4 Мӯсо 16:1-50
16 Қӯраҳи+ писари Исҳори+ писари Қаҳоти+ писари Левӣ+ бо писарони Реубен+ — Дотон ва Абироми писарони Элиоб+ ва Ӯни писари Фолат
2 ва 250 нафар исроилии номдор, ки сарварони мардум буданд ва аз ҷамоат интихоб шуда буданд, бар зидди Мӯсо бархостанд.
3 Онҳо якҷоя шуда бар зидди Мӯсо ва Ҳорун баромаданд+ ва ба онҳо гуфтанд: «Бас аст! Тамоми мардум муқаддас аст+ ва Яҳува дар миёни онҳост.+ Пас, чаро шумо худро аз ҷамоати Яҳува боло мегиред?»
4 Вақте Мӯсо инро шунид, ҳамон замон рӯ ба замин афтод.
5 Ӯ ба Қӯраҳ ва ҳамаи тарафдоронаш гуфт: «Саҳарӣ Яҳува нишон медиҳад: кӣ аз они ӯст+ ва кӣ муқаддас асту ба ӯ наздик шуда метавонад.+ Ҳар киро ӯ интихоб кунад,+ вай ба Худо наздик мешавад.
6 Пас, шумо, эй Қӯраҳ ва ҳамаи тарафдоронаш,+ бухурдонҳоро гирифта,+
7 пагоҳ дар ҳузури Яҳува бар он оташ ва бухур гузоред ва касеро, ки Яҳува интихоб кунад,+ ӯ муқаддас аст. Шумо, писарони Левӣ,+ аз ҳад гузаштед!»
8 Мӯсо боз ба Қӯраҳ гуфт: «Эй писарони Левӣ, илтимос, гӯш диҳед!
9 Магар барои шумо кам аст, ки Худои Исроил шуморо аз байни мардум ҷудо кард+ ва иҷозат дод, ки ба ӯ наздик шавед, то хизмати хаймаи муқаддаси Яҳуваро ба ҷо оред ва назди ҷамоат истода ба онҳо хизмат кунед?+
10 Магар кам аст, ки Худо туро ва тамоми бародаронат, писарони Левиро, ба худ наздик кардааст? Наход шумо хоҳед боз коҳиниро аз худ кунед?!+
11 Аз ин рӯ ту ва тамоми тарафдоронат бар зидди Яҳува ҷамъ омадаед. Ҳорун чӣ гуноҳ дорад, ки аз вай шикваю шикоят мекунед?»+
12 Баъдтар Мӯсо кас фиристод, то Дотон ва Абиром,+ писарони Элиобро, биёранд, аммо онҳо гуфтанд: «Намеравем!
13 Кам буд, ки ту моро аз замине, ки дар он ширу асал ҷорӣ буд, берун овардӣ, то моро дар ин биёбон бикушӣ?+ Оё акнун мехоҳӣ ҳокиму хӯҷаини мо шавӣ?
14 Ту моро ба замине, ки дар он ширу асал ҷорист,+ наовардӣ ва киштзор ё токзореро ба мо надодӣ. Оё мехоҳӣ чашмони ин одамонро кофта барорӣ? Наздат намеравем!»
15 Мӯсо сахт хашмгин шуд ва ба Яҳува гуфт: «Худоё, ба ҳадияи ғаллаи онҳо назар накун. Ман, охир, аз онҳо харе ҳам нагирифтаам ва ба ягон нафари онҳо бадие накардаам».+
16 Пас аз ин Мӯсо ба Қӯраҳ гуфт: «Пагоҳ бо ҳамаи тарафдоронат назди Яҳува ҳозир шав, туву онҳо ва Ҳорун.
17 Ҳар яке бухурдонҳои худро гирифта, ба он бухур монед ва ҳар кадоматон бухурдони худ, яъне 250 бухурдонро, ва туву Ҳорун бухурдони худро ба ҳузури Яҳува оред».
18 Ҳар кадоми онҳо бухурдони худро гирифта, бар он оташ ва бухур монданд ва ҳамроҳи Мӯсову Ҳорун назди дари хаймаи ҷомеъ истоданд.
19 Вақте Қӯраҳ тамоми тарафдоронашро+ назди дари хаймаи ҷомеъ бар зидди онҳо ҷамъ овард, ҷалоли Яҳува ба тамоми мардум намудор гашт.+
20 Яҳува ба Мӯсо ва Ҳорун гуфт:
21 «Худро аз миёни ин одамон дур созед, то ман онҳоро дар як лаҳза нест кунам».+
22 Онҳо рӯй ба замин афтода, гуфтанд: «Худоё, эй Худое, ки ба ҳама ҳаёт мебахшӣ!+ Наход барои гуноҳи як кас ту аз тамоми мардум дарғазаб шавӣ?»+
23 Яҳува ба Мӯсо гуфт:
24 «Ба мардум бигӯ: “Аз назди хаймаҳои Қӯраҳ, Дотон ва Абиром дур шавед!”»+
25 Мӯсо бархеста, ба назди Дотону Абиром рафт ва пирони Исроил+ ҳамроҳаш буданд.
26 Ӯ ба мардум гуфт: «Илтимос, аз назди хаймаҳои ин бадкорон дур шавед ва ба ягон чизи онҳо даст нарасонед, то аз пушти гуноҳи онҳо нобуд нашавед».
