4 Мӯсо 4:1-49

  • Хизмати қаҳотиён (1–20)

  • Хизмати ҷершӯниён (21–28)

  • Хизмати марориён (29–33)

  • Саршумории мардоне, ки хизмати хаймаи ҷомеъро ба ҷо меоранд (34–49)

4  Яҳува ба Мӯсо ва Ҳорун гуфт:  «Писарони Қаҳотро+ аз миёни писарони Левӣ мувофиқи хонавода ва авлодонашон саршуморӣ кун,  ҳама мардони аз 30+ то 50-соларо,+ ҳамаи онҳоеро, ки дар хаймаи ҷомеъ хизмат карда метавонанд.+  Хизмате, ки писарони Қаҳот дар хаймаи ҷомеъ ба ҷо меоранд,+ як чизи хеле муқаддас аст.  Вақте хаймагоҳ кӯч мебандад, Ҳоруну писаронаш даромада, пардаи ҷудокунандаро мегиранд+ ва бо он сандуқи шаҳодатро мепӯшонанд.+  Бар болои он рӯпӯше аз пӯсти хуки обӣ* гузошта, баъд бо матои каб-кабуд мепӯшонанд ва ходаҳоро+ барои бардоштани сандуқ ба ҷояшон медароранд.  Онҳо бар мизи нони пешкаш+ матои кабудро мепартоянд ва бар он табақҳо, пиёлаҳо, косаҳо ва кӯзаҳоеро, ки аз онҳо ҳадияи рехтанӣ+ оварда мешавад, мегузоранд. Ноне, ки доимо дар рӯйи миз аст,+ бояд дар ҷояш бимонад.  Ҳамаи онҳоро бо матои арғувонӣ пӯшонда, бар болояшон рӯпӯше аз пӯсти хуки обӣ паҳн мекунанд ва ходаҳоро+ барои бардоштани миз ба ҷояшон медароранд.  Сипас онҳо чароғпояро+ бо чароғҳояш, анбурҳову бухурдонҳояш+ ва тамоми равғандонҳо, ки барои даргирон нигоҳ доштани чароғҳо+ истифода бурда мешавад, бо матои кабуд мепӯшонанд. 10  Баъд аз ин онҳо чароғпоя ва тамоми ашёашро бо рӯпӯше аз пӯсти хуки обӣ мепечонанд ва ба занбар мегузоранд. 11  Онҳо бар қурбонгоҳи тилло матои кабудро паҳн мекунанд+ ва бар болояш рӯпӯше аз пӯсти хуки обӣ мегузоранд ва ходаҳоро+ барои бардоштани қурбонгоҳ ба ҷояшон мегузоранд. 12  Сипас онҳо тамоми ашёеро, ки барои хизмат дар ҷойи муқаддас истифода мебаранд, мегиранд+ ва онҳоро ба матои кабуд андохта, онро бо рӯпӯше аз пӯсти хуки обӣ мепечонанд ва ба занбар мегузоранд. 13  Онҳо қурбонгоҳро аз хокистар* тоза карда,+ бар он матое аз пашми бунафшранг паҳн мекунанд. 14  Баъд аз ин онҳо бар он тамоми ашёеро, ки барои хизмат дар ҷойи муқаддас истифода мебаранд, мегузоранд: бухурдонҳо, чангакҳо, хокандозҳо ва косаҳоро,— тамоми ашёи қурбонгоҳро.+ Сипас онҳоро бо рӯпӯше аз пӯсти хуки обӣ мепӯшонанд ва ходаҳоро+ барои бардоштани қурбонгоҳ ба ҷояшон мегузоранд. 15  Дар вақти кӯч бастани хаймагоҳ Ҳоруну писаронаш бояд ҷойи муқаддас ва тамоми ашёи онро печонанд.+ Вақте онҳо ин корҳоро тамом кунанд, писарони Қаҳот омада, ҳамаи ин чизҳоро мебаранд.+ Аммо онҳо набояд ба чизҳои ҷойи муқаддас даст расонанд, то намиранд.+ Бурдани ин чизҳои хаймаи муқаддас вазифаи писарони Қаҳот аст. 16  Элъозори+ писари Ҳоруни коҳин бояд ин чизҳоро назорат кунад: равғани чароғҳо,+ бухури хушбӯй,+ ҳадияи ғаллаи доимӣ ва равғани тадҳинро*.+ Ӯ барои тамоми хаймаи муқаддас ва ҳар чӣ дар он аст, аз он ҷумла ҷойи муқаддасу ашёи он, ҷавобгар аст». 17  Яҳува боз ба Мӯсо ва Ҳорун гуфт: 18  «Нагузоред, ки қабилаи қаҳотиён+ аз миёни левизодагон решакан шавад. 19  Лекин ин корро барои онҳо кунед, то, вақте онҳо ба чизҳои хеле муқаддас+ наздик мешаванд, зинда бимонанд ва намиранд: бигзор Ҳорун ва писаронаш омада, ҳар якеро ба вазифааш таъйин кунанд ва назди бораш биёранд. 20  Аммо худи қаҳотиён набояд омада, ба чизҳои муқаддас ҳатто як назар кунанд, то намиранд».+ 21  Яҳува ба Мӯсо гуфт: 22  «Писарони Ҷершӯнро+ аз рӯйи хонавода ва авлодҳояшон саршуморӣ кун. 23  Ҳамаи мардони аз 30-сола то 50-соларо, ки дар хаймаи ҷомеъ хизмат карда метавонанд, саршуморӣ кун. 24  Ин аст вазифаи хонаводаҳои ҷершӯниён дар хизматгузорӣ ва боркашонӣ.