Дарси 4
Дар берун борид борон,
Таманноҷон гуфт гирён:
«Кай бас мекунад борон,
То кӯча равам давон?»
Баъд ногаҳон дар осмон,
Шуд офтобак дурахшон.
Таманно шоду хандон
Сӯи кӯча шуд равон.
Гул ва ҳама дарахтон,
Шукуфтанд баъди борон.
Таманно гуфт: «Худоҷон!
Раҳмат, барои борон!»
БАРОИ ВОЛИДОН
Ба фарзанди худ ояти зеринро хонед:
Ба фарзандатон гӯед, ки ин чизҳоро нишон диҳад:
Тӯб Тиреза Гулҳо
Дарахт Мусича
Таманно Самолётча
Аз фарзандатон пурсед:
Барои чӣ Яҳува ба мо борон медиҳад?