Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Март

Чоршанбе, 1 март

Март

Он чӣ шумо ба яке аз ин бародарони хурдтарини ман кардед, ба ман кардед (Мат. 25:40).

Дар Матто 25:31–36 масали Исо омадааст, дар ин масал ӯ «гӯсфандон» гуфта росткоронеро дар назар дошт, ки дар замонҳои охир зиндагӣ хоҳанд кард, яъне онҳоеро, ки умеди заминӣ доранд. Онҳо содиқона бародарони тадҳиншудаи Масеҳро дастгирӣ мекунанд, махсусан дар паҳн кардани хушхабар ва тайёр намудани шогирдон (Мат. 24:14; 28:19, 20). Ҳар сол дар арафаи Шоми ёдбуд гӯсфандони дигар дар маъракаи даъваткунии шавқмандон ба Шоми ёдбуд иштирок намуда бародарони Масеҳро дастгирӣ мекунанд. Гӯсфандони дигар инчунин чораҳои заруриро андешида кӯшиш мекунад, ки дар саросари ҷаҳон Шоми ёдбуд баргузор гардад. Онҳое, ки умеди заминӣ доранд, бо ин роҳҳо бародарони Масеҳро дастгирӣ карда хурсандӣ мегиранд. Охир, Исо ҳар хизматеро, ки мо баҳри тадҳиншудагон ба ҷо меорем, тавре қабул мекунад, ки гӯё барои ӯ карда бошем (Мат. 25:37–40). w22.01 саҳ. 22, сарх. 11, 12

Ҳар касе, ки маро дидааст, Падарро низ дидааст (Юҳ. 14:9).

Мо ба хислатҳои Исо ва тарзи муносибате, ки ӯ бо одамон дошт, пайравӣ карда метавонем. Масалан, ба хотир оред, ки чӣ хел ӯ ба махавие дилсӯзӣ кард, ба зане, ки аз бемории даҳшатнок азоб мекашид, раҳмаш омад ва ба дарди касоне, ки шахси наздикашонро аз даст дода буданд, шарик мешуд. Ба Исо пайравӣ карда мо дар асл ба хислатҳои Яҳува пайравӣ мекунем (Марқ. 1:40, 41; 5:25–34; Юҳ. 11:33–35). Чи қадаре ки мо ба хислатҳои Яҳува бисёртар тақлид кунем, муносибатамон бо Ӯ ҳамон қадар қавӣ мегардад. Агар мо аз пайи Исо равона шавем, ин ҷаҳони фосид ҳуши моро парешон карда наметавонад. Шаби охирони ҳаёти заминиаш Исо тавонист чунин гӯяд: «Ман бар ҷаҳон ғолиб омадам!» (Юҳ. 16:33). Ин суханони ӯ маънои онро доштанд, ки ӯ ба одамони ин ҷаҳон нагузошт, ки ба фикрронии ӯ, мақсадҳо ва рафтори вай таъсир расонанд. Исо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекард, ки барои чӣ ба замин фиристода шудааст. Ӯ барои он ба замин омада буд, ки номи Яҳуваро аз доғ пок созад. Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Дар ин ҷаҳон бисёр чизҳое ҳастанд, ки диққати моро аз хизмати Яҳува парешон карда метавонанд. Вале, агар мо мисли Исо ҳушамонро ба иҷро кардани хости Яҳува равона кунем, мо ҳам бар ҷаҳон ғолиб хоҳем омад (1 Юҳ. 5:5). w21.04 саҳ. 3, 4, сарх. 7, 8

[Ҳеҷ чиз] моро аз муҳаббати Худо... ҷудо карда наметавонад (Рум. 8:39).

Павлуси расул ваъдаи Исоро медонист, ки «ҳар кӣ ба [Исо] имон оварад, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ» мегардад (Юҳ. 3:16; Рум. 6:23). Бале, Павлус аз ҷумлаи онҳое буд, ки ба фидия имон дошт. Вай боварӣ дошт, ки Яҳува тайёр аст ҳатто онҳоеро, ки гуноҳҳои ҷиддӣ кардаанду ҳоло пушаймонанд, бо омодагӣ бахшад (Заб. 86:5). Павлус инчунин боварии комил дошт, ки Худо вайро дӯст медорад ва инро Ӯ бо қурбонии Исо нишон додааст. Аҳамият диҳед, ки дар охири ояти Ғалотиён 2:20 чӣ суханони дилгармкунандае омадаанд. Павлус гуфт: «Писари Худо... маро дӯст дошт ва ҳаёташро барои ман фидо кард». Павлус фикр намекард, ки Яҳува дигар бародару хоҳаронро барои хислатҳои хубашон дӯст медораду ӯро не. Ӯ ба масеҳиёни румӣ гуфт: «Худо муҳаббаташро нисбати мо бо он нишон дод, ки ҳанӯз вақте гунаҳкор будем, Масеҳ бароямон мурд» (Рум. 5:8). Ба Яҳува ҳеҷ чиз халал намерасонад, ки ҳар як хизматгорашро дӯст дорад. Павлус сад фоиз медонист, ки муҳаббати Яҳува пурзӯр аст. Павлус медонист, ки Яҳува нисбати исроилиён хеле пурсабр буд. w21.04 саҳ. 22, сарх. 8–10

Муҳаббат ба Худо ин аст, ки амрҳои ӯро ба ҷо орем (1 Юҳ. 5:3).

