4 Мӯсо 11:1-35
-
Худо бар мардуми шикоятгар оташ мефиристад (1–3)
-
Мардум фиғон бардошта, гӯшт металабанд (4–9)
-
Мӯсо аз дасти мардум ба дод меояд (10–15)
-
Яҳува ба 70 пир рӯҳашро медиҳад (16–25)
-
Элдод ва Медод; Юшаъ барои Мӯсо рашк мекунад (26–30)
-
Аз осмон бедона меборад; мардум барои баднафсияшон ҷазо мегиранд (31–35)
11 Мардум дар пеши Яҳува бисёр шикваю шикоят кардан гирифтанд. Вақте Яҳува инро шунид, хашму ғазабаш ҷӯш зад ва оташ аз ҷониби Яҳува бар зидди онҳо аланга зада, баъзе аз онҳоеро, ки дар канори хаймагоҳ буданд, фурӯ бурд.
2 Вақте халқ сӯйи Мӯсо фарёд зада ёрдам пурсид, ӯ аз Яҳува илтиҷо кард+ ва оташ хомӯш шуд.
3 Онҳо номи он маҳалро Табъира* монданд, чунки дар он ҷо оташ аз ҷониби Яҳува бар зидди онҳо аланга зад.+
4 Мардуми гуногунқабилае*,+ ки дар миёни онҳо буданд, аз рӯйи баднафсӣ хӯроки Мисрро ҳавас карданд+ ва исроилиён низ бори дигар гиряву нола карда гуфтан гирифтанд: «Эй кош касе ба мо гӯшт медод!+
5 Оҳ, чӣ қадар мо моҳиеро, ки дар Миср муфт мехӯрдем, ёд мекунем! Чӣ қадар бодиринг, тарбуз, пиёзи кабуд, пиёз ва сирпиёзро ёд мекунем!+
6 Дар ин ҷо мадорамон хушк шудааст ва пеши чашмамон фақат ҳамин маннро+ мебинем».
7 Манн+ бошад, мисли тухми гашнич+ буд ва намуди шилми хушбӯйро дошт.
8 Мардум гардиш карда, онро мечиданд, дастос мекарданд* ва ё дар уғурча* мекӯфтанд. Сипас дар дег меҷӯшонданд ё аз он кулчаҳо мепухтанд.+ Мазаи он мисли кулчаи ширини равғанӣ буд.
9 Вақте шабона ба хаймагоҳ шабнам мерехт, манн низ бар он меборид.+
10 Мӯсо шунид, ки халқ, ҳар яке бо аҳли оилаи худ, назди дари хаймааш гиряву нола мекунад. Он гоҳ оташи хашму ғазаби Яҳува аланга зад+ ва ин кори онҳо ба Мӯсо низ сахт расид.
11 Он гоҳ Мӯсо ба Яҳува гуфт: «Барои чӣ бандаатро азоб медиҳӣ? Ман чӣ кор кардам, ки ту аз ман розӣ нестӣ ва тамоми ин халқро бар гардани ман бор кардаӣ?+
12 Магар ман ин халқро ба дунё овардаам? Магар ман онҳоро таваллуд кардаам, ки ба ман мегӯӣ: “Онҳоро мисли дояе, ки кӯдаки ширмакро мегирад, ба оғӯшат бигир, то даме ки ба замине, ки ба бобоёнатон ваъда додаам, бирасед”?+
13 Ман аз куҷо гӯшт гирифта, ба тамоми ин халқ диҳам? Охир, онҳо дар пеши ман гиря карда мегӯянд: “Ба мо гӯшт бидеҳ, ки бихӯрем!”
14 Зӯри як худи ман намерасад, ки бори ин халқро бардорам, ин бор бароям аз ҳад гарон аст.+
15 Худоё, агар ту бо ман ин хел кардан гирӣ, беҳтараш маро бикуш.+ Агар дар назарат писанд афтода бошам, илтимос, маро аз ин бадбахтӣ халос кун, то чашмонам онро набинанд».
16 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Аз байни пирони Исроил 70 нафарро, ки чун пирон ва сардорони хуби қавм мешиносӣ, ҷамъ кун+ ва онҳоро назди хаймаи ҷомеъ биёр, то дар он ҷо бо ту биистанд.
