4 Мӯсо 8:1-26

  • Ҳорун ҳафт чароғро дармегиронад (1–4)

  • Левизодаҳо пок шуда, хизмати худро сар мекунанд (5–22)

  • Синну соли левизодагоне, ки хизмати хаймаро ба ҷо оварда метавонанд (23–26)

8  Яҳува бо Мӯсо сухан ронда гуфт:  «Ба Ҳорун чунин бигӯ: “Вақте чароғҳоро дармегиронӣ, бигзор ҳафт чароғи чароғпоя майдони пеши онро равшан кунад”».+  Ҳорун ҳамин тавр кард. Ӯ ҳафт чароғро даргиронд, то онҳо майдони пеши чароғпояро+ равшан созанд. Ӯ, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, амал кард.  Чароғпоя ин тавр сохта шуд: он аз тана то ғунчаҳояш аз тиллои кӯфта тайёр гардид.+ Он, ҳамон тавре ки Яҳува дар рӯъё+ ба Мӯсо нишон дод, сохта шуд.  Яҳува бори дигар бо Мӯсо сухан ронда гуфт:  «Левизодагонро аз миёни исроилиён ҷудо карда, онҳоро пок бисоз.+  Онҳоро ин тавр пок бисоз: бар онҳо оберо, ки гуноҳро мешӯяд, бипош ва онҳо бояд мӯйи тамоми баданашонро бо теғ битарошанд, либосҳояшонро бишӯянд ва худро пок созанд.+  Сипас онҳо як буққаи ҷавонро* бо ҳадияи ғаллаи он,+ ки аз орди маҳини бо равған омехта иборат бошад, мегиранд ва ту барои қурбонии гуноҳ+ як буққаи ҷавони дигареро бигир.+  Левизодагонро пеши хаймаи ҷомеъ биёр ва тамоми мардуми Исроилро он ҷо ҷамъ овар.+ 10  Вақте левизодагонро+ ба ҳузури Яҳува наздик биёрӣ, бигзор исроилиён дастони худро бар сари онҳо гузоранд. 11  Бигзор Ҳорун аз миёни исроилиён левизодагонро ба Яҳува чун ҳадияи ҷунбонданӣ пешкаш кунад*,+ то онҳо хизмати Яҳуваро ба ҷо оранд.+ 12  Сипас бигзор левизодагон дастони худро бар сари буққаҳо гузоранд+ ва якеро чун қурбонии гуноҳ ва дигареро чун қурбонии сӯхтанӣ ба Яҳува пешкаш кунанд, то барои гуноҳҳои худ товон диҳанд.+ 13  Левизодагонро пеши Ҳоруну писарони ӯ биёр ва онҳоро чун ҳадияи ҷунбонданӣ барои Яҳува пешкаш кун*. 14  Левизодагонро аз миёни исроилиён ҷудо кун ва онҳо аз они ман мешаванд.+ 15  Пас аз ин левизодагон барои дар хаймаи ҷомеъ хизмат кардан меоянд. Онҳоро, ҳамон тавре ки гуфтам, пок бисоз ва, чун ҳадияи ҷунбонданӣ пешкаш кун*. 16  Охир, онҳо атоҳое мебошанд, ки ба ман аз миёни исроилиён дода шудаанд. Ман онҳоро ба ҷойи тамоми нахустзодагони* Исроил+ барои худ мегирам. 17  Ҳар нахустзодаи Исроил, хоҳ одам бошад, хоҳ чорпо, аз они ман аст.+ Ман онҳоро, дар рӯзе ки ҳар нахустзодаи замини Мисрро зарба задам, барои худ ҷудо кардам.+ 18  Ман левизодагонро ба ҷойи ҳамаи нахустзодагони Исроил мегирам. 19  Онҳоро аз миёни исроилиён гирифта, ба Ҳорун ва писаронаш ато мекунам, то левизодагон барои исроилиён дар хаймаи ҷомеъ хизматро ба ҷо оранд+ ва барои исроилиён товон бидиҳанд, то исроилиён ба ҷойи муқаддас наздик нашаванду балое ба сарашон наояд».+ 20  Мӯсову Ҳорун ва тамоми мардуми Исроил бо левизодагон ҳамин тавр карданд. Исроилиён, ҳамон тавре ки Яҳува дар бораи левизодагон ба Мӯсо фармуд, амал намуданд. 21  Левизодагон худро пок сохтанду либосҳои худро шустанд.+ Баъд аз ин Ҳорун онҳоро барои Яҳува чун ҳадияи ҷунбонданӣ пешкаш кард*.+ Сипас Ҳорун барои онҳо товон дод, то онҳоро пок созад.+ 22  Баъд аз ин левизодагон омаданд, то хизмати худро дар хаймаи ҷомеъ, дар пеши Ҳорун ва писаронаш ба ҷо оранд. Онҳо бо левизодагон, ҳамон тавре ки Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, амал карданд. 23  Пас аз ин Яҳува бо Мӯсо сухан ронда гуфт: 24  «Ин аст дастур барои левизодагон: аз 25-солагӣ онҳо бояд хизмати худро дар хаймаи ҷомеъ сар кунанд. 25  Аммо аз синни 50-солагӣ левизода хизмати худро дар хаймаи ҷомеъ бас мекунад ва дигар дар он хизмат намекунад. 26  Ӯ метавонад ба бародарони худ, ки дар хаймаи ҷомеъ вазифаҳояшонро ба ҷо меоранд, ёрӣ расонад, аммо ӯ набояд дар он ҷо хизмат кунад. Нисбати левизодагон ва вазифаҳои онҳо ҳамин тавр бикун».+

Поварақҳо

Ё «ҷувонаро; навбасро; тӯрпиро».
Дар матни асл «биҷунбонад». Ин ҷо ба пешу қафо ба ҳаракат овардани онҳо дар назар дошта шудааст.
Дар матни асл «биҷунбон». Ин ҷо ба пешу қафо ба ҳаракат овардани онҳо дар назар дошта шудааст.
Дар матни асл «биҷунбон». Ин ҷо ба пешу қафо ба ҳаракат овардани онҳо дар назар дошта шудааст.
Ё «писарони калонии».
Дар матни асл «ҷунбонд». Ин ҷо ба пешу қафо ба ҳаракат овардани онҳо дар назар дошта шудааст.