3 Мӯсо 24:1-23

  • Равған барои чароғҳои хаймаи муқаддас (1–4)

  • Нони пешкаш (5–9)

  • Касеро, ки номи Худоро дашном додааст, сангсор мекунанд (10–23)

24  Яҳува суханашро бо Мӯсо давом дода гуфт:  «Ба исроилиён бифармо, ки ба ту барои чароғҳо равғани тозаи кӯфташудаи зайтун биёранд, то чароғҳо доимо даргирон бошанд.+  Берун аз пардаи сандуқи шаҳодат, ки дар хаймаи ҷомеъ аст, Ҳорун бояд чароғҳоро ба ҳузури Яҳува аз бегоҳ то саҳар доимо даргирон нигоҳ дорад. Ин амри бардавом аст барои тамоми наслҳои шумо.  Ӯ бояд доимо чароғҳоро дар чароғпояи+ аз тиллои тоза ба ҳузури Яҳува батартиб ҷойгир кунад.  Каме орди маҳин бигир ва 12 ҳалқакулча паз. Ҳар як ҳалқакулчаро аз ду даҳяк* эфа бипаз.  Онҳоро дар ду қатор, дар ҳар қатор шаштогӣ,+ дар рӯйи мизи аз тиллои тоза, ба ҳузури Яҳува, бимон.+  Ба болои ҳар як қатори нон лодани тоза гузор. Он лодан чун намуна аз тамоми ҳадия+ барои Яҳува дар оташ сӯзонда мешавад.  Ҳар рӯзи шанбе ӯ бояд онро ба ҳузури Яҳува гузорад.+ Ин аҳди бардавом аст бо исроилиён.  Он аз они Ҳорун ва писаронаш мешавад+ ва онҳо онро дар ҷойи муқаддас мехӯранд,+ зеро он барои ӯ аз ҳадияҳое, ки барои Яҳува дар оташ сӯзонда мешаванд, як чизи хеле муқаддас аст. Ин амри бардавом аст». 10  Дар байни исроилиён писари зани исроилие буд, ки падараш мисрӣ буд.+ Чунин шуд, ки ӯву марди исроилие дар хаймагоҳ дастбагиребон шуданд 11  ва писари зани исроилӣ Номро* дашном додан ва лаънат хондан гирифт.+ Он гоҳ онҳо ӯро назди Мӯсо оварданд.+ Модари вай Шелӯмити духтари Дибрӣ аз қабилаи Дон буд. 12  Ӯ то маълум шудани қарори Яҳува ба ҳабс гирифта шуд.+ 13  Он гоҳ Яҳува ба Мӯсо гуфт: 14  «Шахсеро, ки номи маро лаънат хондааст, берун аз хаймагоҳ бароред ва бигзор ҳар кӣ лаънатро аз даҳонаш шунидааст, дастони худро бар сари ӯ гузорад. Сипас бигзор тамоми мардум ӯро сангсор кунанд.+ 15  Ба исроилиён бигӯ: “Ҳар кӣ Худои худро лаънат хонад, барои гуноҳаш ҷавоб медиҳад. 16  Ҳар кӣ номи Яҳуваро лаънат хонад, бояд ҳатман кушта шавад.+ Тамоми мардум бояд ӯро сангсор кунанд. Хоҳ ғарибе Номро лаънат хонад, хоҳ сокини таҳҷоӣ, бояд сангсор карда шавад. 17  Ҳар кӣ шахси дигарро бикушад, бояд ҳатман кушта шавад.+ 18  Ҳар кӣ чорпоеро зада кушад, бояд барои он товон диҳад: ҷон дар ивази ҷон*. 19  Агар касе шахси дигареро маиб кунад, бо вай низ бояд ҳамон тавр карда шавад.+ 20  Шикастагӣ дар ивази шикастагӣ, чашм дар ивази чашм, дандон дар ивази дандон — ҳар зараре, ки ӯ ба дигарон расонда бошад, бояд ба худаш расонда шавад.+ 21  Ҳар кӣ ҳайвонеро зада кушад, бояд барои он товон диҳад,+ вале касе одамро зада кушад, бояд кушта шавад.+ 22  Ҳам барои исроилиён ва ҳам барои ғарибон як қонун аст.+ Ман Яҳува Худои шумо ҳастам”». 23  Мӯсо бо исроилиён сухан гуфт ва онҳо шахсеро, ки номи Худоро лаънат карда буд, аз хаймагоҳ бароварда, сангсор карданд.+ Исроилиён, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуд, амал карданд.

Поварақҳо

Ду даҳяк эфа ба 4,4 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Яъне номи Яҳуваро, чи хеле ки аз оятҳои 15 ва 16 бармеояд.
Ё «чорпо дар ивази чорпо».