Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ДУВОЗДАҲ

Бар мушкилиҳое, ки оиларо азоб медиҳанд, шумо ғолиб омада метавонед

Бар мушкилиҳое, ки оиларо азоб медиҳанд, шумо ғолиб омада метавонед

1. Чӣ мушкилиҳои пинҳоне дар баъзе оилаҳо вуҷуд доранд?

 МОШИНИ кӯҳнае ҳоло шуставу сайқал дода шуд. Он ҷилодор асту ба назари роҳгузарон қариб нав менамояд. Аммо зери ҷилои зоҳирӣ оҳани тамоми мошин занг зада истодааст. Вазъи баъзе оилаҳо монанди ин мебошад. Гарчанде ки зоҳиран ҳама чиз дар онҳо хуб метобад, зери табассумҳояшон тарсу дард ниҳон аст. Паси дарҳои пӯшидаашон осудагии оилаашонро “занг”–е хӯрда вайрон мекунад. Ду мушкилие, ки чунин таъсири “зангзананда” доранд, майзадагӣ ва зӯроварӣ мебошанд.

АЗОБЕ, КИ МАЙЗАДАГӢ МЕОРАД

2. а) Китоби Муқаддас дар бораи истеъмоли машрубот чӣ мегӯяд? б) Майзадагӣ чист?

2 Китоби Муқаддас истеъмоли бамеъёри машрубот, яъне нӯшокиҳои спиртиро манъ намекунад, аммо майзадагиро маҳкум менамояд (Масалҳо 23:20, 21; 1 Қӯринтиён 6:9, 10; 1 Тимотиюс 5:23; Титус 2:2, 3). Майзадагӣ — ин фақат мастӣ нест, он вобастагии музмине ба машрубот ва бидуни худидоракунӣ истеъмол кардани онҳост. Майзадагон одатан калонсолонанд. Бадбахтона, навҷавонони майзада ҳам ҳастанд.

3, 4. Таъсири майзадагиро ба ҳамсару фарзандони майзада тасвир намоед.

3 Ҳанӯз дар давраҳои қадим Китоби Муқаддас нишон медод, ки сӯиистифодаи машрубот хонавайрон мекунад (Такрори Шариат 21:18–21). Таъсири ҳалокатбори майзадагиро ҳар як аъзои хонавода эҳсос менамояд. Занро кӯшишҳои боздоштани шавҳараш аз майнӯшӣ ё аз ӯҳдаи рафтори пешгӯинашавандаи вай баромадан фишор медиҳад *. Зан мекӯшад, ки машруботро пинҳон созад, партояд, пули шавҳарашро руст кунад, муҳаббати ӯро ба оила, зиндагӣ ва ҳатто ба Худо ёдрас намояд, аммо ҳайҳот — майзада ба майнӯшӣ давом медиҳад. Барабас будани кӯшишҳои поён додан ба майнӯшии шавҳарашро дида, зан эҳсоси шикастагиву ношоямӣ мекунад. Шояд акнун ӯро тарс, ғазаб, эҳсоси гунаҳкорӣ, асабоният ва норасоии худэҳтиромӣ азоб диҳанд.

4 Майзадагии яке аз волидон бачаҳоро бетаъсир намегузорад. Бо баъзеи онҳо чунин волидон бераҳмона муносибат мекунанд. Дигаронашонро таҷовуз намуданд. Дар майзадагии волидонашон ҳатто кӯдакон худро гунаҳкор меҳисобанд. Одатан, бачаҳои майзадагон бо сабаби зуд–зуд ивазшавии рафтори волидон дигар ба касе бовар намекунанд. Азбаски бачаҳо дар бораи рӯйдодҳои хона ба касе чизе гуфта наметавонанд, онҳо пахш кардани эҳсосоти худро ёд мегиранд, ки одатан ба саломатиашон зарар мерасонад (Масалҳо 17:22). Ҳатто ҳангоми калонсолиашон онҳо аз норасоии эътимоду эҳтиром ба худ азоб мекашанд.

ОИЛА ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНАД?

5. Ба майзада чӣ гуна таъсир метавон кард ва чаро ин душвор аст?

