3 Мӯсо 4:1-35
-
Қурбонии гуноҳ (1–35)
4 Яҳува ба Мӯсо гуфт:
2 «Ба исроилиён бигӯй: “Агар касе нохост гуноҳ кунад+ ва ба яке аз корҳое, ки Яҳува манъ намудааст, даст занад, бояд чунин карда шавад:
3 Агар коҳини тадҳиншуда*+ гуноҳ кунад+ ва мардумро гирифтори хато созад, ӯ бояд барои гуноҳи кардааш буққаи ҷавони* солимеро чун қурбонии гуноҳ ба Яҳува пешкаш кунад.+
4 Ӯ бояд буққаро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ, ба ҳузури Яҳува, биёрад+ ва дасти худро бар сари он гузошта, онро дар ҳузури Яҳува сар бурад.+
5 Сипас коҳини тадҳиншуда+ каме аз хуни онро гирифта, ба хаймаи ҷомеъ меорад.
6 Коҳин бояд ангушташро ба хун тар карда,+ ҳафт бор ба ҳузури Яҳува ба пеши пардаи ҷойи муқаддас хун пошад.+
7 Ҳамчунин коҳин каме аз хуни буққаро бар шохҳои қурбонгоҳи бухурсӯзӣ, ки дар хаймаи ҷомеъ, дар ҳузури Яҳува, ҷойгир аст, бимолад+ ва тамоми хуни боқимондаи онро ба бехи қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ, ки назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ аст, бирезад.+
8 Сипас ӯ бояд аз буққаи қурбонии гуноҳ тамоми чарбу, аз он ҷумла чарбуеро, ки дар атрофи рӯдаҳо аст, чарбуеро, ки ба рӯдаҳо часпидааст
9 ва ду гурдаро, ки дар қисми миён ҷойгиранд, бо чарбуе, ки бар онҳост, ҷудо кунад. Ӯ бо гурдаҳо бояд ҳамчунин пардаи чарбуеро, ки бар ҷигар аст, ҷудо кунад.+
10 Он чарбуеро, ки аз буққаи қурбонии осоиштагӣ ҷудо кард, аз ин буққа низ бояд ҷудо кунад.+ Коҳин онҳоро бар қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ сӯзонда, дуд мекунад.
11 Аммо пӯсти буққаро бо гӯшт, калла, поча, рӯдаҳо ва ахлоти он+ —
12 он чиро, ки аз буққа боқӣ мондааст — бояд аз хаймагоҳ берун бароранд ва ӯ ин чизҳоро дар ҷойи тозае, ки хокистарро* он ҷо мепартоянд, бар ҳезум дар оташ сӯзонад.+ Ин чизҳо бояд дар ҷое ки хокистарро мепартоянд, сӯзонида шаванд.
13 Агар тамоми мардуми Исроил нохост гуноҳе карда гунаҳкор шавад,+ аммо ҷамоат бехабар бошад, ки мардум ба коре, ки Яҳува манъ кардааст, даст задааст+
14 ва гуноҳи мардум ошкор гардад, ҷамоат бояд буққаи ҷавонеро чун қурбонии гуноҳ пешкаш кунад ва онро назди хаймаи ҷомеъ орад.
15 Мардум ба ҳузури Яҳува дастони худро бар сари буққа мегузоранд ва буққа дар ҳузури Яҳува кушта мешавад.
16 Сипас коҳини тадҳиншуда каме аз хуни буққаро гирифта, онро ба хаймаи ҷомеъ меорад.
17 Коҳин бояд ангушташро ба хун тар карда, ҳафт бор ба ҳузури Яҳува ба пеши парда хун пошад+
18 ва каме аз хуни онро бар шохҳои қурбонгоҳе, ки дар хаймаи ҷомеъ, дар ҳузури Яҳува, ҷойгир аст, бимолад.+ Тамоми хуни боқимондаро бошад, ба бехи қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ, ки назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ аст, бирезад+
19 ва тамоми чарбуро ҷудо созаду бар қурбонгоҳ сӯзонда, дуд кунад.+
20 Ӯ бо ин буққа тавре бикунад, ки бо буққаи дигари қурбонии гуноҳ карда буд. Ӯ бояд ҳамон тавр кунад ва коҳин барои мардум товон медиҳад+ ва гуноҳи онҳо бахшида мешавад.
