3 Подшоҳон 8:1-66
8 Он вақт Сулаймон+ пирони Исроил, тамоми сардорони қабилаҳо ва сарварони хонаводаҳои Исроилро ҷамъ овард.+ Онҳо ба Ерусалим, ба назди шоҳ Сулаймон, омаданд, то сандуқи аҳди Яҳуваро аз Шаҳри Довуд,+ яъне Сион,+ биёранд.
2 Тамоми мардони Исроил дар моҳи этоним*, яъне дар моҳи ҳафтум,+ дар рӯзи ид*, назди шоҳ Сулаймон ҷамъ шуданд.
3 Вақте ки ҳамаи пирони Исроил омаданд, коҳинон сандуқро бардоштанд.+
4 Онҳо сандуқи Яҳува, хаймаи ҷомеъ+ ва тамоми ашёи муқаддасеро, ки дар хайма буд, бардошта оварданд. Ин чизҳоро коҳинон ва левизодагон оварданд.
5 Шоҳ Сулаймон ва тамоми мардуми Исроил, ки назди вай даъват шуда буданд, дар пеши сандуқ истоданд. Онҳо гову гӯсфанди бисёреро, ки сону шумор надоштанд, қурбон карданд.+
6 Сипас коҳинон сандуқи аҳди Яҳуваро ба ҷояш, дар ҳуҷраи даруни хона, дар Макони поктарин, зери болҳои каррубиён,+ гузоштанд.+
7 Болҳои каррубиён бар ҷое, ки сандуқ меистод, паҳн мешуд, ба тавре ки сояи каррубиён ба сандуқ ва ходаҳояш меафтод.+
8 Ходаҳо+ чунон дароз буданд, ки нӯгашон аз Макони пок, ки дар пеши ҳуҷраи дарун буд, метофт, вале аз берун наметофт ва онҳо то имрӯз дар он ҷоянд.
9 Дар даруни сандуқ ғайр аз ду лавҳаи+ сангине, ки Мӯсо дар Ҳӯриб гузошт,+ чизе набуд. Ӯ ин лавҳаҳоро, пас аз он ки Яҳува бо халқи Исроил ҳангоми аз замини Миср берун омаданаш+ аҳд баст,+ ба сандуқ гузошта буд.
10 Вақте ки коҳинон аз ҷойи муқаддас берун омаданд, абр+ хонаи Яҳуваро пур кард.+
11 Коҳинон ба сабаби абр хизмати худро давом дода натавонистанд, зеро ҷалоли Яҳува хонаи Яҳуваро пур кард.+
12 Он гоҳ Сулаймон гуфт: «Яҳува гуфт, ки ӯ дар торикии ғализ+ сокин мешавад.
13 Ман ба он комёб шудам, ки барои ту хонаи бузурге, маконе, бисозам, то ту дар он то абад сокин шавӣ».+
14 Сипас подшоҳ ба тамоми ҷамоати Исроил, ки рост меистод, рӯ оварда, онҳоро дуои нек кард.+
15 Ӯ гуфт: «Яҳува, Худои Исроилро, ҳамду сано бод, зеро ӯ бо даҳони худ ба падарам Довуд ваъда доду бо дасти худ онро ба ҷо овард. Ӯ гуфта буд:
16 “Аз рӯзе ки ман халқам Исроилро аз Миср берун овардам, дар ягон қабилаи Исроил барои худ шаҳре интихоб накарда будам, то дар он хонае бисозам ва номи ман бар он бошад,+ вале ман Довудро хуш карда, бар халқи худ гузоштам”.
17 Дар дили падарам Довуд орзуе буд, ки ба номи Яҳува, Худои Исроил, хонае бисозад.+
18 Аммо Яҳува ба падарам Довуд гуфт: “Ту дар дил орзу дорӣ, ки ба номи ман хонае бисозӣ, ва ин орзуи дили ту хуб аст,
19 вале чунин хонаро ба номи ман+ на ту, балки писарат, ки аз ту зода мешавад, хоҳад сохт”.
20 Яҳува қавли худро ба ҷо овард, зеро ман, чуноне ки Яҳува қавл дода буд, ба ҷойи падарам Довуд подшоҳ шудам ва бар тахти Исроил нишастам. Ман ҳамчунин ба номи Яҳува, Худои Исроил, хонае сохтам+
21 ва дар он маконе барои сандуқи аҳд+ муҳайё кардам, он аҳде, ки Яҳува бо бобоёни мо, ҳангоме ки онҳоро аз замини Миср берун меовард, баста буд».
