Январ
Якшанбе, 1 январ
Онҳо роҳнамоёни кӯранд (Мат. 15:14).
Исо далерона роҳбарони динии замони худро танқид мекард, зеро онҳо ба одамон бо тарзи дуруст ибодат кардани Худоро ёд намедоданд. Масалан, ӯ дурӯягии фарисиёнро фош мекард, зеро онҳо назар ба ғамхорӣ кардан ба волидони худ бештар дар бораи чӣ тавр шустани дастон ташвиш мехӯрданд (Мат. 15:1–11). Гарчанд роҳбарони динӣ аз суханони Исо ба ғазаб меомаданд, ӯ минбаъд низ натарсида ҳаққи гапро мегуфт. Исо инчунин таълимоти дурӯғро фош мекард. Ӯ нишон медод, ки на ҳар як ақидаи динӣ ба Худо писанд аст. Баръакс, вай мефаҳмонд, ки роҳи васеъ, ки бисёри одамон бо он мераванд, ба ҳалокат мебарад ва танҳо шумораи ками одамон бо роҳи танг, ки сӯйи ҳаёт мебарад, мераванд (Мат. 7:13, 14). Чуноне ки Исо равшан қайд кард, баъзеҳо даъво мекарданд, ки ба Худо хизмат мекунанд, вале дар асл ин тавр набуд. Ӯ огоҳ кард: «Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт шавед, ки ба намуди гӯсфанд назди шумо меоянду дар асл гургони даррандаанд. Шумо онҳоро аз корҳояшон хоҳед шинохт» (Мат. 7:15–20). w21.05 саҳ. 9, сарх. 7, 8
Рӯяш дигар ғамгин набуд (1 Подш. 1:18).
Шавҳари Ҳанно Элқоно марди левизодае буд, ки Ҳанноро хеле дӯст медошт. Лекин шавҳараш зани дигаре дошт ва номи ӯ Фанинно буд. Ҳарчанд «Фанинно фарзанд дошт, аммо Ҳанно бефарзанд буд», Элқоно Ҳанноро назар ба Фанинно бисёртар дӯст медошт. Аз пушти фарзанддории худ Фанинно бо тамасхур «доимо ба Ҳанно суханони нешдор гуфта дилашро сиёҳ мекард». Ин кори Фанинно ба Ҳанно чунон сахт мерасид, ки «ӯ гиря мекард ва чизе намехӯрд». Бо вуҷуди ин, дар ягон ҷойи Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки Ҳанно қасд гирифта бошад. Баръакс, ӯ дилашро ба Яҳува холӣ кард ва ҳалли ин масъаларо ба дасти ӯ супорид (1 Подш. 1:2, 6, 7, 10). Мо аз мисоли Ҳанно чӣ дарс мегирем? Агар ягон шахс дар мавриди чизе бо шумо рақобат кунад, дар ёд доред, ки шумо вазъиятро идора карда метавонед. Чӣ тавр? Шумо мисли ӯ рафтор накунед, яъне исбот накунед, ки аз ӯ беҳтаред. Ба ҷойи дар ивази бадӣ бадӣ кардан, ҳаракат кунед, ки сулҳҷӯ бошед (Рум. 12:17–21). Ҳатто агар он шахс дигар нашавад ҳам, шумо дар дил оромӣ ва хурсандиро нигоҳ хоҳед дошт. w21.07 саҳ. 17, сарх. 13, 14
Ҳушёр бошед ва аз ҳар гуна чашмгушнагӣ дурӣ ҷӯед (Луқ. 12:15).
Азбаски Яҳудои Исқарют чашмгурусна шуд, ӯ ба кори хеле бад даст зад ва оқибат Исоро фурӯхт. Лекин Яҳудо дар аввал одами ганда набуд (Луқ. 6:13, 16). Яҳудо аз афташ одами қобилиятнок ва боваринок буд, чунки Исо ба вай бо дилпурӣ қуттии пулро супорида буд. Вале бо гузашти вақт Яҳудо аз он пулҳо медуздидагӣ шуд, ҳарчанд ӯ борҳо огоҳии Исоро дар бораи чашмгуруснагӣ шунида буд (Марқ. 7:22, 23; Луқ. 11:39). Чашмгуруснагии Яҳудо ҳангоми як воқеае, ки каме пеш аз марги Исо рӯй дод, маълум гашт. Боре Исо ва шогирдонаш, аз он ҷумла Марям ва апааш Марто дар хонаи Шимъӯни махавӣ меҳмон шуданд. Дар вақти хӯрокхӯрӣ Марям аз ҷой хеста ба сари Исо равғани хушбӯйи қиматбаҳоро рехт. Яҳудо ва дигар шогирдон инро дида ба ғазаб омаданд. Шояд шогирдони дигар фикр карданд, ки пули онро барои ёрдами камбағалон истифода баранд, беҳтар мебуд. Лекин нияти Яҳудо тамоман дигар буд, чунки ӯ «дузд буд» ва аз пулҳои қуттӣ дуздидан мехост (Юҳ. 12:2–6; Мат. 26:6–16; Луқ. 22:3–6). w21.06 саҳ. 18, сарх. 12, 13
Вой бар ҳоли ман! Кӣ маро... наҷот медиҳад? (Рум. 7:24).
Оё шумо баъзан ҳис мекунед, ки коратон аз мӯи саратон зиёд аст ва шумо аз ӯҳдаи ҳамаи он баромада наметавонед. Павлус низ баъзан худро чунин ҳис мекард. Ӯ низ одами серкор буд, вай на танҳо дар бораи як ҷамъомад, балки дар бораи ҳамаи ҷамъомадҳо ғам мехӯрд (2 Қӯр. 11:23–28). Оё ин ё он бемории кӯҳна шуморо азоб медиҳад ва хурсандиатонро медуздад? Павлусро ҳам доимо «неше дар ҷисм» азоб медод. Ин эҳтимол беморие буд, ки Павлус аз он халос шудан мехост (2 Қӯр. 12:7–10). Оё шумо баъзан аз сустиву камбудиҳои худ рӯҳафтода мешавед? Павлус низ баъзан аз нокомилии худ хаста мешуд. «Вой бар ҳоли ман»,— гуфт Павлус, чунки ӯ доимо бо майлҳои нодуруст мубориза мебурд (Рум. 7:21–24). Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда Павлус хизмати Яҳуваро давом медод. Чӣ ба ӯ қувват мебахшид? Ҳарчанд ӯ камбудиҳояшро нағз медонист, ӯ ба фидия имони қавӣ дошт. w21.04 саҳ. 22, сарх. 7, 8
Фарзанди одам... барои он омад, ки... ҷонашро барои бисёр касон фидо намояд (Марқ. 10:45).
