Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ЁЗДАҲ

Дар хонадонатон сулҳу оромӣ нигаҳ доред

Дар хонадонатон сулҳу оромӣ нигаҳ доред

1. Баъзе аз сабабҳои ҷудоӣ дар оила кадоманд?

 ХУШБАХТАНД онҳое ки дар хонадонашон муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу оромӣ ҳукмфармост. Умед мекунем, ки оилаи шумо низ аз ингунаҳост. Мутаассифона, шумораи беҳисоби оилаҳо ба чунин тасвир рост намеоянд ва бо сабабҳои гуногун дар онҳо ҷудоиҳо ҷой доранд. Чӣ дар хонадон боиси ҷудоӣ мешавад? Дар ин боб мо се сабаби инро муҳокима мекунем. Дар баъзе оилаҳо, аъзоёни онҳо пайрави як дин нестанд. Дар хонаводаҳои дигар, фарзандон волидони ӯгай доранд. Дар байни аъзоёни хонаводаҳои дигар ҷудоӣ аз он сабаб аст, ки баъзеашон хоҳиши таъминкунии оила бо маводи зарурии зиндагиро доранд, дигаронашон бошанд, саъй барои ҳарчи бештар ба даст овардани пулу мол мекунанд. Ба ҳар ҳол, вазъе ки дар як хонадон ҷудоиандоз аст, метавонад ҳеҷ таъсире дар хонаводаи дигар надошта бошад. Чаро?

2. Баъзе одамон оиди масъалаҳои оилавӣ аз куҷо ҳидоят меҷӯянд ва ҳидояти беҳтарин дар ин хусус чист?

2 Аввалан, чигунагии нуктаи назари шумо муҳим аст. Агар шумо самимона бикӯшед, ки ақидаи шахси дигарро бифаҳмед, ба эҳтимоли зиёд роҳи дар хонадон нигаҳ доштани ягонагиро хоҳед дид. Омили дуввум ин аст, ки ҳидояткунандаи шумо чист. Аксарияти одамон ба маслиҳати ҳамкорон, ҳамсояҳо, рӯзноманигорон ё дигар ҳидоятгарони одамӣ кор мекунанд. Аммо ҳастанд онҳое, ки дар хусуси вазъиятҳои дучоршудаашон аз Каломи Худо маслиҳат меҷӯянд ва аз рӯи он амал менамоянд. Чӣ тавр ин амал кӯмак мекунад, ки сулҳу оромӣ дар хона нигоҳ дошта шавад? — 2 Тимотиюс 3:16, 17.

АГАР ЭЪТИҚОДИ ДИНИИ ШАВҲАРАТОН АЗ ШУМО ФАРҚ КУНАД

3. а) Китоби Муқаддас оиди издивоҷ бо шахсе, ки ақоиди диниаш дигар аст, чӣ насиҳат медиҳад? б) Баъзе принсипҳои асосие, ки лоиқи корбурд дар сурати ақидаҳои гуногун доштани ҳамсарон ҳастанд, кадоманд?

3 Китоби Муқаддас ҷиддан насиҳат медиҳад, ки бо шахсе, ки эътиқоди диниаш аз мо фарқ дорад, издивоҷ накунем (Такрори Шариат 7:3, 4; 1 Қӯринтиён 7:39). Вале шояд шумо ҳақиқат аз Китоби Муқаддасро баъд аз издивоҷ карданатон омӯхтед ва шавҳаратон онро фаҳмидан нахост. Он гоҳ–чӣ? Албатта, аҳди издивоҷ нигаҳ дошта мешавад (1 Қӯринтиён 7:10). Китоби Муқаддас маҳкамии пайванди издивоҷро таъкид менамояд ва ҳамсаронро ташвиқ мекунад, ки ихтилофоти фикрҳояшонро ҳал намоянд, на ин ки аз онҳо гурезанд (Эфсӯсиён 5:28–31; Титус 2:4, 5). Вале агар шавҳари шумо бо қатъият бар дини Китоби Муқаддасро пайравӣ кардани шумо зиддият кунад–чӣ? Шояд ӯ барои ба вохӯриҳои омӯзиши Китоби Муқаддас рафтани шумо монеъ шавад, ё бигӯяд, ки намехоҳад, то занаш бо одамон дар бораи дин сӯҳбат кунад. Шумо дар ин ҳолат чӣ кор мекунед?

