4 Мӯсо 36:1-13
-
Қонун дар бораи мерос гирифтани занон (1–13)
36 Сарварони хонаводаҳои писарони Ҷилъод, писари Мокири+ писари Менашше, ки аз хонаводаҳои писарони Юсуф буданд, назди Мӯсо ва сардорони халқ, яъне сарварони хонаводаҳои Исроил, омада,
2 гуфтанд: «Яҳува ба хоҷаамон фармудааст, ки заминро аз рӯйи қуръа+ тақсим карда, ба исроилиён мерос диҳад, ҳамчунин Яҳува ба хоҷаамон фармудааст, ки мероси бародарамон Салафҳодро ба духтаронаш бидиҳад.+
3 Пас, агар духтарони Салафҳод аз дигар қабилаҳои Исроил шавҳар кунанд, замине, ки онҳо мерос гирифтаанд, аз мероси падарони мо ҷудо шуда, мероси қабилаи шавҳарони онҳо мегарданд. Ҳамин тавр ин замин аз замине, ки аз рӯйи қуръа мероси мо шудааст, кам карда мешавад.
4 Вақте барои мардуми Исроил Соли Озодӣ+ фаро расад, замине, ки онҳо мерос гирифтаанд, ба таври доимӣ мероси қабилаи шавҳарони онҳо мешавад. Ҳамин тавр мероси онҳо аз мероси қабилаи падарони мо гирифта мешавад».
5 Мӯсо бо амри Яҳува ба исроилиён фармуд: «Қабилаи писарони Юсуф дуруст мегӯяд.
6 Яҳува дар ҳаққи духтарони Салафҳод чунин мегӯяд: “Онҳо метавонанд ба ҳар марде хоҳанд, ба шавҳар бароянд, лекин он мард бояд аз хонаводаи қабилаи падарашон бошад.
7 Мероси исроилиён набояд аз як қабила ба қабилаи дигар гузарад, балки онҳо бояд мероси қабилаи бобоёни худро эҳтиёт кунанд*.
8 Ҳар духтаре, ки мероси қабилаҳои Исроилро соҳиб шавад, бояд аз қабилаи падараш шавҳар кунад,+ то исроилиён мероси бобоёни худро нигоҳ доранд.
9 Мероси исроилиён набояд аз як қабила ба қабилаи дигар гузарад, балки қабилаҳои Исроил бояд ҳар яке мероси худро эҳтиёт кунанд*”».
10 Духтарони Салафҳод ҳамон тавре карданд, ки Яҳува ба Мӯсо фармуд.+
11 Маҳло, Тирсо, Ҳоҷло, Милко ва Нӯо, духтарони Салафҳод,+ ба писарони амакҳои худ хонадор шуданд.
12 Онҳо занони касоне шуданд, ки аз хонаводаи Менашше, писари Юсуф, буданд, то мероси онҳо дар қабилаи хонаводаи падарашон боқӣ монад.
13 Ин аст амру ҳукмҳое, ки Яҳува дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯйи Ериҳӯ, ба воситаи Мӯсо ба исроилиён дод.+