27 Онҳо дарҳол аз гирду пеши хаймаҳои Қӯраҳ, Дотон ва Абиром дур шуданд, Дотону Абиром бошанд, берун омада, назди дари хаймаҳояшон ҳамроҳи занон, писарон ва кӯдакони хурдсолашон истоданд.
28 Он гоҳ Мӯсо гуфт: «Аз рӯйи ин мефаҳмед, ки Яҳува маро барои кардани ҳамаи ин корҳо фиристодааст, яъне ман ин корҳоро аз пеши худ накарда истодаам:
29 агар ин шахсон мисли ҳамаи одамон бо марги худ бимиранд ва он чӣ бар сари дигарон меояд, бар сари онҳо ҳамон биёяд, пас, маро Яҳува нафиристодааст.+
30 Лекин, агар Яҳува чизи ғайриодие ба амал орад ва замин кушода шуда, онҳоро бо тамоми чизу чораашон фурӯ барад ва онҳо зинда ба зинда ба гӯр* раванд, он гоҳ шумо мефаҳмед, ки ин одамон нисбати Яҳува беҳурматӣ кардаанд».
31 Ҳамин ки ӯ гапашро тамом кард, замини зери пояшон кафид.+
32 Замин кушода шуд ва онҳоро ҳамроҳи аҳли хонавода ва ҳамаи онҳое, ки бо Қӯраҳ+ буданд, ва тамоми чизу чораашон фурӯ бурд.
33 Онҳо бо ҳамаи касоне, ки ҳамроҳашон буданд, зинда ба зинда ба гӯр рафтанд ва замин онҳоро пӯшонид. Ҳамин тавр онҳо аз миёни ҷамоат нобуд шуданд.+
34 Тамоми исроилиёне, ки дар гирду пеши онҳо буданд, аз фиғони онҳо гурехтанд, зеро гуфтанд: «Мабодо замин моро ҳам фурӯ барад».
35 Пас аз ин оташе аз ҷониби Яҳува фаромада,+ 250 нафареро, ки бухур оварда буданд, сӯзонд.+
36 Яҳува ба Мӯсо гуфт:
37 «Ба Элъозори писари Ҳоруни коҳин бигӯ, ки бухурдонҳоро+ аз оташ бигирад, зеро онҳо муқаддасанд. Ҳамчунин ба ӯ бигӯ, ки лахчаҳои даргиронро каме дуртар бурда партояд.
38 Аз бухурдонҳои касоне, ки гуноҳ карда, ҳаёташонро барбод доданд, тунукаҳо бисоз ва бо онҳо қурбонгоҳро+ рӯпӯш кун, зеро бухурдонҳоро ба ҳузури Яҳува оварданду онҳо муқаддас шуданд. Бигзор онҳо барои исроилиён аломате шаванд».+
39 Элъозори коҳин бухурдонҳои мисинеро, ки он одамон дар оташ сӯхта, оварда буданд, кӯфта тунук кард, то бо онҳо қурбонгоҳро рӯпӯш кунад.
40 Ӯ ҳамон тавре кард, ки Яҳува ба воситаи Мӯсо ба ӯ фармуд. Ин барои исроилиён ёдоварие буд, ки ҳеҷ каси ғайре, яъне касе, ки аз насли Ҳорун нест, набояд наздик шуда, дар ҳузури Яҳува бухур сӯзонад+ ва ҳеҷ кас набояд мисли Қӯраҳ ва тарафдорони ӯ рафтор кунад.+
41 Фардои он рӯз тамоми мардуми Исроил ҷамъ омада, аз Мӯсову Ҳорун шикоят+ карданду гуфтанд: «Ҳар дуи шумо халқи Яҳуваро куштед!»
42 Вақте мардум якҷоя шуда бар зидди Мӯсову Ҳорун баромаданд, онҳо рӯйи худро сӯйи хаймаи ҷомеъ гардонданд ва диданд, ки абр онро рӯпӯш кардааст ва ҷалоли Яҳува ба онҳо намудор гашт.+
43 Мӯсову Ҳорун назди хаймаи ҷомеъ+ рафтанд
44 ва Яҳува ба Мӯсо гуфт:
45 «Аз миёни ин одамон дур шавед, то ман онҳоро дар як лаҳза нест кунам».+ Он гоҳ онҳо рӯ ба замин афтоданд.+
46 Мӯсо ба Ҳорун гуфт: «Бухурдони худро гирифта, бар он оташе аз қурбонгоҳ+ бимон ва бар болояш бухур гузор ва зудтар назди мардум рафта, барои гуноҳи онҳо товон бидеҳ,+ зеро хашми Яҳува бар ин халқ аланга зад. Вабо аллакай сар задааст!»
47 Ҳорун дарҳол аз рӯйи гуфтаи Мӯсо амал карда, бухурдони худро гирифт ва давида ба миёни ҷамоат дохил шуд ва дид, ки вабо аллакай дар миёни мардум сар задааст. Ӯ бар бухурдон бухур монда, барои гуноҳи халқ товон додан гирифт.
48 Вай байни мурдагону зиндагон меистод ва вабо оҳиста-оҳиста ба охир расид.
49 Шумораи касоне, ки аз ин вабо мурданд, ғайр аз онҳое, ки бо Қӯраҳ мурданд, 14 700 нафар буд.
50 Вақте Ҳорун назди Мӯсо ба пеши дари хаймаи ҷомеъ баргашт, вабо аллакай ба охир расида буд.