4 Мӯсо 23:1-30
23 Билъом ба Болоқ гуфт: «Дар ҳамин ҷо ҳафт қурбонгоҳ бисоз+ ва барои ман ҳафт буққаву ҳафт қӯчқор тайёр кун».
2 Болоқ дарҳол ба гуфти Билъом кард ва Болоқу Билъом дар ҳар қурбонгоҳ+ як қӯчқору як буққа қурбон карданд.
3 Он гоҳ Билъом ба Болоқ гуфт: «Назди қурбонии сӯхтании худ биист, ман бошам, меравам. Шояд, Яҳува ба ман намудор шавад ва ҳар чӣ ӯ ба ман ошкор кунад, ман ба ту мегӯям». Пас аз ин ӯ ба теппаи беалафе рафт.
4 Он гоҳ Худо ба Билъом намудор шуд+ ва Билъом ба ӯ гуфт: «Ман ҳафт қурбонгоҳ сохтам ва онҳоро қаторак гузоштам ва бар ҳар яки он як буққаву як қӯчқор пешкаш намудам».
5 Яҳува суханашро дар даҳони Билъом гузошта гуфт:+ «Назди Болоқ бирав ва ба вай чунин бигӯ».
6 Вақте ӯ баргашт, дид, ки Болоқ ҳамроҳи мирони Мӯоб назди қурбонии сӯхтании худ истодааст.
7 Сипас Билъом чунин масалро ба забон овард:+
«Болоқ, подшоҳи Мӯоб, маро аз Арам+ даъват намуд,Аз кӯҳҳои шарқ маро хонда, гуфт:
“Биёву Яъқубро лаънат бихон,Биёву Исроилро дуои бад кун”.+
8 Чӣ тавр ман бар касоне, ки Худо лаънат накардааст, лаънат бихонам?
Чӣ тавр касонеро, ки Яҳува дуои бад накардааст, дуои бад кунам?+
9 Онҳоро аз сари сахраҳо мебинамВа аз болои теппаҳо ба назарам метобанд.
Ин халқ танҳо зиндагӣ мекунад+Ва худро дар қатори дигар халқҳо ҳисоб намекунад.+
10 Кӣ метавонад хокрезаҳои Яъқубро ҳисоб кунад+Ва ҳатто чоряки Исроилро ба шумор орад?
Бигзор бо марги росткорон бимирамВа мисли онҳо аз олам чашм пӯшам».
11 Он гоҳ Болоқ ба Билъом гуфт: «Ин чӣ коре буд, ки ту ба ман кардӣ? Ман туро барои он овардам, ки душманонамро дуои бад кунӣ, аммо ту фақат онҳоро дуои нек мекунӣ».+
12 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Магар ман метавонам ғайр аз сухане, ки Яҳува дар даҳонам гузорад, чизи дигаре бигӯям?»+
13 Болоқ ба вай гуфт: «Илтимос, биё бо ман ба ҷойи дигаре биравем, ки онҳоро дида тавонӣ. Ту аз он ҷо ҳамаашонро неву фақат қисме аз онҳоро мебинӣ. Аз он ҷо онҳоро дуои бад бикун».+
14 Болоқ ӯро ба саҳрои Сӯфим, ба қуллаи Фисҷа,+ бурд ва дар он ҷо ҳафт қурбонгоҳ сохта, дар ҳар як қурбонгоҳ як буққаву як қӯчқор қурбон кард.+
15 Билъом ба Болоқ гуфт: «Дар ҳамин ҷо назди қурбонии сӯхтании худ биист, то даме ки ман рафта, дар он ҷо бо Ӯ гап занам».
16 Яҳува ба Билъом намудор шуд ва суханашро дар даҳони Билъом гузошта гуфт:+ «Назди Болоқ баргард ва ба ӯ чунин бигӯ».
17 Ӯ назди Болоқ омад ва дид, ки вай назди қурбонии сӯхтании худ истодааст ва мирони Мӯоб бо ӯ ҳастанд. Болоқ пурсид: «Яҳува чӣ гуфт?»
18 Ӯ ин масалро ба забон овард:+
«Бархез, эй Болоқ, ва гӯш кун.
Маро бишнав, эй писари Сипӯр.
19 Худо одамизод нест, ки дурӯғ гӯяд,+Ва фарзанди одам нест, ки аз фикраш гардад.+
Оё ӯ сухане мегӯяду онро ба ҷо намеорад?
Оё қавле медиҳаду онро иҷро намекунад?+
20 Ман барои баракат хостан оварда шудаам.
Инак, Ӯ баракат додаасту+ ман наметавонам онро бекор кунам.+
21 Ӯ тоқати онро надорад, ки бар зидди Яъқуб ҷодуро ба кор баранд,Ва намегузорад, ки бар сари Исроил балое биёяд.
Худои онҳо, Яҳува, бо онҳост+Ва онҳо ӯро дар миёни худ чун подшоҳ бо овози баланд ситоиш мекунанд.
22 Худо онҳоро аз Миср берун меорад.+
Ӯ барои онҳо мисли шохҳои гови ёбоӣ аст.+
23 Зеро бар зидди Яъқуб ҳеҷ гуна афсун барор намеёбад+Ва ҳеҷ гуна фолкушоӣ бар Исроил кора намекунад.+
Ҳоло бошад, дар бораи Яъқуб ва Исроил гуфтан мумкин аст:
“Бингар, ки Худо чӣ кор кардааст!”
24 Инак, ин халқ мисли шер бармехезад,Монанди шер аз ҷояш мехезад+Ва, то даме ки туъмаашро нахӯрадВа хуни куштагонро нанӯшад, дароз намекашад».
25 Он гоҳ Болоқ ба Билъом гуфт: «Агар дуои бад кардани* онҳо аз дастат наояд, ақаллан, онҳоро дуои нек накун*».
26 Билъом дар ҷавоби Болоқ гуфт: «Магар ба ту нагуфта будам: “Он чӣ Яҳува бигӯяд, ман ҳамонро ба амал меорам”?»+
27 Болоқ ба Билъом гуфт: «Илтимос, бо ман биё. Ман туро ба ҷойи дигаре мебарам. Шояд, дар назари Худо дуруст бошад, ки ту онҳоро аз он ҷо дуои бад кунӣ*».+
28 Болоқ Билъомро ба қуллаи Фаӯр баровард, ки аз он ҷо Ешимӯн*+ намудор аст.
29 Сипас Билъом ба Болоқ гуфт: «Дар ин ҷо ҳафт қурбонгоҳ бисоз ва бароям ҳафт буққа ва ҳафт қӯчқор тайёр кун».+
30 Болоқ суханони Билъомро ба ҷо овард ва бар ҳар қурбонгоҳ як буққа ва як қӯчқор пешкаш намуд.
Поварақҳо
^ Ё «лаънат хондани».
^ Ё «барои онҳо баракат нахоҳ».
^ Ё «лаънат хонӣ».
^ Ё, эҳтимол, «биёбон».