4 Мӯсо 22:1-41
22 Сипас исроилиён аз он ҷо рафтанд ва дар даштҳои Мӯоб хайма заданд. Онҳо дар ҷое хайма заданд, ки дар муқобили он, аз тарафи дигари дарёи Урдун, Ериҳӯ ҷойгир буд.+
2 Болоқ,+ писари Сипӯр, ҳар он чиро, ки Исроил бо амӯриён карда буд, дид
3 ва Мӯоб аз мардуми Исроил сахт тарсида, ба воҳима афтод, чунки онҳо сершумор буданд.+
4 Аз ин рӯ Мӯоб ба пирони Мидён+ гуфт: «Ин ҷамоат тамоми замини гирду атрофро фурӯ мебарад, ҳамон тавре ки буққа сабзаи саҳроро хӯрда фурӯ мебарад».
Он вақт Болоқ, писари Сипӯр, подшоҳи Мӯоб буд.
5 Ӯ ба назди Билъоми писари Баӯр+ хабаррасонҳоро ба кишвари вай, ба Фатӯр, ки назди дарё* ҷойгир аст, фиристод. Ӯ Билъомро даъват карда, гуфт: «Аз замини Миср халқе берун омадааст. Инак, онҳо рӯйи заминро фаро гирифтаанд+ ва дар рӯ ба рӯйи ман сокин шудаанд.
6 Хоҳиш мекунам, биёву он мардумро дуои бад кун*,+ зеро онҳо аз ман пурзӯртаранд. Агар ин тавр кунӣ, шояд, ман онҳоро мағлуб кунам ва аз ин замин бадар ронам, зеро медонам, ки касеро ту дуои нек кунӣ*, баракат меёбад ва касеро дуои бад кунӣ*, гирифтори лаънат мешавад».
7 Пирони Мӯоб ҳамроҳи пирони Мидён музди фолкушоии Билъомро+ дар даст гирифта, назди ӯ равона шуданд. Онҳо сӯйи ӯ омада, суханони Болоқро ба вай расонданд.
8 Билъом дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Шабро дар ин ҷо гузаронед ва ман он чӣ Яҳува бигӯяд, ба шумо мерасонам». Бо ҳамин мирони Мӯоб назди Билъом истоданд.
9 Сипас Худо ба Билъом намудор шуда, гуфт:+ «Ин одамоне, ки бо туянд, кистанд?»
10 Билъом ба Худо ҷавоб дод: «Болоқ, писари Сипӯр, подшоҳи Мӯоб, онҳоро назди ман фиристода, гуфтааст:
11 “Инак, мардуме, ки аз Миср берун омадаанд, рӯйи заминро фаро гирифта истодаанд. Биёву онҳоро дуои бад кун*.+ Агар чунин кунӣ, шояд ки, онҳоро зарба зада, бадар ронам”».
12 Аммо Худо ба Билъом гуфт: «Бо онҳо нарав. Он халқро дуои бад накун*, зеро онҳо баракат ёфтаанд».+
13 Билъом саҳар аз хоб хеста, ба мирони Болоқ гуфт: «Ба замини худ биравед, зеро Яҳува ба ман иҷозат надод, ки бо шумо равам».
14 Мирони Мӯоб раҳсипор шуда, сӯйи Болоқ баргаштанд ва ба вай гуфтанд: «Билъом бо мо омадан нахост».
15 Аммо Болоқ бори дигар миронро назди вай фиристод. Ин дафъа ӯ мирони гиромитар ва бисёртарро фиристод.
16 Онҳо назди Билъом омада, ба вай гуфтанд: «Болоқ, писари Сипӯр, чунин мегӯяд: “Илтимос, аз омадан назди ман рӯ натоб,
17 чунки ман туро сарбаланд мегардонам* ва ҳар чӣ бигӯӣ, ба ту медиҳам. Пас, хоҳиш мекунам, биёву онҳоро дуои бад кун*”».
18 Вале Билъом ба хизматгорони Болоқ чунин гуфт: «Ҳатто агар Болоқ хонаи пур аз тиллову нуқраашро ба ман бидиҳад, ман аз амри Худоям Яҳува берун баромада кори хурд ё бузурге карда наметавонам.+
19 Лекин, хоҳиш мекунам, имшаб низ ин ҷо бимонед, то бубинам, ки Яҳува ба ман боз чӣ мегӯяд».+
20 Шабона Худо ба Билъом намудор шуда, ба вай гуфт: «Агар ин мардон барои бурдани ту омада бошанд, бо онҳо бирав. Аммо ту фақат он суханонеро гуфта метавонӣ, ки ман ба ту бигӯям».+
21 Билъом саҳар аз хоб хеста, хари худро зин кард ва бо мирони Мӯоб ба роҳ баромад.+
22 Аммо хашми Худо бар ӯ аланга зад, зеро ӯ бо онҳо рафт. Он гоҳ фариштаи Яҳува дар роҳи ӯ истод, то ба вай муқобилат кунад. Билъом бар хараш савор буд ва ду хизматгораш бо вай буданд.