Ҳангоми гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддас ба омӯзанда ёрдам кунед, ки Яҳуваро дӯст дорад. Чӣ тавр? Аз ҳар имконият истифода бурда диққати омӯзандаро ба хислатҳои Яҳува равона кунед. Ба омӯзанда ёрдам кунед, то ӯ фаҳмад, ки Яҳува Худои хушбахт аст ва касонеро, ки Ӯро дӯст медоранд, дастгирӣ мекунад (1 Тим. 1:11; Ибр. 11:6). Ба омӯзанда нишон диҳед, ки агар чизҳои омӯхтаашро ба кор барад, манфиат мегирад ва ин гувоҳӣ медиҳад, ки Яҳува ӯро дӯст медорад (Иш. 48:17, 18). Чи қадаре ки муҳаббати омӯзанда ба Яҳува зиёд шавад, ҳамон қадар хоҳиши ӯ барои иҷро кардани хости Яҳува зиёдтар мегардад. Барои он ки омӯзанда пешравӣ карда таъмид гирад, ӯ бояд аз баҳри баъзе чизҳо гузарад. Ба баъзе омӯзандаҳо шояд лозим меояд, ки аз баҳри чизу чораашон гузаранд. Бисёриҳо бошанд, шояд дӯстоне доранд, ки аз онҳо бояд муносибаташонро кананд. Аз дигарон аъзои оилаашон, ки Шоҳидони Яҳуваро дӯст намедоранд, шояд рӯ гардонанд. Исо ваъда дода буд, ки касоне, ки ӯро пайравӣ мекунанд, ҳеҷ вақт ноумед намешаванд. Яҳува чунин шахсонро баракат дода ба онҳо оилае медиҳад, ки дар он ҳама якдигарро дӯст медоранд (Марқ. 10:29, 30). w21.06 саҳ. 4, сарх. 8, 9

Чашмонатонро бардоред ва ба киштзор назар андохта бинед, ки ҳосил барои дарав тайёр аст (Юҳ. 4:35).

Павлуси расул кори шогирдсозиро ба кишту кор монанд карда нишон дод, ки вазифаи мо набояд фақат тухмӣ коридан бошад. Ӯ ба қӯринтиён хотиррасон карда чунин гуфт: «Ман коштам, Апуллус об дод... шумо бошед, киштзори Худо» ҳастед (1 Қӯр. 3:6–9). Мо коргарони «киштзори Худо» мебошем. Барои ҳамин вақте мо мавъиза мекунем, тухмӣ мекорем ва вақте одамонро таълим медиҳем, гӯё ба киштзор об мемонем. Ҳамзамон мо дарк мекунем, ки он тухмиҳоро Худо месабзонад. Мавъиза ва таълим додани дигарон кори пуршараф аст ва аз ин кор мо хурсандии ҳақиқӣ меёбем. Павлуси расул, ки ба бисёр таслӯникиён барои шогирди Масеҳ шудан ёрдам дода буд, ҳиссиёти худро чунин баён кард: «Ҳангоми ҳузур доштани Ҳазратамон Исо умед, хурсандӣ ва тоҷи шодмонии мо дар пеши ӯ кист? Магар шумо нестед? Бале, ифтихору шодии мо шумоед» (1 Тас. 2:19, 20; Кор. 17:1–4). w21.07 саҳ. 3, сарх. 5; саҳ. 7, сарх. 17

Ягонтои ин хурдонро хор надоред (Мат. 18:10).

Яҳува ҳар яки моро ба Худ ҷалб кардааст (Юҳ. 6:44). Тасаввур кунед, ки Яҳува аз байни миллиардҳо одамон дар дили шумо як чизи пурқиматеро дид, Ӯ пай бурд, ки дилатон соф аст ва шумо Ӯро дӯст дошта метавонед (1 Вақ. 28:9). Яҳува шуморо медонад, мефаҳмад ва дӯст медорад. Чӣ фикри дилгармкунандае! Чи тавре ки Яҳува нисбати шумо хеле ғамхор аст, ӯ ба ҳар як хоҳару бародарони ҷамъомад низ ғамхорӣ мекунад. Барои ин фикрро фаҳмондан Исо Яҳуваро ба чӯпон монанд кард. Агар аз сад гӯсфанд яктояш аз рама гум шавад, чӯпон чӣ кор мекунад? Ӯ «наваду нӯҳ гӯсфандашро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯйи гӯсфанди гумшудааш» меравад. Вақте чӯпон гӯсфандашро меёбад, ӯ онро ҷанг намекунад, балки хурсанд мешавад. Мо аз ин мисол чӣ меомӯзем? Барои Яҳува ҳар як гӯсфандаш азиз аст. Исо гуфта буд: «Падари осмонии ман низ намехоҳад, ки ҳатто яке аз ин хурдон нобуд шавад» (Мат. 18:12–14). w21.06 саҳ. 20, сарх. 1, 2

Ба Худо наздик шавед (Яъқ. 4:8).

Вақте мо дар бораи муҳаббати пойдори Яҳува фикр мекунем, меҳрамон ба ӯ зиёдтар мешавад, пайванди дӯстиамон бошад, устувортар мегардад (Рум. 8:38, 39). Ба намунаи Исо пайравӣ мекунем (1 Пет. 2:21). Дар арафаи Шоми ёдбуд мо дар бораи ҳафтаи охирини ҳаёти заминӣ, марг ва зиндашавии Исо мулоҳиза меронем. Дар нутқи Шоми ёдбуд бошад, бародар мегӯяд, ки Исо то чӣ андоза моро дӯст медорад (Эфс. 5:2; 1 Юҳ. 3:16). Инчунин дар бораи фидокории Исо хондану мулоҳиза рондан кумак мекунад, ки мо низ «мисли ӯ ҳаёт ба сар» барем (1 Юҳ. 2:6). Ғайрат мекунем, ки минбаъд низ сазовори муҳаббати Худо гардем (Яҳд. 20, 21). Агар мо ҷадал кунем, ки ба Яҳува итоаткор бошем, номашро муқаддас гардонем ва дилашро хурсанд кунем, бешак сазовори муҳаббати ӯ мешавем (Пнм. 27:11; Мат. 6:9; 1 Юҳ. 5:3). Шоми ёдбуд ба мо қувват мебахшад, то ки ҳар рӯзи ҳаётамон ба Яҳува чунин гуфта тавонем: «Ман мехоҳам то абад сазовори муҳаббати ту гардам». w22.01 саҳ. 23, сарх. 17; саҳ. 25, сарх. 18, 19

Барои худ интихоб кунед, ки ба кӣ хизмат мекунед (Юшаъ 24:15).

