5 Мӯсо 32:1-52

  • Суруди Мӯсо (1–47)

    • Яҳува Кӯҳпора аст (4)

    • Исроил Кӯҳпораи худро фаромӯш кардааст (18)

    • «Қасос аз ман аст» (35)

    • «Эй мардумон, бо халқи ӯ шодӣ кунед» (43)

  • Мӯсо дар кӯҳи Набӯ хоҳад мурд (48–52)

32  Ба ман гӯш андоз, эй осмонВа сухани даҳонамро бишнав, эй замин.   Панди ман мисли борон хоҳад борид,Суханонам мисли шабнам хоҳанд рехт,Мисли қатраҳои борони маҳин бар сабзазорВа мисли борони сел бар алафзор.   Номи Яҳуваро эълон хоҳам кард+Ва аз бузургии Худоямон сухан хоҳам гуфт.+   Ӯ Кӯҳпора аст, ҳама корҳояш бекаму костанд+Ва тамоми роҳҳояш одилона.+ Ӯ Худои бовафост,+ ноинсофие надорад,+Ӯ одил ва росткор аст.+   Онҳо бадкор шудаанд.+ Онҳо фарзандони ӯ нестанд ва айб дар худашон аст.+ Онҳо насли расвою ифлосанд!+   Оё дуруст аст, ки бо Яҳува чунин рафтор мекунӣ,+Эй мардуми аҳмақу нодон?+ Магар ӯ Падарат нест, ки туро ба дунё овардааст,+Он кӣ туро офарида, аз ту халқе сохтааст?   Рӯзҳои қадимро ба хотир оварВа дар бораи умри гузаштагон биандеш. Аз падарат пурсон шав ва ӯ ба ту мегӯяд,+Аз пиронат суол кун ва онҳо ба ту ҷавоб медиҳанд.   Вақте Худои Таоло ба халқҳо мерос медод+Ва фарзандони Одамро* аз якдигар ҷудо мекард,+Ӯ шумораи Исроилро ба назар гирифта,+Барои халқҳо сарҳадҳоро муқаррар намуд,+   Зеро халқи Яҳува ҳиссаи ӯст,+Яъқуб дороии ӯст.+ 10  Худо ӯро дар биёбон ёфт,+Дар дашти холиву пур аз уллоси даррандагон.+ Худо ӯро дар канор гирифта, ғамхорӣ кард+Ва чун гавҳараки чашмаш+ нигаҳбонӣ намуд. 11  Чи хеле ки уқоб ба чӯҷаҳояш париданро ёд медиҳад,Бар болояшон чарх мезанад,Болҳояшро паҳн карда, онҳоро мегирадВа бар парҳояш бардошта мебарад,+ 12  Яҳува низ худаш ӯро* роҳнамоӣ мекард,+Худои дигаре бо ӯ набуд.+ 13  Худо ӯро бар баландиҳои замин мебаровард+Ва ӯ аз ҳосили замин мехӯрд.+ Худо ба ӯ аз сахра асал медодВа аз санги хоро равған. 14  Ту маскаи гов ва шири гӯсфанд,Гӯсфандҳои парворӣ,Қӯчқорҳои Бошон, бузҳоВа гандуми аълосифат мехӯрдӣ+Ва шаробро, хуни ангурро, менӯшидӣ. 15  Вақте Ешурун* фарбеҳ шуд, ба лагад задан даромад. Ту фарбеҳ, ғафс ва тануманд шудаӣ.+ Ӯ Худоеро, ки ӯро офарид, тарк кард+Ва Кӯҳпораи наҷоташро рад намуд. 16  Онҳо бо худоёни бегона рашки ӯро меоварданд,+Бо корҳои нафратоварашон ӯро дарғазаб мекарданд.+ 17  Онҳо ба девҳо қурбонӣ меоварданд, на ба Худо,+Ба худоёне, ки намешинохтанд,Ба худоёни наве, ки ба қарибӣ пайдо шуда буданд,Ба худоёне, ки бобоёнатон намешинохтанд. 