3 Подшоҳон 18:1-46
18 Пас аз чанде, дар соли сеюм,+ Яҳува ба Илёс паём фиристода, гуфт: «Ба назди Аҳъоб бирав, чунки ман бар замин борон мефиристам»,+
2 ва Илёс ба назди Аҳъоб рафт. Он вақт дар Сомария гушнагии сахте буд.+
3 Дар ин миён Аҳъоб Убадёро, ки нозири дарбораш буд, ба наздаш даъват кард. (Убадё аз Яҳува сахт метарсид
4 ва, вақте ки Изобал+ пайғамбарони Яҳуваро мекушт, Убадё 100 пайғамбарро гирифта, 50-нафарӣ дар ғорҳо пинҳон кард ва ба онҳо нону об медод.)
5 Аҳъоб ба Убадё гуфт: «Саросари заминро гашта ҳамаи чашмаҳо ва водиҳоро аз назар гузарон. Шояд ки, мо барои зинда мондани аспу хачирҳо алаф ёбем ва тамоми чорвоямон намурад».
6 Онҳо заминеро, ки бояд тай мекарданд, байни ҳам тақсим намуданд. Аҳъоб ба як сӯ рафт ва Убадё ба сӯйи дигар.
7 Ҳангоме ки Убадё дар роҳ буд, аз пешаш Илёс баромад. Вай Илёсро даррав шинохт ва рӯ ба замин афтода, гуфт: «Ин туӣ, эй хоҷаам Илёс?»+
8 Ӯ ҷавоб дод: «Ҳа, манам. Рафта, ба хоҷаат бигӯ, ки ман дар ин ҷоям».
9 Ӯ бошад, гуфт: «Ман чӣ гуноҳ кардам ки, бандаатро ба дасти Аҳъоб месупорӣ, то маро бикушад?
10 Ба номи Худоят Яҳува, Худои зинда, қасам ки, халқе ё мамлакате намондааст, ки хоҷаам барои ҷустуҷӯйи ту кас нафиристода бошад. Вақте онҳо мегуфтанд: “Вай дар ин ҷо нест”, ӯ он мамлакат ва халқро қасам медод, ки туро наёфтаанд.+
11 Ту бошӣ, мегӯӣ: “Рафта, ба хоҷаат бигӯ, ки ман дар ин ҷоям”.
12 Вақте ки ман аз пешат равам, рӯҳи Яҳува туро гирифта, ба ҷое мебарад,+ ки ман аз он хабар надорам, ва, вақте ман гапи туро ба Аҳъоб расонам ва ӯ туро наёбад, ҳатман маро мекушад. Бандаат бошад, аз ҷавонӣ аз Яҳува метарсад.
13 Магар хоҷаам хабар надорад, ки, вақте Изобал пайғамбарони Яҳуваро мекушт, ман 100 пайғамбари Яҳуваро 50-нафарӣ дар ғорҳо пинҳон кардам ва ба онҳо нону об медодам?+
14 Вале ҳоло ту мегӯӣ: “Рафта, ба хоҷаат бигӯ, ки ман дар ин ҷоям”. Охир, ӯ, бешак, маро мекушад».
15 Аммо Илёс гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои лашкарҳо, Худои зиндае, ки ба ӯ хизмат мекунам*, қасам ки, ман имрӯз худро ба ӯ нишон медиҳам».
16 Убадё назди Аҳъоб рафта, суханони Илёсро расонд ва Аҳъоб ба дидани Илёс рафт.
17 Ҳамин ки Аҳъоб Илёсро дид, ба вай гуфт: «Ин туӣ, ки ба сари Исроил фалокат овардаӣ?»
18 Илёс бошад, гуфт: «Фалокатро ба сари Исроил на ман, балки ту ва хонадони падари ту овардаед, чунки амрҳои Яҳуваро ба ҷо наовардед ва ту Баалҳоро пайравӣ кардӣ.+
19 Ҳоло тамоми Исроил, ҳамчунин 450 пайғамбари Баал ва 400 пайғамбари Ашераро*,+ ки аз дастархони Изобал нон мехӯранд, ба назди ман, ба кӯҳи Кармил,+ даъват намо».
20 Он гоҳ Аҳъоб тамоми халқи Исроилро хабар кард ва пайғамбаронро дар кӯҳи Кармил ҷамъ овард.
21 Илёс ба тамоми халқ наздик омада, гуфт: «То кай байни ду ақида* мекалавед?+ Агар Яҳува Худо бошад, ӯро пайравӣ намоед,+ ва, агар Баал Худо бошад,— ӯро!» Аммо халқ дар ҷавоб чизе нагуфт.
22 Он гоҳ Илёс ба халқ гуфт: «Аз пайғамбарони Яҳува танҳо ман мондаам,+ пайғамбарони Баал бошанд, 450 нафаранд.
23 Бигзор ба мо ду буққаи ҷавонеро* биёранд ва онҳо якеро интихоб карда, пора намоянд ва бар ҳезум бимонанд, лекин оташ нагузоранд. Ман бошам, буққаи дигареро тайёр карда, бар ҳезум мемонам, лекин оташ намегузорам.
24 Сипас шумо номи худои худро гирифта сӯяш бихонед+ ва ман номи Яҳуваро гирифта сӯяш мехонам. Худои ҳақиқӣ ҳамонест, ки оташ фиристода ҷавоб диҳад».+ Тамоми мардум дар ҷавоб гуфтанд: «Гапат маъқул аст».
25 Илёс ба пайғамбарони Баал гуфт: «Аввал шумо яке аз буққаҳои ҷавонро интихоб намуда, онро тайёр кунед, чунки шумо бисёриед. Баъд аз ин номи худои худро гирифта сӯяш фарёд кунед, лекин оташ нагузоред».
