҳеҷ кас аз байни шумо набояд кор кунад,+ на сокини таҳҷоӣ, на ғарибе, ки дар байни шумо зиндагӣ мекунад. 30  Дар ин рӯз барои шумо товон дода мешавад,+ то шумо пок эълон шавед. Шумо дар ҳузури Яҳува аз ҳама гуноҳҳои худ пок мегардед.+ 31  Ин шанбе аст, ки дар он шумо бояд ором гиред ва ҷонҳои худро азоб диҳед.+ Ин амри бардавом аст. 32  Коҳине, ки тадҳин мешавад*+ ва ба ҷойи падараш+ коҳин таъйин мегардад*,+ товон медиҳад ва либосҳои катон,+ яъне либосҳои муқаддасро,+ мепӯшад. 33  Ӯ барои макони поктарин,+ хаймаи ҷомеъ+ ва қурбонгоҳ+ товон медиҳад. Ӯ ҳамчунин барои коҳинон ва тамоми ҷамоат товон медиҳад.+ 34  Ин барои шумо амри бардавом аст,+ то соле як маротиба барои тамоми гуноҳҳои исроилиён товон дода шавад».+ Ҳорун, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуд, амал кард.

Поварақҳо

Ё «ҷувонаеро; навбасеро; тӯрпиеро».
Эҳтимол, маънояш «бузе, ки гум мешавад».
Ё «то ба воситаи он товон диҳад».
Ё «барои товондиҳӣ».
«Ҷони худро азоб додан», аз афташ, ба он ишора мекунад, ки шахс рӯза мегирад ва аз баъзе корҳои дигар худдорӣ мекунад.
Дар матни асл «дасташро пур мекунанд».
Тадҳин — ниг. ба луғат.