23 Вақте хари Билъом дид, ки фариштаи Яҳува дар сари роҳ истодааст ва дар даст шамшер дорад, вай сӯйи киштзор тоб хӯрд. Аммо Билъом харро задан гирифт, то вайро ба роҳ баргардонад.
24 Сипас фариштаи Яҳува дар пайраҳаи танге, дар миёни ду токзор, истод. Аз ду тарафи пайраҳа деворҳои сангин буданд.
25 Вақте хар фариштаи Яҳуваро дид, худро ба девор часпонид ва пойи Билъомро ба девор пахш кард ва Билъом харашро боз задан гирифт.
26 Фариштаи Яҳува боз роҳи онҳоро гирифта, дар ҷойи танге истод, ки аз он ба тарафи росту чап гаштан намешуд.
27 Вақте хар фариштаи Яҳуваро дид, зери Билъом хобид. Билъом аз ин сахт ба хашм омада, бо чӯбаш харро задан гирифт.
28 Он гоҳ Яҳува забони харро кушод+ ва вай ба Билъом гуфт: «Ман чӣ кор кардам, ки ин се бор маро задӣ?»+
29 Билъом ба хар ҷавоб дод: «Чунки ту маро аҳмақ кардӣ. Агар дар дастам шамшер мебуд, туро мекуштам!»
30 Хар ба Билъом гуфт: «Магар ман хари ту нестам, ки тамоми умрат бар ман савор мешудӣ? Оё то имрӯз ман ин хел рафтор мекардам?» Билъом гуфт: «Не!»
31 Сипас Яҳува чашмони Билъомро кушод+ ва ӯ фариштаи Яҳуваро дар сари роҳ дид, ки дар даст шамшер дорад. Ӯ дарҳол хам шуда, пеши вай саҷда кард.
32 Фариштаи Яҳува ба ӯ гуфт: «Чаро ин се бор хари худро задӣ? Инак, ман худам баромадаам, то бо ту муқобилат кунам, зеро роҳе, ки ту пеш гирифтаӣ, бар зидди хости ман аст.+
33 Харат маро диду се бор ба дигар тараф тоб хӯрданӣ шуд.+ Агар ин тавр намекард, ман туро мекуштаму харатро зинда мемондам».
34 Билъом ба фариштаи Яҳува гуфт: «Ман гуноҳ кардам, зеро намедонистам, ки ту дар сари роҳи ман истодаӣ. Агар ин дар назари ту бад бошад, ман баргашта меравам».
35 Аммо фариштаи Яҳува ба Билъом гуфт: «Бо ин одамон бирав, лекин танҳо он чиро, ки ман ба ту мегӯям, ҳамонро бигӯ». Аз ин рӯ Билъом роҳи худро бо мирони Болоқ давом дод.
36 Вақте Болоқ шунид, ки Билъом омадааст, дарҳол дар шаҳри Мӯоб, ки дар соҳили Арнӯн, дар ҳудуди заминаш, ҷойгир аст, ба пешвози вай баромад.
37 Болоқ ба Билъом гуфт: «Ман, охир, барои даъват кардани ту кас фиристода будам. Чаро назди ман наомадӣ? Оё гумон кардӣ, ки ман туро сарбаланд карда наметавонам*?»+
38 Билъом ба Болоқ ҷавоб дод: «Мана, ман омадам. Вале оё аз пеши худ чизе гуфта метавонам? Ман фақат он чиро, ки Худо дар даҳонам гузорад, ҳамонро мегӯям».+
39 Билъом бо Болоқ рафт ва онҳо ба Қирят-Ҳусӯт омаданд.
40 Болоқ гову гӯсфанд қурбон кард ва қисме аз онҳоро ба Билъом ва мироне, ки бо ӯ буданд, фиристод.
41 Саҳарӣ Болоқ Билъомро гирифта, ба Бомӯт-Баал овард. Аз он ҷо ӯ метавонист тамоми халқро бубинад.+
Поварақҳо
^ Аз афташ, дарёи Фурот дар назар дошта шудааст.
^ Ё «лаънат бихон».
^ Ё «барои касе баракат хоҳӣ».
^ Ё «лаънат бихонӣ».
^ Ё «лаънат бихон».
^ Ё «лаънат нахон».
^ Ё «ба ту мукофоти бузурге медиҳам».
^ Ё «лаънат бихон».
^ Ё «ба ту мукофоти бузурге дода наметавонам».