4 Подшоҳон 7:1-20

  • Элишоъ поёни гушнагиро пешгӯйӣ мекунад (1, 2)

  • Дар урдугоҳи беодами арамиён хӯрок меёбанд (3–15)

  • Пешгӯйии Элишоъ иҷро мешавад (16–20)

7  Элишоъ гуфт: «Каломи Яҳуваро бишнавед. Яҳува чунин мегӯяд: “Пагоҳ, тақрибан дар ҳамин вақт, назди дарвозаи* Сомария нархи як сатил* орди маҳин як сиқл* ва нархи ду сатил ҷав як сиқл мешавад”».+  Он гоҳ фармондеҳ, ки подшоҳ ба ӯ такя мекард, ба марди Худо гуфт: «Ҳатто агар Яҳува равзанаҳои* осмонро кушояд, магар чунин хоҳад шуд?»+ Марди Худо ҷавоб дод: «Ту инро бо чашми худ хоҳӣ дид,+ вале чизеро ба даҳон нахоҳӣ бурд».+  Дар даҳани дарвозаи шаҳр чор махавие буд+ ва онҳо ба якдигар гуфтанд: «Чаро то вақти мурданамон дар ин ҷо бишинем?  Агар гӯем, ки “биёед ба шаҳр равем”, он ҷо гушнагӣ аст+ ва мо дар он ҷо мемурем ва, агар дар ин ҷо шинем, ба ҳар ҳол мемурем. Пас, биёед ба урдугоҳи арамиён биравем. Агар онҳо ба ҷони мо раҳм кунанд, зинда мемонем, вале, агар моро бикушанд, хоҳем мурд».  Шомгоҳон онҳо бархоста, сӯйи урдугоҳи арамиён рафтанд. Вақте онҳо ба лаби урдугоҳ расиданд, диданд, ки дар он ҷо касе нест.  Яҳува тавре карда буд, ки дар урдуи арамиён садои аробаҳои ҷангиву аспҳо, садои лашкари бузургеро, шунаванд.+ Вақте онҳо он садоро шуниданд, ба якдигар гуфтанд: «Подшоҳи Исроил шоҳони ҳиттиён ва шоҳони Мисрро киро карда, бар зидди мо баромад!»  Онҳо дарҳол бархеста, аз тарси ҷони худ шомгоҳон гурехтанд ва хаймаҳо, аспҳо, харҳо ва тамоми урдугоҳро, чуноне ки буд, партофта рафтанд.  Он махавиён ба канори урдугоҳ расида, ба яке аз хаймаҳо даромаданд ва хӯрданду нӯшиданд. Онҳо аз он ҷо нуқра, тилло ва либос гирифтанд ва бурда, пинҳон карданд, сипас баргашта, ба хаймаи дигар даромаданд ва аз он ҷо низ чизу чора гирифтанд ва бурда, пинҳон карданд.  Ниҳоят онҳо ба якдигар гуфтанд: «Ин кори мо дуруст нест. Имрӯз рӯзи хабари хуш аст. Агар мо хомӯш монему дамидани субҳро интизор шавем, сазовори ҷазо мегардем. Биёед ҳозир рафта, инро ба хонаи подшоҳ хабар диҳем». 10  Онҳо омаданд ва сӯйи дарбонон фарёд зада хабар доданд: «Мо ба урдугоҳи арамиён рафта будем, аммо дар он ҷо на касеро дидем ва на садои касеро шунидем. Он ҷо фақат аспону харони баста ва хаймаҳои партофтаро дидем». 11  Ҳамон замон дарбонон фарёд зада ин хабарро ба хонаи подшоҳ расонданд. 12  Подшоҳ зуд шабона бархост ва ба ходимонаш гуфт: «Ман ба шумо мегӯям, ки арамиён бо мо чӣ кор карданианд. Онҳо медонанд, ки мо гушнаем,+ аз ин рӯ аз урдугоҳ баромада, дар саҳро пинҳон шудаанд ва мегӯянд: “Вақте аз шаҳр бароянд, онҳоро зинда дастгир мекунем ва ба шаҳр медароем”».+ 13  Он гоҳ яке аз ходимонаш ба ӯ гуфт: «Илтимос, иҷозат деҳ, ки бандагонат аз аспҳое, ки дар шаҳр мондаанд, панҷтояшро бигиранд, ва биё онҳоро бифиристему бубинем, ки чӣ гап аст. Охир, оқибати онҳо ва ҳамаи исроилиёне, ки дар шаҳр мондаанд, як хоҳад буд. Онҳо низ оқибат мисли тамоми мардуми Исроил нобуд мешаванд». 14  Онҳо ду аробаро бо аспҳояш гирифтанд ва подшоҳ онҳоро ба урдугоҳи арамиён фиристода, гуфт: «Биравед ва бубинед». 15  Онҳо то Урдун аз пайи арамиён рафтанд ва диданд, ки тамоми роҳ аз либосу ашёе, ки арамиён дар вақти гурезогурез партофта буданд, пур аст. Хабаррасонон баргаштанд ва инро ба подшоҳ хабар доданд. 16  Мардум аз шаҳр баромада, урдугоҳи арамиёнро ғорат карданд ва, ҳамон тавре ки Яҳува гуфта буд, нархи як сатил орди маҳин як сиқл ва ду сатил ҷав як сиқл шуд.+ 17  Подшоҳ фармондеҳеро, ки ба ӯ такя мекард, нозири дарвоза таъйин кард, аммо ӯ назди дарвоза таги пойи мардум монда мурд, ҳамон тавре ки марди Худо ба подшоҳ, ҳангоме ки ба наздаш омад, гуфта буд. 18  Ҳамаи ин ҳамон тавре рӯй дод, ки марди Худо ба подшоҳ гуфта буд: «Пагоҳ, дар ҳамин вақт, назди дарвозаи Сомария нархи ду сатил ҷав як сиқл ва нархи як сатил орди маҳин як сиқл мешавад».+ 19  Он вақт фармондеҳ ба марди Худо чунин гуфта буд: «Ҳатто агар Яҳува равзанаҳои осмонро кушояд, магар чунин хоҳад шуд?» Элишоъ бошад, чунин ҷавоб дода буд: «Ту инро бо чашми худ хоҳӣ дид, вале чизеро ба даҳон нахоҳӣ бурд». 20  Бо ӯ айнан ҳамин тавр рӯй дод, зеро мардум ӯро дар назди дарвоза поймол карданд ва ӯ мурд.

Поварақҳо

Ё «дар бозорҳои».
Дар матни асл «сео». Як сео ба 7,33 л баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «дарвозаҳои».