4. Чӣ тавр зан метавонад барои фаҳмидани шавҳаре, ки эътиқоди диниаш аз ӯ фарқ дорад, саъй кунад?

4 Аз худ бипурсед: “Чаро шавҳарам ин тавр фикр мекунад?” (Масалҳо 16:20, 23). Шояд ӯ аз он ки чӣ кор кардани шуморо намефаҳмад, дар хусусатон ташвиш мекашад. Ё эҳтимол хешовандон ба ӯ фишор меоранд, зеро мебинанд, ки шумо дигар урфу одатҳои барои онҳо муҳимро дастгирӣ намекунед. Шавҳаре гуфт, ки “дар хона аз танҳоӣ худро партофташуда эҳсос намудам”. Ба назари ин мард чунин менамуд, ки гӯё дин занашро аз вай мегирад. Вале ғурур барояш монеъ мешуд, ки ба эҳсоси танҳоӣ карданаш иқрор гардад. Шояд шавҳаратон ниёз дошта бошад, то ӯро бовар кунонед, ки Яҳува Худоро дӯст доштанатон муҳаббати шуморо нисбати ҳамсаратон кам намекунад. Ҳатман бо шавҳаратон вақт гузаронед.

5. Чӣ мувозинатеро заноне, ки эътиқоди диниашон аз шавҳарашон фарқ дорад, нигаҳ бояд доранд?

5 Ба ҳар сурат, агар бихоҳед, ки дар ҳолатҳои пешомада оқилона рафтор намоед, бояд чизи муҳимтареро ба назар бигиред. Каломи Худо занонро ташвиқ мекунад: «Ба шавҳарони худ итоат намоед, чунон ки дар Худованд муносиб аст» (Қӯлассиён 3:18). Ҳамин тариқ, Китоби Муқаддас зидди рӯҳи истиқлолталабӣ ҳарф мезанад. Ғайр аз ин, «чунон ки дар Худованд муносиб аст» гуфта, Навиштаҳои Муқаддас ишора мекунанд, ки ҳангоми итоат ба шавҳар, итоат ба Худоро низ ба инобат гирифтан лозим аст. Дар ин бобат мувозинатро нигоҳ бояд дошт.

6. Кадом принсипҳоро зане, ки ходими Худост, бояд дар хотир дошта бошад?

6 Ташриф ба вохӯриҳои ҷамоат ва шаҳодат оиди имони бар Китоби Муқаддас асосёфта ҷонибҳои муҳими ибодати ҳақиқӣ ҳастанд ва ба онҳо хунукназарӣ кардан мумкин нест (Румиён 10:9, 10, 14; Ибриён 10:24, 25). Агар касе аз одамон бароятон рӯирост амр диҳад, ки ба ягон талаби бахусуси Худо итоат нанамоед, шумо чӣ кор хоҳед кард? Расулони Исо–пайғамбар гуфтанд: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод» (Аъмол 5:29). Намунаи онҳо дар бисёр вазъиятҳои зиндагӣ лоиқи корбурд мебошад. Оё муҳаббат ба Яҳува Худо шуморо бармеангезад, то ба Ӯ садоқате, ки аслан ҳаққи Ӯст, зоҳир созед? Ва дар айни ҳол, оё муҳаббату эҳтироматон нисбати шавҳар шуморо бармеангезад, ки саъю кӯшиш кунед, то садоқати худро ба Яҳува тарзе зоҳир намоед, ки ин барои шавҳаратон низ мавриди қабул бошад? — Матто 4:10; 1 Юҳанно 5:3.

7. Чӣ гуна қатъиятро зани масеҳӣ бояд дошта бошад?

