4 Подшоҳон 6:1-33

  • Элишоъ оҳани табарро рӯйи об мебарорад (1–7)

  • Элишоъ ва арамиён (8–23)

    • Чашмони дастёри Элишоъ кушода мешаванд (16, 17)

    • Арамиён нобино мегарданд (18, 19)

  • Гушнагӣ ҳангоми муҳосираи Сомария (24–33)

6  Писарони пайғамбарон+ ба Элишоъ гуфтанд: «Ҷое, ки мо бо ту меистем, бароямон хеле танг аст.  Илтимос, иҷозат деҳ, ки назди Урдун равем. Бигзор ҳар яки мо аз он ҷо ғӯлачӯбе бигирад ва мо дар он ҷо барои зисти худ маконе бисозем». Ӯ гуфт: «Биравед».  Яке аз онҳо гуфт: «Илтимос, бо бандагонат бирав». Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Майлаш, меравам».  Ӯ ҳамроҳашон рафт ва онҳо ба назди Урдун омада, дарахтбуриро сар карданд.  Вақте яке аз онҳо дарахт мебурид, оҳани табараш ба об афтид ва ӯ фарёд зад: «Воҳ, хоҷаам, онро қарз гирифта будам!»  Марди Худо гуфт: «Он ба куҷо афтид?» Ӯ он ҷоро нишон дод. Он гоҳ марди Худо чӯберо бурида, ба он ҷо партофт ва табар рӯйи об баромад.  Вай гуфт: «Онро бигир», ва ӯ дасташро дароз карда, онро гирифт.  Подшоҳи Арам* бо Исроил ҷангиданӣ шуд+ ва бо ходимонаш маслиҳат карда гуфт: «Ман ҳамроҳи шумо дар фалон ҷо урду мезанам».  Вале марди Худо+ ба подшоҳи Исроил хабар фиристода, гуфт: «Эҳтиёт шав, ки аз фалон ҷо нагузарӣ, чунки ба он ҷо арамиён меоянд». 10  Подшоҳи Исроил, ба ҷое ки марди Худо дар борааш огоҳ карда буд, хабар фиристод. Вай подшоҳро на як бору ду бор огоҳ кард ва ӯ ба он ҷойҳо наздик нашуд.+ 11  Ин ҳол подшоҳи* Арамро ба ғазаб овард ва ӯ ходимонашро ҷамъ карда, гуфт: «Ба ман бигӯед: дар байни мо тарафдори подшоҳи Исроил кист?» 12  Яке аз ходимонаш гуфт: «Ҳеҷ кас, эй хоҷаам подшоҳ! Ин Элишои пайғамбар, ки дар Исроил аст, он чиро, ки ту дар хонаи хоби худ мегӯӣ, ба шоҳи Исроил хабар медиҳад».+ 13  Ӯ гуфт: «Биравед ва бифаҳмед, ки ӯ дар куҷост, то ман одамонамро фиристода, ӯро дастгир кунам». Баъдтар ба ӯ хабар доданд: «Вай дар Дӯтон+ аст». 14  Ӯ дарҳол ба он ҷо аспу аробаҳои ҷангӣ ва ҳамчунин сарбозони бисёреро фиристод ва онҳо шабона омада, шаҳрро иҳота карданд. 15  Вақте дастёри* марди Худо саҳарии барвақт хеста, берун омад, дид, ки лашкаре бо аспу аробаҳои ҷангӣ шаҳрро иҳота кардааст. Ӯ дарҳол ба вай гуфт: «Оҳ, хоҷаам, чӣ кор кунем?» 16  Аммо вай гуфт: «Натарс,+ чунки онҳое, ки бо моянд, аз онҳое, ки бо инҳоянд, бисёртаранд!»+ 17  Сипас Элишоъ чунин дуо гуфт: «Эй Яҳува, илтимос, чашмони ӯро бикшо, то бубинад».+ Яҳува ҳамон замон чашмони дастёри вайро кушод ва ӯ дид, ки кӯҳистони гирдогирди Элишоъ+ аз аспу аробаҳои оташин+ пур аст. 18  Вақте ки арамиён сӯйи Элишоъ поён омаданд, вай ба Яҳува дуо гуфт: «Илтимос, ин халқро ба кӯрӣ гирифтор кун».+ Худо, чуноне ки Элишоъ хоҳиш кард, онҳоро ба кӯрӣ гирифтор намуд. 