4 Мӯсо 6:1-27
6 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт:
2 «Ба исроилиён бигӯ: “Агар мард ё зане назри* махсус кунад, ки назрии*+ Яҳува мешавад,
3 ӯ бояд аз шароб ва дигар нӯшокиҳои мастиовар парҳез кунад, сиркои шароб ё сиркое, ки аз нӯшокии мастиоваре тайёр шудааст, нанӯшад.+ Ӯ набояд ҳеҷ гуна шарбати ангур нӯшад ва набояд ангури тар ё хушк бихӯрад.
4 Тамоми рӯзҳои назрӣ буданаш ӯ набояд аз меваи токи ангур чизе бихӯрад, хоҳ ғӯра бошад, хоҳ пӯсти ангур.
5 Тамоми рӯзҳои назрӣ буданаш теғи сартарошӣ набояд ба сараш расад.+ Ӯ бояд мӯйҳояшро дароз кунад ва бо ин нишон диҳад, ки то тамом шудани ин рӯзҳо худро барои хизмати Яҳува ҷудо кардааст.
6 Тамоми рӯзҳое, ки ӯ худро барои Яҳува ҷудо кардааст, ӯ набояд ба ҳеҷ мурдае наздик шавад.
7 Ҳатто дар ҳолате ки падар, модар, бародар ё хоҳараш бимирад, ӯ наметавонад худро нопок созад,+ зеро аломати назрии Худояш бар сараш аст.
8 Тамоми рӯзҳои назрӣ буданаш ӯ барои хизмати Яҳува ҷудо шудааст.
9 Вале, агар баногоҳ касе дар наздикии ӯ бимирад+ ва ҷасади мурда ба вай бирасаду сари худро, ки аломати назрӣ бар он аст, нопок созад, ӯ бояд дар рӯзи муқаррар шудани покшавияш мӯйи сарашро тарошад.+ Ӯ бояд мӯйи сарашро дар рӯзи ҳафтум битарошад.
10 Дар рӯзи ҳаштум ӯ бояд назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ду мусича ё ду кафтарбача оварда, ба коҳин бидиҳад.
11 Коҳин як парандаро чун қурбонии гуноҳ ва дигареро чун қурбонии сӯхтанӣ пешкаш мекунад ва барои гуноҳи ӯ товон медиҳад,+ зеро ӯ ба ҷасаде наздик шуда гунаҳкор шудааст. Сипас ӯ бояд дар он рӯз худро барои хизмати Худо ҷудо кунад*.
12 Ӯ бояд худро аз нав барои хизмати Яҳува ҷудо кунад ва рӯзҳои назриашро аз нав сар кунад. Ӯ бояд қӯчқори ҷавони яксола ё хурдтарро гирифта, онро чун қурбонии айб биёрад. Аммо он рӯзҳое, ки ӯ то ин дам назрӣ буд, бекор мешаванд, зеро ӯ назрии худро шикаст.
13 Ин аст қонун дар бораи назрӣ: вақте рӯзҳои назрияш+ буд шаванд, ӯро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ биёранд.
14 Ӯ бояд барои Яҳува ҳадияи худро биёрад: як қӯчқори ҷавони солими яксола ё хурдтар чун қурбонии сӯхтанӣ,+ як барраи модинаи яксола ё хурдтар чун қурбонии гуноҳ+ ва як қӯчқори солим чун қурбонии осоиштагӣ.+
15 Ӯ ҳамчунин бояд дар як сабад ҳалқакулчаҳои бехамиртуруши равғанӣ аз орди маҳин, нончаҳои бехамиртуруши тунуки бо равған молида ва ҳадияи ғаллаву+ ҳадияҳои рехтанӣ+ биёрад.
16 Коҳин ин ҳадияҳоро ба ҳузури Яҳува оварда, қурбонии гуноҳ ва қурбонии сӯхтании ӯро меорад.
17 Ӯ қӯчқорро чун қурбонии осоиштагӣ барои Яҳува ҳамроҳи нонҳои бехамиртуруше, ки дар сабаданд, пешкаш мекунад ва коҳин ҳадияи ғалла+ ва ҳадияи рехтании онро пешкаш мекунад.
18 Сипас назрӣ бояд мӯйи набуридаашро+ назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ тарошида, онро бар оташе, ки зери қурбонии осоиштагӣ сӯхта истодааст, гузорад.
19 Коҳин бояд шонаи дар об пухтаи қӯчқорро+ бо як ҳалқакулчаи бехамиртуруш ва як нончаи тунуки бехамиртуруш аз сабад гирифта, ба дасти назрӣ, ки аломати назрии худро тарошидааст, гузорад.
20 Коҳин бояд онҳоро ин тарафу он тараф ба ҳузури Яҳува чун ҳадияи ҷунбонданӣ биҷунбонад.+ Ин чизҳо ҳамроҳи синаи ҳадияи ҷунбонданӣ ва пойи пешкаш як чизи муқаддасанд ва аз они коҳин мебошанд.+ Баъд аз ин назрӣ метавонад шароб нӯшад.
21 Ин аст қонун дар бораи назрие, ки назр мекунад*:+ агар шахс қасам ёд кунад, ки, ғайр аз он чӣ барои назрӣ ҳатмӣ бошад, ба Яҳува ҳадияе меорад, ва зӯраш ба ин расад, ӯ бояд инро ба хотири назраш ба ҷо орад”».
22 Сипас Яҳува ба Мӯсо гуфт:
23 «Ба Ҳорун ва писаронаш бигӯ: “Шумо бояд мардуми Исроилро ин тавр дуои нек кунед:+
24 “Бигзор Яҳува туро баракат диҳад+ ва нигаҳбонӣ намояд!
25 Бигзор Яҳува ба ту лутф кунад+ ва нури рӯяшро бар ту битобонад.
26 Бигзор Яҳува рӯйи худро сӯйи ту нигаронад ва ба ту сулҳу амонӣ бахшад”.+
27 Бигзор онҳо номи маро бар исроилиён бихонанд,+ то ман онҳоро баракат диҳам».+
Поварақҳо
^ Маънояш «шахсе, ки барои коре ҷудо шудааст; шахсе, ки ба касе бахшида шудааст».
^ Дар матни асл «сари худро муқаддас гардонад».
^ Ё «қасам ёд мекунад».