7 Исои Масеҳ гуфт, ки ин кор на ҳамеша имконпазир хоҳад буд. Ӯ огоҳ кард, ки аз сабаби мухолифат ба ибодати ҳақиқӣ шахсони ба Китоби Муқаддас имондор дар баъзе оилаҳо худро ҷудошуда эҳсос хоҳанд кард, гӯё ки дар байни онҳову аъзоёни дигари хонавода шамшере гузашта бошад (Матто 10:34–36). Зане аз Ҷопон инро аз сар гузаронд. Шавҳараш ба вай тӯли 11 сол зиддият мекард. Ӯ бо занаш дағалона муносибат менамуд ва зуд–зуд мешуд, ки барои ба хона даромаданаш монеъ мегашт. Вале ин зан устувор мемонд. Дӯстон аз ҷамоати масеҳӣ ба вай кӯмак мекарданд. Ӯ ҳамеша дуо мегуфт ва аз суханҳои ояти 1 Петрус 2:20 дастгириву рӯҳбаландӣ меёфт. Ин зани масеҳӣ боварӣ дошт, ки агар ӯ қавиирода бимонад, рӯзе шавҳараш низ дар хидмати Яҳува ба ӯ ҳамроҳ хоҳад шуд. Ва ҳамин тавр ҳам рӯй дод.

8, 9. Зан бояд чӣ тавр рафтор кунад, то пеши шавҳараш монеъаҳои нолозима нагузорад?

8 Роҳҳои амалии зиёде вуҷуд доранд, ки тавассути онҳо шумо метавонед ба муносибати ҳамсаратон таъсир расонед. Масалан, агар ба шавҳаратон дини шумо маъқул набошад, бикӯшед, ки барои шикоят дар ҷонибҳои дигари зиндагӣ асос надиҳед. Манзилро тоза нигоҳ доред. Ба зоҳири худ аҳамият диҳед. Дар нишон додани муҳаббату миннатдорӣ сахӣ бошед. Танқидкунанда неву дастгирикунанда бошед. Ба ӯ маълум кунед, ки аз вай сарварӣ интизоред. Агар худро ранҷида эҳсос намоед, қасд нагиред (1 Петрус 2:21, 23). Нокомилияти инсониро ба инобат гиред ва агар баҳсе ба миён ояд, фурӯтанона ҳозир бошед, ки аввал шумо узр пурсед — Эфсӯсиён 4:26.

9 Нагузоред, ки ба ҷамоати омӯзиши Каломи Худо рафтани шумо сабаби худсафедкуниатон дар дер тайёр кардани таом барои шавҳар гардад. Барои хидмат ба Худо низ вақтеро интихоб кардан мумкин аст, ки шавҳаратон дар хона нест. Барои зане, ки ходими Худост, оқилона мебуд, ки ҳангоми майли гӯшкунӣ надоштани шавҳараш аз мавъиза ба ӯ худдорӣ кунад. Беҳтар аст, ки дар ин маврид ба панди зерини Петруси расул пайравӣ кунед: «Шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд, вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд» (1 Петрус 3:1, 2). Заноне, ки ходими Худоянд, саъй мекунанд, ки ҳарчи бештар дар худ самари рӯҳи Худоро зоҳир созанд — Ғалотиён 5:22, 23.

АГАР ЭЪТИҚОДИ ДИНИИ ЗАН ДИГАР БОШАД

10. Марди боимон бо ҳамсаре, ки пайрави дини дигар аст, чӣ гуна муносибат мекунад?

10 Агар мард ба Китоби Муқаддас имон дошта бошаду зан не, он гоҳ–чӣ? Китоби Муқаддас оиди ин ҳолат ҳам ҳидоят дорад. Он чунин аст: «Агар бародаре завҷаи беимон дошта бошад ва он завҷа розӣ бошад бо ӯ зиндагӣ кунад, ӯ набояд аз вай ҷудо шавад» (1 Қӯринтиён 7:12). Ҳамчунин, Каломи Худо ба шавҳарон панд медиҳад: «Занони худро дӯст доред» — Қӯлассиён 3:19.

11. Чӣ тавр шавҳар метавонад дар сарварӣ бар ҳамсаре, ки ҳамимонаш нест, амиқбинӣ ва хушмуомилагӣ нишон диҳад?

11 Агар шумо шавҳаре бошед, ки ақидаҳои динии занатон аз шумо фарқ мекунанд, пас бахусус бикӯшед, то ӯро эҳтиром созед ва эҳсосоташро ба инобат гиред. Ӯ чун шахси болиғ ҳаққ дорад, ки эътиқоди динии худро интихоб кунад, ҳатто агар шумо бо онҳо розӣ набошед. Интизор нашавед, ки аз бори аввали дар бораи эътиқодатон нақл кардани шумо ӯ ҳамон лаҳза аз ақидаҳои солҳои сол доштааш ба хотири чизи наве даст мекашад. Ба ҷои он ки дағалона анъанаҳои динии ӯву хешовандонашро, ки муддати тӯлонӣ барои онҳо азиз буданд, бардурӯғ эълон кунед, бикӯшед, то босаброна дар асоси Навиштаҳои Муқаддас бо ӯ сӯҳбат намоед. Агар шумо ба фаъолияти ҷамоат вақти зиёд сарф мекунед, эҳтимол занатон эҳсос дошта бошад, ки шумо ба ӯ беэътиноӣ менамоед. Шояд сабаби мухолифат намудани вай ба хидмати ба Яҳува мекардаи шумо фақат чунин аст: «Ман мехоҳам, шумо бештар ҳамроҳам бошед!». Сабру тоқат зоҳир кунед. Таваҷҷӯҳи бомуҳаббати шумо эҳтимол бо гузашти вақт ба занатон барои ҳамроҳ шудан ба ибодати ҳақиқӣ кӯмак кунад — Қӯлассиён 3:12–14; 1 Петрус 3:8, 9.

ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН

12. Агар зану шавҳар пайравони динҳои гуногун бошанд, принсипҳои Китоби Муқаддас бояд чӣ гуна ба кор бурда шаванд?

12 Дар хонадоне, ки ақидаҳои динии аъзоёнаш аз ҳам фарқ мекунанд, тарбияи динии кӯдакон баъзан мавриди мушкилӣ қарор мегирад. Чӣ гуна дар ин ҳолат принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор бояд бурд? Каломи Худо масъулияти асосии тарбияи фарзандонро бар зиммаи падар гузоштааст, вале модар ҳам дар ин нақши муҳиме мебозад (Масалҳо 1:8; қиёс кунед бо Ҳастӣ 18:19; Такрори Шариат 11:18, 19). Ҳатто агар сарварии Масеҳро қабул накунад ҳам, ба ҳар ҳол падар сарвари оила аст.

13, 14. Агар шавҳар ба ҳамсараш ба вохӯриҳои ҷамоат бурдани фарзандон ва бо онҳо омӯхтани Китоби Муқаддасро манъ кунад, зан чӣ кор карда метавонад?

13 Баъзе падароне, ки Китоби Муқаддасро қабул намекунанд, зид нестанд, ки модари хонадон ба бачаҳо аз он панду таълим диҳад. Бархеи дигар зид ҳастанд. Агар шавҳаратон ба шумо иҷозат надиҳад, ки фарзандонро ба вохӯриҳои омӯзиши Каломи Худо баред ва ё ҳатто дар хона бо онҳо Китоби Муқаддасро омӯзед, он гоҳ–чӣ? Дар ин вазъ, бояд чанд масъулияти худро бо мувозинат иҷро намоед; масъулияти худро нисбат ба Яҳува Худо, ба сарварии шавҳар ва фарзандони азизатон. Чӣ гуна ин ҳамаро мутобиқ кардан мумкин аст?

14 Бешакк, шумо дар ин хусус дуо хоҳед кард (Филиппиён 4:6, 7; 1 Юҳанно 5:14). Вале, охиран, худи шумо бояд қарор намоед, ки чӣ кор мекунед. Агар боадабона ба шавҳаратон аён созед, ки ба сарварии ӯ дастдарозӣ намекунед, мухолифати вай оқибат метавонад камтар шавад. Ҳатто агар шавҳар ба шумо барои ба вохӯриҳои ҷамоат бурдани фарзандон ва ё бо онҳо омӯхтани Китоби Муқаддасро манъ кунад, ба ҳар ҳол шумо метавонед кӯдаконро таълим диҳед. Бо сӯҳбатҳои ҳаррӯзаву намунаи хубатон бикӯшед, ки ба онҳо муҳаббат ба Яҳува Худо, имон ба Каломи Ӯ, эҳтиром ба волидон, аз он ҷумла ба падар, муносибати меҳрубонона бо одамон, қадрдонии меҳнати боинсофонаро талқин кунед. Бо гузашти вақт, шояд падарашон самари хуби ин гуна тарбияро дида, кӯшишҳои шуморо қадр намояд — Масалҳо 23:24.

