Шиносоӣ бо Каломи Худо
Китоби Муқаддас каломи Худо аст, он паёмест, ки барои одамизод навишта шудааст. Мо аз Китоби Муқаддас мефаҳмем, ки чӣ тавр ҳаёти пурмаъно дошта бошем ва розигии Худоро соҳиб шавем. Инчунин он ба саволҳои зерин ҷавоб медиҳад:
ТАРЗИ КУШОДАНИ ОЯТҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС
Китоби Муқаддас аз 66 китоби хурд иборат аст. Он ба ду қисм ҷудо мешавад: Навиштаҳои Иброниву Арамӣ (Аҳди Қадим) ва Навиштаҳои Юнонӣ (Аҳди Ҷадид). Ҳар як китоб ба бобҳо ва оятҳо тақсим шудааст. Рақами аввал баъди номи китоб ба рақами боб ва рақами баъдинааш ба оят ишора мекунад. Масалан, «1 Мӯсо 1:1» ин китоби якуми Мӯсо, боби 1, ояти 1 мебошад.