4 Мӯсо 32:1-42
-
Дар тарафи шарқии Урдун замин гирифтани баъзе қабилаҳо (1–42)
32 Писарони Реубен+ ва писарони Ҷод+ чорвои зиёде доштанд. Онҳо диданд, ки заминҳои Яъзир+ ва Ҷилъод барои чорво ҷойи хуб аст.
2 Сипас писарони Ҷоду Реубен назди Мӯсо, Элъозори коҳин ва сарварони халқ омада, гуфтанд:
3 «Аторӯт, Дибӯн, Яъзир, Нимро, Ҳешбӯн,+ Элъоле, Сабом, Набӯ+ ва Баӯн+ —
4 замине, ки Яҳува пеши халқи Исроил мағлуб кардааст,+ барои чорво замини хуб аст, бандагонат бошанд, чорвои зиёде доранд».+
5 Онҳо боз гуфтанд: «Агар дар назарат писанд афтода бошем, бигзор ин замин ба бандагонат мерос дода шавад ва моро ба он тарафи Урдун нагузарон».
6 Мӯсо ба писарони Ҷод ва писарони Реубен гуфт: «Наход бародаронатон ба ҷанг раванду шумо дар ин ҷо бимонед?!
7 Чаро шумо халқи Исроилро дилхунук мекунед, то онҳо дарёи Урдунро гузашта, ба замине, ки Яҳува ба онҳо доданист, нараванд?
8 Падарони шумо, вақте онҳоро аз Қодеш-Барнеа барои дидани замин фиристодам, айнан ҳамин тавр амал карда буданд.+
9 Вақте онҳо ба водии Эшкӯл+ баромаданд ва заминро диданд, дили халқи Исроилро хунук карданд, то онҳо ба замине, ки Яҳува ба онҳо доданӣ буд, нараванд.+
10 Дар он рӯз хашми Яҳува бар онҳо аланга зад ва ӯ қасам хӯрда гуфт:+
11 “Мардоне, ки аз Миср берун омаданд, аз 20-сола ва калонтар, заминеро, ки ман ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрда ваъда дода будам,+ нахоҳанд дид,+ зеро онҳо бо тамоми дил маро пайравӣ накарданд.
12 Аз миёни онҳо ин заминро фақат Колеби+ писари Ефуннеи қеназзӣ ва Юшаи+ писари Нун мебинанд, зеро онҳо Яҳуваро бо тамоми дил пайравӣ карданд”.+
13 Хашми Яҳува бар исроилиён аланга зад ва ӯ онҳоро 40 сол+ дар биёбон овораву саргардон кард, то даме ки он насл, ки дар назари Яҳува корҳои бад мекард, аз байн нарафт.+
14 Инак, акнун ба ҷойи падаронатон шумо, насли гунаҳкорон, бархостед, то хашму ғазаби Яҳуваро нисбати исроилиён зиёд гардонед.
15 Агар шумо аз пайравии Худо дур шавед, ӯ боз ин халқро дар биёбон мемонад ва шумо бар сари тамоми мардум фалокат меоред».
16 Баъдтар онҳо назди Мӯсо омада, гуфтанд: «Мо дар ин ҷо барои чорвоямон қӯраҳо* ва барои фарзандонамон шаҳрҳо месозем.
17 Худамон бошем, барои ҷанг тайёр мешавем+ ва пешопеши исроилиён меравем, то даме ки онҳоро ба ҷояшон бирасонем. Кӯдакони мо бигзор дар шаҳрҳои девордор бимонанд ва аз сокинони он замин дар паноҳ бошанд.
18 То даме ки исроилиён, ҳар яке, порчаи замини худро соҳиб нашаванд, мо ба хонаҳои худ барнамегардем.+
19 Мо дар он тарафи дарёи Урдун бо онҳо мерос намегирем, зеро замини соҳили шарқии Урдун+ мероси мо шудааст».
20 Мӯсо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Агар шумо дар пеши назари Яҳува яроқ ба даст гирифта, биҷангед+
21 ва ҳар яки шумо аслиҳаҳои худро гиреду дар пеши назари Яҳува ба он тарафи Урдун гузаред, он гоҳ, вақте ӯ душманонашро аз назди худ меронад+
22 ва, вақте замин дар пеши назари Яҳува забт карда мешавад,+ шумо метавонед баргардед.+ Шумо дар назари Яҳува ва Исроил бегуноҳ хоҳед буд. Он гоҳ ин замин дар пеши назари Яҳува аз они шумо мешавад.+
23 Вале, агар ин корро накунед, шумо дар назари Яҳува гунаҳкор мешавед ва ҳаминро донед, ки барои гуноҳатон ҷазо мегиред.