15. Масъулияти падаре, ки ба Китоби Муқаддас имон дорад, дар тарбияи фарзандон чӣ гуна аст?

15 Агар шумо шавҳари ба Китоби Муқаддас имондор бошеду занатон не, он гоҳ масъулияти «дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия» кардани фарзандон бар дӯши шумост (Эфсӯсиён 6:4). Ва дар ин кор, шумо дар муносибат бо занатон албатта бояд меҳрубон, дӯстдор ва оқил бошед.

АГАР ЭЪТИҚОДИ ДИНИИ ВОЛИДОНАТОН ДИГАР БОШАД

16, 17. Агар фарзандон ақидаҳои динии аз эътиқоди волидонашон фарқкунандаро қабул кунанд, кадом принсипҳои Китоби Муқаддасро бояд дар хотир дошта бошанд?

16 Дигар ғайримаъмулӣ нест, ки ҳатто бачаҳои ба балоғатнарасида эътиқоди динии худро дошта бошанд, ки аз ақидаҳои волидонашон фарқ мекунанд. Шумо ҳам чунин ҳастед? Агар ҳа, Китоби Муқаддас бароятон панду насиҳат дорад.

17 Каломи Худо мегӯяд: «Ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст. “Падар ва модари худро иззат намо”» (Эфсӯсиён 6:1, 2). Ба ҳар сурат, гарчанде ки итоат ва эҳтиром ба падару модар муҳим аст, итоат ба Худои ҳақиқиро фаромӯш набояд кард. Вақте ки фарзанд ба андозаи кофӣ ба воя мерасад, яъне то оне ки битавонад қарорҳо қабул намояд,— дараҷаи масъулияти вай барои амалҳояш баландтар мешавад. Ин на танҳо ба иҷроиши қонунҳои дунявӣ, балки ба қонунҳои Илоҳӣ ҳам дахл дорад. «Ҳар яке аз мо дар бораи худ ба Худо ҳисобот хоҳад дод»,— мегӯяд Китоби Муқаддас — Румиён 14:12.

18, 19. Агар фарзанд эътиқоди динии аз волидон фарқкунанда дошта бошад, чӣ тавр метавонад ба падару модар барои беҳтар фаҳмидани имонаш кӯмак намояд?

18 Дар ҳоле, ки эътиқоди шумо сабаби тағйирот дар ҳаётатон гардад, бикӯшед, ки нуктаи назари волидонро бифаҳмед. Агар шумо дар натиҷаи омӯхтану иҷро кардани таълимоти Китоби Муқаддас нисбаташон бештар эҳтиромгузору боитоат шавед, дар ба ҷо овардани хоҳишҳои онҳо зиёдтар ҷаҳд кунед, эҳтимоли зиёд аст, ки падару модар хурсанд мегарданд. Вале, агар аз боиси имони наватон эътиқоду русуми ба онҳо азизро рад намоед, волидон шояд фикр кунанд, ки шумо ба мероси ниёгон беэътиноӣ менамоед. Шояд онҳо ҳамчунин оиди беҳбудии шумо ташвиш мекашанд,— агар коре ки ба он банд ҳастед, дар ҷамъият маъмулӣ нест ва ба андешаи волидон шуморо аз мақсадҳое, ки ба беҳбудии молӣ мебаранд, дур месозад. Монеаи дигар ғурур аст. Эҳтимол падару модар фикр кунанд шумо аслан гуфтаниед, ки шумо ҳақ ҳастеду онҳо ноҳақ.

