4 Мӯсо 3:1-51

  • Писарони Ҳорун (1–4)

  • Левизодагон ба хизмати хаймаи ҷомеъ интихоб мешаванд (5–39)

  • Товон додан барои нахустзодагон (40–51)

3  Ин аст насли Ҳорун ва Мӯсо, дар рӯзе ки Яҳува дар кӯҳи Сино+ бо Мӯсо сухан гуфт.  Ин аст номҳои писарони Ҳорун: Нодоб — писари калонии ӯ, Абиҳу,+ Элъозор+ ва Итомор.+  Ин аст номҳои писарони Ҳорун, коҳинони тадҳиншудае*, ки барои коҳин* хизмат кардан таъйин шуда буданд*.+  Аммо Нодоб ва Абиҳу дар биёбони Сино ба ҳузури Яҳува оташи ғайриқонунӣ пешкаш карда, дар ҳузури Яҳува мурданд+ ва онҳо писаре надоштанд. Элъозор+ ва Итомор+ бошанд, минбаъд низ бо падари худ Ҳорун коҳин хизмат мекарданд.  Пас аз ин Яҳува ба Мӯсо гуфт:  «Қабилаи Левиро+ назди Ҳоруни коҳин биёр ва бигзор левизодагон ба ӯ хизмат кунанд.+  Онҳо бояд назди хаймаи ҷомеъ хизмат карда вазифаи худро дар пеши ӯ ва дар пеши тамоми мардуми Исроил ба ҷо оранд.  Онҳо бояд тамоми ашёи хаймаи ҷомеъро нигаҳбонӣ кунанд+ ва корҳои хаймаи муқаддасро ба ҷо оварда вазифаи худро пеши исроилиён иҷро кунанд.+  Левизодагонро ба Ҳорун ва писаронаш бидеҳ. Онҳо атоҳое ҳастанд, ки аз миёни исроилиён ба ӯ дода шудаанд.+ 10  Ҳорун ва писаронашро таъйин кун, то вазифаи коҳиниро иҷро кунанд,+ ва ҳар каси ғайре*, ки наздик ояд, бояд кушта шавад».+ 11  Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 12  «Инак, ман левизодагонро аз байни исроилиён ба ҷойи ҳамаи нахустзодагони* онҳо гирифтаам+ ва левизодагон аз они ман мешаванд, 13  зеро ҳар нахустзода аз они ман аст.+ Вақте тамоми нахустзодагонро дар Миср зарба задам,+ ман ҳамаи нахустзодагони исроилиёнро, аз одам сар карда то чорпо, барои худ ҷудо кардам.+ Онҳо аз они мананд. Ман Яҳува ҳастам». 14  Яҳува гапашро бо Мӯсо дар биёбони Сино+ давом дода гуфт: 15  «Левизодагонро аз рӯйи авлод ва хонаводаҳояшон саршуморӣ кун. Ҳар мардинаеро, ки якмоҳа ё калонтар бошад, ҳисоб кун».+ 16  Мӯсо онҳоро аз рӯйи гуфтаҳои Яҳува, ҳамон тавре ки ӯ фармуд, саршуморӣ кард. 17  Ин аст номҳои писарони Левӣ: Ҷершӯн, Қаҳот ва Марорӣ.+ 18  Ин аст номҳои писарони Ҷершӯн аз рӯйи хонаводаҳояшон: Либнӣ ва Шимъӣ.+ 19  Писарони Қаҳот аз рӯйи хонаводаҳояшон: Имрон, Исҳор, Ҳебрӯн ва Узиил.+ 20  Писарони Марорӣ аз рӯйи хонаводаҳояшон: Маҳлӣ+ ва Мушӣ.+ Ин аст хонаводаҳои левизодагон мувофиқи авлодҳояшон. 21  Аз Ҷершӯн хонаводаи либниён+ ва шимъиён ба вуҷуд омад. Инҳо хонаводаҳои ҷершӯниёнанд. 22  Шумораи тамоми мардинаи онҳо аз якмоҳа ва калонтар, ки саршуморӣ шуданд, 7500 нафар буд.+ 23  Хонаводаҳои ҷершӯниён аз ақиби хаймаи муқаддас,+ аз тарафи ғарб, хайма мезаданд. 24  Сардори авлоди ҷершӯниён Элёсофи писари Лоил буд. 25  Вазифаи писарони Ҷершӯн+ дар хаймаи ҷомеъ ин буд, ки хаймаи муқаддас ва чодари он,+ рӯпӯши он,+ пардаи даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ,+ 26  пардаҳои овезони саҳн,+ пардаи даромадгоҳи саҳне,+ ки гирдогирди хаймаи муқаддасу қурбонгоҳ аст, ва танобҳои хаймаро нигаҳбонӣ кунанду тамоми хизмати ба ин чизҳо вобастаро ба ҷо оранд. 27  Аз Қаҳот хонаводаи имрониён, исҳориён, ҳебрӯниён ва узиилиён ба вуҷуд омаданд. Инҳоянд хонаводаҳои қаҳотиён.+ 28  Шумораи тамоми мардинаи онҳо аз якмоҳа ва калонтар 8600 нафар буд. Онҳо бояд ҷойи муқаддасро нигаҳбонӣ мекарданд.+ 29  Хонаводаҳои писарони Қаҳот аз тарафи ҷанубии хаймаи муқаддас хайма мезаданд.