4 Мӯсо 26:1-65
-
Саршумории дуюми қабилаҳои Исроил (1–65)
26 Баъди вабо+ Яҳува ба Мӯсо ва Элъозори писари Ҳоруни коҳин чунин гуфт:
2 «Тамоми мардуми Исроилро, ҳар касеро, ки 20-сола ё калонтар аст ва дар лашкари Исроил хизмат карда метавонад, аз рӯйи авлодаш саршуморӣ кунед».+
3 Мӯсо ва Элъозори+ коҳин дар даштҳои Мӯоб,+ назди Урдун, дар рӯ ба рӯйи Ериҳӯ,+ бо мардум гап заданд ва гуфтанд:
4 «Ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармудааст, ҳамаи онҳоеро, ки 20-сола ва ё калонтаранд, саршуморӣ кунед».+
Инҳоянд писарони Исроил, ки аз Миср берун омада буданд:
5 писари калонии Исроил Реубен,+ писарони Реубен:+ аз Ҳанӯх хонаводаи ҳанӯхиён, аз Фаллу хонаводаи фаллуиён,
6 аз Ҳесрӯн хонаводаи ҳесрӯниён ва аз Кармӣ хонаводаи кармиён.
7 Инҳо хонаводаҳои реубениён мебошанд. Касоне, ки аз онҳо саршуморӣ шуданд, 43 730 нафар буданд.+
8 Писари Фаллу Элиоб буд.
9 Писарони Элиоб: Намуил, Дотон ва Абиром. Дотон ва Абиром касоне буданд, ки аз миёни халқ интихоб шуда буданд ва, вақте Қӯраҳ бо тарафдоронаш+ бар зидди Яҳува баромад,+ якҷоя бо онҳо ба Мӯсову Ҳорун зид баромаданд.+
10 Он вақт замин кушода шуд ва онҳоро фурӯ бурд. Қӯраҳ бошад, вақте оташ 250 нафарро сӯзонд,+ бо ҳамроҳонаш мурд. Чизе, ки бо онҳо рӯй дод, барои дигарон дарс шуд.+
11 Вале писарони Қӯраҳ намурданд.+
12 Писарони Шимъӯн+ аз рӯйи хонаводаҳояшон: аз Намуил хонаводаи намуилиён, аз Ямин хонаводаи яминиён, аз Ёкин хонаводаи ёкиниён,
13 аз Зораҳ хонаводаи зораҳиён, аз Шоул хонаводаи шоулиён.
14 Инҳоянд хонаводаҳои шимъӯниён: 22 200 нафар.+
15 Писарони Ҷод+ аз рӯйи хонаводаҳояшон: аз Сафӯн хонаводаи сафӯниён, аз Ҳаҷҷӣ хонаводаи ҳаҷҷиён, аз Шунӣ хонаводаи шуниён,
16 аз Ознӣ хонаводаи озниён, аз Эрӣ хонаводаи эриён,
17 аз Арӯд хонаводаи арӯдиён, аз Ареил хонаводаи ареилиён,
18 Инҳо хонаводаҳои Ҷод мебошанд. Касоне, ки аз онҳо саршуморӣ шуданд, 40 500 нафар буданд.+
19 Писарони Яҳудо+ Эр ва Ӯнон буданд.+ Лекин Эр ва Ӯнон дар замини Канъон мурданд.+
20 Писарони Яҳудо аз рӯйи хонаводаҳояшон инҳоянд: аз Шолаҳ+ хонаводаи шолаҳиён, аз Форас+ хонаводаи форасиён, аз Зораҳ+ хонаводаи зораҳиён.
21 Писарони Форас инҳоянд: аз Ҳесрӯн+ хонаводаи ҳесрӯниён, аз Ҳомул+ хонаводаи ҳомулиён.
22 Инҳо хонаводаҳои Яҳудо мебошанд. Касоне, ки аз онҳо саршуморӣ шуданд, 76 500 нафар буданд.+
23 Писарони Иссокор+ аз рӯйи хонаводаҳояшон: аз Тӯлоъ+ хонаводаи тӯлоиён, аз Фувво хонаводаи фуввоиён,
24 аз Ёшуб хонаводаи ёшубиён, аз Шимрӯн хонаводаи шимрӯниён.
25 Инҳо хонаводаҳои Иссокор мебошанд. Касоне, ки аз онҳо саршуморӣ шуданд, 64 300 нафар буданд.+
26 Писарони Забулун+ аз рӯйи хонаводаҳояшон: аз Сорад хонаводаи сорадиён, аз Элӯн хонаводаи элӯниён, аз Яҳлаил хонаводаи яҳлаилиён.
27 Инҳо хонаводаҳои Забулун мебошанд. Касоне, ки аз онҳо саршуморӣ шуданд, 60 500 нафар буданд.+
28 Писарони Юсуф+ аз рӯйи хонаводаҳояшон: Менашше ва Эфроим.+
29 Писарони Менашше+ инҳоянд: аз Мокир+ хонаводаи мокириён (Мокир Ҷилъодро ба дунё овард),+ аз Ҷилъод хонаводаи ҷилъодиён.
30 Инҳоянд писарони Ҷилъод: аз Иозар хонаводаи иозариён, аз Ҳелеқ хонаводаи ҳелеқиён,
31 аз Асриил хонаводаи асриилиён, аз Шакем хонаводаи шакемиён,
32 аз Шамидоъ хонаводаи шамидоиён, аз Ҳефар хонаводаи ҳефариён.
33 Салофҳоди писари Ҳефар писар надошт, ӯ фақат духтар дошт+ ва духтарони Салофҳод+ Маҳло, Нӯо, Ҳоҷло, Милко ва Тирсо ном доштанд.