Вақте инсони комил Одам гуноҳ кард, ӯ на танҳо худаш, балки насли ояндаи худро низ аз имконияти абадӣ зистан маҳрум кард. Ӯ барои кори кардааш худро сафед карда наметавонист, чунки дидаю дониста гуноҳ кард. Вале насли ӯ чӣ? Онҳо ҳангоми гуноҳ кардани Одам ҳатто таваллуд нашуда буданд (Рум. 5:12, 14). Одам барои гуноҳи кардааш сазовори марг буд, вале оё Яҳува барои абадӣ зистани насли ӯ ягон кор карда метавонист? Бале! Чанде пас аз гуноҳи Одам Яҳува оҳиста-оҳиста ошкор кард, ки чӣ тавр миллионҳо насли Одамро аз лаънати гуноҳ ва марг озод мекунад (Ҳас. 3:15). Бале, мо аз Яҳува барои фидия миннатдорем ва мехоҳем боз ҳам бештар ин атои Ӯро қадр кунем. Чунки ба шарофати он мо — одамони нокомил бо Яҳува муносибати наздик дошта метавонем. Ба туфайли фидия корҳои Иблис комилан вайрон карда хоҳанд шуд (1 Юҳ. 3:8). Ба туфайли фидия нияти аввалаи Яҳува нисбати замин иҷро мегардад, яъне тамоми сайёраи мо ба биҳишт табдил меёбад. w21.04 саҳ. 14, сарх. 1; саҳ. 19, сарх. 17
Ҳар яке... таъмид гиред (Кор. 2:38).
Як бисёр мардону занон, ки забонҳояшон гуногун буд, аз давлатҳои зиёд ба Ерусалим ҷамъ омада буданд. Дар он рӯз як чизи аҷоиб рӯй дод. Баъзе яҳудиён баногоҳ бо забонҳои он мардону заноне, ки аз давлатҳои гуногун буданд, гап заданд. Ин издиҳоми мардум аз он мӯъҷиза хеле ба тааҷҷуб омаданд, вале онҳо бештар аз суханони он яҳудиён ва Петруси расул ба ҳайрат омаданд. Онҳо фаҳмиданд, ки барои наҷот ёфтан бояд ба Исои Масеҳ имон оранд. Ин суханон ба онҳо хеле таъсир кард, аз ин рӯ онҳо пурсиданд: «Мо бояд чӣ кор кунем?» Петрус ба онҳо гуфт: «Ҳар яке... таъмид гиред» (Аъм. 2:37, 38). Боз як чизи ҳайратоваре рӯй дод. Дар он рӯз тақрибан 3000 одам таъмид гирифта шогирди Исо шуданд. Ин саршавии кори бузурги шогирдсозӣ буд, ки Исо ба пайравонаш фармуда буд. Ин корро пайравони Исо то ҳол давом медиҳанд. w21.06 саҳ. 2, сарх. 1, 2
Ман коштам, Апуллус об дод, лекин Худо сабзонид, бинобар ин на корандаро бояд ҷалол дод ва на обдиҳандаро, балки Худои сабзонандаро (1 Қӯр. 3:6, 7).
Шояд мо дар минтақае зиндагӣ кунем, ки сар кардани омӯзиш душвор аст. Баъзе одамон ба хушхабар шавқ надоранд ё ҳатто ба мо муқобилат мекунанд. Чӣ ба мо ёрдам медиҳад, ки диламон аз чунин минтақа хунук нашавад? Фаромӯш накунед, ки ҳаёти одамон дар ин ҷаҳони пуразоб тез дигар шуда метавонад ва касоне, ки пеш ба ҳақиқат шавқ надоштанд, ташнаи роҳнамоии Худо мешаванд (Мат. 5:3). Одамоне, ки пеш ҳеҷ гоҳ адабиётамонро намехонданд, баъдтар ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шуданд. Мо ҳамчунин медонем, ки Яҳува Нозири дарав аст (Мат. 9:38). Ӯ мехоҳад, ки мо коридану об доданро бас накунем, аммо тухмии коридаамонро ӯ худаш месабзонад. Шояд мо ҳоло омӯзиш намегузаронем, лекин дар ёд доред, ки Яҳува на аз рӯйи натиҷаи хизматамон, балки аз рӯйи кӯшишҳоямон ба мо подош медиҳад ва ин фикр хеле рӯҳбаландкунанда аст. w21.07 саҳ. 6, сарх. 14
Фарзандон мерос аз ҷониби Яҳува ҳастанд (Заб. 127:3).
Яҳува ба одамон қобилияти фарзанддор шуданро дод, ҳамчунин онҳоро вазифадор кард, ки фарзандонашонро таълим диҳанд, то ӯро дӯст доранд ва хизматашро ба ҷо оранд. Яҳува ба фариштагон бисёр қобилиятҳои аҷоиб дода бошад ҳам, онҳо фарзанддор шуда наметавонанд. Аз ин рӯ, агар шумо волид бошед, имконияти ба воя расондани фарзандонатонро қадр кунед. Ба волидон масъулияти ҷиддӣ дода шудааст, то фарзандонашонро «дар таълим ва насиҳати Яҳува» тарбия кунанд (Эфс. 6:4; 5 Мӯсо 6:5–7). Барои ба волидон ёрӣ додан ташкилоти Яҳува бисёр маводи ба Китоби Муқаддас асосёфта, аз ҷумла адабиёт, видеонаворҳо, мусиқӣ ва маводи интернетиро тайёр кардааст. Маълум аст, ки ҳам Падари осмониамон ва ҳам Писараш фарзандони азизамонро хеле дӯст медоранд (Луқ. 18:15–17). Вақте Яҳува мебинад, ки волидон ба ӯ такя карда, дар бораи ҷигарбандонашон аз таҳти дил ғамхорӣ мекунанд, хеле хурсанд мешавад. Ҳамин тавр волидон ба фарзандони худ имконият медиҳанд, ки абадан аъзои оилаи Яҳува гарданд. w21.08 саҳ. 5, сарх. 9
Имон... далели вуҷуд доштани чизҳоест, ки ба чашм аён нестанд (Ибр. 11:1).