+ 30  Сардори авлоди хонаводаҳои қаҳотиён Элисофони писари Узиил+ буд. 31  Вазифаи онҳо ин буд, ки сандуқи шаҳодат,+ миз,+ чароғпоя,+ қурбонгоҳҳо,+ пардаи дарунӣ+ ва ашёеро,+ ки дар хизмати ҷойи муқаддас истифода мешавад, нигоҳубин кунанду тамоми хизмати ба ин чизҳо вобастаро ба ҷо оранд.+ 32  Сардори сардорони левизодагон Элъозори+ писари Ҳоруни коҳин буд. Ӯ бар тамоми онҳое, ки ҷойи муқаддасро нигоҳубин мекарданд, назорат менамуд. 33  Аз Марорӣ хонаводаи маҳлииён ва мушиён ба вуҷуд омад. Инҳо хонаводаҳои Марорӣ буданд.+ 34  Шумораи тамоми мардинаҳои якмоҳа ва калонтар, ки саршуморӣ шуданд, 6200 нафар буд.+ 35  Сардори авлоди хонаводаҳои Марорӣ Суриили писари Абиҳоил буд. Онҳо дар тарафи шимолии хаймаи муқаддас хайма мезаданд.+ 36  Ба писарони Марорӣ нигоҳубини тахтаҳои хаймаи муқаддас,+ ғалақаҳои он,+ сутунҳои он,+ пояҳои сӯрохдор ва тамоми ашёи он+ супурда шуда буд. Онҳо бояд тамоми хизмати ба ин чизҳо вобастаро ба ҷо меоварданд.+ 37  Ҳамчунин ба онҳо нигоҳубини сутунҳои гирдогирди саҳн бо пояҳои сӯрохдорашон+ ва мехҳову танобҳои пардаҳои гирдогирди саҳн супурда шуда буд. 38  Дар пеши хаймаи муқаддас, дар тарафи шарқ, аз тарафи офтоббарои хаймаи ҷомеъ, Мӯсо ва Ҳоруну писаронаш хайма мезаданд. Вазифаи онҳо пеши исроилиён ин буд, ки муқаддасгоҳро нигаҳбонӣ кунанд. Ҳар каси ғайре*, ки ба он наздик мешуд, бояд кушта мешуд.+ 39  Тамоми левизодагони мардинае, ки якмоҳа ё калонтар буданду Мӯсову Ҳорун онҳоро бо амри Яҳува мувофиқи хонаводаҳояшон саршуморӣ карданд, 22 000 нафар буданд. 40  Он вақт Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Тамоми нахустзодагони мардинаи исроилиро, ки якмоҳа ё калонтар бошанд,+ ҳисоб кун ва рӯйхати номҳои онҳоро тартиб деҳ. 41  Левизодагонро ба ҷойи ҳамаи нахустзодагони исроилӣ барои ман ҷудо кун+ ва чорпоёни левизодагонро ба ҷойи ҳамаи нахустзодагони чорпоёни исроилиён бигир. Ман Яҳува ҳастам».+ 42  Мӯсо, ҳамон тавре ки Яҳува ба ӯ фармуд, ҳамаи нахустзодагони Исроилро саршуморӣ кард. 43  Шумораи тамоми нахустзодагони мардинаи якмоҳа ё калонтар, ки ном ба ном саршуморӣ шуданд, 22 273 нафар буд. 44  Яҳува боз ба Мӯсо чунин гуфт: 45  «Левизодагонро ба ҷойи ҳамаи нахустзодагони исроилӣ ва ҳамчунин чорпоёни левизодагонро ба ҷойи чорпоёни исроилиён бигир ва левизодагон бояд аз они ман шаванд. Ман Яҳува ҳастам. 46  Аммо, азбаски нахустзодагони исроилӣ аз левизодагон 273 нафар зиёдтар баромаданд,+ барои он 273 нафар товон бидеҳ.+ 47  Товонпулӣ барои ҳар як нафар панҷ сиқл*+ аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас аст. Як сиқл ба 20 геро* баробар аст.+ 48  Барои онҳое, ки аз левизодагон зиёдтар баромаданд, ба Ҳорун ва писаронаш товон бидеҳ». 49  Аз ин рӯ Мӯсо барои бозхарид кардани касоне, ки аз левизодагон зиёдтар баромаданд, товонпулӣ ҷамъ кард. 50  Ӯ аз нахустзодагони исроилӣ аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас 1365 сиқл гирифт. 51  Мӯсо мувофиқи суханони Яҳува, ҳамон тавре ки Яҳува ба ӯ фармуд, товонпулиро ба Ҳорун ва писаронаш дод.

Поварақҳо

Тадҳин — ниг. ба луғат.
Коҳин — ниг. ба луғат.
Дар матни асл «дастонашонро пур кардаанд».
Яъне касе, ки аз хонадони Ҳорун нест.
Ё «писарони калонии».
Яъне касе, ки левизода нест.
Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Як геро ба 0,57 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.