5 Мӯсо 27:1-26
27 Сипас Мӯсо ҳамроҳи пирони Исроил ба мардум амр фармуда, гуфт: «Тамоми амрҳоеро, ки имрӯз ба шумо медиҳам, риоя намоед.
2 Дар рӯзе ки аз Урдун гузашта, ба замине, ки Худоятон Яҳува ба шумо медиҳад, меравед, сангҳои калонеро гузоред ва ба онҳо оҳак бимолед.+
3 Вақте ба он тарафи дарё гузаред, бар онҳо тамоми суханони ин Шариатро бинависед, то ба замине, ки Худоятон Яҳува ба шумо медиҳад, замине, ки ширу асал дар он ҷорист, дароед, ҳамон тавре ки Худои бобоёнатон, Яҳува, ба шумо ваъда додааст.+
4 Вақте аз Урдун мегузаред, чуноне ки ба шумо имрӯз мефармоям, ин сангҳоро дар кӯҳи Эбол+ гузоред ва бар онҳо оҳак бимолед.
5 Ҳамчунин дар он ҷо барои Худоятон Яҳува қурбонгоҳ бисозед, қурбонгоҳи сангин. Ба сангҳои қурбонгоҳ асбоби оҳаниро кор нафармоед.+
6 Аз сангҳои яклухт барои Худоятон Яҳува қурбонгоҳ бисозед ва бар он барои Худоятон Яҳува қурбониҳои сӯхтанӣ пешкаш кунед.
7 Қурбониҳои осоиштагӣ оварда,+ дар он ҷо бихӯред+ ва назди Худоятон Яҳува хурсандӣ кунед.+
8 Бар он сангҳо тамоми суханони Шариатро равшан бинависед».+
9 Он гоҳ Мӯсо ва коҳинони левизода ба тамоми Исроил гуфтанд: «Хомӯш бош ва бишнав, эй Исроил. Имрӯз ту халқи Худоят Яҳува гаштӣ.+
10 Ба овози Худоят Яҳува гӯш деҳ ва амру дастурҳоеро, ки имрӯз ба ту мефармоям, ба ҷо ор».+
11 Дар он рӯз Мӯсо ба мардум чунин фармуд:
12 «Вақте аз Урдун гузаред, қабилаҳои зерин дар кӯҳи Ҷаризим+ истода, мардумро дуои нек кунанд*: Шимъӯн, Левӣ, Яҳудо, Иссокор, Юсуф ва Бинёмин.
13 Қабилаҳои зерин бошанд, дар кӯҳи Эбол+ истода, дуои бад кунанд*: Реубен, Ҷод, Ошер, Забулун, Дон ва Нафтолӣ.
14 Бигзор левизодагон бо овози баланд ба тамоми Исроил бигӯянд:+
15 “Лаънат ба касе, ки бут+ ва ё ҳайкали рехта+ бисозад ва онро пинҳон кунад. Ин чизҳое, ки бо дасти ҳунармандон сохта шудаанд, дар назари Яҳува нафратоваранд”.+ Тамоми мардум бигӯяд: “Омин!”*
16 “Лаънат ба касе, ки падару модари худро хор шуморад”.+ Тамоми мардум бигӯяд: “Омин!”
17 “Лаънат ба касе, ки марзаи* ҳамсояашро кӯчонад”.+ Тамоми мардум бигӯяд: “Омин!”
18 “Лаънат ба касе, ки кӯрро раҳгум созад”.+ Тамоми мардум бигӯяд: “Омин!”
19 “Лаънат ба касе, ки ҳангоми ҳалли масъалаи ғариб, ятим ва бевазан+ адлу инсофро зери по кунад”.+ Тамоми мардум бигӯяд: “Омин!”
20 “Лаънат ба касе, ки бо зани падараш ҳамхоб шавад, зеро бо чунин рафтораш падарашро бе нангу номус месозад”.+ Тамоми мардум бигӯяд: “Омин!”
21 “Лаънат ба касе, ки бо ҳайвоне алоқаи ҷинсӣ кунад”.+ Тамоми мардум бигӯяд: “Омин!”
22 “Лаънат ба касе, ки бо хоҳараш ҳамхоб шавад, хоҳ духтари падараш бошад, хоҳ духтари модараш”.+ Тамоми мардум бигӯяд: “Омин!”
23 “Лаънат ба касе, ки бо хушдомани худ ҳамхоб шавад”.+ Тамоми мардум бигӯяд: “Омин!”
24 “Лаънат ба касе, ки камин гирифта, шахси дигареро кушад”.+ Тамоми мардум бигӯяд: “Омин!”
25 “Лаънат ба касе, ки барои куштани шахси бегуноҳе пора мегирад”.+ Тамоми мардум бигӯяд: “Омин!”
26 “Лаънат ба касе, ки суханони ин Шариатро ба ҷо намеорад”.+ Тамоми мардум бигӯяд: “Омин!”
Поварақҳо
^ Ё «барои мардум баракат хоҳанд».
^ Ё «лаънат бихонанд».
^ Ё «Бигзор ҳамин хел шавад!»
^ Марза — ишорае, ки сарҳади замини касеро нишон медиҳад; вот.