Мо соҳибихтиёр ҳастем. Мо худамон интихоб карда метавонем, ки чӣ гуна зиндагӣ кунем. Агар ба Худои меҳрубонамон хизмат карданро интихоб кунем, ӯ аз ин хурсанд мешавад (Заб. 84:11; Пнм. 27:11). Дар бисёр соҳаҳои ҳаётамон мо аз ин туҳфаи Яҳува истифода бурда, қарорҳои дуруст қабул карда метавонем. Исо ба мо намуна гузошт, ки манфиати дигаронро аз манфиати худ боло гузорем. Агар мо ба намунаи Исо пайравӣ карданро интихоб кунем, манфиати дигаронро аз манфиати худамон боло мегузорем. Масалан, боре, вақте Исо ва расулонаш хеле хаста буданд, онҳо ба ҷойи ором рафта дам гирифтан мехостанд. Аммо онҳо ба мақсадашон нарасиданд, зеро мардуми бисёре ташнаи суханони Исо гашта онҳоро ёфтанд. Ӯ аз ин асабонӣ нашуд, баръакс, дилаш ба одамон сӯхт. Пас, ӯ чӣ кор кард? Исо «чизҳои бисёрро ба онҳо таълим додан гирифт» (Марқ. 6:30–34). Вақте мо ба намунаи Исо пайравӣ карда вақту қувватамонро барои ёрдами дигарон сарф мекунем, ба Падари осмониамон ҷалол меорем (Мат. 5:14–16). w21.08 саҳ. 3, сарх. 7, 8

Бигзор ҳар кас аз кори худ хурсандӣ гирад, бе он ки худро бо дигарон муқоиса кунад (Ғал. 6:4).

Яҳува гуногуниро дӯст медорад. Инро дар офаридаҳои беҳамтояш дидан мумкин аст. Масалан, растаниҳо, ҳайвонҳо ва одамон низ гуногунанд. Ҳар яки мо бемислу монандем, аз ин рӯ Яҳува ҳеҷ вақт моро бо дигарон муқоиса намекунад. Ӯ дили моро мебинад ва медонад, ки мо дар асл чӣ гунаем (1 Подш. 16:7). Инчунин ӯ қувват, сустиҳо ва саргузашти моро ба назар мегирад. Ӯ аз мо кореро, ки ба он қувватамон намерасад, талаб намекунад. Мо бояд ба Яҳува пайравӣ карда ба худ бо чашми ӯ нигоҳ кунем. Он гоҳ мо ба худ солимфикрона баҳо медиҳем, на паст ва на баланд (Рум. 12:3). Аз намунаи хуби дигарон ибрат гирифта метавонем. Масалан, мо бародар ё хоҳареро медонем, ки кори мавъизаро хеле хуб ба ҷо меорад (Ибр. 13:7). Мо бо ёрдами онҳо маҳорати мавъизакуниамонро беҳтар карда метавонем (Флп. 3:17). Лекин ба касе пайравӣ кардану худро бо касе муқоиса кардан фарқ дорад. w21.07 саҳ. 20, сарх. 1, 2

Чашмони худро сӯйи осмон бардошта, бубинед: Кӣ ҳамаи инро офаридааст? (Иш. 40:26).

Ҳайвонот, наботот ва ситораҳоро мушоҳида карда имонатонро ба Офаридгор мустаҳкам гардонда метавонед (Заб. 19:1). Ҳар қадаре ки шумо дар бораи ин чизҳо омӯзед, ҳамон қадар дилпур мегардед, ки Яҳува Офаридгор аст. Вақте шумо чизҳои гирду атрофро меомӯзед, бодиққат мулоҳиза кунед, ки аз онҳо дар бораи Офаридгор чӣ омӯхта метавонед (Рум. 1:20). Масалан, офтоб гармӣ ва нурҳое медиҳад, ки барои ҳаёт дар замин хеле муҳим аст, вале баъзе аз нурҳои он ба мисли нурҳои ултрабунафш зараровар буда метавонад. Одамон бояд аз чунин нурҳо муҳофизат карда шаванд ва мо аллакай муҳофизат карда шудаем. Чӣ тавр? Замини мо бо қабати озонӣ пӯшонида шудааст, ки он моро аз ин нурҳои зараровар чун сипар муҳофизат мекунад. Вақте нурҳои зараровари ултрабунафш баландтар мешавад, миқдори гази озонӣ низ меафзояд. Магар ин ҷараён худ ба худ пайдо шуда метавонист? Оё он аз меҳрубониву ғамхории Офаридгори бохирад шаҳодат намедиҳад? w21.08 саҳ. 17, сарх. 9, 10

Касе, ки Худоро дӯст медорад, бародари худро низ бояд дӯст дорад (1 Юҳ. 4:21).

Баъди таъмид гирифтани шахс мо бояд минбаъд низ ӯро дӯст дорему эҳтиром кунем (1 Юҳ. 4:20). Чӣ тавр мо инро нишон медиҳем? Масалан, мо ҳеҷ гоҳ нияти хуби ӯро зери шубҳа намемонем. Агар рафторашро пурра нафаҳмем ҳам, мо фикр намекунем, ки ӯ ин ё он корро аз рӯйи худбинӣ кардааст. Баръакс, мо бародар ё хоҳарамонро аз худ боло дониста, ба ӯ ҳурмату иззатамонро нишон медиҳем (Рум. 12:10; Флп. 2:3). Дар асл, мо бояд нисбати ҳама одамон раҳмдилу меҳрубон бошем. Агар хоҳем, ки Яҳува то абад Падари мо бошад, мо бояд маслиҳатҳои Каломашро дар ҳаётамон ба кор барем. Барои мисол, Исо таълим медод, ки мо нисбати ҳама одамон, ҳатто нисбати душманонамон низ, меҳрубону раҳмдил бошем (Луқ. 6:32–36). Аммо шояд баъзан ин бароямон осон нест. Агар чунин бошад, мо бояд мисли Исо фикру рафтор карданро ёд гирем. Вақте ки мо аз сидқи дил ба Яҳува итоат ва ба Исо пайравӣ мекунем, ба Падари осмониамон нишон медиҳем, ки то абад узви оилаи ӯ будан мехоҳем. w21.08 саҳ. 6, сарх. 14, 15

Бубинед, ки оё равзанаҳои осмонро барои шумо намекушоям ва шуморо аз баракату неъмати фаровон лабрез намесозам (Мал. 3:10).

