4 Подшоҳон 15:1-38

  • Азарёи шоҳи Яҳудо (1–7)

  • Подшоҳони охирони Исроил: Закарё (8–12), Шаллум (13–16), Менаҳем (17–22), Фақаҳё (23–26), Фақаҳ (27–31)

  • Ютоми шоҳи Яҳудо (32–38)

15  Дар соли 27-уми Ёробъоми* шоҳи Исроил Азарёи*+ писари Амасёи+ шоҳи Яҳудо подшоҳ шуд.+  Ӯ дар 16-солагиаш подшоҳ шуд ва 52 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модари ӯ Еколёҳу ном дошта, аз Ерусалим буд.  Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал меовард, ҳамон тавре ки падараш Амасё мекард.+  Аммо баландиҳо барҳам дода нашуданд+ ва халқ ҳанӯз бар баландиҳо қурбонӣ оварда дуд мекард.+  Яҳува подшоҳро ба бало гирифтор кард ва ӯ то рӯзи маргаш махав+ буд. Ӯ дар хонаи алоҳида мезист,+ ба корҳои қаср бошад, Ютоми+ шоҳзода таъйин шуд ва ӯ мардуми кишварро доварӣ мекард.+  Воқеаҳои дигари ҳаёти Азарё,+ тамоми корҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Яҳудо навишта шудааст.  Азарё ором гирифта бо бобоёни худ хобид+ ва ӯро бо бобоёнаш дар Шаҳри Довуд гӯронданд. Ба ҷойи ӯ писараш Ютом подшоҳ шуд.  Дар соли 38-уми Азарёи+ шоҳи Яҳудо Закарёи+ писари Ёробъом дар Сомария бар Исроил подшоҳ шуд ва шаш моҳ ҳукмронӣ кард.  Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал овард, ҳамон тавре ки бобоёнаш мекарданд. Ӯ аз гуноҳҳое, ки Исроил бо айби Ёробъоми писари Набот мекард,+ дур нашуд. 10  Шаллуми писари Ёбиш ба ҷони ӯ суиқасд кард ва ӯро дар Иблеом+ зарба зада кушт.+ Пас аз ин вай ба ҷойи ӯ подшоҳ шуд. 11  Воқеаҳои дигари ҳаёти Закарё дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст. 12  Ин тавр сухани зерине, ки Яҳува ба Еҳу гуфта буд, иҷро шуд: «Писаронат+ то насли чорум бар тахти Исроил мешинанд».+ Ҳамааш айнан чунин шуд. 13  Дар соли 39-уми Узиёи+ шоҳи Яҳудо Шаллуми писари Ёбиш подшоҳ шуд ва расо як моҳ дар Сомария ҳукмронӣ кард. 14  Пас аз ин Менаҳеми писари Ҷодӣ аз Тирсо+ ба Сомария омад ва Шаллуми+ писари Ёбишро дар Сомария кушта, ба ҷойи ӯ подшоҳ шуд. 15  Воқеаҳои дигари ҳаёти Шаллум ва суиқасди ӯ дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст. 16  Он вақт Менаҳем аз Тирсо омада, Тифсаҳ ва ҳамаи онҳоеро, ки дар он ва маҳалҳои атрофаш буданд, зарба зад, зеро ба ӯ дарвозаҳоро накушоданд. Ӯ шаҳрро зарба зад ва занони ҳомилаи онро шикамчок кард. 17  Дар соли 39-уми Азарёи шоҳи Яҳудо Менаҳеми писари Ҷодӣ бар Исроил подшоҳ шуд ва даҳ сол дар Сомария ҳукмронӣ кард. 18  Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард. Ӯ тамоми рӯзҳои худ аз ҳамаи гуноҳҳое, ки Исроил бо айби Ёробъоми писари Набот мекард,+ дур нашуд. 19  Фули+ шоҳи Ошур ба кишвар омад ва Менаҳем ба ӯ 1000 киккар* нуқра дод, то ки ӯро дастгирӣ кунаду подшоҳӣ дар дасташ устувор бимонад.+ 20  Менаҳем он нуқраро аз мардони номдору сарватманди Исроил ҷамъ овард.