34 Инҳо хонаводаҳои Менашше мебошанд. Касоне, ки аз онҳо саршуморӣ шуданд, 52 700 нафар буданд.+
35 Писарони Эфроим+ аз рӯйи хонаводаҳояшон: аз Шутолаҳ+ хонаводаи шутолаҳиён, аз Бакар хонаводаи бакариён, аз Таҳан хонаводаи таҳаниён.
36 Инҳоянд писарони Шутолаҳ: аз Эйрон хонаводаи эйрониён.
37 Инҳо хонаводаҳои Эфроим мебошанд. Касоне, ки аз онҳо саршуморӣ шуданд, 32 500 нафар буданд.+ Инҳоянд писарони Юсуф аз рӯйи хонаводаҳояшон.
38 Писарони Бинёмин+ аз рӯйи хонаводаҳояшон: аз Балаъ+ хонаводаи балаиён, аз Ашбел хонаводаи ашбелиён, аз Аҳиром хонаводаи аҳиромиён,
39 аз Шафуфом хонаводаи шафумиён, аз Ҳуфом хонаводаи ҳуфомиён.
40 Писарони Балаъ Ард ва Наамон+ буданд: аз Ард хонаводаи ардиён, аз Наамон хонаводаи наамониён.
41 Инҳоянд писарони Бинёмин аз рӯйи хонаводаҳояшон. Касоне, ки аз онҳо саршуморӣ шуданд, 45 600 нафар буданд.+
42 Писарони Дон+ аз рӯйи хонаводаҳояшон: аз Шуҳом хонаводаи шуҳомиён. Инҳоянд писарони Дон аз рӯйи хонаводаҳояшон.
43 Ҳама хонаводаҳои шуҳомиён, ки саршуморӣ шуданд, 64 400 нафар буданд.+
44 Писарони Ошер+ аз рӯйи хонаводаҳояшон: аз Имно хонаводаҳои имноиён, аз Ишвӣ хонаводаи ишвиён, аз Барио хонаводаи бариоиён,
45 аз писарони Барио: аз Ҳабар хонаводаи ҳабариён, аз Малкиил хонаводаи малкиилиён.
46 Духтари Ошер Сораҳ ном дошт.
47 Инҳо хонаводаҳои Ошер мебошанд. Касоне, ки аз онҳо саршуморӣ шуданд, 53 400 нафар буданд.+
48 Писарони Нафтолӣ+ аз рӯйи хонаводаҳояшон: аз Яҳсаил хонаводаҳои яҳсаилиён, аз Ҷунӣ хонаводаи ҷуниён,
49 аз Есар хонаводаи есариён, аз Шилем хонаводаи шилемиён.
50 Инҳо хонаводаҳои Нафтолӣ мебошанд. Касоне, ки аз онҳо саршуморӣ шуданд, 45 400 нафар буданд.+
51 Исроилиёне, ки саршуморӣ шуданд, ҳамагӣ 601 730 нафар буданд.+
52 Баъди ин Яҳува ба Мӯсо гуфт:
53 «Мувофиқи рӯйхати номҳо заминро тақсим карда, ба онҳо мерос бидеҳ.+
54 Ба он кӣ сершумор аст, мероси зиёдтар ва ба он кӣ камшумор аст, мероси камтар бидеҳ.+ Ба ҳар яке мувофиқи шумораи касоне, ки саршуморӣ шудаанд, мерос бидеҳ.
55 Аммо замин бояд аз рӯйи қуръа+ тақсим шавад. Онҳо бояд заминро аз рӯйи номҳои қабилаҳои падаронашон мерос гиранд.
56 Мероси ҳар қабила, хоҳ қабилаи калон бошад, хоҳ хурд, аз рӯйи қуръа муқаррар шавад».
57 Левизодагоне,+ ки аз рӯйи хонаводаҳояшон саршуморӣ шуданд, инҳоянд: аз Ҷершӯн хонаводаи ҷершӯниён, аз Қаҳот+ хонаводаи қаҳотиён, аз Марорӣ хонаводаи марориён.
58 Инҳоянд хонаводаҳои левизодагон: хонаводаи либниён,+ хонаводаи ҳебрӯниён,+ хонаводаи маҳлиён,+ хонаводаи мушиён,+ хонаводаи қӯраҳиён.+
Қаҳот Имронро+ ба дунё овард.
59 Зани Имрон Юкобад ном дошт+ ва ӯ духтари Левӣ буд, ки ӯро зани Левӣ дар Миср зоида буд. Юкобад барои Имрон Ҳоруну Мӯсо ва апаашон Марямро+ ба дунё оварда буд.
60 Ҳорун Нодоб, Абиҳу, Элъозор ва Итоморро ба дунё овард.+
61 Лекин, Нодобу Абиҳу ба ҳузури Яҳува оташи ғайриқонунӣ пешкаш намуданд ва мурданд.+
62 Касоне, ки аз онҳо саршуморӣ шуданд, тамоми мардинаи якмоҳа ва болотар, 23 000 нафар буданд.+ Онҳо ҳамроҳи исроилиён саршуморӣ нашуданд,+ чунки дар миёни исроилиён ба онҳо мерос дода нашуда буд.+
63 Инҳо буданд касоне, ки Мӯсо ва Элъозори коҳин дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯйи Ериҳӯ, онҳоро саршуморӣ карданд.
64 Аммо дар миёни онҳо аз он касоне, ки Мӯсову Ҳорун дар биёбони Сино саршуморӣ карда буданд, ҳеҷ касе набуд,+
65 зеро Яҳува дар бораи онҳо гуфта буд: «Онҳо ҳатман дар биёбон мемиранд».+ Аз ин рӯ аз онҳо ҳатто як нафар ҳам намонд, ғайр аз Колеби писари Ефунне ва Юшаи писари Нун.+