5 Гарчанде ки ба фикри мутахассисони зиёд майзадагӣ табобатнашаванда аст, бисёриҳо розӣ мешаванд, ки тавассути барномаи пурра аз машруботи спиртӣ даст кашидан ба дараҷае бадастории беҳбудӣ мумкин аст (қиёс кунед бо Матто 5:29). Дар ҳар сурат, бовар кунонидани майзада ба он ки ӯ ба кӯмак эҳтиёҷ дорад, ба гуфтан осон аст,— охир вай мушкилӣ доштанашро рад мекунад. Ба ҳар ҳол, агар аҳли оила барои мубориза бо таъсире, ки майзадагии шахси наздик ба онҳо мегузорад, қадамҳо ниҳанд, майзада ба фаҳмидани он ки мушкилӣ дорад, сар мекунад. Духтуре, ки дар кӯмак ба майзадагону оилаҳои онҳо таҷрибадор аст, мегӯяд: “Ба фикрам, муҳимтарин чиз барои оила ин аст, ки ба корҳои рӯзмарра машғул бошанд ва онҳоро то қадре ки метавонанд, беҳтар ба ҷо оранд. Майзада ҳарчи бештар хоҳад дид, ки чӣ фарқи бузурге байни ӯву аъзоёни дигари оила вуҷуд дорад”.

6. Беҳтарин манбаи панду маслиҳатҳо барои оилаҳои каси майзададошта чист?

6 Агар дар хонаи шумо майзада бошад, панди аз Худо илҳомшудаи Китоби Муқаддас бароятон кӯмак мекунад, ки зиндагии то қадри имкон солиме дошта бошед (Ишаъё 48:17; 2 Тимотиюс 3:16, 17). Баъзе принсипҳоеро, ки ба оилаҳо барои муқобилияти муваффақона бар майзадагии яке аз аъзоёнаш ёрӣ медиҳанд, дида мебароем.

7. Агар аъзои оила майзада бошад, кӣ ба ин ҷавобгар аст?

7 Ба гардани худ гирифтани тамоми гуноҳро бас кунед. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳар кас бори худро хоҳад бардошт» ва «ҳар яке аз мо дар бораи худ ба Худо ҳисобот хоҳад дод» (Ғалотиён 6:5; Румиён 14:12). Майзада шояд аъзоёни оиларо гунаҳкор кунад. Масалан, эҳтимол бигӯяд, ки “агар шумо бо ман хубтар муносибат мекардед, ман наменӯшидам”. Агар аҳли оила ба ин гуфта розӣ шавад, бо ин кор ӯро ба давомдиҳии майнӯшӣ бармеангезад. Ва ҳатто агар мо қурбонии вазъият ё одамон шавем ҳам, ҳамаи мо,— аз он ҷумла майзадагон,— ба корҳои кардаамон худамон ҷавобгар ҳастем. — Қиёс кунед бо Филиппиён 2:12.

8. Баъзе роҳҳое, ки ба майзада имконияти эҳсос кардани оқибати майхорагиашро медиҳанд, кадоманд?

8 Фикр накунед, ки шумо бояд майзадаро ҳамеша аз оқибатҳои майхорагиаш муҳофизат намоед. Панди Китоби Муқаддас оиди хашмгинон нисбати майзадагон низ қобили корбурд аст: «Агар ӯро раҳо намоӣ, боз ҳам ҷазо додан лозим мешавад» (Масалҳо 19:19). Бигузор майзада оқибати майнӯшиашро эҳсос кунад. Бигузор худаш бетартибии дар хона кардаашро ба низом орад ва ба сарвари ҷои кораш низ субҳи баъд аз мастӣ худаш занг занад.

9, 10. Чаро оилаҳои шахси майзада дошта бояд кӯмак қабул кунанд ва хусусан аз кӣ онҳо бояд ёрӣ ҷӯянд?

9 Кӯмаки дигаронро қабул кунед. Масалҳо 17:17 мегӯяд: «Дӯст ҳар вақт дӯст медорад ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад». Агар дар хонаатон майзада бошад, ин як бадбахтист. Шумо ба кӯмак эҳтиёҷ доред. Бе дудилагӣ ба дӯстони ҳақиқӣ такя кунед (Масалҳо 18:24). Онҳое, ки ин мушкилиро мефаҳманд ё худ ба вазъияти монанд рӯ ба рӯ буданд, метавонанд маслиҳатҳои муфиде дар чӣ кор кардану накардан диҳанд. Аммо оқил бояд буд. Бо шахсоне дар ин маврид гуфтугӯ кунед, ки ба онҳо эътимод доред ва онон сирро ниҳон хоҳанд дошт — Масалҳо 11:13.

10 Ба пирони ҷамъомади Ходимони Худо эътимод карданро ёд гиред. Пирони ҷамъомад сарчашмаи бузурги кӯмак буда метавонанд. Ин мардони рӯҳан баркамол аз Каломи Худо маълумот ва дар бакорбарии принсипҳои он таҷриба доранд. Онҳо «мисли паноҳгоҳе аз бод ва ниҳонгоҳе аз тӯфон, мисли ҷӯйҳои об дар саҳрои хушк, мисли сояи кӯҳпораи бузург дар замини бемаҷол» буда метавонанд (Ишаъё 32:2). Пирони ҷамоати ходимони Худо на танҳо ҷамъомадро аз таъсироти зараррасон муҳофизат мекунанд, балки ҳамчунин тасалливу тароват мебахшанд ва ба мушкилидоштагон таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир менамоянд. Аз кӯмаки онҳо ба таври пурра истифода баред.

11, 12. Кӣ беҳтарин кӯмакро ба оилаҳои майзададошта пешниҳод мекунад ва ин дастгирӣ чӣ тавр дода мешавад?

11 Муҳимтар аз ҳама, аз Яҳува қувват бигиред. Китоби Муқаддас бо гармӣ моро итминон медиҳад: «Худованд ба дилшикастагон наздик аст, ва рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод» (Забур 33:19). Агар худро аз фишори зиндагӣ бо аъзои майзадаи оила дилшикаставу рӯҳафтода эҳсос кунед, бидонед, ки «Худованд наздик аст». Ӯ мефаҳмад, ки то чӣ андоза вазъи оилаи шумо тоқатфарсост — 1 Петрус 5:6, 7.

12 Имон ба гуфтаҳои Яҳува Худо, ки дар Каломи Ӯст, ба шумо барои аз ӯҳдаи изтироб баромадан кӯмак мекунад (Забур 129:3, 4; Матто 6:25–34; 1 Юҳанно 3:19, 20). Омӯзиши Каломи Илоҳӣ ва зиндагӣ мувофиқи он, ба шумо барои гирифтани кӯмаки рӯҳулқудси Худо ёрӣ медиҳад, ки ин дар навбати худ бароятон «бартарии қувват» мебахшад, то аз як рӯз то рӯзи дигар аз ӯҳдаи зиндагӣ бароед — 2 Қӯринтиён 4:7 *.

13. Мушкилии дуввуме, ки оилаҳоро азоб медиҳад, кадом аст?

13 Сӯиистифода аз машрубот ба мушкилии дигаре оварда метавонад, ки оилаҳои зиёдеро азоб медиҳад: зӯроварӣ дар оила.

АЗОБЕ, КИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА МЕОРАД

14. Зӯроварӣ дар оила ибтидои худро аз кай мегирад ва вазъи имрӯза чӣ гуна аст?

14 Дар таърихи инсоният аввалин рӯйдоди зӯроварӣ дар оила ҳамлаи Қобил ба бародараш Ҳобил буд (Ҳастӣ 4:8). Аз он вақт инҷониб, одамизод гирифтори ҳар навъ балои зӯроварӣ дар оила аст. Шавҳароне ҳастанд, ки ба занашон даст мебардоранд, заноне вуҷуд доранд, ки ба шавҳарон ҳамла мекунанд, волидоне ҳастанд, ки сангдилона бачаҳои хурдашонро мезананд ва фарзандони бакамолрасидае мавҷуданд, ки ба волидон бераҳмона муносибат менамоянд.

15. Зӯроварӣ дар оила чӣ таъсире ба вазъи эҳсосии аъзоёни хонавода мегузорад?

