4 Мӯсо 9:1-23

  • Дастур дар бораи гузарондани Иди Раҳоии қазоӣ (1–14)

  • Абр ва оташ бар болои хаймаи муқаддас (15–23)

9  Дар моҳи якуми+ соли дуюми аз Миср баромадани исроилиён Яҳува дар биёбони Сино бо Мӯсо сухан ронда гуфт:  «Исроилиён бояд қурбонии Иди Раҳоиро+ дар вақташ тайёр кунанд.+  Онро дар вақташ, дар рӯзи 14-уми ҳамин моҳ, ҳангоми шом*, аз рӯйи ҳама қонуну қоидааш тайёр кунед».+  Мӯсо ба исроилиён гуфт, ки қурбонии Иди Раҳоиро тайёр кунанд.  Исроилиён қурбонии Иди Раҳоиро дар моҳи якум, дар рӯзи 14-уми моҳ, шомгоҳон*, дар биёбони Сино тайёр карданд. Исроилиён мувофиқи ҳар он чӣ Яҳува ба Мӯсо фармуда буд, амал намуданд.  Вале одамоне буданд, ки ба ҷасади мурда даст расонда, нопок гардида буданд.+ Аз ин рӯ онҳо наметавонистанд он рӯз қурбонии Иди Раҳоиро тайёр кунанд. Барои ҳамин онҳо он рӯз назди Мӯсо ва Ҳорун омада,+  ба Мӯсо гуфтанд: «Мо ба ҷасади мурда расида, нопок гаштаем. Чаро мисли дигар исроилиён ба Яҳува дар вақташ қурбонӣ наорем? Чаро бояд аз чунин имконият маҳрум шавем?»+  Мӯсо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ҳамин ҷо истед, то ман рафта, аз Яҳува дар бораи масъалаи шумо бипурсам».+  Яҳува ба Мӯсо гуфт: 10  «Ба исроилиён бигӯ: “Агар шахсе аз миёни шумо ва ё наслҳои ояндаатон ба ҷасади мурда расида, нопок гашта бошад+ ё ба ҷойи дур сафар карда бошад, вай низ бояд қурбонии Иди Раҳоиро барои Яҳува тайёр кунад. 11  Вай бояд онро дар моҳи дуюм,+ дар рӯзи 14-ум, шомгоҳон*, тайёр кунад. Вай онро бояд бо фатир* ва алафҳои талх бихӯрад.+ 12  Ӯ набояд аз он чизе то саҳар боқӣ гузорад+ ва набояд ҳеҷ як устухони онро шиканад.+ Ӯ бояд онро мувофиқи тамоми қонунҳои Иди Раҳоӣ тайёр кунад. 13  Вале, агар шахс пок бошад ё дар сафар набошад ва қурбонии Иди Раҳоиро тайёр накунад, чунин шахс бояд аз миёни халқи худ решакан шавад,+ зеро ки қурбонии Яҳуваро дар вақташ пешкаш накардааст. Ин шахс барои гуноҳаш ҷавоб медиҳад. 14  Агар ғарибе дар миёни шумо зиндагӣ кунад, ӯ низ бояд қурбонии Иди Раҳоиро барои Яҳува тайёр кунад.+ Ӯ бояд онро мувофиқи қонуну қоидаҳояш тайёр кунад.+ Барои ҳамаи шумо як қонун аст, ҳам барои ғариб ва ҳам барои сокини таҳҷоӣ”».+ 15  Дар рӯзе ки хаймаи муқаддас гузошта шуд,+ болои онро, яъне болои хаймаи шаҳодатро, абре фаро гирифт. Бегоҳ бошад, то саҳар, чизе ба монанди оташ бар болои он намудор буд.+ 16  Ҳамеша чунин буд: рӯзона абр болои онро мепӯшонд, шабона бошад, чизе ба монанди оташ.+ 17  Ҳар боре ки абр аз болои хайма дур мешуд, исроилиён дарҳол кӯч мекарданд+ ва, дар ҷое ки абр меистод, исроилиён хайма мезаданд.+ 18  Бо фармони Яҳува исроилиён кӯч мебастанд ва бо фармони Яҳува онҳо хайма мезаданд.+ То даме ки абр бар болои хаймаи муқаддас меистод, онҳо дар ҷояшон меистоданд. 19  Вақте абр рӯзҳои зиёд бар болои хаймаи муқаддас меистод, исроилиён ба Яҳува итоат намуда кӯч намекарданд.+ 20  Баъзан абр якчанд рӯз бар болои хаймаи муқаддас меистод. Бо фармони Яҳува онҳо дар ҷойи худ меистоданд ва бо фармони Яҳува кӯч мекарданд. 21  Баъзан абр танҳо аз бегоҳ то саҳар бар болои он мемонд ва, вақте абр саҳарӣ аз ҷояш дур мешуд, онҳо ба роҳ мебаромаданд. Вақте абр аз ҷояш дур мешуд, хоҳ рӯз бошад, хоҳ шаб, онҳо ба роҳ мебаромаданд.+ 22  Хоҳ абр ду рӯз бар болои хаймаи муқаддас меистод, хоҳ як моҳ ва ё хоҳ аз ин зиёд, исроилиён ба дигар ҷо кӯч намекарданд ва дар ҷойи худ меистоданд. Вале, агар абр аз ҷояш дур мешуд, онҳо кӯч мебастанд. 23  Бо фармони Яҳува онҳо хайма мезаданд ва бо фармони Яҳува кӯч мебастанд. Исроилиён ба гапи Яҳува гӯш медоданду ба амри Яҳува, ки ба воситаи Мӯсо дода буд, итоат мекарданд.

Поварақҳо

Дар матни асл «байни ду бегоҳ».
Дар матни асл «байни ду бегоҳ».
Ё «нони бехамиртуруш».
Дар матни асл «байни ду бегоҳ».