Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ПАНҶ

Фарзандатонро аз хурдӣ тарбия кунед

Фарзандатонро аз хурдӣ тарбия кунед

1, 2. Барои кӯмак дар тарбияи кӯдак волидон бояд ба кӣ рӯ оваранд?

 «ФАРЗАНДОН мерос аз ҷониби Худованд ҳастанд», хитоб намуд як падари шукргузоре қариб 3 500 сол қабл (Забур 126:3). Дар ҳақиқат, падару модар будан як неъмати пурбаҳоест аз ҷониби Худо, ки аксарияти ҳамсарон аз он баҳраваранд. Ба ҳар ҳол, онҳое ки фарзанд доранд, хеле зуд дарк мекунанд, ки волид будан на танҳо шодӣ, балки масъулият низ меорад.

2 Ба камол расонидани фарзандон амали бениҳоят мушкил аст, хусусан имрӯз. Вале новобаста аз ин, бисёриҳо аз ӯҳдаи он бомуваффақият мебароянд ва забурнависи аз Худо илҳомгирифта роҳи онро менависад: «Агар Худованд хонаро бино накунад, бинокорони он бар абас меҳнат мекунанд» (Забур 126:1). Ҳар қадаре ки аҳкоми Яҳува Худоро аниқтар иҷро намоед, ба ҳамон дараҷа шумо падару модари хубе хоҳед буд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо ва ба хиради худ такя накун» (Масалҳо 3:5). Ҳангоми шурӯъ ба амалӣ кардани нақшаи 20–солаи ба воя расонидани фарзанд, оё мехоҳед, ки ба маслиҳати Яҳува гӯш диҳед?

НУКТАИ НАЗАРИ КИТОБИ МУҚАДДАСРО ҚАБУЛ НАМОЕД

3. Чӣ масъулияте падарон дар тарбияи фарзандон доранд?

3 Дар аксари оилаҳои тамоми дунё мардон тарбияи кӯдаконро кори аслан занона меҳисобанд. Дуруст аст, ки Каломи Худо ба падар нақши ризқёбандаи асосии оиларо додааст. Аммо он мегӯяд, ки падар дар хона ҳам масъулиятҳо дорад. Китоби Муқаддас мефармояд: «Барои кори худ дар берун тадорук намо ва онро дар киштзори худ ба тартиб овар ва баъд хонаи худро низ бино бикун» (Масалҳо 24:27). Дар назари Худо падару модар дар тарбияи фарзанд ҳамкор ҳастанд — Масалҳо 1:8, 9.

4. Чаро писаронро аз духтарон боло набояд донист?

4 Шумо бо фарзандонатон чӣ гуна муносибат мекунед? Маълум аст, ки дар Осиё “тавлиди духтар одатан боиси шодии падару модар нест”. Бадгумонӣ нисбати духтарон то ҳанӯз дар Амрикои Лотинӣ вуҷуд дорад, ҳатто дар байни “оилаҳои маданитар”. Лекин ҳақиқат ин аст, ки духтарон фарзандони дуюмдараҷа нестанд. Яъқуби пайғамбар, падари машҳури замонҳои қадим, тамоми фарзандонаш, аз он ҷумла духтаронашро чун онҳое, ки «Худо [ба вай] бахшидааст» тасвир кард (Ҳастӣ 33:1–5; 37:35). Исои Масеҳ низ мисли ин, ҳамаи «кӯдакон» — ҳам писару ҳам духтаронро, ки наздаш меоварданд, баракат дод (Матто 19:13–15). Метавонем итминон дошта бошем, ки ӯ нуктаи назари Худоро инъикос мекард — Такрори Шариат 16:14.

5. Ҳангоми ба нақша гирифтани миқдори фарзандон ҳамсарон бояд чиро ба инобат гиранд?