Баъзеҳо гумон мекунанд, ки имон маънои бе далел ба чизе бовар карданро дорад. Вале мувофиқи Китоби Муқаддас ин гуна имон имони ҳақиқӣ ҳисоб намеёбад. Аҳамият диҳед, ки имон бар далел асос меёбад. Аз ин рӯ ҳатто мо Яҳува, Исо ва Подшоҳии Худоро дида натавонем ҳам, ба вуҷуд доштани онҳо далели боварибахш дорем (Ибр. 11:3). Як олиме, ки баъдтар Шоҳиди Яҳува шуд, мегӯяд: «Шоҳидони Яҳува ба чизҳое, ки эътиқод доранд, кӯр-кӯрона бовар намекунанд, онҳо ҳамзамон далелҳои илмро рад наменамоянд». Агар ин қадар далелҳои зиёд вуҷуд дошта бошанд, пас, чаро бисёри одамон бовар намекунанд, ки Худо ҳама мавҷудоти зиндаро офаридааст? Баъзеҳо ягон бор мустақилона далелҳоро дида набаромадаанд. Роберт, ки ҳоло Шоҳиди Яҳува аст, мегӯяд: «Азбаски дар мактаб дар бораи офариниш чизе намегуфтанд, ман фикр мекардам, ки ин таълимот нодуруст аст. Дар 22-солагиам фаҳмидам, ки дар Китоби Муқаддас далелҳои боварибахше оварда шудаанд, ки Худо ҳама чизро офаридааст». w21.08 саҳ. 15, сарх. 4, 5
Бичашед ва бубинед, ки Яҳува некуст (Заб. 34:8).
Аз хониши Китоби Муқаддас ва нақли бародарону хоҳарон мо мефаҳмем, ки Яҳува чӣ хел хизматгоронашро баракат медиҳад. Лекин мо то худамон некуии Яҳуваро начашем, мазаи онро пурра фаҳмида наметавонем. Барои инро фаҳмидан мисоле меорем. Фарз кардем, шумо мехоҳед, ки ба Яҳува пурравақт хизмат кунед, вале барои ба ин мақсад расидан бояд ҳаёти худро одӣ гардонед. Мо ваъдаи Исоро дар бораи он медонем, ки агар Подшоҳии Худоро дар якум ҷо монем, Яҳува ҳама чизҳои заруриро ба мо медиҳад, вале ҳоло худамон шахсан иҷрои ин ваъдаро дар ҳаётамон надидаем (Мат. 6:33). Бо вуҷуди ин, мо ки ба ин ваъда имон дорем, кӯшиш мекунем, ки камтар пул сарф кунем, нақшаи корамонро дигар кунем ва чи қадаре ки метавонем, хизмат намоем. Агар мо ин тавр кунем, бо чашмони худ мебинем, ки дар ҳақиқат Яҳува дар бораи мо ғамхорӣ мекунад. Он гоҳ мо некуии Яҳуваро шахсан мечашем. w21.08 саҳ. 26, сарх. 2
Одамон тоқати шунидани таълимоти дурустро нахоҳанд дошт (2 Тим. 4:3).
Оё имрӯз низ чунин проблема ба назар мерасад? Бале. Бисёр роҳбарони динӣ вақте мебинанд, ки ба ҷамоати онҳо одамони обрӯманду сарватманд ва касони аз назари ин ҷаҳон хирадманд меоянд, аз ин хурсанд мешаванд. Ҳатто агар ахлоқ ва тарзи ҳаёти он шахсон ба меъёрҳои Худо зид бошад ҳам, онҳо хуб пазируфта мешаванд. Аммо он роҳбарони динӣ ба хизматгорони Яҳува, ки одобу ахлоқи пок доранд, чун ба одамони паст менигаранд, зеро мо дар назари аксари одамони ин ҷаҳон назарногирем. Чи хеле ки Павлус гуфт, Худо онҳоеро интихоб кардааст, ки ин ҷаҳон «паст меҳисобад» (1 Қӯр. 1:26–29). Вале барои Яҳува ҳар як хизматгори содиқаш гаронбаҳо аст. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки аз рӯйи фикрронии ин ҷаҳон гумроҳ нашавем? (Мат. 11:25, 26) Нагузоред, ки назаре, ки он ба хизматгорони Худо дорад, ба шумо таъсир кунад. Ҳаминро донед, ки Яҳува барои иҷро кардани хосташ танҳо одамони фурӯтанро истифода мебарад (Заб. 138:6). Ва фикр кунед, ки Ӯ бо воситаи касоне, ки дар чашми ин ҷаҳон донишманду хирадманд нестанд, чӣ қадар корҳои зиёдро ба ҷо овард ва оварда истодааст. w21.05 саҳ. 8, сарх. 1; саҳ. 9, сарх. 5, 6
Шумо... барои қонеъ кардани эҳтиёҷотам ба ман чиз фиристодед (Флп. 4:16).
