4 Мӯсо 24:1-25
24 Вақте Билъом дид, ки баракат додани исроилиён дар назари Яҳува писанд аст, ӯ дигар барои ҷустани фолҳои бад нарафт,+ балки ба биёбон рӯ овард.
2 Билъом чашмони худро бардошта, дид, ки исроилиён қабила ба қабила хайма задаанд+ ва рӯҳи Худо бар ӯ фаромад.+
3 Он гоҳ ӯ ин масалро ба забон овард:+
«Ин аст суханони Билъоми писари Баӯр,Гуфтори касе, ки чашмонаш воз шудааст,
4 Гапҳои касе, ки сухани Худоро мешунавад,Рӯъёи Худои Тавоноро* дидаастВа бо чашмони кушода ба ӯ саҷда кардааст:+
5 Чӣ зебост хаймаҳои ту, эй Яъқуб,Ва маконҳои зистат, эй Исроил!+
6 Онҳо мисли водиҳоеанд, ки дуру дароз тӯл кашидаанд,+Мисли боғҳои назди дарё,Мисли дарахтони уде, ки Яҳува шинондааст,Ва мисли дарахтони сидрае, ки назди ҷӯй мерӯянд.
7 Аз ду сатили чармини ӯ об мечакад,Тухмии* ӯ назди обҳои зиёд кошта шудааст.+
Подшоҳи ӯ+ аз Аҷаҷ бузургтар мешавад+Ва подшоҳиаш пурзӯр мегардад.+
8 Худо ӯро аз Миср берун меорад,Ӯ барояшон мисли шохҳои гови ёбоӣ аст.
Исроил халқҳоро фурӯ мебарад ва душманонашро як луқма мекунад,+Устухонҳои онҳоро хоида мепартояд ва худашонро тирборон мекунад.
9 Ӯ хобидааст ва мисли шер дароз кашидааст,Кӣ ҷуръат мекунад, ки шерро хезонад?
Касоне, ки бароят баракат мехоҳанд, баракат меёбандВа касоне, ки туро лаънат мехонанд, гирифтори лаънат мешаванд».+
10 Он гоҳ хашми Болоқ бар Билъом аланга зад ва ӯ масхараомез қарсақ зада гуфт: «Ман туро барои дуои бад кардани* душманонам даъват намудам,+ ту бошӣ, се бор аст, ки онҳоро дуои нек кардӣ*.
11 Акнун зудтар ба хонаат бирав. Ман туро хеле сарбаланд карданӣ будам,+ лекин Яҳува туро аз мукофот маҳрум кард».
12 Билъом дар ҷавоб ба Болоқ гуфт: «Охир, ман ба хабаррасонҳои ту гуфта будам:
13 “Ҳатто агар Болоқ хонаи пур аз нуқраву тиллояшро ба ман диҳад, ман наметавонам аз пеши худ* кори хуб ё баде кунам ва аз амри Яҳува берун бароям. Ман фақат ҳамон чизеро мегӯям, ки Яҳува ба ман гуфтааст”.+
14 Ҳоло бошад, ман назди халқи худ меравам. Биё ва ман ба ту мегӯям, ки ин халқ дар оянда* бо халқи ту чӣ кор мекунад».
15 Ва ӯ ин масалро ба забон овард:+
«Ин аст суханони Билъоми писари Баӯр,Гуфтори касе, ки чашмонаш воз шудааст,+
16 Гапи касе, ки сухани Худоро мешунавадВа дониши Худои Таолоро дорад,Суханони касе, ки рӯъёи Худои Тавоноро дидаастВа бо чашмони кушода ба ӯ саҷда кардааст:
17 Ман ӯро хоҳам дид, аммо на ҳозир,Ман ба ӯ назар хоҳам дӯхт, вале на ба ин қарибӣ.
Ситорае+ аз Яъқуб берун меоядВа чӯбдасте+ аз Исроил.+
Ӯ ҳатман пешонии Мӯобро+ зада мешиканадВа сари ҳамаи писарони бадҷаҳлро мекафонад.
18 Вақте Исроил далерии худро нишон медиҳад,Адӯм аз они вай мешавад+Ва Сеир+ моли душманон мегардад.+
19 Аз Яъқуб забткунанда ба майдон меояд,+Ӯ ҳар касеро, ки дар шаҳр зинда мемонад, несту нобуд месозад».
20 Вақте ӯ Амолеқро дид, масалашро давом дода гуфт:
«Амолеқ дар миёни халқҳо аввалин буд,+Вале оқибат нобуд мегардад».+
21 Вақте қениёнро+ дид, масалашро давом дода гуфт:
«Ҷойи зисти ту мустаҳкам аст ва маконат бар кӯҳпора бино шудааст.
22 Вале касе Қойинро оташ мезанад.
Боз чӣ қадар мондааст, ки Ошур туро ба асирӣ барад?»
23 Ӯ масалашро давом дода гуфт:
«Эй вой! Вақте Худо ин корро мекунад, кӣ зинда мемонад?
24 Киштиҳо аз соҳили Киттим+ меоянд,Ба Ошур+ зулм мекунанд,Ба Эбар ситам менамоянд.
Вале худи ӯ низ пурра нобуд мешавад».
25 Сипас Билъом+ бархоста, ба макони худ баргашт. Болоқ низ бо роҳи худ рафт.
Поварақҳо
^ Ё «Абарқудратро».
^ Ё «Насли».
^ Ё «лаънат хондани».
^ Ё «барои онҳо баракат хостӣ».
^ Ё «аз дили худ».
^ Ё «дар охири рӯзҳо».