4 Мӯсо 10:1-36

  • Карнайҳои нуқрагин (1–10)

  • Исроилиён аз Сино кӯч мекунанд (11–13)

  • Тартиби кӯч бастан (14–28)

  • Мӯсо аз Ҳубоб хоҳиш мекунад, ки ба Исроил роҳ нишон диҳад (29–34)

  • Дуои Мӯсо ҳангоми кӯч кардан (35, 36)

10  Яҳува ба Мӯсо гуфт:  «Аз нуқраи кӯфта барои худ ду карнай+ бисоз ва онҳоро барои ҷамъ овардани мардум ва барои ба кӯчидан тайёр кардани онҳо кор фармо.  Вақте ҳар ду карнайро навозанд, тамоми мардуми Исроил бояд пеши ту омада, назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ҷамъ оянд.+  Агар фақат як карнай навохта шавад, танҳо сардорони қабилаҳо, сардорони ҳазорони Исроил, назди ту ҷамъ оянд.+  Вақте карнай овози канда-канда барорад, хаймагоҳҳои тарафи шарқ+ кӯч кунанд.  Вақте карнай дуюмбора овози канда-канда барорад, хаймагоҳҳои тарафи ҷануб+ кӯч кунанд. Ҳар боре ки яке аз хаймагоҳҳо кӯч кунанд, бояд карнай чунин овоз барорад.  Ҳангоми даъват кардани ҷамоат карнайҳоро бинавозед,+ лекин канда-канда не.  Карнайҳоро бояд писарони Ҳорун, яъне коҳинон, бинавозанд.+ Ин барои шумо аз насл ба насл амри бардавом аст.  Агар дар замини худ бар зидди душманоне, ки ба шумо зулму ситам мекунанд, биҷангед, бо карнайҳо бонги ҷангро бизанед+ ва Худоятон Яҳува шуморо ба хотир меораду шуморо аз дасти душманон халос мекунад. 10  Ҳамчунин дар рӯзҳои хурсандиатон,+ яъне дар идҳо+ ва аввали моҳҳоятон, бар қурбониҳои сӯхтанӣ+ ва қурбониҳои осоиштагиатон+ карнай навозед ва он гоҳ Худоятон шуморо ёдоварӣ хоҳад кард. Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам».+ 11  Дар соли дуюм, дар моҳи дуюм, дар рӯзи 20-уми моҳ,+ абр аз болои хаймаи шаҳодат дур шуд.+ 12  Исроилиён аз биёбони Сино аз рӯйи тартибе, ки муқаррар шуда буд, кӯч бастанд+ ва абр дар биёбони Форон+ истод. 13  Ин бори аввал буд, ки онҳо мувофиқи амре, ки Яҳува ба Мӯсо дода буд, кӯч карданд.+ 14  Аввал дастаи сеқабилагии Яҳудо мувофиқи мавқеи лашкарашон кӯч кард. Сардори лашкари қабилаи Яҳудо Наҳшӯни+ писари Аминодоб буд. 15  Сардори лашкари қабилаи Иссокор Натанъили+ писари Суор буд. 16  Сардори лашкари қабилаи Забулун Элиоби+ писари Ҳилӯн буд. 17  Вақте хаймаи муқаддас ҷамъ карда шуд,+ писарони Ҷершӯн+ ва Марорӣ,+ ки хаймаи муқаддасро мебардоштанд, кӯч карданд. 18  Сипас дастаи сеқабилагии Реубен мувофиқи мавқеи лашкарашон кӯч кард. Сардори лашкари қабилаи Реубен Элисури+ писари Шадиур буд. 19  Сардори лашкари қабилаи Шимъӯн Шалумиили+ писари Суришаддой буд. 20  Сардори лашкари қабилаи Ҷод Элёсофи+ писари Дауил буд. 21  Баъди ин қаҳотиён, ки асбобу анҷоми муқаддасгоҳро мебардоштанд,+ кӯч карданд. Хаймаи муқаддас бояд то омадани қаҳотиён ҷо ба ҷо мешуд. 22  Пас аз ин дастаи сеқабилагии Эфроим мувофиқи мавқеи лашкарашон кӯч кард. Сардори лашкари қабилаи Эфроим Элишомаи+ писари Аммиҳуд буд. 23  Сардори лашкари қабилаи Менашше Ҷамлиили+ писари Фадоҳсур буд. 24  Сардори қабилаи Бинёмин Абидони+ писари Ҷидъӯнӣ буд. 25  Сипас дастаи сеқабилагии Дон мувофиқи мавқеи лашкарашон кӯч кард, ки тамоми хаймагоҳҳоро аз ақиб муҳофизат мекард. Сардори лашкари қабилаи Дон Аҳиозари+ писари Аммишаддой буд. 26  Сардори лашкари қабилаи Ошер Фаҷъиили+ писари Окрон буд. 27  Сардори лашкари қабилаи Нафтолӣ Аҳираи+ писари Энон буд. 28  Исроилиён ва лашкарҳояшон аз рӯйи ҳамин тартиб кӯч мекарданд.+ 29  Мӯсо ба Ҳубоби писари Реуили*+ мидёнӣ, яъне писари хусураш*, гуфт: «Мо ба ҷое кӯч мекунем, ки Яҳува дар борааш гуфтааст: “Онро ба шумо медиҳам”.+ Бо мо бирав+ ва мо ба ту некӣ мекунем, зеро Яҳува ваъда додааст, ки Исроилро баракат медиҳад».+ 30  Аммо ӯ дар ҷавоб гуфт: «Бо шумо намеравам, балки ба ватани худ ва назди хешу табори худ бармегардам». 31  Мӯсо ба ӯ гуфт: «Илтимос, моро тарк накун, зеро ту медонӣ, ки дар куҷои биёбон хайма задан лозим аст, ва ту чашмони* мо мешавӣ. 32  Агар бо мо биравӣ,+ ҳар некие, ки Яҳува ба мо кунад, мо низ дар ҳаққи ту мекунем». 33  Пас аз ин онҳо аз кӯҳи Яҳува+ роҳи серӯзаро тай карданд ва сандуқи+ аҳди Яҳува пешопеши онҳо равона шуда, роҳи серӯзаро тай кард, то барои онҳо ҷое барои хайма задан пайдо кунад.+ 34  Вақте исроилиён ба роҳ баромаданд, абри+ Яҳува рӯзона бар болои онҳо буд. 35  Ҳар боре ки сандуқро ба дигар ҷой кӯчонданӣ мешуданд, Мӯсо мегуфт: «Бархез, эй Яҳува,+ то душманонат пароканда шаванд ва бадхоҳонат аз пешат бигрезанд». 36  Ҳангоми гузоштани сандуқ бошад, ӯ мегуфт: «Эй Яҳува, сӯйи ҳазорон-ҳазор исроилиён баргард».+

Поварақҳо

Ё «падарарӯсаш».
Яъне Итрӯ.
Ё «роҳнамои».