Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саҳифаи оҳири муқова

Саҳифаи оҳири муқова

ОИЛА сохтори қадимтарин дар ҷамъияти инсонист, аммо имрӯз дар хатар аст. Паҳншавии даҳшатноки нашъамандиву бадахлоқии ҷавонон, вабои муосири ҷудошавии ҳамсарон ва зӯроварӣ дар хона, афзоиши беисти оилаҳои нопурра ва мушкилиҳои дигари ҷиддӣ, боқӣ мондани сохтори оилавиро зери суол мегузорад.

Оё имрӯз дар оила барои аъзоёни он субот ва муҳите, ки ғамхориву ҳимоя ва рӯҳбаландӣ мебахшад, ёфт мешавад? Бале, агар аҳли хонадон сирри хушбахтии оиларо бидонанд. Ин сирр пӯшида нест. Он асрҳои зиёде инҷониб ба кор бурда шуда, судмандиаш собит гашт. Чӣ сиррест он? Китоби мазкур — “Сирри хушбахтии оила”, ба ин савол ҷавоб медиҳад. Дар он ҳамчунин маслиҳатҳои амалие хоҳед ёфт, ки чӣ тавр барои ҳалли мушкилиҳои гуногуни оила кӯмак кардани ин “сирр”–ро нишон медиҳанд. Магар имрӯз касе ҳаст, ки ба чунин маълумот ниёз надошта бошад?