15 Азобе, ки зӯроварӣ дар оила меорад, танҳо дарди захмҳои ҷисмӣ нест. Зане, ки шавҳараш ӯро мезад, гуфт: “Эҳсоси сахти гунаҳкорию шармандагӣ мекунӣ. Аксари субҳҳо, мехоҳӣ, ки аз ҷогаҳ нахезӣ, бо умеди он ки воқеият як хоби даҳшатнок асту бас”. Бачаҳое, ки зӯроварӣ дар оиларо мебинанд ё аз сар мегузаронанд, ба камол расида, дар оилаҳои худашон зӯровару золим шуда метавонанд.

16, 17. Зӯроварии эҳсосӣ чист ва он ба аҳли хонадон чӣ тавр таъсир мекунад?

16 Зӯроварӣ дар оила танҳо зарбаҳои ҷисмиро дар бар намегирад. Аксаран ҳамлаҳо забониянд. Масалҳо 12:18 мегӯянд: «Баъзеҳо неши забон мезананд, ки мисли зарби шамшер аст». Ин «зарб»–и зӯроварӣ дар оила — дашномдиҳиву додзанӣ, танқиди доимӣ, таҳқирҳои пастзананда ва таҳдиди задан аст. Захмҳои зӯроварии эҳсосӣ ба чашм ноаёнанду аксаран аз назари дигарон пинҳон.

17 Зери зарбаҳои эҳсосӣ қарор гирифтани кӯдак — танқиди доимии ӯ, паст задани қобилиятҳову ақл ё арзандагии шахсияташ хусусан ғамангез аст. Ин зӯроварии забонӣ рӯҳи кӯдакро шикаста метавонад. Рост аст, ки ҳама кӯдакон ба ислоҳкунӣ ниёз доранд. Аммо Китоби Муқаддас ба падарҳо дастур медиҳад: «Фарзандони худро ба хашм наоваред, ки мабодо онҳо маъюс шаванд» — Қӯлассиён 3:21.

ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

Ҳамсарони худотарсе, ки ҳамдигарро дӯст медоранду эҳтиром мекунанд, мекӯшанд, ки мушкилиҳоро зуд ҳал намоянд

18. Зӯроварӣ дар оила аз куҷо оғоз меёбад ва Китоби Муқаддас оиди роҳи боздошти он чӣ мегӯяд?

18 Зӯроварӣ дар оила, дар дилу ақли одам сар мешавад; корҳои мо натиҷаи фикрҳои моянд (Яъқуб 1:14, 15). Барои мубориза бо майли ба зӯроварӣ доштаи худ, шахс бояд тарзи фикрашро тағйир диҳад (Румиён 12:2). Оё ин имконпазир аст? Бале. Каломи Худо барои дигар шудани инсон тавоноӣ медиҳад. Он ҳатто «қалъа»–ҳои ақидаҳои нодурустро валангор мекунад (2 Қӯринтиён 10:4; Ибриён 4:12). Дониши дақиқ аз Китоби Муқаддас метавонад касро комилан чунон тағйир диҳад, ки дар борааш “одами нав шуд” мегӯянд — Эфсӯсиён 4:22–24; Қӯлассиён 3:8–10.

19. Назару муносибати ходими Худо ба ҳамсараш бояд чӣ гуна бошад?

19 Муносибат ба ҳамсар. Каломи Худо амр медиҳад: «Бояд шавҳарон занони худро мисли ҷисми худ дӯст доранд: он ки зани худро дӯст медошта бошад, худро дӯст медорад» (Эфсӯсиён 5:28). Китоби Муқаддас ҳамчунин мегӯяд, ки шавҳар бояд зани худро, ки «зарфи заифтар» аст, «мӯҳтарам» дорад (1 Петрус 3:7). Занон дар ин китоб панд дода мешаванд, ки «шавҳарони худро дӯст доранд» ва ба онҳо «эҳтироми амиқ» дошта бошанд (Титус 2:4; Эфсӯсиён 5:33, ТДН). Албатта, ягон шавҳари худотарс наметавонад ба ростӣ арз намояд, ки занашро эҳтиром мекунад, дар ҳолате ки ӯро таҳқири ҷисмӣ ё забонӣ намояд. Ва ягон зане, ки ба сари шавҳараш дод мезанад, ё тамасхуромез ба ӯ муроҷиат мекунад ё доимо ғурбат менамояд, наметавонад бигӯяд, ки вай дар ҳақиқат шавҳарашро дӯст медораду ҳурмат мекунад.