Павлуси расул аз ёрдами бародарон хеле миннатдор буд. Ӯ шахси фурӯтан буд ва ёрдами бародару хоҳаронро қабул мекард (Флп. 2:19–22). Пиронсолони азиз, шумо бо бисёр роҳҳо миннатдориатонро ба ҷавонони ҷамоататон нишон дода метавонед. Агар онҳо барои ба ягон ҷо рафтан, харид кардан ё дигар корҳои муҳим ба шумо ёрдам додан хоҳанд, бо миннатдорӣ ёрдамашонро қабул кунед. Дар ёд доред, ин ёрдами онҳо як роҳи зоҳир кардани муҳаббати Яҳува мебошад. Эҳтимол, шумо бо онҳо дӯсти наздик мешавед. Пайваста ҳаракат кунед, ки ба ин дӯстони ҷавонатон ёрдам диҳед, то онҳо бо Яҳува наздиктар шаванд. Ба онҳо гӯед, ки вақте ҷавонон ба ҷамоат ёрдами калон мерасонанд, шумо беҳад хурсанд мешавед. Бо омодагӣ бо онҳо вақт гузаронда дар бораи таҷрибаи ҳаётатон нақл кунед. Ин тавр карда шумо ба Яҳува нишон медиҳед, ки барои ҷавонон, ки ӯ ба ҷамоат ҷалб кардааст, «сипосгузор» ҳастед (Қӯл. 3:15; Юҳ. 6:44; 1 Тас. 5:18). w21.09 саҳ. 11, 12, сарх. 12, 13
Аз дилсӯзиву ҳамдардии ӯ нури саҳар аз осмон ба мо намудор мешавад (Луқ. 1:78).
Яҳува бародару хоҳаронамонро дӯст медорад, барои мо бошад, онҳоро дӯст доштан ва ба онҳо муҳаббатамонро нишон додан на ҳама вақт осон аст. Баъзан сабаб дар он аст, ки маданият ва тарбияи мо фарқ мекунад. Ҳамчунин ҳамаи мо хато карда якдигарро асабӣ мекунем ё ғамгин месозем. Ба ҳар ҳол ҳар яки мо саъю кӯшиш намуда муҳаббатамонро нисбати бародару хоҳарон зиёд карда метавонем. Чӣ тавр? Дар ин кор ба мо намунаи муҳаббате, ки Яҳува ба бародару хоҳарон нишон медиҳад, ёрдам мекунад (Эфс. 5:1, 2; 1 Юҳ. 4:19). Одами дилсӯзу ҳамдард ҳаракат мекунад, ки ба чунин шахсон ёрдам кунад ва онҳоро тасаллӣ диҳад. Исо ба Падараш пайравӣ карда, нишон медод, ки Падараш ба одамон чӣ хел муносибат мекунад (Юҳ. 5:19). Исо мардуми бисёреро дида «дилаш ба онҳо месӯхт, зеро онҳо монанди гӯсфандони бечӯпон захмдор ва пароканда буданд» (Мат. 9:36). Исо на танҳо ба онҳо раҳмаш омад, балки ҳамчунин ба онҳо ёрдам дод. Ӯ беморонро шифо дод, ба «заҳматкашон ва гаронборон» қуввати тоза бахшид (Мат. 11:28–30; 14:14). w21.09 саҳ. 22, сарх. 10, 11
[Яҳува] раҳмдил буд, хатояшонро мебахшид ва онҳоро нобуд намесохт (Заб. 78:38).
Яҳува раҳмдилӣ зоҳир карданро дӯст медорад. Павлуси расул зери илҳоми илоҳӣ навишт, ки Худо «пур аз раҳм аст». Дар ин боб Павлус фаҳмонд, ки Худо раҳмдил мебошад, чунки ӯ ба тадҳиншудагон, ки одамони нокомиланд, умеди осмонӣ бахшидааст (Эфс. 2:4–7). Вале Яҳува танҳо ба тадҳиншудагон раҳм зоҳир намекунад. Довуд чунин навишта буд: «Яҳува ба ҳама некуст ва марҳамати ӯ дар ҳама корҳояш аён аст» (Заб. 145:9). Азбаски Яҳува одамонро дӯст медорад, ҳамеша сабаб меҷӯяд, то ки раҳмдилӣ нишон диҳад. Ҳеҷ кас мисли Исо намедонад, ки Яҳува то кадом дараҷа раҳмдилӣ зоҳир карданро дӯст медорад. Исо пеш аз ба замин омадан солҳои зиёд бо Падараш якҷоя дар осмон буд (Пнм. 8:30, 31). Ӯ медид, ки чӣ тавр Яҳува ба одамони гунаҳкор борҳои зиёд раҳмдилӣ зоҳир мекард (Заб. 78:37–42). Барои ҳамин ҳангоми таълим доданаш ӯ дар бораи ин хислати зебои Падараш тез-тез гап мезад. w21.10 саҳ. 8, 9, сарх. 4, 5
Эй Падар, номи худро ҷалол деҳ (Юҳ. 12:28).
Яҳува аз осмон бо овоз ба дуои Исо ҷавоб дода ваъда дод, ки ӯ номи худро ҷалол медиҳад. Исо ба воситаи хизмати худ номи Падарашро ҷалол дод (Юҳ. 17:26). Барои ҳамин масеҳиёни ҳақиқӣ истифода бурдани номи Худоро шараф меҳисобанд ва ба дигарон ёрдам мекунанд, ки онро шиносанд. Дар асри як каме пас аз ташкил ёфтани ҷамъомади масеҳӣ Яҳува «ба халқҳои дигар назар кард, то аз байни онҳо халқе ба номи худ ҷамъ орад» (Кор. 15:14). Он масеҳиёни асри як мефахриданд, ки номи Худоро истифода мебаранд ва дар ин бора дигаронро таълим медиҳанд. Расулону шогирдон ҳангоми мавъиза ва навиштани китобҳои Китоби Муқаддас номи Худоро истифода мебурданд. Бо ин роҳ нишон медоданд, ки онҳо халқе мебошанд, ки номи Худоро мешиносонанд (Кор. 2:14, 21). Ба ин монанд, имрӯз низ Шоҳидони Яҳува халқе мебошанд, ки бар худ номи Яҳуваро доранд. w21.10 саҳ. 20, 21, сарх. 8–10
Ба меҳру вафои Яҳува диққат медиҳад (Заб. 107:43).