Ба Яҳува такя карданро ёд гиред. Яҳува ваъда медиҳад, ки агар мо ба ӯ бовар карда чизи беҳтаринамонро диҳем, моро бо фаровонӣ баракат медиҳад. Дар Китоби Муқаддас намунаи шахсони зиёд оварда шудаанд, ки барои хизмати Яҳува талош карданд. Дар бисёр мавридҳо онҳо танҳо баъди бовариашонро ба Яҳува нишон додан соҳиби баракати ӯ шуданд. Масалан, Яҳува Иброҳимро танҳо баъди зодгоҳашро тарк кардан баракат дод, ҳарчанд Иброҳим «намедонист, ки ба куҷо меравад» (Ибр. 11:8). Яъқуб низ танҳо баъди бо фаришта гӯштин гирифтанаш соҳиби баракати махсус гашт (1 Мӯсо 32:24–30). Халқи Исроил пеш аз он ки ба Замини ваъдашуда дохил шаванд, бояд аз дарёи Урдун мегузаштанд. Обҳои Урдун танҳо баъди ба дарё қадам мондани коҳинон бозистод (Юшаъ 3:14–16). Шумо ҳамчунин аз хизматгорони замони мо, ки ба Яҳува такя карданду ба мақсадашон расиданд, манфиат гирифта метавонед. w21.08 саҳ. 29, 30, сарх. 12–14

Нагӯй, ки «чаро рӯзҳои пештара аз ҳозира беҳтар буданд?» (Пандгӯ 7:10).

Бародару хоҳарони пиронсол, шумо медонед, ки бо кадом тарзҳо пеш ба Яҳува хизмат мекардем, аммо боз мефаҳмед, ки бояд тарзи хизматамонро ба вазъияти имрӯза мутобиқ кунем. Ҳамчунин шумо, пиронсолоне, ки ба наздикӣ таъмид гирифтед, ба дигарон аз бисёр ҷиҳат ёрдам дода метавонед. Ҷавонон аз шунидани таҷрибаю дарсҳое, ки шумо омӯхтед, хурсандӣ мегиранд. Агар дарсҳоеро, ки аз ҳаёт гирифтед, ба дигарон «бидиҳед», Яҳува шуморо бисёр баракат медиҳад (Луқ. 6:38). Пиронсолони азиз, вақте шумо бо ҷавонон муносибати наздик пайдо мекунед, мададгору ёвари ҳамдигар мегардед (Рум. 1:12). Ҳар кадоматон аз якдигар ягон чизи даркориро мегиред. Шахсони пиронсол хирад ва таҷрибае доранд, ки дар давоми ҳаёташон ба даст овардаанд. Ҷавонон бошанд, чолоку боқувватанд. Барои ҳамин, агар ҷавонону пиронсолон чун дӯст ҳамкорӣ кунанд, онҳо ба Падари меҳрубони осмониамон ҷалол меоранду ба тамоми ҷамоат баракат. w21.09 саҳ. 8, сарх. 3; саҳ. 13, сарх. 17, 18

Мо дар бораи Масеҳ, ки дар сутун кушта шуд, сухан мегӯем ва ин барои яҳудиён санги пешпо [мебошад] (1 Қӯр. 1:23).

Он ки Исоро дар сутун ба қатл расонданд, барои бисёриҳо санги монеа гашт. Чаро? Ин тавр мурдани Исоро дида ба назари онҳо чунин тофт, ки ӯ ҷинояткор ва гунаҳкор аст. Барои ҳамин онҳо ба Масеҳ будани ӯ имон наоварданд (Такр. Ш. 21:22, 23). Яҳудиёне, ки Исоро рад карданд, фаҳмидан намехостанд, ки Исо бегуноҳ аст, ӯро бардурӯғ айбдор карда беадолатона муносибат намуданд. Онҳое, ки Исоро суд карданд, адлу инсофро тамоман поймол сохтанд. Онҳо барои суд кардани Исо саросемавор ҷамъ омаданд ва қоидаҳои судиро умуман риоя накарданд (Луқ. 22:54; Юҳ. 18:24). Ба ҷойи он ки айбу далелҳоро дар бораи Исо бе рӯйбинӣ гӯш кунанд, онҳо худашон «асос мекофтанд, то Исоро бардурӯғ айбдор карда, ба қатл расонанд» (Мат. 26:59; Марқ. 14:55–64). Баъди аз марг эҳё шудани Исо низ он доварони беинсоф як кори хеле бад карданд. Онҳо ба сарбозони румӣ, ки қабри Исоро посбонӣ мекарданд, «тангаҳои нуқрагини зиёде дода» фармуданд, то овозаи бардурӯғ паҳн кунанд, ки гӯё шогирдонаш ҷасади ӯро дуздида бошанд (Мат. 28:11–15). w21.05 саҳ. 11, сарх. 12, 13

Он рӯз ва соатро ғайр аз Падар ҳеҷ кас намедонад: на фариштагони осмону на Писар (Мат. 24:36).

Яҳува барвақт метавонист ба ин бадиҳо хотима бахшад, лекин ӯ сабру тоқат зоҳир мекунад ва мо аз ин манфиати калон мегирем. Тамоми насли Одаму Ҳавво нокомил ба дунё меоянд. Ба ҳар ҳол Яҳува онҳоро дӯст медорад ва нисбаташон ғамхорӣ мекунад. Ӯ ваъда медиҳад, ки ба ин бадиҳо хотима мебахшад (1 Юҳ. 4:19). Ва Ӯ рӯзеро таъйин кардааст, ки ба тамоми ранҷу азоби одамизод нуқта мемонад. Агар Яҳува аз муҳаббат ба мо ин қадар сабру тоқат кунад, пас, магар мо ҳам набояд чи қадаре лозим бошад, истодагарӣ кунем? Яҳува дар истодагарӣ намунаи беҳтарин аст. Исо пурра ба истодагарии Яҳува пайравӣ мекард. Вақте Исо ба замин омад, ӯ барои мо шуда ба суханони пастзананда, шармандагӣ ва сутуни азоб тоб овард (Ибр. 12:2, 3). Намунаи истодагарии Яҳува бешубҳа ба Исо қувват бахшид, ки то охир истодагарӣ кунад. Ва, албатта, он ба мо низ қувват бахшида метавонад. w21.07 саҳ. 12, 13, сарх. 15–17

Раҳмдил бошед, чуноне ки Падари шумо раҳмдил аст (Луқ. 6:36).

Падари осмониамон ҳар яки моро ҳар рӯз мебахшад (Заб. 103:10–14). Ҳарчанд пайравони Исо нокомил буданд, ӯ бо онҳо меҳрубонона муносибат мекард ва онҳоро мебахшид. Ӯ ҳатто бо омодагӣ ҳаёташро қурбон кард, то гуноҳҳои мо бахшида шаванд (1 Юҳ. 2:1, 2). Агар мо бародарону хоҳаронро «аз таҳти дил» бахшем, пайванди муҳаббатамон бо онҳо мустаҳкамтар мешавад (Эфс. 4:32). Албатта, баъзан барои мо бахшидани дигарон хеле душвор буда метавонад, барои ҳамин мо бояд кӯшиш кунем. Ба як хоҳар мақолаи «Якдигарро аз таҳти дил бахшед», аз «Бурҷи дидбонӣ» ёрдам кард, ки чунин амал кунад. Ӯ менависад: «Дар мақола фаҳмонда шудааст, ки бо омодагӣ дигаронро бахшидан маънои онро надорад, ки кори кардаи онҳоро дуруст меҳисобем ё он моро наранҷондааст. Балки бахшидан маънои онро дорад, ки мо нисбати онҳо кина намегирем ва дар диламон оромиро нигоҳ медорем». Вақте мо бародару хоҳаронро мебахшем, ба Яҳува пайравӣ карда ба онҳо муҳаббат нишон медиҳем. w21.09 саҳ. 23, 24, сарх. 15, 16

Онҳое ки [Худоро] парастиш мекунанд, бояд ба... ростӣ парастиш кунанд (Юҳ. 4:24).

Исо ҳақиқатро дар бораи Худо ва ниятҳои ӯ дӯст медошт. Ӯ мувофиқи ин ҳақиқат зиндагӣ карда дар бораи он ба дигарон гап мезад (Юҳ. 18:37). Пайравони аслии Исо низ ҳақиқатро хеле дӯст медоштанд (Юҳ. 4:23). Петруси расул эътиқоди масеҳиёнро «роҳи ростӣ» номид (2 Пет. 2:2). Масеҳиёни пешин аз сабаби ҳақиқатро зиёд дӯст доштанашон ақидаҳои динӣ, расму оинҳои маҳаллӣ ва ҳатто ақидаҳои дӯстдоштаашонро, ки бар зидди ҳақиқат буд, рад менамуданд (Қӯл. 2:8). Имрӯз низ масеҳиёни ҳақиқӣ бисёр кӯшиш мекунанд, ки «дар ростӣ роҳ» раванд, тамоми эътиқоди онҳо ва роҳи зиндагии онҳо айнан бар Каломи Яҳува асос меёбад (3 Юҳ. 3, 4). Шоҳидони Яҳува намегӯянд, ки онҳо ҳама вақт Китоби Муқаддасро пурра мефаҳманд. Баъзан онҳо ҳангоми фаҳмондани таълимоти Китоби Муқаддас ё тарзи ташкил додани ҷамоатҳо хато мекунанд. Вақте ягон фаҳмиши ҳақиқат ошкор мегардад онҳо ба он тағйироти лозимаро медароранд. w21.10 саҳ. 21, 22, сарх. 11, 12

Ҳар кӣ ба Яҳува такя кунад, меҳру вафояш ӯро нигаҳбон аст (Заб. 32:10).

Чи тавре ки дар қадим деворҳои гирди шаҳр одамони онро ҳимоя мекард, ба ин монанд меҳру вафои Яҳува моро аз ҳар чизе, ки ба муносибати мову ӯ хатар меорад, муҳофизат мекунад. Ғайр аз ин, меҳру вафои Яҳува аст, ки ӯ моро ба худ ҷалб мекунад (Ирм. 31:3). Забурнавис Довуд ба воситаи як ибораи дигар нишон дод, ки Яҳува халқашро ҳимоя мекунад. Ӯ навишт: «Худо, Худое, ки ба ман меҳру вафо мекунад, паноҳгоҳи ман аст». Ӯ боз дар бораи Яҳува чунин гуфт: «Ӯ бароям меҳру вафо ва қалъа аст. Ӯ паноҳгоҳ ва раҳокунандаи ман, сипари ман ва сарпаноҳи ман аст» (Заб. 59:17; 144:2). Чаро Довуд меҳру вафои Яҳуваро бо паноҳгоҳ ва қалъа алоқаманд кард? Дар куҷое ки зиндагӣ накунем, агар мо ба Яҳува хизмат карданро давом диҳем, ӯ моро ҳаматарафа муҳофизат мекунад, то муносибати бебаҳои худро бо ӯ нигоҳ дорем. w21.11 саҳ. 6, сарх. 14, 15

Дар бораи тамоми амалҳоят меандешам (Заб. 77:12).

Вақте Исо ва шогирдонаш дар баҳр ба тӯфон дучор шуданд, Исо аз фурсат истифода бурда ба онҳо фаҳмонд, ки аз кадом ҷиҳат бояд имонашонро бақувваттар гардонанд (Мат. 8:23–26). Вақте тӯфон сахттар шуду обҳои баҳр қариб буд, ки қаиқро ғарқ кунад, Исо хоб буд. Шогирдонаш ба ҳарос омада ӯро бедор карданд ва хоҳиш намуданд, ки онҳоро наҷот диҳад. Исо оромона аз онҳо пурсид: «Эй сустимонҳо, чаро ин қадар метарсед?» Оё шумо айни замон ба озмоишҳои тӯфонмонанд дучор шудаед? Шояд аз офати табиӣ зарар дидаед ё аз сабаби бемории вазнине сари калобаатонро гум кардаеду дилшикаста мебошед. Эҳтимол, баъзан шумо ташвишу хавотирӣ мекашед, вале нагузоред, ки ин ҳиссиёт барои ба Яҳува таваккал карданатон монеъ шавад. Дилатонро дар дуо холӣ кунед. Дар бораи лаҳзаҳое, ки Яҳува ба шумо кумак карда буд, мулоҳиза ронда имонатонро қавӣ гардонед (Заб. 77:11). Боварии комил дошта бошед, ки ӯ ҳеҷ гоҳ шуморо тарк намекунад. w21.11 саҳ. 22, сарх. 7, 10

Дуздӣ накунед (3 Мӯсо 19:11).