22 Баъд аз ин Сулаймон дар пеши тамоми ҷамоати Исроил назди қурбонгоҳи Яҳува истод ва дастонашро сӯйи осмон дароз карда,+
23 гуфт: «Эй Яҳува, Худои Исроил, на дар осмон, ки дар болост, ва на дар замин, ки дар поён аст, Худое мисли ту нест.+ Ту аҳди худро ба ҷо меорӣ ва ба бандагонат, ки бо тамоми дили худ дар пеши ту роҳ мераванд,+ меҳру вафо мекунӣ.+
24 Ту ба ваъдае, ки ба бандаат, падарам Довуд, дода будӣ, вафо кардӣ. Ту бо даҳони худ ваъда додӣ ва имрӯз онро бо дасти худ иҷро кардӣ.+
25 Акнун, эй Яҳува, Худои Исроил, ба ваъдае, ки ба бандаат, падарам Довуд, додӣ, вафо кун, зеро ту гуфта будӣ: “Агар писаронат ба роҳи худ диққат дода пеши ман роҳ раванд, чуноне ки ту пеши ман роҳ рафтӣ, насли ту ба ҳузури ман ҳаргиз аз тахти Исроил маҳрум намешавад”.+
26 Ҳоло, эй Худои Исроил, илтимос, ба ваъдае, ки ту ба бандаат, падарам Довуд, дода будӣ, вафо кун.
27 Магар Худо бар замин сокин мешавад?+ Осмон, авҷи фалак, туро ғунҷонда наметавонад,+ пас, чӣ тавр ин хонае, ки ман сохтаам, туро ғунҷонад?!+
28 Эй Худоям Яҳува, ба дуои бандаат ва ба зории ӯ аҳамият деҳ ва ба мадад талабидану дуо гуфтани бандаат, ки имрӯз ба ҳузурат дуо мегӯяд, гӯш андоз.
29 Бигзор чашмони ту шабу рӯз сӯйи ин хона, сӯйи маконе бошад, ки ту дар борааш гуфтаӣ: “Номи ман дар он ҷо хоҳад буд”,+ ва бигзор ту ба дуои бандаат, ки рӯ ба ин макон истода дуо мегӯяд, гӯш диҳӣ.+
30 Ба зории бандаат ва ба зории халқат Исроил, ки рӯ ба ин макон мекунанд, гӯш деҳ ва аз осмон,+ аз макони зисти худ, инро бишнав, бишнав ва бубахш.+
31 Вақте ки касе нисбат ба дигаре гуноҳ кунад ва ӯро қасам диҳанд* ва ӯ зери ин қасам* ба ин хона, назди қурбонгоҳат, ояд,+
32 ту ӯро аз осмон шунида, амал намо ва бандагонатро доварӣ бикун: бадкорро гунаҳгор* эълон намуда, бадиашро ба сараш ор, вале росткорро бегуноҳ* эълон намуда, аз рӯйи росткориаш мукофот деҳ.+
33 Вақте ки душман халқат Исроилро бо сабаби гаштаву баргашта бар зидди ту гуноҳ карданашон шикаст диҳад,+ вале баъд онҳо сӯйи ту баргарданд, номи туро ҷалол диҳанд+ ва дар ин хона сӯйи ту дуову зорӣ кунанд,+
34 ту аз осмон шунида, гуноҳи халқат Исроилро бибахш ва онҳоро ба замине, ки ту ба бобоёнашон додаӣ, баргардон.+
35 Вақте ки аз сабаби гаштаю баргашта бар зидди ту гуноҳ карданашон+ осмон баста шаваду борон наборад+ ва онҳо рӯ ба ин макон дуо гӯянду номи туро ҷалол диҳанд ва аз гуноҳи худ тавба кунанд, зеро онҳоро хоксор намудаӣ*,+
36 ту аз осмон шунида, гуноҳи бандагонат, халқи Исроилро, бибахш ва ба онҳо роҳи некро, ки бояд бо он бираванд, нишон бидеҳ+ ва бар замини худ, ки ба халқат мерос додаӣ, борон бифирист.+
37 Агар дар ин замин гушнагӣ+ ё вабо рӯй диҳад ё аз гармсел, мағор*+ ё селаи ҳар навъ малах ба он офат расад ё душман онҳоро дар шаҳрҳои ин замин* муҳосира кунад ё ягон беморӣ ё мусибати дигаре сар занад,+
38 чӣ дуо ва чӣ зорие,+ ки касе ё тамоми халқи Исроил кунад (зеро ҳар кас дарди дилашро медонад)+ ва дастони худро сӯйи ин хона дароз кунад,
39 ту аз осмон, аз макони зисти худ,+ шунида, онҳоро бибахш+ ва мадад кун ва ҳар касро мувофиқи рафтораш подош деҳ,+ зеро ту дили касро медонӣ (танҳо ту дили ҳар инсонро медонӣ),+
40 то ки онҳо дар замине, ки ба бобоёнамон додаӣ, тамоми рӯзҳои умрашон аз ту битарсанд.
