Барои волидон
Волидони азиз, беҳтарин чизе, ки шумо ба фарзандонатон дода метавонед, чист? Албатта онҳо ба чизҳои зиёд ниёз доранд, аз он ҷумла ба муҳаббат, роҳнамоӣ ва муҳофизати шумо. Лекин, чизи пурарзиштарине, ки шумо ба фарзандонатон дода метавонед, ин дониш дар бораи Яҳува ва ҳақиқатҳои дар Каломи Ӯ навишташуда мебошад (Юҳанно 17:3). Ин дониш ба кӯдакони шумо кӯмак мекунад, ки аз хурдсолиашон Яҳуваро дӯст доранд ва ба Ӯ аз таҳти дил хизмат кунанд (Матто 21:16).
Бисёри волидон пай бурданд, ки кӯдакони хурдсол дарсҳои кӯтоҳро зудтар аз худ мекунанд ва супоришҳои осонро хубтар иҷро менамоянд. Аз ин рӯ мо хеле шодем, ки китобчаи «Китоби Муқаддас барои хурдтаракон»-ро барои шумо тайёр кардем. Бобҳои он тавре тартиб дода шудаанд, то кӯдак мавзӯи онҳоро ба осонӣ фаҳмида тавонанд. Расмҳояш бошанд, тавре кашида шудаанд, ки диққати кӯдакони синнашон то сесоларо ба худ ҷалб кунанд. Ҳамчунин дар ҳар боб супоришҳо дода шудаанд. Ин китобча барои бозӣ кардан пешбинӣ нашудааст. Он бо мақсаде тайёр шудааст, ки шумо онро ҳамроҳи фарзандатон хонед. Ин бошад, ба шумо кӯмак мекунад, ки бо фарзандатон озодона муошират кунед.
Мо боварӣ дорем, ки ин китобча ба шумо кӯмак мекунад, ки ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро ба фарзандонатон аз кӯдакиашон таълим диҳед (2 Тимотиюс 3:14, 15).
Бародарони шумо
Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува