4 Мӯсо 18:1-32
18 Яҳува ба Ҳорун гуфт: «Туву писаронат ва хонадони ту барои ҳар гуноҳ бар зидди муқаддасгоҳ+ ҷавобгаред. Ту ва писаронат барои ҳар гуноҳе, ки зидди коҳинӣ карда мешавад, ҷавобгаред.+
2 Ту бояд бародарони худ, левизодагонро, ки аз авлодат ҳастанд, наздик биёрӣ, то ба ту ҳамроҳ шаванд ва ба туву писаронат дар хаймаи шаҳодат+ хизмат кунанд.+
3 Онҳо бояд вазифаи худро назди шумо ва назди тамоми хаймаи ҷомеъ ба ҷо оранд.+ Аммо онҳо набояд ба ашёи ҷойи муқаддас ва қурбонгоҳ наздик шаванд, то на онҳо бимиранд, на шумо.+
4 Онҳо ба ту ҳамроҳ мешаванд ва вазифаҳои худро, ки ба хаймаи ҷомеъ ва хизмати он вобастаанд, ба ҷо меоранд ва ҳеҷ шахси ғайре* набояд ба шумо наздик шавад.+
5 Шумо бояд вазифаҳои худро, ки бо ҷойи муқаддас ва қурбонгоҳ+ алоқаманданд, ба ҷо оред,+ то бар мардуми Исроил дигар хашм нагирам.+
6 Ман худам бародарони шумо, левизодагонро, аз миёни исроилиён ҷудо кардаам, то онҳоро ба шумо туҳфа кунам.+ Онҳо ба Яҳува дода шудаанд, то хизмати хаймаи ҷомеъро ба ҷо оранд.+
7 Ту ва писарони ту ба корҳои бо қурбонгоҳ алоқаманд ва корҳое, ки бо макони даруни парда+ алоқаманданд, ҷавобгаред ва бояд ин хизмати коҳиниро ба ҷо оред.+ Ман хизмати коҳиниро ба шумо туҳфа кардаам ва ҳар шахси ғайре*, ки наздик биёяд, бояд кушта шавад».+
8 Яҳува боз бо Ҳорун сухан ронда гуфт: «Ман худам туро бар ҳамаи ҳадияҳое, ки барои ман оварда мешаванд, таъйин месозам.+ Ман ба ту ва писаронат аз ҳама чизҳои муқаддасе, ки исроилиён барои ман меоранд, ҳиссаеро медиҳам. Он ба таври бардавом ҳиссаи шумо мешавад.+
9 Ин чизҳо аз миёни ҳадияҳои хеле муқаддасе, ки дар оташ сӯзонида мешаванд, аз они ту мегарданд: ҳар ҳадияе, ки онҳо ба ман меоранд, аз он ҷумла ҳадияҳои ғалла,+ қурбониҳои гуноҳ+ ва қурбониҳои айб.+ Ин барои ту ва писаронат як чизи хеле муқаддас аст.
10 Онро дар ҷойи хеле муқаддас бихӯр.+ Бигзор ҳар мардина аз он бихӯрад. Бигзор он барои ту як чизи муқаддас бошад.+
11 Ин чизҳо низ аз они туянд: ҳадияҳое, ки исроилиён пешкаш мекунанд,+ аз он ҷумла ҳама ҳадияҳои ҷунбонданиашон.+ Ман онҳоро ба таври бардавом ба ту ва писарону духтаронат додаам.+ Ҳар шахси пок дар хонаи ту метавонад аз он бихӯрад.+
12 Тамоми равғани беҳтарин, шароби беҳтарин ва ҳосили аввалинеро,+ ки онҳо ба Яҳува меоранд, ман ба шумо медиҳам.+
13 Бигзор ҳар навбари ҳосили замини онҳо, ки барои Яҳува меоранд, аз они шумо бошад.+ Ҳар шахси пок дар хонаи ту метавонад аз он бихӯрад.
14 Ҳар чӣ дар Исроил ба Худо бахшида шавад*, бояд аз они ту гардад.+
15 Нахустзодаи ҳар ҷони зинда,+ ки онро ба Яҳува пешкаш мекунанд, хоҳ одам бошад, хоҳ ҳайвон, бояд аз они ту шавад. Аммо ту бояд нахустзодаи ҳар одам+ ва нахустзодаи ҳар ҳайвони нопокро бозхарӣ.+
16 Дар вақти якмоҳа ва ё калонтар буданаш барои он нархи муқарраршуда, яъне панҷ сиқл*+ нуқраро мувофиқи сиқли намунавии ҷойи муқаддас, товон дода, онро бозхарид кун. Як сиқл ба 20 геро* баробар аст.