19 Аз ин рӯ, то ҳадди имкон бикӯшед, ки волидонатонро бо яке аз пирон ё Шоҳидони баркамоли ҷамоати маҳаллии ходимони Худо шинос кунед. Падару модаратонро ба наздиктарин Толори Салтанат даъват намоед, то бишнаванд, ки он ҷо сухан дар бораи чӣ меравад ва бо чашмони худ бубинанд, ки Шоҳидони Яҳува чӣ гуна одамонанд. Шояд бо гузашти вақт муносибати волидонатон нармтар гардад. Ҳатто агар падару модар бошиддат мухолифат намоянд, адабиёти дар Китоби Муқаддас асосёфтаро дарронанд ва ба фарзандон иштирокро дар вохӯриҳои омӯзиши Каломи Худо манъ кунанд, одатан барои дар ягон ҷои дигар хондани он ва барои сӯҳбат бо ҳамимонон, шаҳодат додан ба таври ғайрирасмӣ ва кӯмак кардан ба дигарон имкониятҳо ҳастанд. Ҳамчунин метавонед ба Яҳува Худо дуо кунед. Баъзе наврасон, барои он ки бештар аз ин бикунанд, бояд то оне ки ба камол расида имконияти алоҳида зистан пайдо кунанд, интизор гарданд. Вазъияти хона ҳар навъе ки набошад, ҳукми «Падар ва модари худро иззат намо»–ро фаромӯш накунед. Барои нигаҳ доштани сулҳу оромӣ дар хона, ҳар коре ки аз дастатон меояд, бикунед (Румиён 12:17, 18). Муҳимтар аз ҳама, сулҳ бо Худоро ҷӯё бошед.

МУШКИЛИИ ПАДАРАНДАР Ё МОДАРАНДАР БУДАН

20. Кӯдаконе, ки падар ё модари ӯгай доранд, чӣ эҳсосоте дошта метавонанд?

20 Дар оилаҳои зиёд сабаби мушкилӣ на дар масъалаҳои динӣ, балки дар пайвандҳои хунӣ аст. Ҳастанд хонаводаҳое, ки дар онҳо фарзандон аз издивоҷи пешини падар ё модар ё ҳарду вуҷуд доранд. Дар чунин оила бачаҳо шояд рашк, қаҳр ё эҳсоси бевафогӣ ба яке аз волидонро дошта бошанд. Дар натиҷа, кӯдакон кӯшишҳои самимонаи падарандару модарандар дар волиди хуб буданро писанд намекунанд. Барои муросокорӣ дар оилаҳое, ки фарзандони ӯгай доранд, чӣ кӯмак карда метавонад?

Дар тарбияи фарзандони аслӣ ё ӯгай ба ҳидояти Китоби Муқаддас такя намоед

21. Новобаста аз вазъиятҳои бахусус, чаро падарандару модарандар бояд барои кӯмак ба принсипҳои Китоби Муқаддас рӯ оваранд?

21 Дарк бояд намуд, ки новобаста аз вазъиятҳои бахусус, он принсипҳои Китоби Муқаддас, ки ба оилаҳои дигар муваффақият меоранд, дар ин навъи оилаҳо низ лоиқи корбурданд. Хунукназарӣ ба ин принсипҳо шояд муваққатан мушкилиҳоро аз миён бардорад, вале дертар ба ғаму андӯҳ меоварад (Забур 126:1; Масалҳо 29:15). Дар худ хираду амиқбинӣ инкишоф диҳед; хирад барои ба кор бурдани принсипҳои Худо бо ба назар гирифтани манфиати бардавоми онҳо ва амиқбинӣ барои дарк кардани он ки дар паси гуфтаҳову рафторҳои аъзои оила чӣ истодааст. Ҳамчунин ҳамдардӣ зоҳир бояд намуд — Масалҳо 16:21; 24:3; 1 Петрус 3:8.

22. Чаро барои кӯдакон қабули падарандару модарандар дар оила шояд душвор бошад?