Баъзеҳо шояд фикр мекарданд, ки агар чизи дигаронро нагиранд, амри мазкурро ба ҷо меоранд. Вале онҳо бо дигар роҳҳо ба дуздӣ даст зада метавонистанд. Масалан агар савдогар ҳангоми чен кардани вазн ё ҳаҷм барои фиреб додани харидор беинсофӣ мекард, ба маъное ӯро ғорат менамуд. Дар китоби 3 Мӯсо боби 19 ояти 13 дуздӣ бо беинсофӣ муқоиса шудааст, ки дар кору фаъолият дида мешавад. Дар ин оят гуфта шудааст: «Ҳаққи каси дигарро нахӯр». Маълум мешавад, ки ҳаққи касеро хӯрдан ҳам дуздӣ, ҳам ғоратгарӣ ҳисоб меёбад. Агарчи амри ҳаштум дар бораи дуздӣ аст, тафсилоте, ки дар 3-юми Мӯсо оварда мешавад ба мо кумак мекунад, ки мақсади амри ҳаштумро ҳаматарафа дарк карда, онро ба ҷо орем. Мо низ имрӯз агар ба беинсофӣ ва дуздӣ чун Яҳува муносибат кунем, манфиат мегирем. Мисол аз худ пурсида метавонем: Оё ман аз рӯйи гуфтаҳои 3 Мӯсо 19:11–13 амал мекунам? Оё кору бори ман аз рӯйи инсоф аст? w21.12 саҳ. 9, 10, сарх. 6–8

Чи тавре ки Яҳува шуморо аз таҳти дил бахшид, шумо низ ҳамин тавр кунед (Қӯл. 3:13).

Ҳар рӯз дар дуоҳои шахсӣ ба Яҳува гӯед, ки дар давоми рӯз ба чӣ хатогиҳо роҳ додед ва сипас аз Ӯ бахшиш пурсед. Албатта, агар гуноҳи ҷиддӣ содир карда бошед, аз пирон низ кӯмак пурсидан лозим аст. Онҳо шуморо гӯш мекунанд ва дар асоси Каломи Худо бо муҳаббат маслиҳат медиҳанд. Онҳо ҳамроҳи шумо дуо гуфта аз Яҳува барои гуноҳатон бахшиш мепурсанд, то шумо аз нав рӯҳан «шифо ёбед» (Яъқ. 5:14–16). Инчунин хуб мебуд оиди фидия мулоҳиза ронед. Шояд шумо вақте дар бораи то чӣ андоза сахт азоб кашидани Писари Худо фикр мекунед, ин бароятон дарднок аст. Вале чи қадаре ки бештар дар бораи қурбонии Исо мулоҳиза ронед, ҳамон қадар муҳаббататон ба ӯ ва ба Яҳува зиёд мегардад. Ҳар сол мо ба маросими Шоми ёдбуди марги Масеҳ рафта ва дигаронро низ ба он даъват карда миннатдории худро барои фидия зиёд мегардонем. Чӣ шарафи бузургро Яҳува ба мо додааст, ки дар бораи Писараш ба дигарон таълим диҳем! w21.04 саҳ. 18, 19, сарх. 13–16

Ӯ чизҳои бисёрро ба онҳо таълим додан гирифт (Марқ. 6:34).

Биёед ба ёд орем, ки вақте Исоро дар доманаи кӯҳ мардуми бисёр пешвоз гирифт, ӯ чӣ кор кард. Он рӯз Исо шаби дароз дуо гуфт, барои ҳамин эҳтимоли зиёд аст, ки хастаю бемадор буд. Лекин дар байни халқ камбағалон ва беморонро дида дилаш сӯхт. Аз ин рӯ Исо на танҳо бисёр касонро шифо дод, инчунин суханони таъсирбахшеро гуфт, ки имрӯз чун Суханронии болои кӯҳ машҳур аст (Луқ. 6:12–20). Исо инчунин вақташро аз дигарон дареғ намедошт. Тасаввур карда метавонед, ки вақте Исо фаҳмид, ки сари дӯсташ Яҳёи Таъмиддиҳандаро аз тан ҷудо карданд, чӣ ҳис кард? Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки «Исо [хабари марги Яҳёро] шунида ба қаиқ савор шуд ва ба ҷойи беодаме рафт, то танҳо бимонад» (Мат. 14:10–13). Лекин ба ҷойи даркорӣ расидан замон Исо дид, ки мардуми зиёде пеш аз ӯ ба он ҷо омадаанд (Марқ. 6:31–33). Ӯ медид, ки мардум рӯҳан ташна аст, аз ин рӯ барои қонеъ намудани ниёзашон шитоб кард (Луқ. 9:10, 11). w22.02 саҳ. 21, сарх. 4, 6

Бо ҳамаи одамон муросо кунед (Рум. 12:18).

Агар фаҳмем, ки касе аз мо ранҷидааст, бояд чӣ кор кунем? Мо бояд дар дуо аз Яҳува кумак пурсем. Хоҳиш кунем, ки мадад расонад, то бо бародарамон оштӣ шавем. Ба мо лозим аст, ки ҳамчунин дар бораи рафторамон андеша кунем. Масалан, аз худ пурсида метавонем: «Оё ман тайёрам, ки ғурурамро як тараф монда, фурӯтаниро пеша кунам ва барои оштӣ шудан бахшиш пурсам? Агар ман барои бо бародар ё хоҳар оштӣ шудан якум шуда қадам гузорам, Яҳува ва Исо чӣ ҳис мекунанд?» Ҷавоби самимиамон кумак мекунад, то ба гапи Исо гӯш дода, фурӯтанона бо ҳамимонамон оштӣ шавем. Вақте мо назди ҳамимонамон оштишавӣ меравем, бояд фурӯтаниро пеша кунем (Эфс. 4:2, 3). Мо бояд бо мақсади дили бародари ранҷидаамонро ёфтан наздаш равем. Дар ёд доред, ки назар ба муайян кардани он ки кӣ айбдор аст, дили бародарро ба даст овардан муҳимтар аст (1 Қӯр. 6:7). w21.12 саҳ. 26, сарх. 13–16

[Исо] ба [шаҳр] назар карда, ба ҳолаш гиря кард (Луқ. 19:41).