+ Ӯ аз ҳар яки онҳо 50 сиқл* нуқра гирифта, ба шоҳи Ошур дод. Баъд аз ин шоҳи Ошур ақиб гашт ва аз кишвар рафт. 21  Воқеаҳои дигари ҳаёти Менаҳем,+ тамоми корҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст. 22  Менаҳем ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва писараш Фақаҳё ба ҷойи ӯ подшоҳ шуд. 23  Дар соли 50-уми Азарёи шоҳи Яҳудо Фақаҳёи писари Менаҳем дар Сомария бар Исроил подшоҳ шуд ва ду сол ҳукмронӣ кард. 24  Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард ва аз гуноҳҳое, ки Исроил бо айби Ёробъоми писари Набот мекард,+ дур нашуд. 25  Пас аз ин фармондеҳаш — Фақаҳи+ писари Рамалёҳу, ба ҷони ӯ суиқасд кард ва ӯро дар Сомария, дар бурҷи* истеҳкомдори қасри шоҳ, бо Арҷуб ва Арё кушт. Ҳамроҳи ӯ 50 марди ҷилъодӣ буд. Ӯ шоҳро кушта, ба ҷояш подшоҳ шуд. 26  Воқеаҳои дигари ҳаёти Фақаҳё, тамоми корҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст. 27  Дар соли 52-юми Азарёи шоҳи Яҳудо Фақаҳи+ писари Рамалёҳу дар Сомария бар Исроил подшоҳ шуд ва 20 сол ҳукмронӣ кард. 28  Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард ва аз гуноҳҳое, ки Исроил бо айби Ёробъоми писари Набот мекард,+ дур нашуд. 29  Дар айёми Фақаҳи шоҳи Исроил Тиҷлат-Филосари+ шоҳи Ошур лашкар кашида, Ийӯн, Обил-Байт-Маако,+ Ёнӯҳо, Қедеш,+ Ҳосӯр, Ҷилъод+ ва Ҷалил — тамоми замини Нафтолиро+ — забт кард ва сокинонашро асир карда, ба Ошур бурд.+ 30  Сипас Ҳушаи+ писари Эло ба ҷони Фақаҳи писари Рамалёҳу суиқасд кард ва ӯро зарба зада кушт. Ҳушаъ дар соли 20-уми Ютоми+ писари Узиё ба ҷойи ӯ подшоҳ шуд. 31  Воқеаҳои дигари ҳаёти Фақаҳ, тамоми корҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст. 32  Дар соли дуюми Фақаҳи писари Рамалёҳуи шоҳи Исроил Ютоми+ писари Узиёи+ шоҳи Яҳудо подшоҳ шуд. 33  Ӯ дар 25-солагиаш подшоҳ шуд ва 16 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модари ӯ Ерушои духтари Содӯқ буд.+ 34  Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал меовард, ҳамон тавре ки падараш Узиё мекард.+ 35  Аммо баландиҳо барҳам дода нашуданд ва халқ ҳанӯз бар баландиҳо қурбонӣ оварда дуд мекард.+ Ютом он подшоҳе буд, ки дарвозаи болои хонаи Яҳуваро сохта буд.+ 36  Воқеаҳои дигари ҳаёти Ютом, корҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Яҳудо навишта шудааст. 37  Дар он рӯзҳо Яҳува Расини шоҳи Арам* ва Фақаҳи+ писари Рамалёҳуро бар зидди Яҳудо фиристодан гирифт.+ 38  Ютом ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва ӯро дар пеши бобоёнаш, дар Шаҳри Довуди бобояш гӯронданд. Ба ҷойи ӯ писараш Оҳоз подшоҳ шуд.

Поварақҳо

Маънояш «Яҳува мадад кард». Дар 2Пш 15:13; 2Вқ 26:1–23; Иш 6:1 ва Зк 14:5 ӯ Узиё номида шудааст.
Яъне Ёробъоми II.
Як киккар ба 34,2 кг баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
Ё «Сурия».