4 Мӯсо 29:1-40

  • Дастур дар бораи овардани қурбониҳои гуногун (1–40)

    • Рӯзи садо додани карнайҳо (1–6)

    • Рӯзи Товондиҳӣ (7–11)

    • Иди Хаймаҳо (12–38)

29  Дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи якуми моҳ, шумо бояд ҷамъомади муқаддас баргузор кунед. Ягон кори вазнин накунед.+ Дар ин рӯз шумо бояд карнай навозед.+  Барои Яҳува як буққаи ҷавон*, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксоларо чун қурбонии сӯхтании хушбӯй* биёред. Ҳамаи онҳо бояд солим бошанд.  Онҳоро бо ҳадияи ғаллаашон пешкаш кунед: барои буққа се даҳяк андоза орди маҳини бо равған омехта, барои қӯчқор ду даҳяк андоза  ва барои ҳар барраи нар аз он ҳафт барра даҳяк андоза.  Ҳамчунин як нарбузи ҷавонро чун қурбонии гуноҳ оварда, барои гуноҳҳоятон товон бидиҳед.  Онҳоро илова бар қурбонии сӯхтании ҳармоҳа бо ҳадияи ғаллаи он+ ва қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ғаллаи он+ ва ҳамчунин бо ҳадияҳои рехтаниашон+ пешкаш кунед. Онҳоро чун ҳадияе, ки дар оташ сӯзонда мешавад, чун қурбонии хушбӯй*, мувофиқи дастур ба Яҳува пешкаш кунед.  Дар рӯзи даҳуми моҳи ҳафтум, шумо бояд ҷамъомади муқаддас баргузор кунед+ ва ҷони худро азоб диҳед*. Ҳеҷ коре накунед.+  Як буққаи ҷавоне, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксоларо чун қурбонии сӯхтании хушбӯй* ба Яҳува пешкаш кунед. Ҳамаи онҳо бояд солим бошанд.+  Онҳоро бо ҳадияи ғаллаашон пешкаш кунед: барои буққа се даҳяк андоза орди маҳини бо равған омехта, барои қӯчқор ду даҳяк андоза 10  ва барои ҳар барраи нар аз он ҳафт барра даҳяк андоза. 11  Ҳамчунин, илова бар қурбонии гуноҳе, ки чун товон оварда мешавад,+ ва қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ғаллааш ва ҳадияҳои рехтании онҳо, як нарбузи ҷавонро чун қурбонии гуноҳ пешкаш кунед. 12  Дар рӯзи 15-уми моҳи ҳафтум ҷамъомади муқаддас баргузор кунед. Ягон кори вазнин накунед ва ҳафт рӯз иди Яҳуваро ҷашн гиред.+ 13  Шумо бояд 13 буққаи ҷавон, 2 қӯчқор ва 14 барраи нари яксоларо чун қурбонии сӯхтание, ки дар оташ сӯзонида мешавад, чун қурбонии хушбӯй* ба Яҳува пешкаш кунед.+ Ҳамаи чорпоён бояд солим бошанд.+ 14  Онҳоро бо ҳадияи ғаллаашон пешкаш кунед: барои ҳар буққа аз он 13 буққа се даҳяк андоза орди маҳини бо равған омехта, барои ҳар қӯчқор аз он 2 қӯчқор ду даҳяк андоза 15  ва барои ҳар барраи нар аз он 14 барра даҳяк андоза. 16  Ҳамчунин, илова бар қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ғалла ва ҳадияи рехтании он, як нарбузи ҷавонро чун қурбонии гуноҳ пешкаш кунед.+ 17  Дар рӯзи дуюм 12 буққаи ҷавон, 2 қӯчқор ва 14 барраи нари яксоларо пешкаш кунед. Ҳамаи онҳо бояд солим бошанд.+ 18  Барои буққаҳо, қӯчқорон ва барраҳои нар мувофиқи дастур аз рӯйи шумораашон ҳадияи ғалла ва ҳадияҳои рехтаниашонро пешкаш кунед. 19  Ҳамчунин, илова бар қурбонии сӯхтании доимӣ, ҳадияи ғаллаи он ва ҳадияҳои рехтании онҳо, як нарбузи ҷавонро чун қурбонии гуноҳ пешкаш кунед.+ 20  Дар рӯзи сеюм 11 буққа, 2 қӯчқор ва 14 барраи нари яксоларо пешкаш кунед. Ҳамаи онҳо бояд солим бошанд.