5 Оё дар маҳалли шумо расм аст, ки зан ҳар қадаре ки метавонад, бештар фарзанд ба дунё оварад? Аз рӯи адолат, миқдори фарзандонро дар оила бояд худи ҳамсарон қарор кунанд. Агар волидон имконияти хӯрондан, пӯшондан ва хонондани фарзандони зиёдро надошта бошанд–чӣ? Албатта ҳамсарон ин чизҳоро бояд пеш аз миқдори фарзандонро қарор кардан ба инобат гиранд. Баъзе ҷуфтҳое, ки ҳамаи кӯдаконашонро таъмин карда наметавонанд, баъзеи онҳоро ба тарбияи хешовандон медиҳанд. Оё ин дуруст аст? Ба ростӣ не. Ва ин кор волидонро аз масъулиятҳои нисбати фарзандон доштаашон озод намесозад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Агар касе ба хешу табораш ва алалхусус ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимон бадтар аст» (1 Тимотиюс 5:8). Ҳамсароне, ки шахсони бомасъулият ҳастанд, саъй мекунанд, ки миқдори «аҳли хонааш»–онро муайян созанд, то ба онҳо «ғамхорӣ» карда тавонанд. Оё ҳамсарон метавонанд барои ин тарзҳои пешгирии ҳомиларо истифода кунанд? Ин ҳам амали шахсист ва агар ҷуфт қарори пешгирии ҳомиладорӣ намояд, интихоби тарзи он ҳам кори онҳост. «Ҳар кас бори худро хоҳад бардошт» (Ғалотиён 6:5). Вале ҳар тарзи пешгирии ҳомиладорие, ки дар худ дилхоҳ шакли исқоти ҳамл (аборт)–ро дорад, бар зидди принсипҳои Китоби Муқаддас аст. Яҳува Худо «чашмаи ҳаёт» аст (Забур 35:10). Бинобар ин, нобуд кардани ҳаёте, ки дар тухмҳуҷайраи бордоршуда аллакай оғоз шуд, нишонаи беэҳтиромии амиқ нисбати Яҳува буда, ба куштор баробар аст — Хуруҷ 21:22, 23; Забур 138:16; Ирмиё 1:5.

НИЁЗҲОИ ФАРЗАНДОНАТОНРО ҚОНЕЪ ГАРДОНЕД

6. Тарбияи фарзанд бояд кай оғоз гардад?

6 Масалҳо 22:6 мегӯянд: «Бачаро бо роҳе ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо». Тарбияи фарзандон як масъулияти муҳими дигари волидон аст. Хуб, тарбияи фарзандро кай оғоз бояд кард? — Хеле барвақт. Павлуси расул қайд намуд, ки Тимотиюсро аз «кӯдакӣ»–аш тарбия мекарданд (2 Тимотиюс 3:15). Калимаи юноние, ки дар ин ҷо истифода шудааст, метавонад ба навзод ё ҳатто кӯдаки ҳанӯз ба дунёнаомада ишора кунад (Луқо 1:41, 44; Аъмол 7:18–20). Пас Тимотиюсро аз овони хеле кӯчак буданаш тарбия мекарданд ва ин дуруст аст. Кӯдакӣ вақти беҳтаринест барои оғози тарбияи фарзанд. Ҳатто кӯдаки хурд ҳам ташнаи дониш аст.

7. а) Чаро муҳим аст, ки ҳар ду волидон муносибати наздике бо кӯдакашон бисозанд? б) Чӣ муносибате байни Яҳува Худо ва Писари ягоназодаш вуҷуд дорад?

7 “Ҳангоме ки кӯдакамро бори аввал дидам, ҳамон лаҳза дӯст доштамаш”,— мегӯяд модаре. Ва аксарияти модарон чунин хоҳанд гуфт. Пас аз тавлиди кӯдак, ҳар қадаре ки модар бо ӯ вақт гузаронад, дилбастагии зебои байни онҳо аз ин инкишоф меёбад. Шири модар хӯрдани кӯдак муносибати онҳоро наздиктар месозад (қиёс кунед бо 1 Таслӯникиён 2:7). Кӯдакро навозиш кардану бо ӯ гуфтугӯ намудани модар барои қонеъ кардани ниёзҳои рӯҳиву равонии фарзанд хеле муҳиманд (қиёс кунед бо Ишаъё 66:12). Падар–чӣ? Ӯ низ бояд бо навзод муносибати наздик созад. Худи Яҳува Худо намунаи хубе бар ин аст. Дар китоби Масалҳо мо дар бораи муносибати Ӯ бо Писари ягоназодаш мехонем, ки мегӯяд: «Худованд маро ибтидои роҳи Худ сохтааст ... ба ҳузури Ӯ ҳамеша хушҳолӣ менамудам» (Масалҳо 8:22, 30; Юҳанно 1:14). Монанди ин, падари хуб бо фарзандаш муносибати хубу муҳаббатомезро аз аввали ҳаёти ӯ инкишоф медиҳад. “Меҳри зиёд зоҳир кунед,— мегӯяд падаре.— Аз оғӯшу бӯса ҳанӯз ягон фарзанд намурдааст”.