19  Он гоҳ Элишоъ ба онҳо гуфт: «Ин он роҳ ва он шаҳр нест. Аз паси ман оед ва ман шуморо ба назди марде, ки вайро мекобед, мебарам». Аммо вай онҳоро ба Сомария бурд.+ 20  Ҳангоме ки онҳо ба Сомария расиданд, Элишоъ гуфт: «Эй Яҳува, чашмони онҳоро бикшо, то бубинанд». Яҳува чашмони онҳоро кушод ва онҳо диданд, ки дар даруни Сомария мебошанд. 21  Подшоҳи Исроил онҳоро дида ба Элишоъ гуфт: «Оё онҳоро бикушам, эй падарам? Онҳоро бикушам?» 22  Вале ӯ гуфт: «Накуш. Оё ту касонеро, ки бо шамшер ва камонат асир месозӣ, мекушӣ?! Ба онҳо нону об бидеҳ, то бихӯранду бинӯшанд+ ва ба назди хоҷаи худ баргарданд». 23  Вай барои онҳо зиёфати калоне орост ва онҳоро, пас аз он ки хӯрданду нӯшиданд, ба назди хоҷаашон фиристод. Баъд аз ин дастаҳои Арам+ дигар ба замини Исроил тохтутоз накарданд. 24  Бо гузашти вақт Бин-Ҳадади подшоҳи Арам тамоми лашкарашро* ҷамъ овард ва баромада, Сомарияро муҳосира кард.+ 25  Аз сабаби муҳосира дар Сомария гушнагии сахте шуд,+ ба тавре ки нархи каллаи хар+ 80 сиқл нуқра ва нархи чоряк қаб* саргини кафтар 5 сиқл нуқра шуд. 26  Вақте ки подшоҳи Исроил сар-сари ҳисор мерафт, зане фарёд зада ба вай гуфт: «Эй хоҷаам подшоҳ, ба мо мадад кун!» 27  Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Яҳува ки ба ту мадад накунад, ман чӣ хел мадад кунам? Магар дар хирмангоҳ ё дар чархушту ҷувоз чизе мондааст?!» 28  Подшоҳ аз вай пурсид: «Чӣ гап шудааст?» Вай ҷавоб дод: «Ин зан ба ман гуфт: “Писаратро бидеҳ, то ки вайро имрӯз бихӯрем, пагоҳ бошад, писари маро мехӯрем”.+ 29  Мо писари маро пухта, хӯрдем.+ Рӯзи дигар ман ба вай гуфтам: “Писаратро бидеҳ, то ӯро бихӯрем”, лекин вай писарашро пинҳон кард». 30  Ҳамин ки подшоҳ суханони занро шунид, либосашро чок кард.+ Вақте ӯ бар ҳисор мегузашт, мардум дид, ки аз таги либосаш палос* пӯшидааст. 31  Ӯ гуфт: «Бигзор Худо маро ба балоҳо гирифтор кунад, агар имрӯз сари Элишои писари Шофотро аз танаш ҷудо накунам!»+ 32  Элишоъ дар хонаи худ менишаст ва пирон низ бо ӯ нишаста буданд. Подшоҳ пешопеши худ хабаррасонро фиристод, лекин, пеш аз он ки вай бирасад, Элишоъ ба пирон гуфт: «Оё мебинед, ки ин писари одамкуш+ ба назди ман кас фиристодааст, то сари маро аз танам ҷудо кунад? Вақте ки хабаррасон ояд, дарро пӯшед ва онро сахт қапед, ки надарояд. Ана, аз паси вай овози пойи хоҷааш меояд». 33  Ҳанӯз вай бо онҳо гап мезад ки, ба наздаш хабаррасон омад. Подшоҳ низ омада, гуфт: «Ин мусибат аз тарафи Яҳува аст. Пас, чаро боз ёрии Яҳуваро интизор шавам?»

Поварақҳо

Ё «Сурия».
Дар матни асл «дили подшоҳи».
Ё «хизматгузори».
Дар матни асл «урдуяшро».
Як қаб ба 1,22 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Палос — ниг. ба луғат.