Меҳру вафои Яҳува то абад аст. Ин хислати муҳим дар Забур боби 136-ум 26 бор омадааст. Дар ояти якум мехонем: «Яҳуваро шукр гӯед, зеро ӯ некуст ва меҳру вафои ӯ то абад аст» (Заб. 136:1). Аз ояти 2 сар карда то ояти 26 суханҳои «зеро меҳру вафояш то абад аст», такрор мешавад. Вақте мо ин оятҳоро мехонем, аз фаҳмидани роҳҳои зиёде, ки Яҳува меҳру вафо нишон медиҳад, ба ҳайрат меоем. Такрор шудани суханони «зеро меҳру вафояш то абад аст», моро боварӣ мебахшад, ки муҳаббати Худо нисбати хизматгоронаш тағйир намеёбад. Дили Яҳува аз хизматгоронаш даррав намемонад, донистани ин ба мо болу пар мебахшад. Баръакс, вақте ӯ ба ягон хизматгораш муҳаббат нишон медиҳад, ӯро ҳеҷ гоҳ намепартояд, махсусан дар вақти тангиҳо. Ҳангоми бо душвориҳо мубориза бурдан мо хурсандӣ ва қувват пайдо мекунем, то хизматамонро давом диҳем, зеро медонем, ки Яҳува доим бо мост (Заб. 31:7). w21.11 саҳ. 4, сарх. 9, 10
Хавотир нашавед, ба Худо имон дошта бошед (Юҳ. 14:1).
Вақте шумо дар бораи воқеаҳои оянда фикр мекунед, аз ҷумла оиди нест шудани дини дурӯғ, ҳамлаи Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ ва ҷанги Ҳармаҷиддӯн оё хавотир мешавед? Мумкин шумо оиди саволи зерин фикр карда бошед: «Оё ман ҳангоми сар задани он воқеаҳои даҳшатовар дар имон устувор мемонда бошам?» Агар шумо чунин ташвишу хавотирӣ дошта бошед, пас, суханони Исо, ки дар ояти имрӯза оварда шудаанд, саривақтӣ мебошад. Исо ба расулонаш гуфта буд: «Хавотир нашавед. Ба Худо имон дошта бошед». Имони қавӣ кумак мекунад, ки новобаста ба воқеаҳои оянда оромиро нигоҳ дорем. Барои қавӣ гардондани имон ва ба озмоишҳои оянда тайёр будан хуб мебуд, фикр кунем, ки ҳоло ба озмоишҳо чӣ тавр тоб оварда истодаем. Сипас, мефаҳмем, ки аз кадом ҷиҳат имонамонро бақувваттар карда метавонем. Қобили зикр аст, ки ҳар як озмоиш имони моро мустаҳкам мегардонад. Дар ин сурат мо ба озмоишҳои оянда тоб оварда метавонем. w21.11 саҳ. 20, сарх. 1, 2
Дар нотавониҳо тавоноям (2 Қӯр. 12:10).
Павлуси расул Тимотиюсро насиҳат кард, ки хизмати худро пурра ба ҷо орад ва ба маънои васеъ он суханони ӯ ба ҳамаи масеҳиён дахл дорад (2 Тим. 4:5). Вале баъзан ин душвор аст. Масалан, дар бораи бародароне фикр кунед, ки дар мамлакаташон фаъолияти мо маҳдуд ё манъ аст. Ба хизматгорони Яҳува лозим меояд, ки ба душвориҳои гуногуне, ки касро рӯҳафтода карда метавонанд, тоб оранд. Мисол, бисёриҳо бояд соатҳои дароз кор кунанд, то оилаашонро бо чизҳои барои ҳаёт зарурӣ таъмин кунанд. Онҳо хоҳиш доранд, ки бисёртар хизмат кунанд, лекин дар охири ҳафта ҳис мекунанд, ки қувваташон кам аст. Дигарон аз сабаби бемории ҷиддӣ ё пиронсолӣ қувваташон барои хизмат сахт маҳдуд аст; шояд онҳо ҳатто аз хона баромада наметавонанд. Баъзе бародару хоҳаронро доимо ҳисси беқадрӣ азоб медиҳад. Новобаста ба вазъиятамон Яҳува метавонад ба мо қувват бахшад, ки ба душвориҳоямон тоб орем ва чени қувватамон ба Ӯ хизмат карданро давом диҳем. w21.05 саҳ. 20, сарх. 1–3
Номи Худои худро беҳурмат накунед (3 Мӯсо 19:12).
Баъзан дигарон метавонанд, моро ба кардани корҳое тела диҳанд, ки ибодатамонро дар назари Яҳува нопок мегардонад. Дар чунин ҳолат ба мо лозим меояд, ки қарори ҷиддӣ барорем. Дар қисми охири китоби 3 Мӯсо 19:19 фикри ҷолибе оварда шудааст: «Либосеро, ки аз ду хел ришта тайёр шудааст, напӯш». Халқи Исроил мувофиқи ин қонун амал намуда аз халқҳои гирду атроф фарқ мекард. Имрӯз бошад, масеҳиён бемалол либосеро, ки қисман аз пахтаву қисман аз синтетика тайёр шудааст, мепӯшанд. Вале мо мисли одамоне, ки аз рӯйи таълимоти Китоби Муқаддас зиндагӣ намекунанд, рафтор намекунем. Албатта, мо хешу табор ва дигар одамонро дӯст медорем. Вале вақте гап дар бораи ҷонибҳои муҳими ҳаёт меравад, қарорҳоямон бояд нишон диҳанд, ки мо ҳама вақт ба Яҳува итоат мекунем. Ин хеле муҳим аст, зеро агар мо хоҳем, ки муқаддас бошем (2 Қӯр. 6:14–16; 1 Пет. 4:3, 4). w21.12 саҳ. 5, сарх. 14; саҳ. 6, сарх. 16
Танг аст он дарвоза ва борик аст он роҳе, ки сӯйи ҳаёт мебарад (Мат. 7:14).