17 Ман фуруд меоям+ ва дар он ҷо бо ту гап мезанам.+ Ман аз рӯҳе,+ ки бар туст, каме гирифта, бар онҳо мегузорам ва онҳо ба ту кумак мекунанд, ки бори ин халқро бардорӣ, то ту онро танҳо набардорӣ.+
18 Ба халқ бигӯй: “Барои фардо худро поку муқаддас гардонед,+ зеро ҳатман гӯшт мехӯред. Шумо дар гӯши Яҳува гириста гуфтаед:+ “Эй кош касе ба мо гӯшт медод! Дар Миср аҳволамон беҳтар буд”.+ Яҳува ҳатман ба шумо гӯшт медиҳад ва шумо онро мехӯред.+
19 Шумо онро на як рӯзу ду рӯз ва на панҷ рӯз ва на 10 рӯз ва на 20 рӯз,
20 балки як моҳи дароз мехӯред, то даме ки аз биниатон барояд ва дилатон аз он беҳузур шавад,+ зеро шумо Яҳуваро, ки дар миёни шумост, рад кардед ва дар пеши ӯ нола карда гуфтед: “Барои чӣ аз Миср берун омадем?”»+
21 Мӯсо гуфт: «Худоё, мардуме, ки ман дар байни онҳоям, 600 000 нафар+ марди пиёдагард дорад, ту бошӣ, мегӯӣ: “Ман ба онҳо гӯшт медиҳам ва онҳо як моҳи расо онро мехӯранд!”
22 Агар тамоми гову молро сар буранд, магар ин барояшон кифоя аст? Агар ҳамаи моҳиёни баҳрро ҷамъ кунанд, оё ин барои онҳо бас аст?»
23 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Оё дасти Яҳува кӯтоҳ аст?+ Ҳоло мебинӣ, ки суханам иҷро мешавад ё не».
24 Мӯсо баромад ва суханони Яҳуваро ба мардум расонд. Ӯ аз байни пирони халқ 70 нафарро ҷамъ кард ва онҳоро гирдогирди хайма гузошт.+
25 Сипас Яҳува бар абре фуруд омада,+ бо ӯ гап зад+ ва аз рӯҳе,+ ки бар ӯ буд, каме гирифта, бар ҳар яке аз он 70 нафар гузошт. Ҳамин ки онҳо рӯҳро гирифтанд, чун пайғамбарон рафтор кардан гирифтанд,+ лекин баъд бас карданд.
26 Ду нафари онҳо дар хаймагоҳ монданд. Номи яке Элдод ва номи дигаре Медод буд. Ҳарчанд онҳо ба хаймаи ҷомеъ нарафтанд, рӯҳ бар онҳо қарор гирифт, чунки номашон дар рӯйхат буд. Он гоҳ онҳо чун пайғамбарон рафтор кардан гирифтанд.
27 Ҷавоне давида пеши Мӯсо омад ва гуфт: «Элдоду Медод дар хаймагоҳ чун пайғамбарон рафтор карда истодаанд!»
28 Он гоҳ Юшаъ,+ писари Нун, ки аз ҷавонӣ хизматгузори Мӯсо буд, гуфт: «Хоҷаам Мӯсо, пеши роҳи онҳоро бигир!»+
29 Лекин Мӯсо ба ӯ гуфт: «Оё ту барои ман рашк мебарӣ? Ман орзу мекунам, ки тамоми халқи Яҳува пайғамбар бошанд ва Яҳува рӯҳи худро бар онҳо гузорад!»
30 Баъд Мӯсо бо пирони Исроил ба хаймагоҳ баргашт.
31 Сипас боде аз ҷониби Яҳува бархест ва аз тарафи баҳр бедонаҳоро овард ва онҳоро дар гирду атрофи хаймагоҳ ба масофаи роҳи якрӯза аз як тараф ба тарафи дигараш партофт.+ Онҳо дар гирдогирди хаймагоҳ тахминан ду газ* аз рӯйи замин болотар буданд.
32 Халқ тамоми он рӯз, тамоми шаб ва тамоми рӯзи дигар рафта, бедонаҳоро ҷамъ кард. Ҳеҷ кас аз 10 ҳӯмер* камтар ҷамъ намекард ва онҳо бедонаҳоро барои худ дар гирдогирди хаймагоҳ паҳн карданд.
33 Пеш аз он ки онҳо ҳамаи гӯштро хӯрда тамом кунанд, хашми Яҳува бар халқ аланга зад ва Яҳува халқро бо балои азими марговаре зарба зад.+
34 Он маҳалро Қибрӯт-Ҳатааво*+ ном монданд, чунки дар он ҷо халқи баднафсро гӯручӯб карданд.+
35 Аз Қибрӯт-Ҳатааво халқ ба Ҳасирӯт кӯч кард ва дар Ҳасирӯт монд.+
Поварақҳо
^ Маънояш «сӯзиш; сӯхтор».
^ Аз афташ, ғайриисроилиёне, ки дар миёни онҳо буданд.
^ Ё «дар осиёи дастӣ орд мекарданд».
^ Уғурча — зарфи хурде барои кӯфтану орд кардани ғалладона ё чизи дигар; оғурак, ҳован, охурак.
^ Як газ ба 44,5 см баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Як ҳӯмер ба 220 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Маънояш «гӯри нафс».