8. Чӣ машқи зеҳниро волидон бояд ҳарчи зудтар ба кӯдакони худ бидиҳанд?

8 Аммо кӯдакон на танҳо ба ин ниёз доранд. Аз лаҳзаи тавлид, мағзи онҳо ба қабулу дар хотир нигоҳ доштани маълумот омода аст ва манбаи асосии ин маълумот волидон мебошанд. Ба унвони мисол забонро мегирем. Таҳқиқгарон мегӯянд, ки дараҷаи хубии гуфтугӯ ва хонданро ёд гирифтани кӯдак “ҳамон тавре ки тахмин меравад, аз муносибати ӯ бо волидон дар давраи тифлияш сахт вобастагӣ дорад”. Бо кӯдакатон гуфтугӯ кунед ва аз хурдиаш барояш бихонед. Дере нагузашта, ӯ ба шумо тақлид хоҳад кард ва шумо ба вай хонданро меомӯзонед. Эҳтимоли зиёд аст, ки ӯ хонданро пеш аз мактаб рафтанаш ёд мегирад. Ва ин бахусус дар кишварҳое муфид аст, ки норасоии муаллимон доранду шумораи толибилмон дар синфхонаҳояшон аз ҳад зиёд аст.

9. Кадом мақсади муҳимро волидон бояд дар хотир доранд?

9 Ташвиши аввалдараҷаи волидоне, ки ходимони Худо ҳастанд, қонеъ гардонидани ниёзҳои рӯҳонии кӯдак аст (ба Такрори Шариат 8:3 нигаред). Мақсад аз ин чист? — Кӯмак ба кӯдак барои дар худ инкишофдиҳии шахсияте мисли Масеҳ ва «дар бар кардани одами нав» (Эфсӯсиён 4:24). Барои ин, ба волидон “масолеҳи махсуси сохтмонӣ” ва “тарзҳои мувофиқи сохтмон” лозиманд.

ҲАҚИҚАТРО БА ФАРЗАНДИ ХУД ТАЛҚИН КУНЕД

10. Кадом хусусиятҳоро кӯдакон бояд инкишоф диҳанд?

10 Мустаҳкамии сохтмон ба дараҷаи зиёде аз навъи масолеҳи дар он истифодашуда вобаста аст. Павлуси расул гуфт, ки масолеҳи беҳтарин барои сохтани шахсияти масеҳӣ «тилло, нуқра, ҷавоҳирот» мебошад (1 Қӯринтиён 3:10–12). Ин масолеҳ рамзи хусусиятҳое ба мисли имон, хирад, амиқбинӣ, вафодорӣ, эҳтиром ва миннатдории дар муҳаббат ба Яҳува ва қонунҳои Ӯ асосёфта мебошанд (Забур 18:8–12; Масалҳо 2:1–6; 3:13, 14). Чӣ тавр волидон метавонанд ба кӯдаконашон кӯмак намоянд, то онҳо аз овони тифлии барвақт чунин хислатҳоро дар худ инкишоф диҳанд? — Тавассути пайравӣ ба равияе, ки кайҳо муқаррар шуда буд.

11. Чӣ тавр волидон дар қавми Исроил ба фарзандонашон барои инкишоф додани хусусиятҳои худописандона кӯмак менамуданд?

11 Каме пештар аз он ки қавми Исроилро ба Замини Ваъдашуда дароварад, Яҳува ба волидони ин қавм амр дод: «Ин суханон, ки Ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бигзор бар дили ту бошад, ва онҳоро ба писаронат талқин бикун, ва ҳангоми нишастанат дар хонаи худ, ва ҳангоми роҳ рафтанат, хобиданат ва бархостанат дар бораи онҳо гуфтугӯ намо» (Такрори Шариат 6:6, 7). Бале, волидон бояд намуна ба фарзандон ва ҳамчунин дӯсту ҳамсӯҳбат ва муаллими онҳо бошанд.