21 Ин буққаро низ бояд мисли буққаи якум аз хаймагоҳ берун бароранд ва ӯ онро месӯзонад.+ Ин қурбонии гуноҳ аст барои ҷамоат.+
22 Агар яке аз сардорони халқ+ ба коре, ки Яҳува Худояш манъ намудааст, нохост даст зада гуноҳ кунаду гунаҳкор шавад
23 ё фаҳмад, ки амрро вайрон карда гуноҳе кардааст, ӯ бояд нарбузи ҷавони солимеро қурбонӣ биёрад.
24 Ӯ дасти худро бар сари нарбузи ҷавон мегузорад ва онро, дар ҷое ки қурбонии сӯхтанӣ ба ҳузури Яҳува кушта мешавад, сар мебурад.+ Ин қурбонии гуноҳ аст.
25 Коҳин ангушти худро ба хуни қурбонии гуноҳ тар карда, бар шохҳои қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ каме мемолад,+ боқимондаашро бошад, ба бехи қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мерезад.+
26 Ӯ тамоми чарбуи онро мисли чарбуи қурбонии осоиштагӣ бар қурбонгоҳ сӯзонда, дуд мекунад+ ва коҳин барои гуноҳи ӯ товон медиҳад ва гуноҳаш бахшида мешавад.
27 Агар аз байни халқ ягон кас ба коре, ки Яҳува манъ кардааст, нохост даст зада гуноҳ кунаду гунаҳкор шавад+
28 ё фаҳмад, ки гуноҳе кардааст, ӯ бояд барои гуноҳи кардааш модабузи ҷавони солимеро қурбонӣ орад.
29 Ӯ дасти худро бар сари қурбонии гуноҳ гузошта, қурбонии гуноҳро, дар ҳамон ҷое ки қурбонии сӯхтанӣ кушта мешавад, сар мебурад.+
30 Коҳин ангушти худро ба хуни қурбонии гуноҳ тар карда, бар шохҳои қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ каме мемолад, боқимондаашро бошад, ба бехи қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мерезад.+
31 Ӯ тамоми чарбуи онро мисли чарбуи қурбонии осоиштагӣ+ ҷудо мекунад+ ва коҳин онро чун қурбонии хушбӯй* барои Яҳува бар қурбонгоҳ сӯзонда, дуд мекунад. Ҳамин тавр коҳин барои гуноҳи ӯ товон медиҳад ва гуноҳаш бахшида мешавад.
32 Аммо, агар ӯ барраро чун қурбонии гуноҳ орад, бояд барраи модаи солимеро пешкаш кунад.
33 Ӯ дасти худро бар сари қурбонии гуноҳ мегузорад ва онро, дар ҷое ки қурбонии сӯхтанӣ кушта мешавад, сар мебурад.+
34 Коҳин ангушти худро ба хуни қурбонии гуноҳ тар карда, бар шохҳои қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ каме мемолад,+ боқимондаашро бошад, ба бехи қурбонгоҳ мерезад.
35 Ӯ тамоми чарбуи онро мисли чарбуи қӯчқори ҷавони қурбонии осоиштагӣ ҷудо мекунад ва коҳин онро дар қурбонгоҳ бар қурбоние, ки дар оташ сӯзонда мешавад, гузошта, барои Яҳува сӯзонда, дуд мекунад.+ Ҳамин тавр коҳин барои гуноҳи ӯ товон медиҳад ва гуноҳаш бахшида мешавад.+
Поварақҳо
^ Ё «ҷувонаи; навбаси; тӯрпии».
^ Ё «хокистари равғанолудро», яъне хокистареро, ки чарбуи қурбониҳо бар он об шуда, рехтааст.
^ Ё «оромбахш».