18  Ту Кӯҳпораеро, ки туро ба дунё овардааст, фаромӯш кардӣ+Ва Худоеро, ки туро зодааст, аз ёд бурдӣ.+ 19  Вақте Яҳува инро дид, онҳоро рад кард,+Зеро писарону духтаронаш ӯро ба ғазаб оварданд. 20  Ӯ гуфт: “Рӯйи худро аз онҳо пинҳон месозам,+Мебинам, ки онҳоро чӣ пеш меояд. Онҳо насли каҷкоранд,+Писароне, ки вафоро намедонанд.+ 21  Маро бо он чизе, ки худо нест,+ ба хашм оварданд*,Бо бутҳои бекораашон дарғазаб карданд.+ Ман низ бо он чӣ халқ нест, рашки онҳоро меорам,+Бо халқи бефаҳме онҳоро ба хашм меорам,+ 22  Зеро оташи ғазаби ман аланга задааст+Ва он то ба қаъри гӯр*+ хоҳад сӯхт,Замин ва ҳосили онро фурӯ хоҳад бурдВа бунёди кӯҳҳоро оташ хоҳад зад. 23  Ман ба сари онҳо балоҳои бисёр меорам,Тирҳоямро бар онҳо холӣ мекунам. 24  Онҳо аз гуруснагӣ беҳолу бемадор мешаванд+Ва онҳоро табларзаю ҳалокати даҳшатовар фурӯ мебарад.+ Дандони даррандагон+Ва заҳри хазандагони рӯйи заминро бар онҳо мефиристам. 25  Аз берун шамшер мекушад+Ва аз дарун тарсу ваҳм зер мекунад.+ Ин ҳам ба сари ҷавонону духтаронВа ҳам тифлону мӯйсафедон меояд.+ 26  Мехостам бигӯям: “Онҳоро пароканда месозамЁди онҳоро аз миёни одамон нест мекунам”, 27  Лекин инро ба хотири душманон накардам,+То онҳо фикри ғалат накунанд+Ва нагӯянд: “Мо дастболо шудем,+Ин корҳоро Яҳува накардааст”. 28  Охир, онҳо халқи беақланд*,Фаҳму фаросате надоранд.+ 29  Эй кош онҳо бохирад мебуданд!+ Дар ин бора меандешиданд+Ва оқибатандеш мебуданд.+ 30  Агар Кӯҳпораашон онҳоро тарк намекардВа Яҳува онҳоро ба дасти душманон намесупорид,+Магар як нафар метавонист 1000 нафарро сур кунадВа ду кас 10 000 нафарро дунболагирӣ намояд?+ 31  Зеро кӯҳпораи онҳо мисли Кӯҳпораи мо нест,+Ҳатто душманонамон инро тан гирифтаанд.+ 32  Токи онҳо аз токзори СадӯмВа аз киштзори Амӯро аст.+ Ангурашон пур аз заҳр аст,Хӯшаҳояш талх.+ 33  Шаробашон заҳри морон аст,Заҳри қотили кубро. 34  Магар онҳоро ман захира накардаамВа дар анборҳоям сарбамуҳр нестанд?+ 35  Қасос аз ман аст, худам подош медиҳам,+Дар вақташ, ҳангоме ки пойҳояшон билағжад,+Зеро рӯзи ҳалокаташон наздик аст,Оқибати онҳо ба зудӣ меояд. 36  Яҳува халқашро доварӣ хоҳад кард+Ва ба хизматгоронаш раҳм хоҳад намуд,+Вақте бубинад, ки онҳо беҳол шудаандВа фақат оҷизу нотавон боқӣ мондааст. 37  Он гоҳ ӯ мегӯяд: “Куҷоянд худоёнашон,+Куҷост кӯҳпорае, ки дар он паноҳ меҷустанд? 38  Ку он худоён, ки чарбуи қурбониҳояшонро* мехӯрдандВа шароби ҳадияҳои рехтаниашонро менӯшиданд?