Роҳи ҳаётро ёфтан мумкин аст. Исо гуфта буд: «Агар ҳамеша ба гуфти ман кунед, дар ҳақиқат, шогирдони ман ҳастед. Шумо ростиро хоҳед шинохт ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» (Юҳ. 8:31, 32). Аҳсан ба шумо, ки аз пайи бисёриҳо нарафтеду ҳақиқатро кофтед! Шумо Каломи Худоро чуқур омӯхтед, то хости ӯро фаҳмед ва аз рӯйи таълимоти Исо амал намудед. Шумо фаҳмидед, ки Яҳува мехоҳад мо таълимоти дини дурӯғро рад кунем ва дар иду маросимҳое, ки аз он сарчашма мегиранд, иштирок накунед. Шумо ҳамчунин дарк намудед, ки аз рӯйи хости Яҳува зиндагӣ кардан ва аз корҳое, ки ба ӯ маъқул нест, даст кашидан душвор буда метавонад (Мат. 10:34–36). Эҳтимол, ба ҳаётатон дигаргунӣ даровардан осон набуд, вале шумо талош варзидед, зеро Падари осмониатонро дӯст медоред. Яҳува бо шумо мефахрад! (Пнм. 27:11). w21.12 саҳ. 22, сарх. 3; саҳ. 23, сарх. 5
Эй писарам, ба ман гӯш деҳ ва гуфтаҳои маро қабул кун (Пнм. 4:10).
Мӯсо намунаи хубест, ки баъд аз хатои ҷиддӣ карданаш бо омодагӣ танбеҳро қабул намуд. Боре ӯ асабонӣ шуда ба Яҳува беҳурматӣ кард. Оқибат барои ин кораш ба замини ваъдашуда дохил нашуд (4 Мӯсо 20:1–13). Вақте Мӯсо аз Яҳува хоҳиш кард, ки қарорашро дигар кунад, Яҳува ба ӯ гуфт: «Дую дубора дар ин бора ба ман гап назан» (5 Мӯсо 3:23–27). Мӯсо аз ин суханони Яҳува хафа нашуд. Баръакс, ӯ қарори Яҳуваро қабул кард ва минбаъд низ халқи Исроилро роҳнамоӣ менамуд (5 Мӯсо 4:1). Чи хеле мебинед, Мӯсо аз ҷиҳати қабул кардани маслиҳат барои мо намунаи ибрат аст. Мӯсо, вақте чизи барояш пурқиматро аз даст доду вафодор монд, нишон дод, ки маслиҳати Яҳуваро қабул кард. Агар мо низ ба намунаи Мӯсо, ки марди бовафо буд, пайравӣ кунем, баракат меёбем (Пнм. 4:11–13). Ногуфта намонад, ки бисёр бародару хоҳаронамон имрӯз айнан ҳамин тавр мекунанд. w22.02 саҳ. 11, сарх. 9, 10
Аз чашмони Исо ашк равон шуд (Юҳ. 11:35).
Зимистони соли 32-юми милодӣ дӯсти азизи Исо Лаъзор бемор шуда мемирад (Юҳ. 11:3, 14). Ӯ ду хоҳар дошт: Марям ва Марто. Ин оила барои Исо хеле азиз буд. Вақте Марто фаҳмид, ки Исо омада истодааст, ба пешвозаш шитобид. Тасаввур кунед, то чӣ андоза дили ӯ реш-реш мешуд, вақте гуфт: «Ҳазрат, агар ту ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд» (Юҳ. 11:21, 32, 33). Исо дарди ҷонгудози Маряму Марторо дида гирён шуд. Агар шумо шахси наздикатонро аз даст дода бошед Яҳува дарди дили шуморо мефаҳмад. Исо «тасвири дурусту равшани» Падараш буд (Ибр. 1:3). Вақте ӯ гиря кард, нишон дод, ки Яҳува дар чунин лаҳзаҳо чӣ ҳис мекунад (Юҳ. 14:9). Бинобар ин агар шумо шахси наздикатонро аз даст дода бошед, донед, ки Яҳува на танҳо азобатонро мебинад, балки бо шумо ҳамдард аст. Ӯ мехоҳад дили пурхуни шуморо шифо бахшад (Заб. 34:18; 147:3). w22.01 саҳ. 15, сарх. 5–7
Имон аз шунидани калом пайдо мешавад (Рум. 10:17).
Агар вақт ҷудо карда бо Яҳува гап занед, ба ӯ гӯш диҳед ва дар борааш фикр кунед, манфиати зиёд мегиред. Якум, шумо қарорҳои хуб мебароред. Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки «бо хирадмандон гардӣ, хирадманд мешавӣ» (Пнм. 13:20). Дуюм, қобилияти таълимдиҳиатон беҳтар мегардад. Вақте мо бо касе омӯзиш мекунем, мақсади аввалиндараҷаамон ин аст, ки омӯзанда ба Яҳува наздик шавад. Чи қадаре ки мо бо Падари осмониамон бештар муошират кунем, ҳамон қадар муҳаббатамон ба ӯ зиёд мегардад. Дар натиҷа, мо омӯзандаи худро беҳтар таълим дода метавонем, то дар дилаш ба Яҳува меҳр пайдо шавад. Дар бораи намунаи Исо фикр кунед. Ӯ дар бораи Падараш бо як муҳаббати хоса ба шогирдони вафодораш нақл мекард. Маҳз барои ҳамин ниҳоят дар дили онҳо нисбати Яҳува меҳр пайдо шуд (Юҳ. 17:25, 26). Сеюм, имонатон бақувваттар мегардад. Аҳамият диҳед, ки вақте шумо аз Яҳува тасаллӣ, роҳнамоӣ ё дастгирӣ мепурсед, чӣ рӯй медиҳад. Ҳар боре ки Яҳува ба дуоятон ҷавоб медиҳад, имонатон ба ӯ зиёдтар мегардад (1 Юҳ. 5:15). w22.01 саҳ. 30, сарх. 15–17
Одами куҳнаро бо корҳояш аз тан кашида партоед (Қӯл. 3:9).