20. Волидон оиди бачаҳо дар назди кӣ масъулият доранд ва чаро падару модар набояд аз фарзандон интизориҳои ғайривоқеӣ дошта бошанд?

20 Муносибати дуруст ба бачаҳо. Бачаҳо ба муносибати хуб сазоворанд, бале, онҳо эҳтиёҷ доранд, ки волидон ба онҳо муҳаббату таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд. Каломи Худо бачаҳоро «мерос аз ҷониби Худованд» ва «ҳадяи Яҳува» меномад (Забур 127:3, ТДН). Падару модар дар назди Худо масъуланд, ки ба ин мерос ғамхорӣ намоянд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ба бачаҳо рафтори «кӯдаквор» ва «беақлӣ» хос аст (1 Қӯринтиён 13:11; Масалҳо 22:15). Волидон аз дидани беақлии бачагон набояд ба ҳайрат афтанд. Бачаҳо калонсол нестанд. Ба падару модар аз кӯдак беш аз чизе, ки ба синну соли ӯ, шароити оила ва қобилиятҳояш мувофиқ аст, талаб кардан мумкин нест. — Нигаред ба Ҳастӣ 33:12–14.

21. Тарзи худописандонаи муносибату рафтор ба волидони пиронсол чӣ гуна аст?

21 Муносибат ба волидони солхӯрда. Ибодат 19:32 мегӯяд: «Пеши мӯйсафед бархез ва пирро эҳтиром намо». Ҳамин тавр Китоби Муқаддас иззату эҳтиром кардани солхӯрдагонро ёд медиҳад. Ҳангоми аз ҳад зиёд талабкор будани волидони солхӯрда, ё бемории онҳо, ё ҳангоми сустҳаракатию оҳиста фикр карданашон ин кор шояд осон набошад. Вале дар ҳар сурат, фарзандон ёдрас мешаванд, ки «падарону модаронро қадрдонӣ кунанд» (1 Тимотиюс 5:4). Ин маънои бо иззату эҳтиром ба волидон муносибат кардан ва шояд ҳатто дастгирии моддии онҳоро дорад. Расонидани озори ҷисмонӣ ё ягон муносибати бади дигар бо волидони пиронсол комилан бархилофи таълими Китоби Муқаддас аст.

22. Кадом хусусият барои ғолибият ба зӯроварӣ дар оила муҳим аст ва онро чӣ гуна зоҳир метавон кард?

22 Худдориро инкишоф диҳед. Ояти Масалҳо 29:11 мегӯяд: «Аблаҳ тамоми хашми худро берун меоварад, вале хирадманд охируламр онро сокит мекунад». Хашми худро чӣ гуна боздоштан мумкин аст? Ба ҷои роҳ додан ба авҷи ҷаҳл дар дил, ба тезӣ барои ҳалли мушкилии баромада амал кунед (Эфсӯсиён 4:26, 27). Агар ҳис намоед, ки худдориро гум карда истодаед, беҳтар аст он ҷоро тарк намоед. Дар дуо аз Худо хоҳиш кунед, ки рӯҳулқудсаш дар шумо хусусияти худдорӣ ба амал оварад (Ғалотиён 5:22, 23). Сайругашт ё баъзе машқҳои ҷисмонӣ барои идора намудани эҳсосотатон кӯмак карда метавонанд (Масалҳо 17:14, 27). Ҷаҳд кунед, ки «собир», яъне пуртоқат бошед — Масалҳо 14:29.

ҶУДО ШАВЕМ Ё БО ҲАМ БИМОНЕМ?

23. Агар аъзои ҷамоати ходимони Худо такроран ба ғазаб дода шаваду тавба накунад ва шояд ба аҳли хонаводааш даст ҳам бардорад, чӣ рӯй медиҳад?

23 Дар байни корҳое, ки Китоби Муқаддас маҳкум менамояд, «адоват, хархаша ... хашм» мебошанд ва мувофиқи ин китоб, «кунандагони чунин корҳо Малакути Худоро мерос нахоҳанд гирифт» (Ғалотиён 5:19–21). Аз ин рӯ, ҳар касе ки худро ходими Худо меҳисобаду дар айни ҳол такроран ба хашму ғазаб дода мешавад ва тавба намекунад, шояд ба сари ҳамсару фарзандон даст ҳам мебардорад, аз ҷамоати ходимони Худо хориҷ хоҳад шуд (қиёс кунед бо 2 Юҳанно 9, 10). Бо ин роҳ, ҷамоат аз шахсони бадҷаҳл пок мегардад — 1 Қӯринтиён 5:6, 7; Ғалотиён 5:9.

