4 Мӯсо 1:1-54

  • Саршумории мардон барои хизмати ҳарбӣ (1–46)

  • Левизодагон аз хизмати ҳарбӣ озоданд (47–51)

  • Тартиби ҷойгиршавӣ дар хаймагоҳ (52–54)

1  Яҳува бо Мӯсо дар биёбони Сино,+ дар хаймаи ҷомеъ,+ дар рӯзи якуми моҳи дуюм, дар соли дуюми аз Миср баромадани исроилиён,+ сухан ронда гуфт:  «Тамоми мардони Исроилро аз рӯйи хонавода ва авлодашон ном ба ном саршуморӣ кун.+  Туву Ҳорун тамоми мардонеро, ки 20-сола ва калонтар+ ҳастанду дар лашкари Исроил хизмат карда метавонанд, аз рӯйи дастаҳояшон ҳисоб кунед.  Аз ҳар қабила бо худ як мардеро бигиред — ҳар яки онҳо бояд сардори қабила бошад.+  Ин аст номҳои касоне, ки ба шумо бояд ёрӣ расонанд: аз қабилаи Реубен — Элисури+ писари Шадиур,  аз қабилаи Шимъӯн — Шалумиили+ писари Суришаддой,  аз қабилаи Яҳудо — Наҳшӯни+ писари Аминодоб,  аз қабилаи Иссокор — Натанъили+ писари Суор,  аз қабилаи Забулун — Элиоби+ писари Ҳилӯн, 10  аз насли Юсуф, аз қабилаи Эфроим+ — Элишомаи писари Аммиҳуд, аз насли Юсуф, аз қабилаи Менашше — Ҷамлиили писари Фадоҳсур, 11  аз қабилаи Бинёмин — Абидони+ писари Ҷидъӯнӣ, 12  аз қабилаи Дон — Аҳиозари+ писари Аммишаддой, 13  аз қабилаи Ошер — Фаҷъиили+ писари Окрон, 14  аз қабилаи Ҷод — Элёсофи+ писари Дауил 15  ва аз қабилаи Нафтолӣ — Аҳираъи+ писари Энон. 16  Инҳоянд мардоне, ки аз миёни мардум даъват шудаанд. Инҳо сардорони қабилаҳои падаронашон, сардорони ҳазорони Исроил, мебошанд».+ 17  Мӯсову Ҳорун ин мардонро, ки бо номашон хонда шуданд, бо худ гирифтанд. 18  Онҳо тамоми мардумро дар рӯзи якуми моҳи дуюм ҷамъ оварданд, то ҳар касе, ки 20-сола ва ё калонтар аст,+ ном ба ном, аз рӯйи хонавода ва авлодаш саршуморӣ шавад, 19  чуноне ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд. Ҳамин тавр мардумро дар биёбони Сино саршуморӣ намуд.+ 20  Писарони Реубен, ки писари калонии Исроил буд,+ мувофиқи хонавода ва авлодашон ном ба ном саршуморӣ шуданд. Тамоми мардони 20-сола ва калонтари ин қабиларо, ки дар лашкари Исроил хизмат карда метавонистанд, як ба як саршуморӣ карданд. 21  Шумораи онҳое, ки аз қабилаи Реубен саршуморӣ шуданд, 46 500 нафар буд. 22  Писарони Шимъӯн+ мувофиқи хонавода ва авлодашон ном ба ном саршуморӣ шуданд. Тамоми мардони 20-сола ва калонтари ин қабиларо, ки дар лашкари Исроил хизмат карда метавонистанд, саршуморӣ карданд. 23  Шумораи онҳое, ки аз қабилаи Шимъӯн саршуморӣ шуданд, 59 300 нафар буд. 24  Писарони Ҷод+ мувофиқи хонавода ва авлодашон ном ба ном саршуморӣ шуданд. Тамоми мардони 20-сола ва калонтари ин қабиларо, ки дар лашкари Исроил хизмат карда метавонистанд, саршуморӣ карданд. 25  Шумораи онҳое, ки аз қабилаи Ҷод саршуморӣ шуданд, 45 650 нафар буд. 26  Писарони Яҳудо+ мувофиқи хонавода ва авлодашон ном ба ном саршуморӣ шуданд. Тамоми мардони 20-сола ва калонтари ин қабиларо, ки дар лашкари Исроил хизмат карда метавонистанд, саршуморӣ карданд. 27  Шумораи онҳое, ки аз қабилаи Яҳудо саршуморӣ шуданд, 74 600 нафар буд. 28  Писарони Иссокор+ мувофиқи хонавода ва авлодашон ном ба ном саршуморӣ шуданд. Тамоми мардони 20-сола ва калонтари ин қабиларо, ки дар лашкари Исроил хизмат карда метавонистанд, саршуморӣ карданд. 29  Шумораи онҳое, ки аз қабилаи Иссокор саршуморӣ шуданд, 54 400 нафар буд. 30  Писарони Забулун+ мувофиқи хонавода ва авлодашон ном ба ном саршуморӣ шуданд. Тамоми мардони 20-сола ва калонтари ин қабиларо, ки дар лашкари Исроил хизмат карда метавонистанд, саршуморӣ карданд. 31  Шумораи онҳое, ки аз қабилаи Забулун саршуморӣ шуданд, 57 400 нафар буд. 32  Писарони Юсуф аз насли Эфроим+ мувофиқи хонавода ва авлодашон ном ба ном саршуморӣ шуданд. Тамоми мардони 20-сола ва калонтари ин қабиларо, ки дар лашкари Исроил хизмат карда метавонистанд, саршуморӣ карданд. 33  Шумораи онҳое, ки аз қабилаи Эфроим саршуморӣ шуданд, 40 500 нафар буд. 34  Писарони Менашше+ мувофиқи хонавода ва авлодашон ном ба ном саршуморӣ шуданд. Тамоми мардони 20-сола ва калонтари ин қабиларо, ки дар лашкари Исроил хизмат карда метавонистанд, саршуморӣ карданд. 35  Шумораи онҳое, ки аз қабилаи Менашше саршуморӣ шуданд, 32 200 нафар буд. 36  Писарони Бинёмин+ мувофиқи хонавода ва авлодашон ном ба ном саршуморӣ шуданд. Тамоми мардони 20-сола ва калонтари ин қабиларо, ки дар лашкари Исроил хизмат карда метавонистанд, саршуморӣ карданд. 37  Шумораи онҳое, ки аз қабилаи Бинёмин саршуморӣ шуданд, 35 400 нафар буд. 38  Писарони Дон+ мувофиқи хонавода ва авлодашон ном ба ном саршуморӣ шуданд. Тамоми мардони 20-сола ва калонтари ин қабиларо, ки дар лашкари Исроил хизмат карда метавонистанд, саршуморӣ карданд. 39  Шумораи онҳое, ки аз қабилаи Дон саршуморӣ шуданд, 62 700 нафар буд. 40  Писарони Ошер+ мувофиқи хонавода ва авлодашон ном ба ном саршуморӣ шуданд. Тамоми мардони 20-сола ва калонтари ин қабиларо, ки дар лашкари Исроил хизмат карда метавонистанд, саршуморӣ карданд. 41  Шумораи онҳое, ки аз қабилаи Ошер саршуморӣ шуданд, 41 500 нафар буд. 42  Писарони Нафтолӣ+ мувофиқи хонавода ва авлодашон ном ба ном саршуморӣ шуданд. Тамоми мардони 20-сола ва калонтари ин қабиларо, ки дар лашкари Исроил хизмат карда метавонистанд, саршуморӣ карданд. 43  Шумораи онҳое, ки аз қабилаи Нафтолӣ саршуморӣ шуданд, 53 400 нафар буд. 44  Инҳоянд тамоми онҳое, ки Мӯсову Ҳорун бо 12 сардори қабила саршуморӣ карданд. Ҳар яки ин 12 нафар намояндаи қабилаи худ буд. 45  Тамоми исроилиёне, ки 20-сола ва калонтар буданду дар лашкари Исроил хизмат карда метавонистанд, мувофиқи авлодашон саршуморӣ шуданд 46  ва шумораи пурраи онҳо 603 550 нафар буд.+ 47  Аммо левизодагон+ дар миёни онҳо аз рӯйи қабилаи падаронашон саршуморӣ нашуданд.+ 48  Он вақт Яҳува ба Мӯсо чунин гуфт: 49  «Фақат қабилаи Левиро саршуморӣ накун ва шумораи онҳоро дар қатори дигар исроилиён надарор.+ 50  Левизодагонро бар хаймаи шаҳодат,+ бар ҳамаи ашёи он ва бар ҳар чӣ ба он тааллуқ дорад, таъйин намо.+ Онҳо хаймаи муқаддас ва тамоми ашёи онро хоҳанд бурд+ ва дар он хизмат хоҳанд кард+ ва гирди хаймаи муқаддас хайма хоҳанд зад.+ 51  Ҳар гоҳе ки хаймаи муқаддасро кӯчондан лозим шавад, левизодагон бояд онро ҷамъ карда баранд+ ва, ҳар гоҳе ки хаймаро гузоштан лозим шавад, онро барқарор намоянд. Ҳар шахси ғайре*, ки ба он наздик ояд, бояд кушта шавад.+ 52  Ҳар исроилӣ бояд дар хаймагоҳи барояш муқарраршуда хайма занад: ҳар шахс назди дастаи сеқабилагии худ*.+ 53  Левизодагон гирдогирди хаймаи муқаддас хайма зананд, то мардуми Исроил гирифтори ғазаби ман нашавад.+ Левизодагон бояд хаймаи муқаддасро нигоҳубин кунанд».+ 54  Халқи Исроил ҳар он чиро, ки Яҳува ба Мӯсо фармуд, ба амал оварданд. Онҳо айнан ҳамин тавр карданд.

Поварақҳо

Яъне касе, ки левизода нест.
Ё «нишони худ».