Яҳува моро таълим медиҳад, ки аз фикрронии нодурусту одатҳои бад даст кашем, чунки ӯ дӯстамон медорад ва мехоҳад, ки мо хушбахт бошем (Иш. 48:17, 18). Яҳува медонад, ки хоҳишҳои нодуруст ба худи шахс ва атрофиёнаш зарар меорад. Дидани он ки, чӣ тавр мо ба худ ва дигарон зиён меорем, барои ӯ дардовар аст. Баъзе дӯстон ва аъзои оилаамон шояд дар аввал моро барои дигар шуданамон масхара кунанд (1 Пет. 4:3, 4). Эҳтимол, онҳо гӯянд, ки мо ҳақ дорем ба табъи дили худ зиндагӣ кунем ва набояд гузорем, ки дигарон ба мо ақл ёд диҳанд. Лекин онҳое, ки аз рӯйи меъёрҳои Худо зиндагӣ намекунанд, дар асл озод нестанд. Онҳоро дунёи Шайтон шакл медиҳад (Рум. 12:1, 2). Барои ҳамин ҳар яки мо бояд интихоб кунем: одами куҳна мемонем, ки ӯро гуноҳ ва дунёи Шайтон шакл медиҳад ё мегузорем, ки Яҳува моро инсони хуб гардонад (Иш. 64:8). w22.03 саҳ. 3, сарх. 6, 7
Каломи Худо зиндаву таъсирбахш аст ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст, он... фикру ниятҳои дилро месанҷад (Ибр. 4:12).
Вақте мо дар бораи суханони Каломи Худо мулоҳиза меронем, ин ба мо кӯмак мекунад, ки ба душвориҳои худ бо назари дуруст нигарем. Биёед бинем, ки ба як бевазани дилшикаста Китоби Муқаддас чӣ тавр кӯмак кард. Як пири ҷамъомад ба вай маслиҳат дод, ки хондани китоби Айюб ба ӯ манфиатовар буда метавонад. Вақте зан ба хондани китоби Айюб шурӯъ кард, дар аввал Айюбро барои фикрҳои хатояш танқид мекард ва дар дилаш ба вай мегуфт: «Айюб, аз ҳад зиёд дар бораи чизҳои манфӣ фикр накун». Вале баъд дарк кард, ки рӯҳияи худаш низ мисли Айюб аст. Нақл оиди Айюб ба вай қувват бахшид, ки назарашро дигар кунад ва ба ғами фироқи шавҳараш, ки вафот карда буд, тоб орад. Яҳува ҳамчунин моро ба воситаи ҳамимонон қувват мебахшад. Павлус навишт, ки ӯ сахт мехост бародару хоҳаронро рӯҳбаланд кунад ва худаш низ аз имони онҳо рӯҳбаланд шавад (Рум. 1:11, 12). w21.05 саҳ. 22, сарх. 10, 11; саҳ. 24, сарх. 12
Ҳафт рӯз барои Худоят Яҳува, дар ҷое ки Яҳува интихоб кунад, идро ҷашн бигир (5 Мӯсо 16:15).
Ба исроилиёни қадим гуфта шуда буд: «Дар як сол се бор тамоми мардинаи ту бояд пеши Худоят Яҳува, ба ҷое ки вай интихоб кунад, ҳозир шаванд» (5 Мӯсо 16:16). Яъне халқ бояд хонаву заминҳояшонро бе назорат монда мерафтанд. Барои ҳамин Яҳува ба онҳо ваъда дод: «Вақте ту соле се маротиба барои дидани рӯйи Худоят Яҳува биравӣ, ҳеҷ кас замини туро ҳавас намекунад» (2 Мӯсо 34:24). Исроилиёни худотарс аз Яҳува дилпур шуда ҳар сол ба ид мерафтанд. Барои ин корашон онҳо соҳиби баракатҳои зиёд мешуданд. Масалан, Шариати Худоро чуқуртар меомӯхтанд, дар бораи некиҳои Яҳува бодиққат мулоҳиза меронданд ва аз муоширати ободкунанда бо ҳамимононашон қувват мегирифтанд. Ба ин монанд, вақте мо новобаста ба душвориҳо дар вохӯриҳоямон иштирок мекунем, манфиати зиёд мегирем. Як тасаввур кунед, ки вақте мо шарҳҳои кӯтоҳ ва пурмазмун медиҳем, то чӣ андоза Яҳува хурсанд мешавад. w22.03 саҳ. 22, сарх. 9
[Ӯ] метавонад ба касоне, ки бо озмоишҳо рӯ ба рӯ мешаванд, дасти ёрӣ дароз кунад (Ибр. 2:18).
Яҳува писарашро таълим дод, ки дар оянда Саркоҳини мо шавад. Исо ба замин омада дар худ чашид, ки ҳангоми озмоишҳои сахт ба Худо итоат кардан то чӣ андоза душвор аст. Ӯ чунон изтиробу ҳаяҷон ҳис мекард, ки «бо нолаҳои зиёд ва ашкрезӣ» ба Яҳува дуо гуфта кӯмак мепурсид. Азбаски Исо худаш дар озмоишҳо бисёр азобу уқубат кашидааст, «метавонад ба касоне, ки бо озмоишҳо рӯ ба рӯ мешаванд, дасти ёрӣ дароз кунад». То чӣ андоза мо аз Яҳува миннатдорем, ки ба мо Саркоҳинеро, ки «дар сустиҳоямон ба мо ҳамдардӣ карда» метавонад, таъйин кардааст (Ибр. 2:17; 4:14–16; 5:7–10). Яҳува ба сахт азоб кашидани Исо барои он роҳ дод, ки ба саволи муҳиме ҷавоб дода шавад. Шайтон мегӯяд, ки одамон ҳангоми озмоиши сахт ба Худо содиқ намемонанд. Вай даъво кард, ки одамон танҳо бо мақсади ба даст овардани ягон чиз Худоро ибодат мекунанд ва онҳо Яҳуваро дӯст намедоранд (Айюб 1:9–11; 2:4, 5). Исо беайбиашро то ба охир нигоҳ дошта бо ин исбот кард, ки гапи Шайтон дурӯғ аст. w21.04 саҳ. 16, 17, сарх. 7, 8
Биравед ва аз байни тамоми халқҳо барои ман шогирд тайёр кунед... ва риоя кардани ҳар он чизеро, ки ба шумо фармудаам, омӯзонед (Мат. 28:19, 20).
