4 Подшоҳон 22:1-20

  • Юшиёи шоҳи Яҳудо (1, 2)

  • Дастурот дар бораи таъмири ибодатгоҳ (3–7)

  • Китоби Тавротро меёбанд (8–13)

  • Ҳулдо мусибатро пешгӯйӣ мекунад (14–20)

22  Юшиё+ дар ҳаштсолагиаш подшоҳ шуд ва 31 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард.+ Модари ӯ Едидои духтари Адоёи босқатӣ буд.+  Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал овард ва аз ҳар ҷиҳат ба бобояш Довуд пайравӣ намуда,+ ба тарафи рост ё чап нагашт.  Дар соли 18-уми шоҳ Юшиё чунин шуд, ки ӯ Шофони котиби писари Асалёҳуи писари Машулломро ба хонаи Яҳува фиристода,+ гуфт:  «Ба назди Ҳилқиёҳуи+ саркоҳин бирав ва бигзор ӯ тамоми пулеро, ки ба хонаи Яҳува овардаанду+ дарвозабонон онро аз халқ гирифтаанд,+ ҷамъ орад.  Он пулро ба касоне бидиҳанд, ки бар кори хонаи Яҳува таъйин шудаанд, онҳо бошанд, онро ба коргароне, ки бояд рахнаҳои хонаи Яҳуваро таъмир кунанд, бидиҳанд,+  яъне ба ҳунармандон, бинокорон ва сангтарошон. Онҳо ба он пул чӯбу тахта ва сангҳои тарошида харида, хонаро таъмир кунанд.+  Вале аз онҳо барои пуле, ки мегиранд, ҳисобот талаб накунанд, зеро онҳо шахсони бовариноканд».+  Баъдтар Ҳилқиёҳуи саркоҳин ба Шофони котиб гуфт:+ «Ман дар хонаи Яҳува китоби Тавротро* ёфтам».+ Ҳилқиёҳу китобро ба Шофон дод ва ӯ хондани онро сар кард.+  Шофони котиб назди подшоҳ омада, гуфт: «Бандагонат пулеро, ки дар хонаи Худо буд, гирифта, ба касоне доданд, ки бар кори хонаи Яҳува таъйин шудаанд».+ 10  Ӯ инчунин ба подшоҳ гуфт: «Ҳилқиёҳуи коҳин ба ман китобе+ дод», ва онро ба подшоҳ хонд. 11  Ҳамин ки подшоҳ суханони китоби Тавротро шунид, либосашро чок зад.+ 12  Сипас шоҳ ба Ҳилқиёҳуи коҳин, Аҳиқоми+ писари Шофон, Акбӯри писари Микойҳу, Шофони котиб ва Асоёи ходими шоҳ чунин фармуд: 13  «Биравед ва аз Яҳува барои ман, халқ ва тамоми Яҳудо дар бораи суханони ин китоби ёфтшуда пурсон шавед, зеро ғазаби Яҳува, ки бар мо аланга гирифтааст, бузург аст,+ чунки бобоёни мо ба суханони ин китоб гӯш надоданд ва ҳар он чиро, ки барои мо навишта шуда буд, риоя накарданд». 14  Ҳилқиёҳуи коҳин, Аҳиқом, Акбӯр, Шофон ва Асоё ба назди Ҳулдо, ки пайғомҳои Худоро мерасонд,+ рафтанд. Ӯ зани Шаллуми писари Тиқвои писари Ҳарҳас, нигаҳбони либосҳо, буд ва дар Чоряки Дуюми Ерусалим зиндагӣ мекард. Онҳо омада, бо вай дар ин бора гап заданд.+ 15  Ӯ ба онҳо гуфт: «Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ба марде, ки шуморо назди ман фиристодааст, бигӯед: 16  “Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бар ин макон ва сокинонаш мусибат оварда, тамоми суханонеро, ки подшоҳи Яҳудо дар китоб хондааст,+ ба ҷо меорам. 17  Азбаски онҳо маро тарк карданд ва ба худоёни дигар қурбониҳо оварда дуд мебароранд,+ то ки бо тамоми амали дастҳояшон+ маро ба хашм оранд, ғазаби ман бар зидди ин макон аланга мегирад ва хомӯш намешавад”.+ 18  Вале ба шоҳи Яҳудо, ки шуморо фиристодааст, то аз Яҳува пурсон шавед, чунин гӯед: “Яҳува, Худои Исроил, дар бораи суханоне, ки шунидӣ, чунин мегӯяд: 19  “Азбаски дили ту нарм аст ва ту он чиро, ки ман дар бораи ин макон ва сокинонаш гуфта будам, яъне онро, ки онҳо гирифтори лаънат мешаванд ва одамон ҳоли онҳоро дида ба даҳшат меоянд, шунидиву худро дар пеши Яҳува хоксор намудӣ+ ва либосатро чок зада,+ пеши ман гиря кардӣ, ман низ туро шунидам,— мегӯяд Яҳува.— 20  Аз ин рӯ ман туро ба гузаштагонат мепайвандам ва ту дар осоиштагӣ аз олам чашм пӯшида, ба қабри худ гузошта мешавӣ. Чашмони ту тамоми мусибатеро, ки ман бар ин макон меорам, нахоҳад дид”». Онҳо ин суханонро ба подшоҳ расонданд.

Поварақҳо

Ё «китоби Шариатро».