Исо афсӯс хӯрд, ки аксар сокинон хушхабарро нағз қабул намекунанд. Дар натиҷа, Ерусалим валангор мегардад, яҳудиёнро бошад, баъди хароб гаштани шаҳр ба асирӣ мебаранд (Луқ. 21:20–24). Мутаассифона, чи хеле ки Исо гуфт, аксар одамон ӯро қабул накарданд. Дар минтақаи шумо одамон ба ҳақиқат чӣ хел муносибат мекунанд? Агар ба хушхабар шумораи ками одамон гӯш диҳанд, шумо аз он ки Исо барои мардуми Ерусалим ашк рехт, чӣ дарс гирифта метавонед? Яҳува ба одамон ғамхорӣ мекунад. Оби дидаи Исо ба мо ёдрас мекунад, ки Яҳува дар бораи одамон чӣ сон ғамхорӣ мекунад. Яҳува «нобуд шудани касеро намехоҳад. Хости ӯ ин аст, ки ҳама ба тавба рӯ оранд» (2 Пет. 3:9). Имрӯз, вақте мо аз таҳти дил кӯшиш мекунем, то хушхабарро ба одамон нақл кунем, нишон медиҳем, ки онҳоро дӯст медорем (Мат. 22:39). w22.01 саҳ. 16, сарх. 10–12

Ҷонам ба ту часпидааст, дасти ростат маро сахт медорад (Заб. 63:8).

Имони шумо қавитар мегардад, агар мулоҳиза ронед, ки Яҳува барои халқаш аллакай чӣ кор кардааст ва чӣ тавр шахсан шуморо дастгирӣ мекунад. Аз ҳама муҳимаш муҳаббататон ба Яҳува зиёдтар мешавад. Муҳаббат назар ба дигар хислатҳо бештар ба шумо кумак мекунад, то ба Яҳува гӯш диҳед, ҳама вақт розигиашро ба даст оред ва дар ҳар гуна озмоишҳо истодагӣ намоед (Мат. 22:37–39; 1 Қӯр. 13:4, 7; 1 Юҳ. 5:3). Ҳеҷ чиз назар ба муносибати наздик бо Яҳува пурарзиштар буда наметавонад (Заб. 63:1–7). Дар ёд доред, ки дуо, омӯзиш ва мулоҳизаронӣ қисми ибодатамон мебошанд. Мисли Исо ягон ҷойи ором ёфта, бо Яҳува вақт гузаронед. Чизҳоеро, ки ҳушатонро парешон месозанд, аз худ дур кунед. Ҳангоми ибодати Яҳува аз ӯ мадад пурсед, то диққататонро ҷамъ карда тавонед. Агар аллакай имрӯз фурсатро ғанимат донед, Яҳува шуморо баракат медиҳад ва дар дунёи нав то абад зиндагӣ хоҳед кард (Марқ. 4:24). w22.01 саҳ. 31, сарх. 18–20

Аз бадӣ нафрат кунед (Рум. 12:9).

Фикрҳои мо ба рафторамон таъсир мекунанд. Барои ҳамин Исо моро таълим додааст, ки аз андешаҳое, ки ба гуноҳи ҷиддӣ меоранд, даст кашем (Мат. 5:21, 22, 28, 29). Мо мехоҳем ба Падари осмониамон маъқул бошем, ҳамин тавр не? Аз ин рӯ, вақте фикрҳои нодуруст ба сарамон меоянд, мо бояд дарҳол онҳоро аз худ дур созем! Исо гуфта буд: «Он чӣ аз даҳон мебарояд, аз дил берун меояд» (Мат. 15:18). Ҳақ асту рост! Гуфтори шахс дар бораи ӯ бисёр чизро маълум месозад. Бинобар ин аз худ пурсед: «Оё ман бар зарари худам бошад ҳам, доим гапи рост мегӯям? Чун шахси оиладор, бо ҷинси муқобил ишқварзӣ намекунам? Оё ман аз гуфтори бадахлоқона чун аз офат дурӣ меҷӯям? Вақте ягон кас суханони тез мезанад, ман оромона ҷавоб медиҳам?» Оиди ин саволҳо бодиққат андеша кардан манфиатовар аст. Агар мо кӯшиш карда аз гуфторамон суханони қабеҳ, дурӯғ ва бешармонаро канда гирем, он гоҳ одами куҳнаро партофтан бароямон осонтар мешавад. w22.03 саҳ. 5, сарх. 12–14

Хирад бо маслиҳатшунавон аст (Пнм. 13:10).

Онҳое, ки худашон маслиҳат мепурсанд ва интизор намешаванд, ки касе омада ба онҳо маслиҳат диҳад, одатан қарорҳои хирадмандона мебароранд. Аз ин рӯ якум шуда маслиҳат пурсед. Дар кадом мавридҳо аз дигарон маслиҳат пурсидан мумкин? Биёед баъзеашро мисол орем. 1) Хоҳаре метавонад аз воизи ботаҷриба хоҳиш кунад, то дар омӯзишаш иштирок намуда ба ӯ маслиҳат диҳад, то маҳорати таълимдиҳиаш беҳтар гардад. 2) Хоҳари муҷаррад ҳангоми харидани либос аз хоҳари рӯҳан баркамол хоҳиш мекунад, ки дар интихоби либос ба ӯ кумак расонад. 3) Бародаре, ки якум бор бо нутқи оммавӣ баромад мекунад, аз ягон нотиқи бомаҳорат хоҳиш карда метавонад, ки ҳангоми баромадаш ӯро бодиққат гӯш кунад ва баъд маслиҳат диҳад, ки аз кадом ҷиҳат бояд беҳтар гардад. Ҳатто бародароне, ки солҳои зиёд бо нутқ баромад мекунанд, хуб мебуд, ки аз нотиқони ботаҷриба маслиҳат пурсанд ва аз рӯйи он амал кунанд (Пнм. 19:20). w22.02 саҳ. 13, сарх. 15–17

Ман танҳо нестам, балки Падар, ки маро фиристодааст, бо ман аст (Юҳ. 8:16).