+ 25  Онҳо бояд ин чизҳоро бардоранд: чодари хаймаи муқаддас,+ хаймаи ҷомеъ, рӯпӯши он, рӯпӯш аз пӯсти хуки обӣ, ки бар он мегузоранд,+ пардаи даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ,+ 26  пардаҳои овезони саҳни хайма,+ пардаи даромадгоҳи саҳне,+ ки гирдогирди хаймаи муқаддасу қурбонгоҳ аст ва танобҳои онҳо, тамоми ашёи он ва асбобу анҷоме, ки ба хизмати он вобаста аст. Ин вазифаи онҳост. 27  Ин аст тамоми хизмати боркашонии ҷершӯниён,+ ки бояд зери назорати Ҳорун ва писаронаш ба ҷо оварда шавад. Ҳамаи борҳоеро, ки онҳо бояд кашонанд, бар зиммаашон гузоред. 28  Ин аст тамоми хизмати ҷершӯниён, ки дар хаймаи ҷомеъ бояд ба ҷо оварда шавад.+ Онҳо бояд вазифаҳояшонро зери назорати Итомор,+ писари Ҳоруни коҳин, ба ҷо оранд. 29  Писарони Марориро+ аз рӯйи хонавода ва авлодҳояшон саршуморӣ кун. 30  Ҳамаи мардони аз 30-сола то 50-соларо, ки дар хаймаи ҷомеъ хизмат карда метавонанд, саршуморӣ кун. 31  Ин аст вазифаи хонаводаҳои марориён дар хизматгузорӣ ва боркашонӣ:+ тахтаҳо,+ ғалақаҳо,+ сутунҳо+ ва пояҳои сӯрохдори хаймаи муқаддас,+ 32  сутунҳои+ саҳни гирдогирди хаймаи муқаддас, пояҳои сӯрохдорашон,+ мехҳову+ танобҳои пардаҳои гирдогирди саҳн, дигар асбобу анҷом ва ҳар он чӣ дар ин кор истифода мешавад. Асбобу анҷомеро, ки онҳо бояд бардоранд, ном ба ном ба онҳо таъйин кунед. 33  Ин аст хизмати хонаводаҳои писарони Марорӣ,+ ки зери назорати Итомор, писари Ҳоруни коҳин, дар хаймаи ҷомеъ ба ҷо оварда мешавад».+ 34  Мӯсо, Ҳорун ва сардорони мардуми Исроил+ писарони Қаҳотро+ аз рӯйи хонавода ва авлодҳояшон саршуморӣ карданд, 35  ҳамаи мардони аз 30-сола то 50-соларо, ки дар хаймаи ҷомеъ хизмат карда метавонанд.+ 36  Касоне, ки мувофиқи хонаводаҳояшон саршуморӣ шуданд, 2750 нафар буданд.+ 37  Инҳоянд касоне, ки аз хонаводаҳои Қаҳот саршуморӣ шуданд, ҳамаи онҳое, ки дар хаймаи ҷомеъ хизмат карда метавонанд. Мӯсо ва Ҳорун онҳоро бо амри Яҳува, ки ба Мӯсо дода буд, саршуморӣ карданд.+ 38  Писарони Ҷершӯн+ аз рӯйи хонавода ва авлодҳояшон саршуморӣ шуданд, 39  ҳамаи мардони аз 30-сола то 50-сола, ки дар хаймаи ҷомеъ хизмат карда метавонанд. 40  Касоне, ки мувофиқи хонаводаҳо ва авлодашон саршуморӣ шуданд, ҳамагӣ 2630 нафар буданд.+ 41  Инҳоянд касоне, ки аз хонаводаҳои Ҷершӯн саршуморӣ шуданд, ҳамаи онҳое, ки дар хаймаи ҷомеъ хизмат карда метавонанд. Мӯсо ва Ҳорун онҳоро бо амри Яҳува саршуморӣ карданд.+ 42  Писарони Марорӣ аз рӯйи хонаводаҳо ва авлодашон саршуморӣ шуданд, 43  ҳамаи мардони аз 30-сола то 50-сола, ки дар хаймаи ҷомеъ хизмат карда метавонанд.+ 44  Касоне, ки мувофиқи хонаводаҳояшон саршуморӣ шуданд, 3200 нафар буданд.+ 45  Инҳоянд касоне, ки аз хонаводаҳои Марорӣ саршуморӣ шуданд. Мӯсо ва Ҳорун онҳоро бо амри Яҳува, ки ба Мӯсо дода буд, саршуморӣ карданд.+ 46  Мӯсо, Ҳорун ва сардорони Исроил тамоми ин левизодагонро аз рӯйи хонавода ва авлодҳояшон саршуморӣ карданд. 47  Ҳамаи мардони аз 30-сола то 50-соларо вазифадор карданд, ки тамоми корҳои боркашонии бо хаймаи ҷомеъ алоқамандро ба ҷо оранд.+ 48  Касоне, ки саршуморӣ шуданд, 8580 нафар буданд.+ 49  Мӯсо бо амри Яҳува ҳар кадомеро мувофиқи вазифа ва кори боркашониаш саршуморӣ кард. Онҳо, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, саршуморӣ шуданд.

Поварақҳо

Яъне тюлен.
Ё «хокистари равғанолуд», яъне хокистаре, ки чарбуи қурбониҳо бар он об шуда, рехтааст.
Тадҳин — ниг. ба луғат.