24 Пас, барои фарзандонатон шаҳрҳо ва барои чорвоятон қӯраҳо бисозед,+ фақат ки ба ваъдаи худ вафо кунед».
25 Писарони Ҷод ва писарони Реубен ба Мӯсо гуфтанд: «Бандагонат, ҳамон тавре ки хоҷаамон фармояд, амал мекунем.
26 Фарзандонамон, занонамон, чорвоямон ва тамоми чорпоёнамон дар шаҳрҳои Ҷилъод мемонанд,+
27 бандагонат бошанд, ҳар марди яроқдор, ҳамон тавре ки хоҷаам мегӯяд, ба он тарафи дарё гузашта, дар пеши назари Яҳува меҷанганд».+
28 Мӯсо дар бораи онҳо ба Элъозори коҳин, Юшаи писари Нун ва сарварони хонаводаҳои қабилаҳои Исроил фармон дода,
29 гуфт: «Агар писарони Ҷод ва писарони Реубен, ҳар марди яроқдор, бо шумо ба он тарафи Урдун гузашта, дар пеши назари Яҳува биҷанганду шумо он заминро забт кунед, он гоҳ замини Ҷилъодро ба онҳо диҳед.+
30 Вале, агар онҳо яроқ ба даст нагиранд ва бо шумо ба он тарафи дарё нагузаранд, он гоҳ онҳо дар замини Канъон дар миёни шумо сокин мешаванд».
31 Писарони Ҷод ва писарони Реубен ҷавоб гардонда гуфтанд: «Мо, ҳамон тавре ки Яҳува ба бандагонат гуфтааст, амал мекунем.
32 Мо яроқ ба даст гирифта, дар пеши назари Яҳува ба он тарафи дарё, ба замини Канъон, мегузарем,+ аммо замине, ки мероси мо мешавад, дар ин тарафи Урдун мешавад».
33 Мӯсо ба писарони Ҷод, писарони Реубен+ ва нисфи қабилаи Менашшеи+ писари Юсуф сарзамини Сиҳӯни+ подшоҳи амӯриёнро бо сарзамини Ӯҷи+ подшоҳи Бошон ба онҳо дод. Ӯ заминеро, ки ба шаҳрҳои қаламрави онҳо тааллуқ дошт, бо шаҳрҳои гирду атрофаш ба онҳо дод.
34 Писарони Ҷод Дибӯн,+ Аторӯт,+ Арӯэр,+
35 Атрӯт-Шӯфон, Яъзир,+ Ёҷбеҳо,+
36 Байт-Нимро+ ва Байт-Ҳорон,+ шаҳрҳои девордорро, бино карданд ва барои чорвояшон қӯраҳо сохтанд.
37 Писарони Реубен Ҳешбӯн,+ Элъоле,+ Қирятоим,+
38 Набӯ+ ва Баал-Маӯн+ (номҳои ин шаҳрҳоро дигар карданд) ва ҳамчунин Сибморо бино карданд. Онҳо ба шаҳрҳое, ки бино карданд, номҳои дигар доданд.
39 Писарони Мокир,+ писари Менашше, бар зидди Ҷилъод баромаданд, онро забт карданд ва амӯриёнро, ки он ҷо зиндагӣ мекарданд, бадар ронданд.
40 Мӯсо Ҷилъодро ба Мокири писари Менашше дод ва ӯ дар он ҷо сокин шуд.+
41 Ёири писари Менашше бар зидди онҳо баромад ва деҳоти хайманишини онҳоро забт карда, он ҷоро Ҳаввӯт-Ёир* номид.+
42 Нӯбаҳ бошад, ба ҷанг баромада, Қанот ва шаҳракҳои тобеи* онро забт кард ва онро бо номи худаш Нӯбаҳ номид.
Поварақҳо
^ Қӯра — ҷое дар саҳро, ки гирдогирдаш девор аст ва он ҷо рамаро нигоҳ медоранд; хобок, ҳел (йел), шола.
^ Маънояш «хаймагоҳҳои Ёир».
^ Ё «атрофи».