3 Подшоҳон 5:1-18

  • Шоҳ Ҳиром масолеҳи сохтмонро медиҳад (1–12)

  • Коргарони шоҳ Сулаймон (13–18)

5  Вақте Ҳироми подшоҳи Сӯр+ шунид, ки Сулаймон тадҳин гашта*, ба ҷойи падараш подшоҳ шудааст, ходимони худро назди ӯ фиристод, зеро Ҳиром ҳама вақт бо Довуд дӯст буд*.+  Сулаймон низ ба Ҳиром паём фиристода гуфт:+  «Ту нағз медонӣ, ки падарам Довуд хонае ба номи Худояш Яҳува сохта натавонист, зеро, то даме ки Яҳува душманонашро зери пояш кард, аз ҳар тараф бо ӯ меҷангиданд.+  Аммо ҳоло Худоям Яҳува ба ман аз ҳар тараф оромӣ додааст.+ Касе ба ман муқобилат намекунад ва ягон мусибате нест.+  Аз ин рӯ ман ният дорам, ки ба номи Худоям Яҳува хонае бисозам, ҳамон тавре ки Яҳува ба падарам Довуд ваъда дода гуфта буд: “Он писарат, ки ӯро бар тахти ту мешинонам, ҳамон касест, ки хонае ба номи ман месозад”.+  Пас, ба мардуми худ бифармо, ки барои ман аз дарахтони сидраи Лубнон бибуранд.+ Хизматгорони ман бо хизматгорони ту ҳамкорӣ мекунанд ва ман ҳаққи онҳоро мувофиқи музде, ки муқаррар кунӣ, медиҳам, зеро ту медонӣ, ки касе аз мо мисли сидӯниён дарахт бурида наметавонад».+  Вақте Ҳиром суханони Сулаймонро шунид, беҳад шод шуд ва гуфт: «Яҳуваро имрӯз ҳамду сано бод, зеро ӯ ба Довуд писари бохираде додааст, то бар ин халқи бузург* ҳукмронӣ кунад!»+  Ҳиром ба Сулаймон паём фиристода гуфт: «Суханони туро ба ман расонданд. Ман бароят дарахтони сидра ва арча+ дода ҳар он чиро хоҳиш кардӣ, ба ҷо меорам.  Хизматгорони ман чӯбҳоро аз Лубнон ба назди баҳр меоранд ва ман мефармоям, ки онҳоро баста, бо роҳи баҳр, ба ҷое ки таъйин намоӣ, фиристанд. Дар он ҷо чӯбҳоро мекушоянд, то ту гирифта барӣ. Ту бошӣ, дар ивази ин хонадонамро бо хӯроке, ки аз ту хоҳиш кунам, таъмин бикун».+ 10  Ҳиром ҳар қадаре Сулаймон хоҳиш кард, чӯби сидра ва арча дод. 11  Сулаймон ба Ҳиром 20 000 халта* гандум барои таъмини хонаводааш ва 20 хуми калон* равғани тозаи зайтун* дод. Ӯ сол аз сол ба Ҳиром ҳамин миқдор гандуму равған медод.+ 12  Яҳува, ҳамон тавре ки ваъда карда буд, ба Сулаймон хирад ато кард.+ Дар миёни Ҳирому Сулаймон сулҳ буд ва онҳо бо ҳам аҳди дӯстӣ баста буданд. 13  Шоҳ Сулаймон аз тамоми Исроил 30 000 нафарро ҷамъ овард, то барои подшоҳ меҳнат кунанд.+ 14  Ӯ онҳоро ҳар моҳ 10 000-нафарӣ бо навбат ба Лубнон мефиристод. Онҳо як моҳро дар Лубнон ва ду моҳро дар хонаи худ мегузаронданд. Адӯниром+ сардори касоне буд, ки меҳнати маҷбуриро ба ҷо меоваранд. 15  Сулаймон 70 000 коргари одӣ* ва дар кӯҳистон 80 000 сангбур+ дошт,+ 16  илова бар ин, ӯ 3300 амалдоре+ дошт, ки саркори коргарон буданд. 17  Бо фармони подшоҳ онҳо барои таҳкурсии+ хона сангҳои калону пурарзишро+ канда, метарошиданд.+ 18  Бинокорони Сулаймон ҳамроҳи бинокорони Ҳиром ва ҷабалиён+ санг мебуриданд ва барои сохтани хона чӯбу санг тайёр мекарданд.

Поварақҳо

Тадҳин — ниг. ба луғат.
Ё «Довудро дӯст медошт».
Ё «сершумор».
Ибр. «кор». Як кор гандум тақрибан 170 кг аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ибр. «кор». Як кор ба 220 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Дар матни асл «равғани кӯфта».
Ё «боркаш».