+ 21  Барои буққаҳо, қӯчқорон ва барраҳои нар мувофиқи дастур аз рӯйи шумораашон ҳадияи ғалла ва ҳадияҳои рехтаниашонро пешкаш кунед. 22  Ҳамчунин, илова бар қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ғалла ва ҳадияи рехтании он, як нарбузро чун қурбонии гуноҳ пешкаш кунед.+ 23  Дар рӯзи чорум 10 буққа, 2 қӯчқор ва 14 барраи нари яксоларо пешкаш кунед. Ҳамаи онҳо бояд солим бошанд.+ 24  Барои буққаҳо, қӯчқорон ва барраҳои нар мувофиқи дастур аз рӯйи шумораашон ҳадияи ғалла ва ҳадияҳои рехтаниашонро пешкаш кунед. 25  Ҳамчунин, илова бар қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ғалла ва ҳадияи рехтании он, як нарбузи ҷавонро чун қурбонии гуноҳ пешкаш кунед.+ 26  Дар рӯзи панҷум 9 буққа, 2 қӯчқор ва 14 барраи нари яксоларо пешкаш кунед. Ҳамаи онҳо бояд солим бошанд.+ 27  Барои буққаҳо, қӯчқорон ва барраҳои нар мувофиқи дастур аз рӯйи шумораашон ҳадияи ғалла ва ҳадияҳои рехтаниашонро пешкаш кунед. 28  Ҳамчунин, илова бар қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ғалла ва ҳадияи рехтании он, як нарбузи ҷавонро чун қурбонии гуноҳ пешкаш кунед.+ 29  Дар рӯзи шашум 8 буққа, 2 қӯчқор ва 14 барраи нари яксоларо пешкаш кунед. Ҳамаи онҳо бояд солим бошанд.+ 30  Барои буққаҳо, қӯчқорон ва барраҳои нар мувофиқи дастур аз рӯйи шумораашон ҳадияи ғалла ва ҳадияҳои рехтаниашонро пешкаш кунед. 31  Ҳамчунин, илова бар қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ғалла ва ҳадияҳои рехтании он, як нарбузи ҷавонро чун қурбонии гуноҳ пешкаш кунед.+ 32  Дар рӯзи ҳафтум 7 буққа, 2 қӯчқор ва 14 барраи нари яксоларо пешкаш кунед. Ҳамаи онҳо бояд солим бошанд.+ 33  Барои буққаҳо, қӯчқорон ва барраҳои нар мувофиқи дастур аз рӯйи шумораашон ҳадияи ғалла ва ҳадияҳои рехтаниашонро пешкаш кунед. 34  Ҳамчунин, илова бар қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ғалла ва ҳадияи рехтании он, як нарбузи ҷавонро чун қурбонии гуноҳ пешкаш кунед.+ 35  Дар рӯзи ҳаштум ҷамъомади махсус баргузор кунед. Ягон кори вазнин накунед.+ 36  Як буққа, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксоларо чун қурбонии сӯхтание, ки бар оташ сӯзонда мешавад, чун қурбонии хушбӯй* ба Яҳува пешкаш кунед. Ҳамаи онҳо бояд солим бошанд.+ 37  Барои буққа, қӯчқор ва барраҳои нар мувофиқи дастур аз рӯйи шумораашон ҳадияи ғалла ва ҳадияҳои рехтаниашонро пешкаш кунед. 38  Ҳамчунин, илова бар қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ғалла ва ҳадияи рехтании он, як нарбузи ҷавонро чун қурбонии гуноҳ пешкаш кунед.+ 39  Инҳоро дар идҳои ҳарсолаи худ+ илова бар ҳадияҳои назру*+ ҳадияҳои ихтиёриатон,+ ки чун қурбониҳои сӯхтанӣ,+ ҳадияҳои ғалла,+ ҳадияҳои рехтанӣ+ ва қурбониҳои осоиштагиатон+ меоред, ба Яҳува пешкаш кунед”». 40  Мӯсо ба исроилиён ҳар он чиро, ки Яҳува ба ӯ фармуд, гуфт.

Поварақҳо

Ё «ҷувона; навбас; тӯрпӣ».
Ё «оромбахш».
Ё «оромбахш».
«Ҷони худро азоб додан», аз афташ, ба он ишора мекунад, ки шахс рӯза мегирад ва аз баъзе корҳои дигар худдорӣ мекунад.
Ё «оромбахш».
Ё «оромбахш».
Ё «оромбахш».
Назр — ниг. ба луғат.