4 Подшоҳон 20:1-21
20 Дар он рӯзҳо Ҳизқиё бемор шуд ва дар дами марг буд.+ Ишаъёи пайғамбари писари Омӯс назди ӯ омада, гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Ба аҳли хонадони худ васият кун, зеро ту сиҳат намешавӣ, балки мемурӣ”».+
2 Инро шунида ӯ рӯяшро сӯйи девор кард ва ба Яҳува дуо гуфт:
3 «Эй Яҳува, зорӣ мекунам, ба ёд ор, ки чӣ тавр ман дар пеши ту содиқона рафтор кардам ва дилам пурра бо ту буд. Ман он чиро, ки дар назари ту дуруст буд, ба ҷо овардам».+ Баъди ин Ҳизқиё зор-зор гирист.
4 Ишаъё ба саҳни миёна нарасида буд ки, Яҳува ба ӯ паём фиристода гуфт:+
5 «Баргард ва ба Ҳизқиёи пешвои халқам бигӯ: “Яҳува, Худои бобоят Довуд, чунин мегӯяд: “Ман дуои туро шунидам ва оби дидаатро дидам.+ Инак, ман туро шифо медиҳам+ ва ту дар рӯзи сеюм ба хонаи Яҳува меравӣ.+
6 Ман умри туро 15 сол дароз мекунам ва туву ин шаҳрро аз дасти шоҳи Ошур халос менамоям.+ Ман ин шаҳрро ба хотири худ ва бандаам Довуд ҳимоя мекунам”».+
7 Баъд Ишаъё гуфт: «Кулчае аз анҷири хушк биёред». Онҳо онро оварда, ба болои пучак гузоштанд ва шоҳ оҳиста-оҳиста шифо ёфт.+
8 Ҳизқиё аз Ишаъё пурсида буд: «Аломати он ки Яҳува маро шифо медиҳад ва ман дар рӯзи сеюм ба хонаи Яҳува меравам, чист?»+
9 Ишаъё гуфт: «Аломат аз ҷониби Яҳува, яъне аломати он ки Яҳува суханашро иҷро мекунад, чунин аст: сояи рӯйи зинапоя* даҳ зина пеш ё даҳ зина ақиб меравад. Пас, бигӯ, ки он пеш равад ё ақиб».+
10 Ҳизқиё гуфт: «Даҳ зина пеш рафтани соя осон аст, бигзор он даҳ зина ақиб равад».
11 Он гоҳ Ишаъёи пайғамбар сӯйи Яҳува хонд ва ӯ сояеро, ки аллакай аз зинапояи Оҳоз фаромада буд, даҳ зина ақиб гардонд.+
12 Дар он айём подшоҳи Бобил, Берӯдак-Балъадони писари Балъадон, ба Ҳизқиё номаҳо ва туҳфа фиристод, зеро дар бораи бемор будани Ҳизқиё шунида буд.+
13 Ҳизқиё одамони ӯро қабул кард* ва тамоми чизҳои ганҷхонаи худ:+ нуқра, тилло, равғани хушбӯю дигар равғанҳои қимат, аслиҳаи худ ва ҳар чизеро, ки дар ганҷинаҳояш буд, нишон дод — чизе намонд, ки Ҳизқиё дар қасри худ ва тамоми қаламрави худ ба онҳо нишон надода бошад.
14 Баъд аз он Ишаъёи пайғамбар назди подшоҳ Ҳизқиё омада, пурсид: «Ин одамон чӣ гуфтанд ва аз куҷо омадаанд?» Ҳизқиё гуфт: «Онҳо аз сарзамини дур, аз Бобил, омадаанд».+
15 Ӯ боз пурсид: «Онҳо дар қасри ту чиро диданд?» Ҳизқиё ҷавоб дод: «Онҳо ҳар чизеро, ки дар қасри ман аст, диданд — чизе дар ганҷинаҳои ман намонд, ки ба онҳо нишон надода бошам».
16 Он гоҳ Ишаъё ба Ҳизқиё гуфт: «Каломи Яҳуваро бишнав:+
17 “Рӯзҳое меоянд, ки ҳар он чӣ дар қасри туст ва ҳар он чӣ бобоёни ту то имрӯз ҷамъ овардаанд, ба Бобил бурда мешавад+ ва чизе намемонад,— мегӯяд Яҳува.—
18 Чанде аз писарони туро, ки ба дунё меорӣ, гирифта мебаранд+ ва онҳо ходимони дарбори подшоҳи Бобил мешаванд”».+
19 Ҳизқиё ба Ишаъё гуфт: «Каломи Яҳува, ки ту онро ба забон овардӣ, аз рӯйи инсоф аст».+ Ӯ илова кард: «Шукр мекунам, ки дар рӯзҳои умри ман тинҷиву амонӣ* мешавад».+
20 Воқеаҳои дигари ҳаёти Ҳизқиё, дар бораи тамоми қудрати ӯ ва ҳавзу нова сохта,+ ба шаҳр об овардани ӯ,+ дар таърихномаи шоҳони Яҳудо навишта шудааст.
21 Ҳизқиё ором гирифта бо бобоёни худ хобид+ ва писараш Менашше+ ба ҷойи ӯ подшоҳ шуд.+
Поварақҳо
^ Эҳтимол, бо ёрии он зинапоя вақтро муайян мекарданд, чуноне ки бо соати офтобӣ мекунанд.
^ Ё «гӯш кард».
^ Ё «ростӣ».