22 Агар падарандар ё модарандар бошед, эҳтимол дар ёд доред, ки ҳангоми дӯсти хонавода буданатон шояд муносибати кӯдакон ба шумо хуб буд. Вале вақте ки волиди ӯгаяшон шудед, муносибати онҳо шояд тағйир ёфт. Падар ё модари аслиро, ки дигар бо онҳо зиндагӣ намекунад, дар хотир дошта, эҳтимол кӯдакон дар дил бо эҳсосоте мубориза баранд, ки гӯё ба он волид бевафогӣ мекунанд, зеро ба назарашон шумо ҷои ӯро дар қалби фарзандон гирифтанӣ ҳастед. Шояд баъзан бачаҳо рӯирост бароятон ёдрас намоянд, ки шумо падар ё модари онҳо нестед. Ин гуна суханҳо озордиҳандаанд. Ба ҳар ҳол, «дар рӯҳи худ ба хашм гирифтан шитоб накун»–ед (Воиз 7:9). Дар муносибат бо эҳсосоти кӯдакон амиқбинӣ ва ҳамдардӣ бояд дошт.

23. Дар муносибат бо фарзандони ӯгай танбеҳро чӣ тавр ба кор бурдан мумкин аст?

23 Ин сифатҳо хеле муҳиманд, хусусан ҳангоми танбеҳ додани кӯдакон. Танбеҳи оқилона зарур аст (Масалҳо 6:20; 13:1). Ва азбаски кӯдакон якхела нестанд, тарзи танбеҳ ҳам яке аз дигаре фарқ мекунад. Баъзе волидон қарор мекунанд, ки ақаллан дар вақтҳои аввал ин масъулияти волидонаро падар ё модари аслӣ иҷро намояд. Вале муҳим аст, ки ҳарду волидон дар бобати танбеҳ ҳамфикр бошанду онро ба кор баранд ва фарзанди аслиро аз ӯгай боло нагузоранд (Масалҳо 24:23). Итоат лозим аст, лекин таъсири нокомилиятро ба назар бояд гирифт. Аз ҳад нагузаред. Бо муҳаббат ҷазо диҳед — Қӯлассиён 3:21.

24. Чӣ тавр мушкилиҳои ахлоқии байни аъзоёни ҳамхуннабудаи оиларо пешгирӣ кардан мумкин аст?

24 Мушкилиҳои зиёдеро тавассути сӯҳбатҳои оилавӣ пешгирӣ метавон кард. Ин гуфтугӯҳо ба оила кӯмак мекунанд, ки таваҷҷӯҳашон дар муҳимтарин мавзӯъҳои зиндагӣ ҷамъ бошад (Филиппиён 1:9–11-ро қиёс кунед). Ҳамчунин онҳо ба ҳар як аъзои хонадон ёрӣ медиҳанд, то бубинад, ки чӣ гуна метавонад барои ноил шудан дар мақсуди оила саҳми худро гузорад. Илова бар ин, гуфтугӯи ошкорои оилавӣ метавонад мушкилиҳои ахлоқиро пешгирӣ намояд. Духтарон бояд бифаҳманд, дар назди падарандару бародарони ӯгай либосу рафтори хоксорона доштанашон лозим аст ва писарон бояд панд гиранд, ки нисбати модарандару хоҳарони ӯгай чӣ тавр рафтор кунанд — 1 Таслӯникиён 4:3–8.

25. Кадом хусусиятҳо барои нигоҳ доштани сулҳу оромӣ дар оилаи аъзоёнаш ҳамхуннабуда кӯмак мекунанд?

25 Ҳангоми рӯбарӯгӣ бо мушкилиҳои падарандару модарандар будан сабру тоқат зоҳир намоед. Барои сохтани муносибатҳои нав вақт лозим аст. Сазовор шудан ба муҳаббату эҳтироми фарзандоне, ки бо шумо пайванди хунӣ надоранд, метавонад душвории сангине бошад. Вале он имконпазир аст. Дили бохираду амиқбин дар ҳамроҳӣ бо хоҳиши бузурги писанд омадан ба Яҳува калиди сулҳу оромӣ дар оилаи фарзандони ӯгайдошта аст (Масалҳо 16:20). Ин гуна хислатҳо ба шумо дар ҳалли масъалаҳои дигар низ кӯмак хоҳанд кард.

ОЁ ТАЛОШИ ПУЛУ МОЛ ДАР ОИЛАИ ШУМО САБАБИ ҶУДОӢ НЕСТ?

26. Бо кадом тарзҳо мушкилиҳои иқтисодиву майлу рағбат ба чизҳои моддӣ метавонад дар оила ҷудоиҳо андозанд?

