4 Мӯсо 7:1-89
-
Қурбониҳои бозшавии хаймаи муқаддас (1–89)
7 Дар рӯзе ки Мӯсо барпо кардани хаймаи муқаддасро+ ба анҷом расонд, ӯ онро бо тамоми асбобу анҷомаш ва қурбонгоҳро бо тамоми ашёаш+ тадҳин намуд*+ ва барои хизмати Худо ҷудо кард.+ Баъд аз ин
2 сардорони Исроил,+ яъне сарварони хонаводаҳо, ҳадияҳо оварданд. Ин сардорони қабилаҳо, ки саршумориро назорат мекарданд,
3 ба Яҳува шаш аробаи болопӯшида ва 12 буққа пешкаш карданд: як ароба аз номи ду сардор ва як буққа аз номи ҳар як сардор. Онҳо ин чизҳоро назди хаймаи муқаддас пешкаш намуданд.
4 Он гоҳ Яҳува ба Мӯсо гуфт:
5 «Ин ҳадияҳоро аз дасти онҳо бигир, зеро ин чизҳо дар хизмати хаймаи ҷомеъ истифода мешаванд. Онҳоро ба левизодагон, ба ҳар яке мувофиқи супоришаш, бидеҳ».
6 Мӯсо аробаҳо ва чорпоёнро гирифта, ба левизодагон дод.
7 Ӯ ба писарони Ҷершӯн мувофиқи он чӣ барои иҷрои супоришашон лозим буд,+ ду ароба ва чор буққа
8 ва ба писарони Марорӣ, мувофиқи он чӣ барои иҷрои супоришашон лозим буд, чор ароба ва ҳашт буққа дод. Ӯ ин чизҳоро зери назорати Итомори писари Ҳоруни коҳин тақсим намуд.+
9 Аммо ба писарони Қаҳот чизе надод, зеро хизмати онҳо бо ҷойи муқаддас алоқаманд буд+ ва онҳо чизҳои муқаддасро бар китфи худ бардошта мебурданд.+
10 Сардорон дар рӯзи тадҳин кардани қурбонгоҳ, дар вақти боз кардани он, ҳадияҳо оварданд.+ Вақте сардорон ҳадияҳои худро назди қурбонгоҳ пешкаш карданд,
11 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Бигзор барои маросими боз кардани қурбонгоҳ ҳар рӯз яке аз сардорон ҳадияи худро пешкаш кунад».
12 Рӯзи аввал ҳадияи худро Наҳшӯни+ писари Аминодоб аз қабилаи Яҳудо пешкаш намуд.
13 Ҳадияи ӯ аз ин чизҳо иборат буд: як лагани нуқрагин, ки 130 сиқл* вазн дошт, як косаи нуқрагин, ки аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас+ 70 сиқл вазн дошт — ҳар ду зарф пур аз орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ғалла,+
14 як пиёлаи тилло, ки 10 сиқл вазн дошту пур аз бухур буд.
15 Барои қурбонии сӯхтанӣ ӯ як буққаи ҷавон*, як қӯчқор ва як барраи нари яксола овард.+
16 Барои қурбонии гуноҳ ӯ як нарбузи ҷавон+
17 ва барои қурбонии осоиштагӣ+ ду буққа, панҷ қӯчқор, панҷ нарбузу панҷ барраи нари яксола овард. Ин аст ҳадияи Наҳшӯни писари Аминодоб.+
18 Рӯзи дуюм сардори қабилаи Иссокор — Натанъили+ писари Суор ҳадияи худро пешкаш кард.
19 Ҳадияи ӯ аз ин чизҳо иборат буд: як лагани нуқрагин, ки 130 сиқл вазн дошт, як косаи нуқрагин, ки аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас+ 70 сиқл вазн дошт — ҳар ду зарф пур аз орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ғалла,+
20 як пиёлаи тиллоӣ, ки 10 сиқл вазн дошту пур аз бухур буд.
21 Барои қурбонии сӯхтанӣ+ ӯ як буққаи ҷавон, як қӯчқор ва як барраи нари яксола овард.
22 Барои қурбонии гуноҳ ӯ як нарбузи ҷавон+
23 ва барои қурбонии осоиштагӣ+ ду буққа, панҷ қӯчқор, панҷ нарбузу панҷ барраи нари яксола овард. Ин аст ҳадияи Натанъили писари Суор.
24 Рӯзи сеюм сардори қабилаи Забулун — Элиоби+ писари Ҳилӯн
25 чизҳои зеринро пешкаш кард: як лагани нуқрагин, ки 130 сиқл вазн дошт, як косаи нуқрагин, ки аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас+ 70 сиқл вазн дошт — ҳар ду зарф пур аз орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ғалла,+
26 як пиёлаи тиллоӣ, ки 10 сиқл вазн дошту пур аз бухур буд.
27 Барои қурбонии сӯхтанӣ+ ӯ як буққаи ҷавон, як қӯчқор ва як барраи нари яксола овард.
28 Барои қурбонии гуноҳ ӯ як нарбузи ҷавон+
29 ва барои қурбонии осоиштагӣ+ ду буққа, панҷ қӯчқор, панҷ нарбузу панҷ барраи нари яксола овард. Ин аст ҳадияи Элиоби+ писари Ҳилӯн.
30 Рӯзи чорум сардори қабилаи Реубен — Элисури+ писари Шадиур
31 чизҳои зеринро пешкаш кард: як лагани нуқрагин, ки 130 сиқл вазн дошт, як косаи нуқрагин, ки аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас+ 70 сиқл вазн дошт — ҳар ду зарф пур аз орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ғалла,+
32 як пиёлаи тиллоӣ, ки 10 сиқл вазн дошту пур аз бухур буд.
33 Барои қурбонии сӯхтанӣ+ ӯ як буққаи ҷавон, як қӯчқор ва як барраи нари яксола овард.
34 Барои қурбонии гуноҳ ӯ як нарбузи ҷавон+
35 ва барои қурбонии осоиштагӣ+ ду буққа, панҷ қӯчқор, панҷ нарбузу панҷ барраи нари яксола овард. Ин аст ҳадияи Элисури+ писари Шадиур.
36 Рӯзи панҷум сардори қабилаи Шимъӯн — Шалумиили+ писари Суришаддой
37 чизҳои зеринро пешкаш кард: як лагани нуқрагин, ки 130 сиқл вазн дошт, як косаи нуқрагин, ки аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас+ 70 сиқл вазн дошт — ҳар ду зарф пур аз орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ғалла,+
38 як пиёлаи тиллоӣ, ки 10 сиқл вазн дошту пур аз бухур буд.
39 Барои қурбонии сӯхтанӣ+ ӯ як буққаи ҷавон, як қӯчқор ва як барраи нари яксола овард.
40 Барои қурбонии гуноҳ ӯ як нарбузи ҷавон+
41 ва барои қурбонии осоиштагӣ+ ду буққа, панҷ қӯчқор, панҷ нарбузу панҷ барраи нари яксола овард. Ин аст ҳадияи Шалумиили+ писари Суришаддой.
42 Рӯзи шашум сардори қабилаи Ҷод — Элёсофи+ писари Дауил
43 чизҳои зеринро пешкаш кард: як лагани нуқрагин, ки 130 сиқл вазн дошт, як косаи нуқрагин, ки аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас+ 70 сиқл вазн дошт — ҳар ду зарф пур аз орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ғалла,+
44 як пиёлаи тиллоӣ, ки 10 сиқл вазн дошту пур аз бухур буд.
45 Барои қурбонии сӯхтанӣ+ ӯ як буққаи ҷавон, як қӯчқор ва як барраи нари яксола овард.
46 Барои қурбонии гуноҳ ӯ як нарбузи ҷавон+
47 ва барои қурбонии осоиштагӣ+ ду буққа, панҷ қӯчқор, панҷ нарбузу панҷ барраи нари яксола овард. Ин аст ҳадияи Элёсофи+ писари Дауил.
48 Рӯзи ҳафтум сардори қабилаи Эфроим — Элишомаи+ писари Аммиҳуд
49 чизҳои зеринро пешкаш кард: як лагани нуқрагин, ки 130 сиқл вазн дошт, як косаи нуқрагин, ки аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас+ 70 сиқл вазн дошт — ҳар ду зарф пур аз орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ғалла,+
50 як пиёлаи тиллоӣ, ки 10 сиқл вазн дошту пур аз бухур буд.
51 Барои қурбонии сӯхтанӣ+ ӯ як буққаи ҷавон, як қӯчқор ва як барраи нари яксола овард.
52 Барои қурбонии гуноҳ ӯ як нарбузи ҷавон+
53 ва барои қурбонии осоиштагӣ+ ду буққа, панҷ қӯчқор, панҷ нарбузу панҷ барраи нари яксола овард. Ин аст ҳадияи Элишомаи+ писари Аммиҳуд.
54 Рӯзи ҳаштум сардори қабилаи Менашше — Ҷамлиили+ писари Фадоҳсур
55 чизҳои зеринро пешкаш кард: як лагани нуқрагин, ки 130 сиқл вазн дошт, як косаи нуқрагин, ки аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас+ 70 сиқл вазн дошт — ҳар ду зарф пур аз орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ғалла,+
56 як пиёлаи тиллоӣ, ки 10 сиқл вазн дошту пур аз бухур буд.
57 Барои қурбонии сӯхтанӣ+ ӯ як буққаи ҷавон, як қӯчқор ва як барраи нари яксола овард.
58 Барои қурбонии гуноҳ ӯ як нарбузи ҷавон+
59 ва барои қурбонии осоиштагӣ+ ду буққа, панҷ қӯчқор, панҷ нарбузу панҷ барраи нари яксола овард. Ин аст ҳадияи Ҷамлиили+ писари Фадоҳсур.
60 Рӯзи нуҳум сардори+ қабилаи Бинёмин — Абидони+ писари Ҷидъӯнӣ
61 чизҳои зеринро пешкаш кард: як лагани нуқрагин, ки 130 сиқл вазн дошт, як косаи нуқрагин, ки аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас+ 70 сиқл вазн дошт — ҳар ду зарф пур аз орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ғалла,+
62 як пиёлаи тиллоӣ, ки 10 сиқл вазн дошту пур аз бухур буд.
