4 Мӯсо 28:1-31
28 Яҳува ба Мӯсо гуфт:
2 «Ба исроилиён фармуда бигӯ: “Бодиққат бошед, ки нони ман, яъне ҳадияҳои маро, ба ман пешкаш кунед. Шумо бояд ҳар қурбонии хушбӯеро*, ки бар оташ сӯзонида мешавад, дар вақташ барои ман пешкаш кунед”.+
3 Ба онҳо ҳамчунин бигӯ: “Шумо бояд ба Яҳува аз қурбониҳое, ки бар оташ сӯзонда мешаванд, инҳоро биёред: ҳар рӯз ду барраи нари яксолаи солимро чун қурбонии сӯхтанӣ доимо пешкаш кунед.+
4 Як барраи нарро саҳарӣ ва дигарашро шомгоҳон* биёред.+
5 Ҳамроҳи онҳо даҳяк эфа* орди маҳинро, ки бо чоряк ҳин* равғани кӯфта омехта шудааст, чун ҳадияи ғалла биёред.+
6 Ин қурбонии сӯхтании доимист,+ ки дар кӯҳи Сино муқаррар шуда буд. Ин қурбонии хушбӯест*, ки барои Яҳува бар оташ сӯзонда мешавад
7 ва ҳадияи рехтании он чоряк ҳин барои ҳар барраи нар аст.+ Майро дар ҷойи муқаддас бирез: ин ҳадияи рехтанист барои Яҳува.
8 Барраи нари дигарро бошад, шомгоҳон* пешкаш кун. Онро чун қурбонии хушбӯй* барои Яҳува, чун қурбоние, ки бар оташ сӯзонда мешавад, пешкаш намо. Онро низ бо ҳамон ҳадияи ғалла ва ҳамон ҳадияи рехтание, ки саҳарӣ пешкаш мекунӣ, биёр.+
9 Дар рӯзи шанбе+ бошад, ду барраи нари яксолаи солим ва ду даҳяк орди маҳини бо равған омехтаро чун ҳадияи ғалла бо ҳадияи рехтаниаш пешкаш кун.
10 Ин қурбонии сӯхтании рӯзи шанбе аст, ки илова бар қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он оварда мешавад.+
11 Дар аввали ҳар моҳ барои Яҳува ду буққаи ҷавон*, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксолаи солимро чун қурбонии сӯхтанӣ пешкаш кунед.+
12 Барои ҳар буққа се даҳяк андоза орди маҳини бо равған омехта чун ҳадияи ғалла,+ барои қӯчқор+ ду даҳяк андоза орди маҳини бо равған омехта чун ҳадияи ғалла
13 ва барои ҳар барраи нар даҳяк андоза орди маҳини бо равған омехта чун ҳадияи ғалла биёр. Ҳамаи инҳоро чун қурбонии сӯхтание, ки дар оташ сӯзонда мешаваду бӯяш барои Яҳува хуш*+ аст, биёр.
14 Ҳадияҳои рехтании онҳо чунин аст: ним ҳин шароб барои буққа,+ сеяк ҳин шароб барои қӯчқор+ ва чоряк ҳин барои барраи нар.+ Ин қурбонии сӯхтании ҳармоҳа аст, ки бояд ҳар моҳи сол оварда шавад.
15 Ҳамчунин, ғайр аз қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он, як нарбузи ҷавон бояд чун қурбонии гуноҳ барои Яҳува оварда шавад.
16 Дар моҳи аввал, дар рӯзи 14-уми моҳ, иди Яҳува, Иди Раҳоӣ,+ мешавад.
17 Дар рӯзи 15-уми моҳ ид мешавад. Шумо бояд ҳафт рӯз фатир* хӯред.+
18 Рӯзи якум ҷамъомади муқаддас мешавад. Он рӯз ҳеҷ кори вазнин накунед.
19 Шумо бояд ду буққаи ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксоларо чун қурбонии сӯхтание, ки барои Яҳува бар оташ сӯзонда мешавад, пешкаш кунед. Онҳо бояд чорпоёни солим бошанд.+
20 Онҳоро бо ҳадияҳои ғаллаашон пешкаш кунед: барои буққа се даҳяк андоза орди маҳини бо равған омехта+ ва барои қӯчқор ду даҳяк андоза орди маҳини бо равған омехта.
21 Барои ҳар яке аз ҳафт барраи нар даҳяк андоза орди маҳини бо равған омехта биёр.
22 Ҳамчунин як нарбузро чун қурбонии гуноҳ пешкаш карда, барои гуноҳҳоятон товон бидиҳед.
23 Инҳоро илова бар қурбонии сӯхтании саҳарӣ, яъне қурбонии сӯхтании доимӣ, пешкаш кунед.
24 Инҳоро ҳар рӯз дар муддати ҳафт рӯз, чун нон, чун қурбоние, ки дар оташ сӯзонида мешаваду бӯяш ба Яҳува хуш* аст, биёред. Онро ҳамроҳи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он пешкаш кунед.
25 Дар рӯзи ҳафтум ҷамъомади муқаддас барпо кунед.+ Дар ин рӯз ҳеҷ гуна кори вазнин накунед.+
26 Дар рӯзи ҳосили аввал,+ вақте шумо ҳадияи ғаллаи навро ба Яҳува пешкаш мекунед,+ ҳангоми иди ҳафтаҳо+ ҷамъомади муқаддас барпо кунед. Он вақт ҳеҷ кори вазнин накунед.+
27 Барои Яҳува ду буққа, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксоларо чун қурбонии сӯхтании хушбӯй* биёред.+
28 Ҳадияи ғаллаи онҳо ин аст: барои ҳар буққа се даҳяк андоза орди маҳини бо равған омехта, барои қӯчқор ду даҳяк андоза
29 ва барои ҳар барраи нар аз он ҳафт барра даҳяк андоза.
30 Ҳамчунин як нарбузи ҷавон оварда, барои гуноҳҳоятон товон бидиҳед.+
31 Онҳоро илова бар қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ғаллаи он пешкаш кунед. Шумо бояд чорпоёни солимро+ ҳамроҳи ҳадияҳои рехтаниашон биёред.
Поварақҳо
^ Ё «оромбахшеро».
^ Дар матни асл «байни ду бегоҳ».
^ Даҳяки эфа ба 2,2 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Як ҳин ба 3,67 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Ё «оромбахшест».
^ Ё «оромбахш».
^ Дар матни асл «байни ду бегоҳ».
^ Ё «ҷувона; навбас; тӯрпӣ».
^ Ё «оромбахш».
^ Ё «нони бехамиртуруш».
^ Ё «оромбахш».
^ Ё «оромбахш».