17 Фақат буққаи нахустзода, барраи нахустзодаи нар ё нарбузи нахустзодаро бозхарид накун.+ Онҳо муқаддасанд. Хуни онҳоро бар қурбонгоҳ бипош+ ва чарбуи онҳоро чун қурбонии хушбӯй* барои Яҳува бар оташ сӯзонда, дуд кун.+
18 Гӯшти онҳо аз они ту мешавад. Он мисли синаи ҳадияи ҷунбониданӣ ва пойи рост аз они ту мешавад.+
19 Ҳама ҳадияҳои муқаддасеро, ки исроилиён ба Яҳува меоранд,+ ман ба таври доимӣ ба ту ва писарони ту ва духтарони ту медиҳам.+ Ин аҳди бардавоми намак* аст, ки Яҳува бо ту ва наслат мебандад».
20 Яҳува боз ба Ҳорун гуфт: «Ту дар замини Исроил мерос нахоҳӣ дошт ва дар миёни мардуми он ҳиссае нахоҳӣ дошт.+ Ҳиссаи ту ва мероси ту дар миёни исроилиён ман ҳастам.+
21 Инак, ман даҳяки+ ҳамаро дар Исроил ба писарони Левӣ мерос медиҳам, ба ивази хизмате, ки онҳо барои хаймаи ҷомеъ ба амал меоранд.
22 Мардуми Исроил дигар наметавонанд ба хаймаи ҷомеъ наздик биёянд, мабодо гунаҳкор шуда, бимиранд.
23 Левизодагон бояд худашон хизмати хаймаи ҷомеъро ба ҷо оранд ва барои гуноҳи мардум онҳо ҷавобгар мешаванд.+ Ин амри бардавом аст барои тамоми наслҳои шумо: левизодагон набояд дар миёни исроилиён соҳиби мулку мерос шаванд.+
24 Охир, ман ба левизодагон даҳяки ҳадияҳои исроилиёнро, ки онҳо барои Яҳува меоранд, додаам. Барои ҳамин ман ба онҳо гуфтам, ки дар миёни исроилиён соҳиби мулку мерос намешаванд».+
25 Сипас Яҳува ба Мӯсо гуфт:
26 «Ба левизодагон бигӯ: “Аз даҳяке, ки исроилиён барои ман меоранду ман онро ба шумо мерос медиҳам,+ даҳякашро гирифта, барои Яҳува ҳадия кунед.+
27 Ин ҳадияи шумо ҳисоб меёбад, мисли он ки шумо аз хирмани худатон ғалла,+ аз ҳосили фаровони чархушти худатон шароб ва ҷувози худатон равған оварда бошед.
28 Бо ҳамин роҳ шумо низ ба Яҳува аз ҳар даҳяке, ки аз исроилиён мегиред, ҳадия меоред ва аз он ҳадияи Яҳува ба Ҳоруни коҳин медиҳед.
29 Аз ҳар навъ ҳадияе, ки ба шумо дода мешавад, қисми беҳтаринашро гирифта, чун чизи муқаддасе ба Яҳува бидиҳед”.+
30 Боз ба онҳо бигӯ: “Эй левизодагон, вақте шумо аз чизҳое, ки мегиред, беҳтаринашро ҳадия мекунед, бақияаш аз они шумо мешавад, гӯё он ғалла аз хирмани худатон ва шаробу равған аз чархушту ҷувозатон бошад.
31 Шумо ва хонаводаҳоятон метавонед онро дар ҳар ҷо бихӯред, зеро он музди шумост бар ивази хизмататон дар хаймаи ҷомеъ.+
32 То даме ки шумо чизи беҳтарини ҳадияҳоро меоред, гунаҳкор намешавед. Чизҳои муқаддаси исроилиёнро нопок насозед, то намиред”».+
Поварақҳо
^ Яъне касе, ки левизода нест.
^ Яъне касе, ки левизода нест.
^ Яъне ҳар он чизе, ки бебозгашт ва бе имконияти бозхарид шудан ба Худо бахшида мешавад.
^ Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Як геро ба 0,57 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Ё «оромбахш».
^ Яъне аҳди доимӣ ва тағйирнопазир.