26 Мушкилиҳои моддию майлу рағбат ба мол метавонад бо роҳҳои гуногун дар оила ҷудоӣ оварад. Мутаассифона, баъзе оилаҳо дар талоши пул ва сарватманд шудан ё ақаллан каме бойтар гардидан пош мехӯранд. Агар ҳарду ҳамсар кор кунанду тарзи афкори “пули ману пули ту”–ро парваранд, ҷудоӣ инкишоф меёбад. Ҳатто агар мунозираҳо ба миён наоянд ҳам, дар сурати кор кардани ҳардуи ҳамсарон, шояд реҷаи кориашон чунон бошад, ки барои бо ҳам будан вақти каме боқӣ мемонад. Дар ҷаҳон торафт бештар мешаванд ҳолатҳое, ки падар барои ба даст овардани даромади бештар, моҳҳо ва ҳатто солҳо дур аз оила зиндагӣ мекунад. Ин ба мушкилиҳои хеле ҷиддӣ оварда метавонад.

27. Баъзе принсипҳое, ки метавонанд ба оилаи душвории иқтисодидошта кӯмак намоянд, кадоманд?

27 Барои ҳалли ин масъалаҳо ягон қонуну қоидаи муайян муқаррар карда намешавад, чунки оилаҳои гуногун мушкилиҳо ва ниёзҳои худро доранд. Вале дар ҳар вазъ, панди Китоби Муқаддас кӯмакрасон аст. Масалан, ояти Масалҳо 13:10 ишора мекунад, ки баъзан кашмакашҳои беҳударо дар сурати бо ҳам «машварат» намудан, пешгирӣ метавон кард. Машварат на танҳо гуфтани нуктаи назари худ, балки ҷустуҷӯи панд ва донистани фикри шахси дигарро оиди масъалаи мазкур дар бар мегирад. Илова бар ин, сохтани буҷети воқеӣ метавонад дар муттаҳид кардани кӯшишҳои ҳамаи аъзоёни оила кӯмак намояд. Баъзан, шояд муваққатан лозим ояд, ки ҳарду ҳамсарон кор кунанд, то хароҷоти иловагиро пардохт намоянд, хусусан агар дар хона фарзандон ё шахсони дигари аз ҷиҳати иқтисодӣ аз онҳо вобаста вуҷуд дошта бошанд. Дар чунин ҳолат, мард бояд занашро бовар кунонад, ки дар ҳар сурат барои вай вақт ҷудо менамояд. Шавҳар бо ҳамроҳии фарзандон метавонад бомуҳаббат ба ҳамсараш дар кардани корҳои хона, ки онҳоро одатан худи зан ба ҷо меорад, ёрӣ диҳад — Филиппиён 2:1–4.

28. Кадом ёдоварӣ дар сурати иҷро шуданаш ба оила кӯмак мекунад, ки ҷониби муттаҳидӣ равона шавад?

28 Ба ҳар ҳол, дар ёд дошта бошед, ки гарчанде пул чизи дар ин тартибот лозима аст, он хушбахтӣ намеорад. Аниқ аст, ки пул зиндагибахш нест (Воиз 7:12). Баръакс, агар ҳушу ёд аз ҳад зиёд ба чизҳои моддӣ банд бошад, ин метавонад ба шикасти рӯҳониву ахлоқӣ орад (1 Тимотиюс 6:9–12). То чӣ андоза беҳтар аст, ки аввалан Салтанати Худо ва адолати Ӯро биҷӯем ва дар ин ҳол боэътимод бошем, ки Ӯ кӯшишҳои моро дар ба даст овардани чизҳои муҳимтарин баракат хоҳад дод! (Матто 6:25–33; Ибриён 13:5). Мақсадҳои рӯҳониро ба ҷои аввал гузоштаву ба сулҳе, ки пеш аз ҳама бо Худост кӯшида, шумо дармеёбед, ки хонадонатон, ҳарчанд шояд дар масъалаҳое ҷудоиҳо дорад, дар ҷонибҳои муҳими зиндагӣ ҳақиқатан муттаҳид мегардад.