63 Барои қурбонии сӯхтанӣ+ ӯ як буққаи ҷавон, як қӯчқор ва як барраи нари яксола овард.
64 Барои қурбонии гуноҳ ӯ як нарбузи ҷавон+
65 ва барои қурбонии осоиштагӣ+ ду буққа, панҷ қӯчқор, панҷ нарбузу панҷ барраи нари яксола овард. Ин аст ҳадияи Абидони+ писари Ҷидъӯнӣ.
66 Рӯзи даҳум сардори қабилаи Дон — Аҳиозари+ писари Аммишаддой
67 чизҳои зеринро пешкаш кард: як лагани нуқрагин, ки 130 сиқл вазн дошт, як косаи нуқрагин, ки аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас+ 70 сиқл вазн дошт — ҳар ду зарф пур аз орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ғалла,+
68 як пиёлаи тиллоӣ, ки 10 сиқл вазн дошту пур аз бухур буд.
69 Барои қурбонии сӯхтанӣ+ ӯ як буққаи ҷавон, як қӯчқор ва як барраи нари яксола овард.
70 Барои қурбонии гуноҳ ӯ як нарбузи ҷавон+
71 ва барои қурбонии осоиштагӣ+ ду буққа, панҷ қӯчқор, панҷ нарбузу панҷ барраи нари яксола овард. Ин аст ҳадияи Аҳиозари+ писари Аммишаддой.
72 Рӯзи 11-ум сардори қабилаи Ошер — Фаҷъиили+ писари Окрон
73 чизҳои зеринро пешкаш кард: як лагани нуқрагин, ки 130 сиқл вазн дошт, як косаи нуқрагин, ки аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас+ 70 сиқл вазн дошт — ҳар ду зарф пур аз орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ғалла,+
74 як пиёлаи тиллоӣ, ки 10 сиқл вазн дошту пур аз бухур буд.
75 Барои қурбонии сӯхтанӣ+ ӯ як буққаи ҷавон, як қӯчқор ва як барраи нари яксола овард.
76 Барои қурбонии гуноҳ ӯ як нарбузи ҷавон+
77 ва барои қурбонии осоиштагӣ+ ду буққа, панҷ қӯчқор, панҷ нарбузу панҷ барраи нари яксола овард. Ин аст ҳадияи Фаҷъиили+ писари Окрон.
78 Рӯзи 12-ум сардори қабилаи Нафтолӣ — Аҳираи+ писари Энон
79 чизҳои зеринро пешкаш кард: як лагани нуқрагин, ки 130 сиқл вазн дошт, як косаи нуқрагин, ки аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас+ 70 сиқл вазн дошт — ҳар ду зарф пур аз орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ғалла,+
80 як пиёлаи тиллоӣ, ки 10 сиқл вазн дошту пур аз бухур буд.
81 Барои қурбонии сӯхтанӣ+ ӯ як буққаи ҷавон, як қӯчқор ва як барраи нари яксола овард.
82 Барои қурбонии гуноҳ ӯ як нарбузи ҷавон+
83 ва барои қурбонии осоиштагӣ+ ду буққа, панҷ қӯчқор, панҷ нарбузу панҷ барраи нари яксола овард. Ин аст ҳадияи Аҳираи+ писари Энон.
84 Инҳо буданд ҳадияҳои сардорони Исроил барои маросими боз кардани қурбонгоҳ ва тадҳин намудани он:+ 12 лагани нуқрагин, 12 косаи нуқрагин, 12 пиёлаи тиллоӣ.+
85 Ҳар лагани нуқрагин 130 сиқл вазн дошт ва ҳар коса 70 сиқл вазн дошт. Ҳамаи ин зарфҳои нуқрагин аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас+ 2400 сиқл вазн доштанд.
86 Вазни 12 пиёлаи тиллоии пур аз бухур, ки ҳар кадоме аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас 10 сиқл вазн дошт, ба 120 сиқл баробар буд.
87 Тамоми чорвое, ки барои қурбонии сӯхтанӣ оварда шуд, аз 12 буққа, 12 қӯчқор, 12 барраи нари яксола иборат буд. Ҳар сардори қабила бо ҳар як қурбонии сӯхтанӣ ҳадияҳои ғалла овард. Барои қурбонии гуноҳ бошад, 12 нарбузи ҷавон оварда шуд.
88 Тамоми чорвои қурбонии осоиштагӣ аз 24 буққа, 60 қӯчқор, 60 нарбуз ва 60 барраи нари яксола иборат буд. Инҳо буданд ҳадияҳо барои маросими боз кардани қурбонгоҳ+ баъд аз тадҳини он.+
89 Ҳар гоҳе ки Мӯсо ба хаймаи ҷомеъ медаромад, то бо Худо гуфтугӯ кунад,+ аз болои сандуқи шаҳодат,+ аз миёни ду фариштаи каррубӣ,+ овозеро мешунид, ки бо вай сухан меронд. Ҳамин тавр Худо бо Мӯсо сухан мегуфт.