Яҳува чи хеле ки Исоро ҳангоми дар замин буданаш дӯст медошт ва дар бораи ӯ ғамхорӣ мекард, моро низ дӯст медораду дар ҳаққамон ғамхорӣ мекунад (Юҳ. 5:20). Яҳува ба Исо ёрдам медод, ки имонашро мустаҳкам нигоҳ дорад, ҳангоми душвориҳояш ӯро рӯҳбаланд менамуд ва дар бораи ниёзҳои ҷисмониаш ғамхорӣ мекард. Ғайр аз ин, Яҳува ба Писараш гуфт, ки ӯро дӯст медораду аз ӯ розӣ аст (Мат. 3:16, 17). Исо медонист, ки Падари осмониаш ҳамеша бо ӯст ва барои ҳамин худро ҳеҷ гоҳ танҳо ҳис намекард. Мисли Исо ҳамаи мо муҳаббати Яҳуваро дар худ борҳои зиёд ҳис кардаем. Як тасаввур кунед: Яҳува моро ба дӯстӣ қабул кард, бароямон бисёр бародару хоҳарони меҳрубоне дод, ки моро хушбахт месозанд, дар душвориҳо дастгирӣ мекунанд ва дар ғаму шодӣ шарики моянд (Юҳ. 6:44). Инчунин барои мустаҳкам нигоҳ доштани имонамон Яҳува ба мо ҳама чизи лозимаро медиҳад. Ӯ ҳатто ба мо ёрдам мекунад, ки барои ҳаёт чизҳои зарурӣ дошта бошем (Мат. 6:31, 32). Вақте мо дар бораи ин муҳаббати Яҳува фикр мекунем, меҳрамон ба ӯ зиёд мегардад. w21.09 саҳ. 22, сарх. 8, 9

Одами куҳнаро бо корҳояш аз тан кашида партоед (Қӯл. 3:9).

Пеш аз сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас бо Шоҳидони Яҳува шумо чӣ гуна инсон будед? Ба бисёри мо гузаштаро ба ёд овардан маъқул нест, зеро нуқтаи назар ва шахсияти моро пурра ин ҷаҳон шакл дода буд. Мо ба неку бад аз назари ин ҷаҳон баҳо медодем. Бале, мо «дар ҷаҳон бе умед ва аз Худо бехабар» будем (Эфс. 2:12). Вале Китоби Муқаддасро омӯзиш карда шумо фаҳмидед, ки Падари осмонӣ доред, ки хеле дӯстатон медорад. Фаҳмидед, ки барои розигии Яҳуваро ба даст овардану узви оилаи ӯ шудан бояд тарзи ҳаёт, нуқтаи назар ва фикррониатонро комилан тағйир диҳед. Сипас бояд мувофиқи меъёрҳои баланди ахлоқии ӯ зиндагӣ намоед (Эфс. 5:3–5). Офаридгор ва Падари осмониамон Яҳува ҳақ дорад талаб кунад, ки аъзои оилааш бояд чӣ гуна рафтор дошта бошад. Барои ҳамин ӯ талаб мекунад, ки пеш аз таъмид гирифтан мо кӯшиш карда «одами куҳнаро бо корҳояш аз тан кашида» партоем. w22.03 саҳ. 2, сарх. 1–3

Ман гӯсфандони дигаре ҳам дорам (Юҳ. 10:16).

Гӯсфандони дигар маросими Шоми ёдбудро мушоҳида карда хурсандӣ мегиранд ва оиди умедашон мулоҳиза ронда метавонанд. Онҳо бесаброна нутқи Шоми ёдбудро интизор мешаванд. Дар ин суханронӣ гап асосан дар бораи он меравад, ки чӣ тавр Масеҳ ва 144 000 подшоҳон тӯли подшоҳии ҳазорсола барои одамони бовафо чӣ кор мекунанд. Зери роҳбарии Шоҳ Исои Масеҳ ин ҳокимони осмонӣ заминро ба биҳишт табдил дода, одамони итоаткорро ба комилият мерасонанд. Инчунин дар бораи иҷрошавии пешгӯйиҳо аз китоби Ишаъё 35:5, 6; 65:21–23 ва Ошкорсозӣ 21:3, 4 фикр карда, миллионҳо мушоҳидагарони Шоми ёдбуд ба ҳайрат меоянд. Вақте онҳо тасаввур мекунанд, ки чӣ тавр наздиконашонро дар дунёи нав вомехӯранд, умедашон ба оянда устувор мегардад ва бо азми қавӣ хизмати Яҳуваро давом медиҳанд (Мат. 24:13; Ғал. 6:9). w22.01 саҳ. 21, сарх. 5–7

Хониши Китоби Муқаддас дар айёми Шоми ёдбуд: (воқеаҳои 9-уми найсон, баъди ғуруби офтоб) Матто 26:6–13

Фарзанди одам... барои он омад, ки... ҷонашро барои бисёр касон фидо намояд (Марқ. 10:45).

Фидия чист? Исо ҳаёташро фидо кард, то ки чизи гумкардаи Одамро аз нав ба даст орад (1 Қӯр. 15:22). Барои чӣ овардани фидия муҳим буд? Чунки меъёри адолати Яҳува, ки дар Шариаташ муқаррар карда буд, талаб мекард, ки ҳаёт бар ивази ҳаёт дода шавад (Хур. 21:23, 24). Одам ҳаёти худро чун инсони комил аз даст дод. Барои он ки меъёри адолати Яҳува вайрон нашавад, Исо ҳаёти комили худро қурбон кард (Рум. 5:17). Ҳамин тариқ Исо барои ҳамаи онҳое, ки ба фидияи ӯ имон зоҳир мекунанд, «Падари ҷовид» мегардад (Иш. 9:6; Рум. 3:23, 24). Чаро Исо бо омодагӣ ҳаёташро қурбон кард? Чунки ҳам Падари осмониаш ва ҳам одамонро хеле дӯст медорад (Юҳ. 14:31; 15:13). Маҳз ин муҳаббат ба ӯ қувват бахшид, ки бо азми қавӣ беайбиашро то охир нигоҳ дорад ва иродаи Падарашро иҷро намояд. Исо то дами марг содиқ монд ва ба шарофати ин нияти аввалаи Яҳува нисбати инсоният ва замин амалӣ мегардад. w21.04 саҳ. 14, сарх. 2, 3

Хониши Китоби Муқаддас дар айёми Шоми ёдбуд: (воқеаҳои 9-уми найсон, рӯзона) Матто 21:1–11, 14–17