3 Подшоҳон 16:1-34

  • Пешгӯйии Яҳува бар зидди Баъшо (1–7)

  • Элои шоҳи Исроил (8–14)

  • Зимрии шоҳи Исроил (15–20)

  • Омрии шоҳи Исроил (21–28)

  • Аҳъоби шоҳи Исроил (29–33)

  • Ҳиил Ериҳӯро аз нав бино мекунад (34)

16  Яҳува ба воситаи Еҳуи+ писари Ҳанонӣ+ бар зидди Баъшо сухан ронда гуфт:  «Ман туро, ки ба хоки замин баробар будӣ, гирифта, пешвои халқам Исроил гардондам,+ ту бошӣ, ба Ёробъом пайравӣ кардӣ ва халқам Исроилро ба гуноҳ тела додӣ ва онҳо бо гуноҳҳои худ маро ба хашм оварданд.+  Ман Баъшо ва хонадони ӯро аз рӯйи замин пок месозам ва хонадони ӯро мисли хонадони Ёробъоми+ писари Набот мегардонам.  Ҳар касеро, ки аз Баъшо дар шаҳр бимирад, сагон ва ҳар касеро, ки дар саҳро бимирад, парандагони осмон мехӯранд».  Воқеаҳои дигари ҳаёти Баъшо, корҳои ӯ ва қудрати ӯ, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст.  Баъшо ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва дар Тирсо+ гӯронда шуд. Ба ҷойи ӯ писараш Эло подшоҳ гашт.  Яҳува ба воситаи Еҳуи писари Ҳанонии пайғамбар бар зидди Баъшо ва хонадони ӯ сухан гуфта буд, зеро ӯ мисли хонадони Ёробъом бо амали дастҳои худ Яҳуваро ба хашм оварда дар назари ӯ бадии зиёде кард ва ҳамчунин Нодобро кушт.+  Дар соли 26-уми Осои подшоҳи Яҳудо Элои писари Баъшо дар Тирсо бар Исроил подшоҳ гашт ва ду сол ҳукмронӣ кард.  Вақте Эло дар Тирсо, дар хонаи Арсо, ки дар Тирсо нозири дарбори ӯ буд, нӯшида маст шуд, ходимаш Зимрӣ, ки сардори нисфи аробаҳои ҷангии ӯ буд, ба ҷони ӯ суиқасд кард. 10  Зимрӣ омада, дар соли 27-уми Осои подшоҳи Яҳудо Элоро зарба зада кушт+ ва ба ҷойи ӯ подшоҳ шуд. 11  Ҳамин ки Зимрӣ подшоҳ шуда, бар тахт нишаст, аҳли хонаводаи Баъшоро кушт. Ӯ ягон мардинаро*, на аз хешон* ва на аз дӯстони ӯ, зинда намонд. 12  Ҳамин тавр Зимрӣ мувофиқи сухане, ки Яҳува ба воситаи пайғамбар Еҳу бар зидди Баъшо гуфта буд, тамоми хонадони ӯро нобуд сохт.+ 13  Ин барои он рӯй дод, ки Баъшо ва писараш Эло гуноҳи зиёде карда буданд ва бо айби онҳо Исроил гуноҳ кард, яъне бутҳои бекораро+ парастиш карда Яҳува, Худои Исроилро, ба хашм овард. 14  Воқеаҳои дигари ҳаёти Эло, ҳамаи корҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст. 15  Дар соли 27-уми Осои подшоҳи Яҳудо Зимрӣ дар Тирсо подшоҳ шуд ва ҳафт рӯз ҳукмронӣ кард. Он вақт лашкари Исроил бар зидди Ҷибтӯн,+ ки дар дасти фалиштиён буд, урду зада буд. 16  Пас аз чанде дар урдугоҳ хабар ёфтанд, ки Зимрӣ суиқасд карда, подшоҳро куштааст, ва тамоми Исроил дар он рӯз сарлашкарашон Омриро+ дар урдугоҳ подшоҳи Исроил кард. 17  Омрӣ ҳамроҳи тамоми Исроил аз Ҷибтӯн сӯйи Тирсо рафта, онро муҳосира кард. 18  Вақте Зимрӣ дид, ки шаҳрро забт кардаанд, ба бурҷи* истеҳкомдори қасри подшоҳ рафта, хонаеро, ки дар дарунаш буд, оташ зад ва мурд.+ 19  Ин барои он шуд, ки ӯ мисли Ёробъом он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал оварда гуноҳ кард ва Исроилро низ ба гуноҳ тела дод.+ 20  Воқеаҳои дигари ҳаёти Зимрӣ ва суиқасди ӯ дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст. 21  Он вақт халқи Исроил ба ду қисм ҷудо шуд: як қисмаш Тибнии писари Ҷинатро тарафдорӣ карда, ӯро подшоҳ карданӣ буд, қисми дигараш — Омриро. 22  Мардуме, ки тарафдори Омрӣ буд, бар мардуме, ки тарафдори Тибнии писари Ҷинат буд, дастболо шуд. Тибнӣ мурду Омрӣ подшоҳ гашт. 23  Дар соли 31-уми Осои подшоҳи Яҳудо Омрӣ бар Исроил подшоҳ шуд ва 12 сол ҳукмронӣ кард. Ӯ шаш сол дар Тирсо ҳукмронӣ кард. 24  Ӯ аз Сомар ба ду киккар* нуқра кӯҳи Сомарияро харид ва бар он шаҳре бино кард. Ӯ он шаҳрро ба номи Сомар, ки соҳиби кӯҳ буд, Сомария*+ номид. 25  Омрӣ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард ва аз ҳамаи онҳое, ки пеш аз ӯ буданд, бадтар рафтор мекард.+ 26  Ӯ ба тамоми корҳои Ёробъоми писари Набот пайравӣ намуд ва мисли Исроил, ки бо айби Ёробъом бутҳои бекораро парастиш намуда Яҳува, Худои Исроилро, ба хашм меовард, гуноҳ мекард.+ 27  Воқеаҳои дигари ҳаёти Омрӣ, корҳои ӯ ва қудрати ӯ, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст. 28  Омрӣ ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва дар Сомария гӯронда шуд. Ба ҷойи ӯ писараш Аҳъоб+ подшоҳ гашт. 29  Аҳъоби писари Омрӣ дар соли 38-уми Осои подшоҳи Яҳудо бар Исроил подшоҳ шуд. Ӯ дар Сомария+ 22 сол бар Исроил ҳукмронӣ кард. 30  Аҳъоби писари Омрӣ дар назари Яҳува аз ҳамаи онҳое, ки пеш аз ӯ буданд, бадтар рафтор кард.+ 31  Ба гуноҳҳои Ёробъоми писари Набот пайравӣ карданаш кам буд+ ки, ӯ Изобали+ духтари Этбаал, подшоҳи сидӯниёнро,+ ба занӣ гирифту ба Баал+ саҷда намуда ӯро парастиш кард. 32  Ӯ ҳамчунин дар ибодатхонаи Баал,+ ки дар Сомария бино карда буд, барои Баал қурбонгоҳе сохт. 33  Илова бар ин, Аҳъоб Ашера*+ сохт. Аҳъоб Яҳува, Худои Исроилро, аз ҳамаи подшоҳони Исроил, ки пеш аз ӯ буданд, бештар ба ғазаб овард. 34  Дар рӯзҳои ӯ Ҳиили байтилӣ Ериҳӯро аз нав бино кард. Ӯ мувофиқи сухане, ки Яҳува ба воситаи Юшаи писари Нун гуфта буд, таҳкурсии онро ба қимати ҷони писари калониаш Абиром гузошт ва дарвозаҳояшро ба қимати ҷони писари хурдиаш Саҷуб шинонд.+

Поварақҳо

Дар матни асл «ҳар касеро, ки ба девор пешоб мекунад». Ин ибораи ибронӣ таҳқиромез буда, ба мардон ишора мекунад.
Ё «хунхоҳон».
Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
Як киккар ба 34,2 кг баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Маънояш «аз они қабилаи Сомар».
Ашера — ниг. ба луғат.