41 Ҳамчунин бегонаеро, ки аз халқат Исроил нест, лекин ба хотири номи* ту аз замини дурдасте ояд+
42 (зеро онҳо дар бораи номи бузурги ту+ ва дасти пурзӯру бозуи пурқуввати ту хоҳанд шунид) ва омада, рӯ ба ин хона дуо гӯяд,
43 аз осмон, аз макони зисти худ,+ бишнав ва ҳар чиро он бегона аз ту биталабад, ба ҷо ор, то тамоми одамони рӯйи замин ба мисли халқат Исроил номи туро бидонанду аз ту битарсанд+ ва бидонанд, ки ин хонае, ки сохтаам, ба номи ту мебошад.
44 Агар ту халқатро бар зидди душманаш, ба ҳар ҷое бошад, ба ҷанг бифиристӣ+ ва онҳо рӯ ба ин шаҳре, ки ту интихоб кардаӣ,+ ва рӯ ба ин хонае, ки ба номи ту сохтаам,+ ба Яҳува дуо гӯянд,+
45 дуову зории онҳоро аз осмон шунида, адолатро барояшон барқарор намо.
46 Агар онҳо бар зидди ту гуноҳ кунанд (зеро касе нест, ки гуноҳ накунад)+ ва ту дарғазаб шуда онҳоро ба дасти душманашон супорӣ ва онҳоро асир намуда ба замини душман, хоҳ дур бошад ва хоҳ наздик, бибаранд,+
47 ва онҳо дар замине, ки асиранд, ба худ омада,+ сӯйи ту баргарданд+ ва туро дар замини асорат зориву илтиҷо намуда+ бигӯянд: “Мо гуноҳ кардем ва ба хато роҳ додем, мо бадӣ кардем”,+
48 ва дар замини душманонашон, ки онҳоро ба асирӣ бурданд, бо тамоми дили худ+ ва бо тамоми ҷони* худ сӯйи ту баргарданд ва рӯ ба сарзаминашон, ки ту ба бобоёни онҳо додаӣ, ва рӯ ба ин шаҳре, ки ту интихоб кардаиву хонае, ки ба номи ту сохтаам, дуо гӯянд,+
49 дуову зории онҳоро аз осмон,+ аз макони зисти худ, шунида, адолатро барояшон барқарор намо
50 ва халқатро, ки бар зидди ту гуноҳ кардааст, бибахш ва аз тамоми хатое, ки онҳо бар зидди ту кардаанд, гузар. Ту нисбат ба онҳо дар дили асиркунандагонашон раҳм меандозӣ ва онҳо раҳм хоҳанд кард+
51 (зеро онҳо халқи ту ва мероси туянд,+ ки онҳоро аз Миср,+ аз оташдони ҷонгудоз*, берун овардаӣ).+
52 Бигзор чашмони ту сӯйи зории бандаат ва зории халқат Исроил бошад+ ва онҳоро, ҳар вақте зорӣ намоянд*, бишнав,+
53 зеро ту, эй Яҳува, Парвардигоро, онҳоро, чуноне ки ба воситаи бандаат Мӯсо ҳангоми бобоёни моро аз Миср берун оварданат гуфта будӣ, аз тамоми халқҳои рӯйи замин ҷудо карда, мероси худ кардӣ».+
54 Ҳамин ки Сулаймон ин дуову зориро то охир ба Яҳува гуфт, аз пеши қурбонгоҳи Яҳува, ки он ҷо зону зада дастонашро сӯйи осмон дароз карда буд,+ бархест.