26 Онҳо буққаи овардаашонро тайёр карданд ва аз саҳар то пешин номи Баалро гирифта сӯяш фарёд мезаданд: «Эй Баал, ба мо ҷавоб деҳ!» Вале на садое буд ва на ҷавобе.+ Онҳо гирдогирди қурбонгоҳе, ки сохта буданд, ҷастухез мекарданд.
27 Қариби нисфи рӯз Илёс онҳоро масхаракунон гуфт: «Бо тамоми овоз фарёд занед! Охир, ӯ худост!+ Шояд, ӯ ба фикр фурӯ рафтааст ё барои қазои ҳоҷат баромадааст*. Ё, мумкин ки, хоб аст ва касе бояд ӯро бедор кунад!»
28 Онҳо бо тамоми овоз дод мезаданд ва аз рӯйи урфу одати худ то хуншор шудани баданашон худро ханҷар ва найза мезаданд.
29 Рӯз аз нисф гузашт ва вақти ҳадияи ғаллаи шом наздик мешуд, онҳо бошанд, ҳанӯз девонагӣ мекарданд*, аммо на садое буд, на ҷавобе ва на таваҷҷуҳе.+
30 Чанде пас Илёс ба тамоми мардум гуфт: «Назди ман оед», ва тамоми мардум ба ӯ наздик омаданд. Он гоҳ ӯ қурбонгоҳи вайронаи Яҳуваро соз кард.+
31 Сипас Илёс мувофиқи шумораи қабилаҳои писарони Яъқуб, ки Яҳува ба ӯ паём фиристода гуфта буд: “Номи ту Исроил мешавад”,+ 12 санг гирифт.
32 Вай бо он сангҳо қурбонгоҳеро ба номи Яҳува бино кард+ ва баъд дар гирдогирди қурбонгоҳ, ба масоҳати замине, ки дар он ду сатил* тухмӣ коштан мумкин аст, хандақ канд.
33 Сипас ӯ ҳезумро ҷо ба ҷо кард ва буққаи ҷавонро пора карда, бар ҳезум гузошт.+ Ӯ гуфт: «Чор хумро аз об пур кунед ва бар қурбонии сӯхтаниву ҳезум резед».
34 Сипас ӯ гуфт: «Боз як бор об резед», ва онҳо бори дигар об рехтанд. Вай боз гуфт: «Бори сеюм ҳам резед». Онҳо бори сеюм низ чунин карданд
35 ва об аз гирдогирди қурбонгоҳ рехт. Ӯ хандақро низ аз об пур кард.
36 Қарибиҳои вақти ҳадияи ғаллаи шом+ Илёси пайғамбар пеш баромада, гуфт: «Эй Яҳува, Худои Иброҳим,+ Исҳоқ+ ва Исроил, бигзор имрӯз ҳама фаҳманд, ки ту дар Исроил Худо ҳастӣ ва ман бандаи туям ва ҳамаи ин корҳоро бо амри ту кардам.+
37 Ба ман ҷавоб гардон, эй Яҳува! Ба ман ҷавоб деҳ, то ин халқ бидонад, ки ту, эй Яҳува, Худои ҳақиқӣ ҳастӣ ва дили онҳоро сӯйи худ бармегардонӣ».+
38 Он гоҳ оташи Яҳува аз осмон фаромада, қурбонии сӯхтанӣ,+ ҳезум, сангҳо, хок ва ҳамчунин оби хандақро фурӯ бурд.+
39 Тамоми мардум инро дида ҳамон замон рӯ ба замин афтод ва гуфт: «Яҳува Худост! Яҳува Худои ҳақиқист!»
40 Илёс ба онҳо гуфт: «Пайғамбарони Баалро дастгир кунед! Намонед, ки ҳатто як нафар халос шавад!» Мардум дарҳол он пайғамбаронро дастгир кард ва Илёс онҳоро назди дарёи* Қишӯн+ фароварда, дар ҳамон ҷо кушт.+
41 Илёс ба Аҳъоб гуфт: «Баромада, бихӯр ва бинӯш, чунки овози борони сел меояд».+
42 Аҳъоб баромад, то ки бихӯраду бинӯшад, Илёс бошад, ба қуллаи кӯҳи Кармил баромад ва сари зону нишаста, рӯяшро байни зонуҳояш гузошт.+
43 Баъд ба дастёраш гуфт: «Илтимос, рафта, сӯйи баҳр нигар». Дастёраш баромада, нигоҳ карду гуфт: «Ягон чиз наметобад». Илёс ҳафт бор ба вай «боз рафта, бубин» гуфт.
44 Бори ҳафтум дастёраш ба вай хабар дод: «Абри хурде ба андозаи кафи даст аз сӯйи баҳр меояд». Ӯ гуфт: «Рафта, ба Аҳъоб бигӯ: “Аробаатро баста, поён ой, то ки борон ба ту монеъ нашавад!”»
45 Дар ин миён осмон тира гашт, шамол шуд ва борони сел борид.+ Аҳъоб бошад, савори ароба сӯйи Изреъил+ раҳсипор буд.
46 Дасти Яҳува ба Илёс қувват бахшид ва ӯ лаби либосашро ба камараш баста, тамоми роҳ, то ба Изреъил, пеш-пеши Аҳъоб давид.
Поварақҳо
^ Дар матни асл «ба ҳузураш истодаам».
^ Ё «бар ду асобағал».
^ Ё «ҷувонаеро; навбасеро; тӯрпиеро».
^ Ё, эҳтимол, «ба сафар рафтааст».
^ Ё «мисли пайғамбарон рафтор мекарданд».
^ Дар матни асл «сео». Як сео ба 7,33 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Ё «водии».