4 Подшоҳон 21:1-26

  • Менашшеи шоҳи Яҳудо; хунрезии ӯ (1–18)

    • Ерусалим нобуд хоҳад шуд (12–15)

  • Омӯни шоҳи Яҳудо (19–26)

21  Менашше+ дар 12-солагиаш подшоҳ шуд ва 55 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард.+ Номи модари ӯ Ҳефсибо буд.  Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал овард ва ба корҳои ҳароми халқҳое,+ ки Яҳува аз пеши халқи Исроил ронда буд, пайравӣ намуд.+  Ӯ баландиҳоеро, ки падараш Ҳизқиё вайрон карда буд,+ аз нав бино намуд, барои Баал қурбонгоҳҳо бунёд кард ва Ашера* сохт,+ ҳамон тавре ки Аҳъоби подшоҳи Исроил карда буд.+ Ӯ ба тамоми лашкари осмон саҷда мебурд ва ба онҳо хизмат мекард.+  Менашше ҳамчунин дар хонаи Яҳува, ки Яҳува дар борааш чунин гуфта буд: «Номи худро бар Ерусалим хоҳам гузошт»,+ қурбонгоҳҳо сохт.+  Ӯ дар ду саҳни хонаи Яҳува+ барои тамоми лашкари осмон қурбонгоҳҳо сохт.+  Ӯ писари худро дар оташ қурбон кард*, сеҳру ҷоду кард, фол кушод+ ва пурсандагони арвоҳу фолбинонро таъйин намуд.+ Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, беҳад зиёд ба амал оварда, ӯро ба хашм овард.  Менашше бутеро, ки барои Ашера* сохта буд, дар хонае гузошт,+ ки Яҳува дар бораи он ба Довуд ва писараш Сулаймон чунин гуфта буд: «Дар ин хона ва дар Ерусалим, ки аз миёни ҳамаи қабилаҳои Исроил интихоб намудаам, номи худро то абад хоҳам гузошт.+  Дигар ҳаргиз Исроилро аз замине, ки ба бобоёнашон додаам,+ ронда, сарсон намекунам, ба шарте ки онҳо ҳамаи фармудаҳои маро, тамоми Шариатеро, ки бандаам Мӯсо ба онҳо фармуда буд, як ба як риоя кунанд».+  Аммо онҳо гӯш надоданд ва Менашше онҳоро чунон гумроҳ кард, ки онҳо назар ба халқҳое, ки Яҳува аз пеши исроилиён нобуд сохта буд,+ бадтар рафтор карданд. 10  Яҳува ба воситаи бандагонаш пайғамбарон мегуфт:+ 11  «Менашшеи подшоҳи Яҳудо ба тамоми ин корҳои ҳаром даст зада, аз ҳамаи амӯриёне,+ ки пеш аз ӯ буданд,+ бадтар рафтор кард ва бо бутҳои ҳаромаш* Яҳудоро ба гуноҳ тела дод. 12  Бинобар ин Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман ба сари Ерусалим ва Яҳудо мусибате меорам,+ ки ҳар кӣ дар бораи он шунавад, ҳар ду гӯшаш садо медиҳад.+ 13  Ман бар Ерусалим таноби андозагириеро,+ ки нисбати Сомария+ ва обтарозуеро*, ки нисбати хонадони Аҳъоб+ кор фармудаам, истифода мебарам ва Ерусалимро пок мекунам, чи тавре ки кас косаро пок мекунаду чаппа мегардонад.+ 14  Ман бақияи меросамро тарк мекунам+ ва онҳоро ба дасти душманон месупорам ва душманон онҳоро тороҷ карда, ба асирӣ мебаранд,+ 15  зеро онҳо он чиро, ки дар назари ман бад буд, ба амал оварданд ва аз рӯзе, ки бобоёнашон аз Миср берун омаданд, то ба имрӯз гаштаву баргашта маро ба хашм оварданд”».+ 16  Бо айби Менашше Яҳудо гуноҳ карда, он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал овард, бар замми ин гуноҳаш, Менашше хуни бисёриҳоро ноҳақ рехта, Ерусалимро аз як канор то канори дигар аз хун пур кард.+ 17  Воқеаҳои дигари ҳаёти Менашше, ҳамаи корҳои ӯ ва гуноҳҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Яҳудо навишта шудааст. 18  Менашше ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва дар боғи хонааш, дар боғи Уззо, гӯронда шуд.+ Ба ҷойи ӯ писараш Омӯн подшоҳ шуд. 19  Омӯн+ дар 22-солагиаш подшоҳ шуд ва ду сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард.+ Модараш Машуллемети духтари Ҳоруси ётбоӣ буд. 20  Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард, ҳамон тавре ки падараш Менашше мекард.+ 21  Ӯ аз ҳар ҷиҳат ба падараш пайравӣ мекард ва ба бутҳои ҳароме, ки падараш парастиш менамуд, хизмат карда ба онҳо саҷда мебурд.+ 22  Ҳамин тавр, ӯ Яҳува, Худои бобоёнашро, тарк намуд ва бо роҳи Яҳува равона нашуд.+ 23  Рӯзе ходимони шоҳ Омӯн забон як карда, ӯро дар хонааш куштанд. 24  Аммо мардуми он замин ҳамаи онҳоеро, ки дар ин кор ҳамдастӣ карданд, ба қатл расонд ва писараш Юшиёро ба ҷойи ӯ подшоҳ кард.+ 25  Воқеаҳои дигари ҳаёти Омӯн, корҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Яҳудо навишта шудааст. 26  Ӯро дар қабраш, дар боғи Уззо, гӯронданд+ ва писараш Юшиё+ ба ҷойи ӯ подшоҳ шуд.

Поварақҳо

Ашера — ниг. ба луғат.
Дар матни асл «писари худро аз оташ гузаронд».
Ашера — ниг. ба луғат.
Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
Ё «шоқулеро». Обтарозу ва шоқул — асбобе барои санҷидани ростии девор.