55 Ӯ истода, тамоми ҷамоати Исроилро бо овози баланд дуои нек кард ва гуфт:
56 «Ҳамду сано бод Яҳуваро, ки халқаш Исроилро, чуноне ки ваъда дода буд, дар осудагӣ сокин кардааст.+ Ҳеҷ як сухане аз тамоми ваъдаҳои неке, ки ӯ ба воситаи бандааш Мӯсо дода буд, иҷро нашуда намонд.+
57 Бигзор Худоямон Яҳува бо мо бошад, чуноне ки ӯ бо бобоёни мо буд.+ Он рӯз мабод, ки ӯ моро тарк кунаду моро партояд.+
58 Бигзор ӯ дили моро сӯйи худ моил кунад,+ то бо роҳҳои ӯ равона шавем ва аз рӯйи амрҳо, дастурҳо ва ҳукмҳои ӯ, ки риояи онҳоро ба бобоёнамон фармуда буд, зиндагӣ кунем.
59 Бигзор ин суханонам, ин зорие, ки аз Яҳува мекунам, рӯзу шаб пеши Худоямон Яҳува бошад, то ӯ барои бандааш ва халқаш Исроил рӯз аз рӯз мувофиқи эҳтиёҷашон адолатро барқарор созад,
60 то тамоми халқҳои рӯйи замин бидонанд, ки Яҳува Худои ҳақиқист+ — ғайр аз ӯ дигаре нест!+
61 Бигзор дили шумо пурра бо Худоямон Яҳува бошад+ ва шумо мисли имрӯз аз рӯйи дастурҳояш рафтор намоеду аз рӯйи амрҳояш зиндагӣ кунед».
62 Подшоҳ ва тамоми халқ ҳамроҳи ӯ ба Яҳува қурбонии зиёд оварданд.+
63 Сулаймон ба Яҳува қурбониҳои осоиштагӣ+ пешкаш кард: ӯ 22 000 гов ва 120 000 гӯсфандро қурбон кард. Ҳамин тавр подшоҳу ҳамаи исроилиён маросими боз кардани хонаи Яҳуваро гузаронданд.+
64 Дар он рӯз ба подшоҳ лозим омад, ки мобайни саҳни пеши хонаи Яҳуваро поку муқаддас созад, то ки дар он ҷо қурбониҳои сӯхтанӣ, ҳадияҳои ғалла ва чарбуи қурбониҳои осоиштагиро бисӯзонад, чунки қурбонгоҳи мисине,+ ки ба ҳузури Яҳува буд, барои овардани ин қадар қурбониҳои сӯхтанӣ, ҳадияҳои ғалла ва чарбуи+ қурбониҳои осоиштагӣ хурдӣ кард.
65 Дар он вақт Сулаймон бо тамоми Исроил, бо ҷамоати бузурге аз Лебӯ-Ҳамот* то водии Миср,+ ба ҳузури Худоямон Яҳува ҳафт рӯз ва боз ҳафт рӯзи дигар, ҳамагӣ 14 рӯз, ид кард.+
66 Фардои ид* ӯ мардумро равона кард ва мардум подшоҳро дуои нек кард ва хона ба хона рафта, хурсандӣ менамуду аз тамоми некие,+ ки Яҳува ба бандааш Довуд ва халқаш Исроил кард, дилшод буд.
Поварақҳо
^ Ниг. ба Замимаи Б15.
^ Яъне Иди Хаймаҳо.
^ Ё «ва ҷабрдида ӯро қасами лаънат диҳад». Яъне касро қасам медиҳанд, ки, агар дурӯғ гӯяд ё ба ваъдааш вафо накунад, ба балоҳо гирифтор шавад.
^ Дар матни асл «лаънат».
^ Дар матни асл «бадкор».
^ Дар матни асл «росткор».
^ Ё «азоб додӣ».
^ Ё «пӯпанак».
^ Дар матни асл «дар замини дарвозаҳояш».
^ Ё «обрӯйи».
^ Ё «кӯраи оҳангудоз».
^ Ё «ҳар он чӣ аз ту биталабанд».
^ Ё «даромадгоҳи Ҳамот».
^ Дар матни асл «Рӯзи ҳаштум», яъне рӯзи пас аз ҳафтрӯзаи дуюм.