24. а) Ҳамсари ҷабрдида кадом роҳи амалро интихоб карда метавонад? б) Дӯстону пирони ҷамоати ходимони Худо, ки оиди ҷабрдида ташвиш мекашанд, чӣ гуна ӯро дастгирӣ карда метавонанд, аммо чӣ корро набояд бикунанд?

24 Оиди он ходимони Худо, ки дар айни ҳол ҳамсарашон онҳоро мезананд ва ҳеҷ аломати беҳбудӣ ба назар намерасад, чӣ метавон гуфт? Баъзеҳо бо ин ё он сабаб бо ҳамсар монданро интихоб мекунанд. Дигарон, аз эҳсоси хатар ба вазъи ҷисмониву рӯҳониву равонӣ ё ҳатто зиндагиашон,— тарки ҳамсарро қарор медиҳанд. Ҳар қарореро, ки ҷабрдида аз зӯроварӣ дар оила зери чунин вазъият қабул накунад, ин кори шахсии ӯ дар назди Яҳува аст (1 Қӯринтиён 7:10, 11). Дӯстони хайрхоҳ, хешовандон ё пирони ҷамоати ходимони Худо шояд бихоҳанд, ки кӯмаку маслиҳат пешниҳод кунанд, аммо касе набояд ба ҷабрдида барои қабули қарори муайяне фишор оварад. Ин қарори шахсии худи ӯст — Румиён 14:4; Ғалотиён 6:5.

АНҶОМИ МУШКИЛИҲОИ АЗИЯТОВАР

25. Нияти Яҳува Худо нисбати оила чист?

25 Вақте ки Яҳува Одаму Ҳавворо дар издивоҷ ба ҳам пайваст, Ӯ ҳаргиз ният накарда буд, ки оилаҳо аз чунин мушкилиҳое мисли зӯроварию майзадагӣ азият кашанд (Эфсӯсиён 3:14, 15). Оила бояд ҷое мебуд, ки муҳаббату оромӣ дар он ҳукмрон аст ва ниёзҳои ақлӣ, равонӣ ва рӯҳонии ҳар як аъзояш қаноатманд мешаванд. Аммо бо пайдошавии гуноҳ вазъи зиндагии оилавӣ базудӣ торафт бад шуд. — Қиёс кунед бо Воиз 8:9.

26. Онҳоеро, ки мувофиқи талабҳои Яҳува Худо зиндагӣ мекунанд, дар оянда чӣ интизор аст?

26 Хушбахтона, Яҳува аз мақсади нисбати оила доштааш даст накашид. Ӯ ваъда медиҳад, ки одамонро ба дунёи нави осуда медарорад, ки онҳо дар он ҷо «дар амният сокин хоҳанд шуд, ва касе онҳоро ба ҳарос нахоҳад андохт» (Ҳизқиёл 34:28). Дар он замон зӯровариву майзадагӣ ва тамоми мушкилиҳои дигаре, ки имрӯз оилаҳоро азият медиҳанд, фақат дар гузашта хоҳанд монд. Табассуми одамон на барои пинҳон сохтани тарсу дард, балки самимона хоҳад буд, зеро онҳо «аз осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд» — Забур 36:11.

^ Гарчанде ки ин ҷо сухан дар бораи марди майзада меравад, принсипҳои муҳокимашаванда ба ҳолатҳои майзадагии зан низ дахл доранд.

^ Дар баъзе мамлакатҳо, марказҳои табобат, беморхонаҳо ва барномаҳои табобат барои майзадагону оилаҳои онҳо вуҷуд доранд. Қабул кардану накардани чунин ёрӣ кори шахсии ҳар кас аст. Созмони Шоҳидони Яҳува ягон намуди махсуси табобатро тавсия намекунад. Аммо эҳтиёт бояд шуд, ки дар ҷустуҷӯи кӯмак ба ягон фаъолияти ба Китоби Муқаддас зид олуда нагардем.