+ Бигзор бархезанду ба шумо ёрӣ расонандВа шуморо пуштибонӣ кунанд. 39  Акнун бидонед, ки ман Худо ҳастам+Ва ғайри ман дигаре нест.+ Ман мемиронаму зинда мегардонам.+ Ман захмдор месозам+ ва шифо хоҳам дод,+Касе наметавонад аз дасти ман халос кунад.+ 40  Дастамро сӯйи осмон бардошта,Мегӯям: “Ба ҳаёти абадиам қасам!”+ 41  Вақте шамшери барқзанандаамро тез кунамВа дастамро барои доварӣ тайёр созам,+Аз душманони худ қасд мегирам+Ва бадхоҳонамро ҷазо медиҳам. 42  Тирҳои худро аз хун маст мегардонам,Шамшерамро аз гӯшт сер мекунам,Бо хуни куштагон ва асиронВа каллаҳои пешвоёни душманон”. 43  Эй мардумон, бо халқи ӯ шодӣ кунед,+Зеро ӯ барои хуни бандагонаш қасос мегирад+Ва ҷазои душманонашро медиҳад,+Ӯ барои замини халқаш товон медиҳад*». 44  Мӯсо омада, ҳамроҳи Ҳушаи*+ писари Нун тамоми суханони ин сурудро ба гӯши халқ расонд.+ 45  Вақте Мӯсо ҳамаи ин суханонро ба тамоми Исроил расонд, 46  ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳама огоҳиҳоеро, ки имрӯз ба шумо гуфтам, дар дилатон ҷой диҳед,+ то ба фарзандонатон амр фармоед, ки ҳамаи суханони ин Шариатро ба ҷо оранд,+ 47  зеро ин гапи хушку холӣ нест, балки сухани ҳаётбахш аст+ ва ба воситаи он шумо дар замине, ки Урдунро гузашта, онро соҳиб мешавед, умри дароз мебинед». 48  Худи ҳамон рӯз Яҳува ба Мӯсо гуфт: 49  «Ба кӯҳи Аборим,+ яъне Набӯ,+ ки дар замини Мӯоб ва рӯ ба рӯйи Ериҳӯ аст, баро ва ба замини Канъон, ки онро ба фарзандони Исроил мерос медиҳам, назар кун.+ 50  Баъди ин ту дар кӯҳе, ки ба он мебароӣ, мемирӣ ва бо гузаштагони худ мепайвандӣ, ҳамон тавре ки бародарат Ҳорун дар кӯҳи Ҳӯр аз олам чашм пӯшид+ ва ба гузаштагонаш пайваст. 51  Охир, ҳар дуи шумо дар биёбони Син, назди обҳои Мерибо,+ ки дар наздикии Қодеш аст, дар миёни исроилиён ба ман бевафоӣ кардед. Шумо поку муқаддас буданамро дар пеши назари мардуми Исроил нишон надодед.+ 52  Ту он заминеро, ки ба исроилиён медиҳам, аз дурӣ мебинӣ, вале ба он намедароӣ».+

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «одамизодро».
Яъне Яъқубро.
Маънояш «росткор», унвони фахрии Исроил.
Ё «Бо он... рашки маро оварданд».
Ибр. «шеол». Ниг. ба луғат, ба калимаи «гӯр».
Ё, эҳтимол, «гапношунаванд».
Ё «беҳтарин қурбониҳояшонро».
Ё «замини халқашро пок месозад».
Ҳушаъ номи пештараи Юшаъ аст. Ҳушаъ шакли кӯтоҳшудаи «Ҳушаъё» мебошад, ки маънояш чунин аст: «Ёҳ наҷот додааст».