4 Мӯсо 2:1-34

  • Хаймагоҳ ба дастаҳои сеқабилагӣ тақсим мешавад (1–34)

    • Дастаи Яҳудо аз тарафи шарқ бояд хайма занад (3–9)

    • Дастаи Реубен аз тарафи ҷануб бояд хайма занад (10–16)

    • Хаймагоҳи Левӣ дар мобайн мешавад (17)

    • Дастаи Эфроим аз тарафи ғарб мешавад (18–24)

    • Дастаи Дон аз тарафи шимол мешавад (25–31)

    • Шумораи ҳама мардоне, ки саршуморӣ шуданд (32–34)

2  Яҳува бо Мӯсо ва Ҳорун сухан ронда гуфт:  «Бигзор ҳар як исроилӣ назди ҷое ки барои дастаи сеқабилагияш+ муқаррар гардидааст, назди нишони хонадонаш, хайма занад. Онҳо бояд гирдогирди хаймаи ҷомеъ тавре хайма зананд, ки рӯйи хаймаҳояшон ба хаймаи ҷомеъ равона бошад.  Аз тарафи шарқӣ, аз тарафи офтоббаро, се қабила дар ҷое ки барои дастаашон муқаррар шудааст, бо сардории қабилаи Яҳудо хайма мезанад. Сардори қабилаи Яҳудо Наҳшӯни+ писари Аминодоб аст.  Шумораи лашкари ӯ 74 600 нафар аст.+  Аз як тарафи ӯ бояд қабилаи Иссокор хайма занад. Сардори қабилаи Иссокор Натанъили+ писари Суор аст.  Шумораи лашкари ӯ 54 400 нафар аст.+  Аз тарафи дигари қабилаи Яҳудо бошад, қабилаи Забулун бояд хайма занад. Сардори қабилаи Забулун Элиоби+ писари Ҳилӯн аст.  Шумораи лашкараш 57 400 нафар аст.+  Шумораи лашкаре, ки дар хаймагоҳи Яҳудо саршуморӣ гардид, 186 400 нафар аст. Онҳо бояд якум шуда кӯч кунанд.+ 10  Се қабилаи дигар бо сардории қабилаи Реубен,+ дар ҷое ки барои дастаашон муқаррар шудааст, аз тарафи ҷануб хайма мезанад. Сардори қабилаи Реубен Элисури+ писари Шадиур аст. 11  Шумораи лашкари ӯ 46 500 нафар аст.+ 12  Аз як тарафи ӯ бояд қабилаи Шимъӯн хайма занад. Сардори қабилаи Шимъӯн Шалумиили+ писари Суришаддой аст. 13  Шумораи лашкари ӯ 59 300 нафар аст.+ 14  Аз тарафи дигари қабилаи Реубен бошад, қабилаи Ҷод бояд хайма занад. Сардори қабилаи Ҷод Элёсофи+ писари Реуил аст. 15  Шумораи лашкари ӯ 45 650 нафар аст.+ 16  Шумораи лашкаре, ки дар хаймагоҳи Реубен саршуморӣ гардид, 151 450 нафар аст. Онҳо бояд дуюм шуда кӯч кунанд.+ 17  Вақте хаймаи ҷомеъро мекӯчонанд,+ хаймагоҳи левизодагон бояд дар миёни хаймагоҳҳои дигар қабилаҳо бошад. Исроилиён бояд сеқабилагӣ даста-даста шуда, ҳар яке дар ҷойи худ бо ҳамон тартибе,+ ки хайма мезананд, кӯч банданд. 18  Се қабилаи дигар бо сардории қабилаи Эфроим, дар ҷое ки барои дастаашон муқаррар шудааст, аз тарафи ғарб хайма мезанад. Сардори қабилаи Эфроим Элишомаи+ писари Аммиҳуд аст. 19  Шумораи лашкари ӯ 40 500 нафар аст.+ 20  Аз як тарафи ӯ қабилаи Менашше+ хайма мезанад. Сардори қабилаи Менашше Ҷамлиили+ писари Фадоҳсур аст. 21  Шумораи лашкари ӯ 32 200 нафар аст.+ 22  Аз тарафи дигари қабилаи Эфроим қабилаи Бинёмин хайма мезанад. Сардори қабилаи Бинёмин Абидони+ писари Ҷидъӯнӣ аст. 23  Шумораи лашкари ӯ 35 400 нафар аст.+ 24  Шумораи лашкаре, ки дар хаймагоҳи Эфроим саршуморӣ гардид, 108 100 нафар аст. Онҳо бояд сеюм шуда кӯч кунанд.+ 25  Се қабилаи дигар бо сардории қабилаи Дон, дар ҷое ки барои дастаашон муқаррар шудааст, аз тарафи шимол хайма мезанад. Сардори қабилаи Дон Аҳиозари+ писари Аммишаддой аст. 26  Шумораи лашкари ӯ 62 700 нафар аст.+ 27  Аз як тарафи ӯ қабилаи Ошер хайма мезанад. Сардори қабилаи Ошер Фаҷъиили+ писари Окрон аст. 28  Шумораи лашкари ӯ 41 500 нафар аст.+ 29  Аз тарафи дигари қабилаи Дон қабилаи Нафтолӣ хайма мезанад. Сардори қабилаи Нафтолӣ Аҳираъи+ писари Энон аст. 30  Шумораи лашкари ӯ 53 400 нафар аст.+ 31  Шумораи лашкаре, ки дар хаймагоҳи Дон саршуморӣ гардид, 157 600 нафар аст. Аз миёни хаймагоҳҳои Исроил, ки сеқабилагӣ тақсим шудаанд, онҳо бояд охирон кӯч кунанд».+ 32  Инҳоянд исроилиёне, ки мувофиқи авлодҳояшон саршуморӣ шуданд. Шумораи пурраи лашкари Исроил, ки дар хаймагоҳҳо саршуморӣ гардид, 603 550 нафар буд.+ 33  Аммо левизодагон, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, дар қатори дигар исроилиён+ саршуморӣ нашуданд.+ 34  Исроилиён ҳар он чиро, ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, ба ҷо оварданд. Онҳо ба дастаҳои сеқабилагӣ ҷудо шуданд+ ва, ҳамон тавре ки Худо фармуда буд, кӯч мебастанд,+ ҳар яке мувофиқи хонавода ва авлоди худ.

Поварақҳо