4 Мӯсо 34:1-29
34 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт:
2 «Ба исроилиён чунин дастурот бидеҳ: “Вақте ба замини Канъон+ биёед, ин замин, яъне замини Канъон мувофиқи сарҳадҳояш, мероси шумо мешавад.+
3 Сарҳади ҷанубии шумо аз биёбони Син, ки дар наздикии Адӯм ҷойгир аст, сар мешавад, сарҳади ҷанубиатон аз тарафи шарқ канори баҳри Намак*+ мешавад.
4 Сарҳад тоб мехӯрад ва аз тарафи ҷанубии кӯтали Ақрабим+ гузашта, то ба Син мерасад ва дар ҷануби Қодеш-Барнеа+ ба охир мерасад. Сипас он аз Ҳасар-Аддор+ гузашта, то ба Асмӯн тӯл мекашад.
5 Дар Асмӯн сарҳад сӯйи водии Миср тоб мехӯрад ва дар канори Баҳр*+ ба охир мерасад.
6 Сарҳади ғарбии шумо баҳри Бузург* ва соҳили он мешавад. Ин сарҳади ғарбии шумост.+
7 Сарҳади шимолии шумо чунин мешавад: аз баҳри Бузург то кӯҳи Ҳӯр+ барои худ сарҳад муқаррар намоед.
8 Аз кӯҳи Ҳӯр то Лебӯ-Ҳамот*+ барои худ сарҳад муқаррар намоед ва охири сарҳад дар Садод+ мешавад.
9 Сарҳад сӯйи Зифрӯн меравад ва охири он Ҳасар-Эйнон+ мешавад. Ин сарҳади шимолии шумост.
10 Сипас аз тарафи шарқ аз Ҳасар-Эйнон то Шафом барои худ сарҳад муқаррар кунед.
11 Сарҳад аз Шафом то Рибло, то тарафи шарқии Ойин, тӯл мекашад ва поён фаромада, аз нишебии шарқии баҳри Кинерӯт*+ мегузарад.
12 Сарҳад то ба Урдун тӯл мекашад ва охири он баҳри Намак+ мешавад. Ин аст замини шумо+ ва сарҳадҳои гирдогирди он”».
13 Мӯсо ба исроилиён дастур дода гуфт: «Ин аст замине, ки шумо аз рӯйи қуръа+ тақсим карда, соҳиб мешавед, ҳамон тавре ки Яҳува фармудааст, ки ба нуҳу ним қабила бидиҳам.
14 Қабилаи реубениён бошад, мувофиқи хонаводаҳошон ва қабилаи ҷодиён мувофиқи хонаводаҳошон ва нисфи қабилаи Менашше аллакай мероси худро гирифтанд.+
15 Дую ним қабила аллакай рӯ ба рӯйи Ериҳӯ, дар тарафи шарқии Урдун, дар тарафи офтоббаро мероси худро гирифтанд».+
16 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт:
17 «Ин аст номҳои касоне, ки заминро барои шумо тақсим мекунанд: Элъозори+ коҳин ва Юшаи+ писари Нун.
18 Аз ҳар қабила як сардорро интихоб кунед, то заминро тақсим карда, ба шумо мерос диҳанд.+
19 Ин аст номҳои он мардон: аз қабилаи Яҳудо+ — Колеби+ писари Ефунне,
20 аз қабилаи писарони Шимъӯн+ — Шамуили писари Аммиҳуд,
21 аз қабилаи Бинёмин+ — Элидоди писари Кислӯн,
22 аз қабилаи писарони Дон+ — Буққии сардор, писари Ёҷлӣ,
23 аз писарони Юсуф,+ аз қабилаи писарони Менашше+ — Ҳанниили сардор, писари Эфӯд,
24 аз қабилаи писарони Эфроим+ — Қамуили сардор, писари Шифтон,
25 аз қабилаи писарони Забулун+ — Элисофони сардор, писари Фарнок,
26 аз қабилаи писарони Иссокор+ — Фалтиили сардор, писари Аззон,
27 аз қабилаи писарони Ошер+ — Аҳиҳуди сардор, писари Шалӯмӣ,
28 аз қабилаи писарони Нафтолӣ+ — Фадаҳъили сардор, писари Аммиҳуд».
29 Инҳоянд касоне, ки Яҳува ба онҳо фармуд, то дар замини Канъон ба исроилиён заминро тақсим кунанд.+
Поварақҳо
^ Яъне баҳри Мурда.
^ Яъне баҳри Бузург, баҳри Миёназамин.
^ Яъне баҳри Миёназамин.
^ Ё «даромадгоҳи Ҳамот».
^ Яъне кӯли Ҷинесор ё баҳри Ҷалил.