4 Мӯсо 5:1-31

  • Ҷудо кардани шахси нопок (1–4)

  • Иқрор шудан ба гуноҳ ва товон додан (5–10)

  • Бо об имтиҳон кардани шахсе, ки ба зино айбдор карда мешавад (11–31)

5  Яҳува ба Мӯсо гуфт:  «Ба исроилиён бифармо, ки ҳар махавӣ,+ ҳар касеро, ки аз баданаш нопокӣ ҷорӣ аст,+ ва ҳар касеро, ки ба ҷасаде расида нопок шудааст,+ аз хаймагоҳ берун кунанд.  Хоҳ мард бошад, хоҳ зан, ӯро аз хаймагоҳ берун кунед, то ӯ хаймаҳои касонеро, ки ман дар байнашон сокинам*,+ нопок насозад».+  Исроилиён ҳамин тавр карда чунин касонро аз хаймагоҳ берун бароварданд. Онҳо, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуд, амал карданд.  Яҳува боз ба Мӯсо гуфт:  «Ба исроилиён бигӯ: “Агар мард ё зане гуноҳ кунаду ба Яҳува бевафоӣ намояд, ӯ гунаҳкор мешавад.+  Ӯ бояд ба гуноҳаш иқрор шавад+ ва ба шахсе, ки бар зидди ӯ гуноҳ кардааст, товони пурра диҳад ва ба қимати он панҷякашро илова кунад.+  Вале, агар ҷабрдида мурда бошаду хеши наздике надошта бошад, товон бояд ба Яҳува баргардонида шавад ва он ҳамроҳи қӯчқоре, ки чун товон пешкаш мегардад, аз они коҳин мешавад ва коҳин бо он барои вай товон медиҳад.+  Ҳамаи хайрияҳои муқаддаси исроилиён,+ ки онҳо ба коҳин пешкаш мекунанд, бояд аз они ӯ шаванд.+ 10  Ҳар чизи муқаддас аз они коҳин мешавад. Ҳар он чӣ шахс ба коҳин бидиҳад, аз они коҳин аст”». 11  Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 12  «Ба исроилиён чунин бигӯ: “Агар зани марде гумроҳ шуда ба шавҳараш хиёнат кунаду 13  бо марди дигаре ҳамхоб шавад,+ вале шавҳараш аз ин бехабар бошад ва ин кораш фош нашавад ва ӯ худро нопок созад, ҳарчанд шоҳиде бар зидди вай нест ва касе ӯро дастгир накардааст, бояд чунин карда шавад: 14  агар шавҳар рашк кунаду ба покдомании занаш шубҳа кунад, хоҳ вай дар ҳақиқат худро нопок сохта бошад, хоҳ ин корро накарда бошад, 15  ӯ бояд занашро назди коҳин биёрад ва барояш даҳяк эфа* орди ҷав ҳадия кунад. Лекин ӯ набояд ба орд равған бирезад ё бар он лодан гузорад, зеро ин ҳадияи ғаллаи рашк аст, ҳадияи ғаллае, ки гуноҳро хотиррасон мекунад. 16  Коҳин занро пеш оварда, ба ҳузури Яҳува мегузорад+ 17  ва ба зарфи сафолӣ оби муқаддас гирифта, ба он аз хоки фарши хаймаи муқаддас меандозад. 18  Коҳин занро ба ҳузури Яҳува мегузорад ва мӯйи сарашро мекушояду ба кафи дасташ ҳадияи ғаллаи ёдоварӣ, яъне ҳадияи ғаллаи рашкро,+ мегузорад. Худи коҳин бошад, ба даст оби талхи лаънатоварро мегирад.+ 19  Он гоҳ коҳин занро қасам дода мегӯяд: “Агар ҳангоми шавҳардор буданат*+ марди дигаре, ғайр аз шавҳарат, бо ту ҳамхоб нашуда бошад ва ту гумроҳ шуда худро нопок насохта бошӣ, бигзор ин оби талхи лаънатовар ба ту зараре нарасонад. 20  Вале, агар ҳангоми шавҳардор буданат* ту гумроҳ шуда худро нопок сохта бошӣ ва бо марди дигаре, ғайр аз шавҳарат, ҳамхоб шуда бошӣ...”+ 21  Он гоҳ коҳин занро қасаме медиҳад, ки, агар ӯ гуноҳ карда бошад, ба сараш лаънат меорад, ва ба зан мегӯяд: “Бигзор Яҳува тавре кунад, ки ба номи ту одамонро лаънат кунанду қасам хӯранд ва Яҳува тавре кунад, ки ронат* хушк шуда афтад* ва шикамат дам кунад. 22  Вақте ин оби лаънатовар ба дарунат дарояд, шикамат дам мекунад ва ронат* хушк шуда меафтад*”. Зан бояд бигӯяд: “Омин! Омин!”* 23  Сипас коҳин бояд ин лаънатҳоро дар китоб бинависад ва онҳоро дар оби талх бишӯяд. 24  Ӯ ин оби талхи лаънатоварро ба зан менӯшонад ва он ба даруни вай даромада, талхӣ ба вуҷуд меорад. 25  Коҳин ҳадияи ғаллаи рашкро+ аз дасти зан мегирад ва ҳадияи ғалларо дар ҳузури Яҳува ин тарафу он тараф меҷунбонад ва онро назди қурбонгоҳ меорад. 26  Коҳин як мушт аз ҳадияи ғалла гирифта, онро чун намунае аз тамоми ҳадия бар қурбонгоҳ сӯзонида, дуд мекунад+ ва баъди ин обро ба зан менӯшонад. 27  Ӯ ба зан обро менӯшонад ва, агар зан худро нопок сохта ба шавҳари худ хиёнат карда бошад, оби лаънатовар ба дарунаш даромада, талх мешавад ва шиками зан дам мекунад ва ронаш* хушк шуда меафтад* ва ба номи ӯ одамонро лаънат мекунанд. 28  Аммо, агар зан худро нопок насохта бошаду ба чунин кор даст назада бошад, ӯ аз ҷазо озод аст ва қобилияти фарзанд ба дунё оварданро аз даст намедиҳад. 29  Ин аст қонун дар бораи рашк,+ вақте зане ҳангоми шавҳардор буданаш* гумроҳ шуда худро нопок созад 30  ё вақте шавҳар рашк карда аз вафодории занаш гумонбар шавад. Дар чунин ҳолат ӯ бояд зани худро ба ҳузури Яҳува биёрад ва коҳин бо зан мувофиқи ин қонун амал мекунад. 31  Шавҳар аз гуноҳ озод аст, аммо занаш, агар дар ҳақиқат гунаҳкор бошад, бояд ҷазои гуноҳашро бубинад”».

Поварақҳо

Ё «хайма задаам».
Даҳяки эфа ба 2,2 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «ҳангоми зери ҳокимияти шавҳар буданат».
Ё «ҳангоми зери ҳокимияти шавҳар буданат».
Аз афташ, ин ҷо узвҳои ҷинсӣ дар назар дошта шудаанд.
Шояд, ин ибора ба нозою бефарзанд шудан ишора мекунад.
Аз афташ, ин ҷо узвҳои ҷинсӣ дар назар дошта шудаанд.
Шояд, ин ибора ба нозою бефарзанд шудан ишора мекунад.
Ё «Бигзор ҳамин хел шавад! Бигзор ҳамин хел шавад!»
Аз афташ, ин ҷо узвҳои ҷинсӣ дар назар дошта шудаанд.
Шояд, ин ибора ба нозою бефарзанд шудан ишора мекунад.
Ё «ҳангоми зери ҳокимияти шавҳар буданаш».