Пеш аз таъмидгирӣ омӯзанда бояд чизҳои аз Калом омӯхтаашро ба кор барад. Вақте омӯзанда чизҳои фаҳмидаашро ба кор мебарад, мувофиқи мисоли Исо ӯ ба «шахси бохирад»-е монанд мегардад, ки «заминро чуқур канда хонаашро бар кӯҳпора сохтааст» (Мат. 7:24, 25; Луқ. 6:47, 48). Ба омӯзандаатон кӯмак кунед, ки тарзи ҳаёташро дигар кунад (Марқ. 10:17–22). Исо медонист, ки ба марди сарватманд тамоми чизу чораашро фурӯхтан душвор буда метавонад (Марқ. 10:23). Ба ҳар ҳол Исо ба он мард гуфт, ки дар ҳаёташ тағйироти калон дарорад. Барои чӣ? Чунки Исо ӯро нағз медид. Баъзан шояд мо омӯзандаамонро ташвиқ намекунем, ки чизи омӯхтаашро ба кор барад, чунки ҳис мекунем, ки ҳоло ӯ барои дигар шудан тайёр нест. (Қӯл. 3:9, 10). Лекин ҳар қадаре ки барвақттар шумо дар бораи камбудиаш гап занед, омӯзандаатон ҳамон қадар барвақттар дигар шуда метавонад. Ин тавр карда шумо нишон медиҳед, ки дар бораи ӯ ғамхорӣ мекунед (Заб. 141:5; Мас. 27:17). w21.06 саҳ. 3, сарх. 3, 5
Масеҳ... намунаи ибрат гузошт, то аз пайи ӯ равона шавед (1 Пет. 2:21).
Петруси расул қайд мекунад, ки Исо дар истодагарӣ намунаи хуб гузошт, вале мо аз бисёр ҷиҳатҳои дигар низ ба Исо пайравӣ карда метавонем (1 Пет. 2:18–25). Дар ҳақиқат, тамоми тарзи ҳаёти Исо — ҳар он чизе, ки ӯ мегуфт ва мекард, барои мо намунаи ибрат аст. Оё мо ба нокомилиамон нигоҳ накарда аниқ ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонем? Бале. Албатта, мо ба Исо ба таври комил пайравӣ карда наметавонем. Вале вақте ки мо бодиққат аз рӯйи пайи гузоштаи Исо роҳ мегардем ва барои ин ҳаматарафа кӯшиш мекунем, мо ба гуфти Юҳаннои расул «мисли [Исо] ҳаёт ба сар» мебарем (1 Юҳ. 2:6). Аз пайи Исо равона шудан моро ба Яҳува наздиктар месозад. Чаро? Исо ба таври ба Худо писанд зиндагӣ карда ба мо дар ин намунаи беҳамто гузоштааст (Юҳ. 8:29). Барои ҳамин аз пайи Исо равона шуда мо ба Яҳува писанд меоем. Ва бешубҳа Падари осмониамон ба касоне, ки барои бо Ӯ дӯст шудан сахт ҳаракат мекунанд, наздик хоҳад шуд (Яъқ. 4:8). w21.04 саҳ. 3, сарх. 4–6
Яҳува аз халқи худ хушнуд аст (Заб. 149:4).
Яҳува ба хислатҳои хуби мо аҳамият медиҳад. Ӯ мебинад, ки мо чӣ хел хубтар шуда метавонем ва ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба Ӯ наздик шавем. Агар мо ба Ӯ содиқ монем, Ӯ абадан дӯсти мо мегардад! (Юҳ. 6:44). Вақте мо дилпурем, ки Яҳува моро дӯст медорад ва дастгирӣ мекунад, мо нигоҳ накарда ба душвориҳои ҳаёт ба Ӯ аз таҳти дил хизмат кардан мехоҳем. Аз дигар тараф, агар мо шубҳа кунем, ки Худо дар бораи мо ғамхорӣ мекунад, қуввати мо кам хоҳад буд (Мас. 24:10). Ва вақте ки мо рӯҳафтода мегардему бовариамонро ба муҳаббати Худо гум мекунем, ба муқобили ҳамлаҳои Шайтон истодагарӣ карда наметавонем (Эфс. 6:16). Баъзе масеҳиёни содиқ дар замони мо ба шубҳаҳо дода шуда имонашон суст шуд. Вақте дар сари мо чунин фикрҳо пайдо мешаванд, мо бояд чӣ кор кунем? Мо бояд дарҳол онҳоро аз худ дур кунем. Аз Яҳува мадад пурсед, ки фикрҳоеро, ки шуморо ба ташвиш меоранд, бартараф намуда осоиштагии Худро, ки ақлу дилатонро муҳофизат мекунад, ато намояд (Заб. 139:23; Флп. 4:6, 7). Ва дар хотир доред, ки шумо танҳо нестед. w21.04 саҳ. 20, сарх. 1; саҳ. 21, сарх. 4–6
Худо... ба шумо ҳам хоҳиш ва ҳам қувват медиҳад, то амал кунед (Флп. 2:13).
Чӣ тавр шумо Шоҳиди Яҳува гаштед? Аввал, шумо «хушхабар»-ро шояд аз волидонатон, аз ҳамкор, аз ҳамсинф ё ба воситаи мавъизаи хона ба хона фаҳмидед (Марқ. 13:10). Баъд, касе бо шумо бисёр вақту қувват сарф карда омӯзиш гузаронд. Дар вақти омӯзиш муҳаббататон ба Яҳува зиёд гашт ва фаҳмидед, ки Яҳува низ шуморо дӯст медорад. Ҳамин тавр Яҳува шуморо ба ҳақиқат ҷалб кард ва ҳоло шумо чун пайрави Исои Масеҳ имконияти ҷовидона зистанро доред (Юҳ. 6:44). Албатта, шумо аз Яҳува миннатдор ҳастед, зеро ӯ касеро барангехт, ки шуморо дар бораи ҳақиқат таълим диҳад ва шуморо чун яке аз хизматгоронаш қабул кард. Акнун ки мо ҳақиқатро медонем, имконияти пуршараф дорем, ки ба дигарон низ кумак кунем, то онҳо дар роҳи ҳаёт ба сафи мо ҳамроҳ шаванд. Эҳтимол, ба шумо хона ба хона мавъиза кардан осон бошад, вале дар пешниҳод кардани омӯзиш ва гузарондани он шояд душворӣ кашед. w21.07 саҳ. 2, сарх. 1, 2