12. Чаро муҳим аст, ки волидон намунаи хубе барои бачаҳо бошанд?

12 Намунаи ибрат бошед. Аввалан Яҳува гуфт: «Ин суханон ... бигзор бар дили ту бошад». Баъдан илова кард: «Онҳоро ба писаронат талқин бикун». Пас, хислатҳои худописандона аввалан бояд дар дили волидон бошанд. Волидон бояд ҳақиқатро дӯст доранд ва мувофиқи он зиндагӣ намоянд. Танҳо дар ин сурат онҳо дили фарзандро ба даст оварда метавонанд (Масалҳо 20:7). Чаро? — Зеро ки ба бачаҳо чизи дидаашон бештар аз шунидаашон таъсир мегузорад — Луқо 6:40; 1 Қӯринтиён 11:1.

13. Волидоне, ки ходими Худоянд, чӣ тавр дар зоҳир намудани таваҷҷӯҳ ба фарзандон ба намунаи Исо–пайғамбар пайравӣ карда метавонанд?

13 Дӯст бошед. Яҳува ба волидони қавми Исроил фармуд: «Ҳангоми нишастанат дар хонаи худ ва ҳангоми роҳ рафтанат [бо писаронат] гуфтугӯ намо». Барои ин, волидон ҳар қадаре ки банд набошанд, ҳатман бояд бо фарзандони худ вақт гузаронанд. Исо–пайғамбар бешакк мефаҳмид, ки кӯдакон ба он меарзанд, то ӯ барояшон вақт ҷудо кунад. Дар рӯзҳои охири хидматаш «кӯдаконро назди ӯ меоварданд, то ки онҳоро ламс кунад». Исо ба ин чӣ гуна муносибат намуд? Вай «онҳоро ба оғӯш кашид ва даст бар онҳо ниҳода, дуои хайр кард» (Марқӯс 10:13, 16). Тасаввур кунед; соатҳои охири ҳаёти Исо сипарӣ мешуданд. Ва ӯ ба ҳар ҳол ба бачаҳо вақт ҷудо карду таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Чӣ дарси олие!

14. Чаро барои волидон муфид аст, ки бо фарзандонашон вақт гузаронанд?

14 Бо бачаҳоятон муошират кунед. Вақтгузаронӣ бо кӯдакатон ба муоширати байни шумову ӯ кӯмак менамояд. Ҳар қадар бештар муошират кунед, ҳамон қадар хубтар дарк хоҳед кард, ки шахсияти ӯ чӣ гуна инкишоф меёбад. Вале дар хотир доред, ки муошират бештар аз сӯҳбат аст. Модаре аз Бразил гуфт: “Ман санъати гӯш доданро ёд гирифтам,— гӯш додан бо қалб”. Сабру тоқати ӯ самари хубе ба бор овард; писараш ба нақл кардани эҳсосоташ ба ӯ оғоз намуд.

15. Дар хусуси истироҳату фароғат чиро дар хотир бояд дошт?

15 Фарзандон ба «вақте барои хандидан ва ... вақте барои рақсидан», яъне ба истироҳату фароғат ниёз доранд (Воиз 3:1, 4; Закарё 8:5). Дар сурате, ки волидон бо бачаҳо якҷоя бошанд, истироҳату фароғат хеле самарбахш аст. Мутаассифона, дар бисёри хонаводаҳо истироҳат маънои тамошои телевизионро дорад. Дар ҳоле ки баъзе аз барномаҳои телевизион шавқоваранд, аксарияти дигарашон арзишҳои ахлоқии инсонро вайрон мекунанд ва инчунин тамошои телевизион муоширати байни аъзоёни оиларо танг менамояд. Аз ин рӯ, чаро ба ягон машғулияти созандае бо кӯдаконатон банд нашавед? Суруд бихонед, бозӣ кунед, бо дӯстон сӯҳбат намоед, ба ҷойҳои шавқовар равед. Ин гуна машғулиятҳо ба муошират мусоидат мекунанд.

16. Волидон чиро дар хусуси Яҳува Худо бояд ба фарзандон омӯзонанд ва ин корро чӣ тавр карданашон лозим аст?

16 Кӯдаконро таълим диҳед. «Онҳо [ин суханон]–ро ба писаронат талқин бикун»,— гуфт Яҳува Худо. Матни атрофи оят аён месозад, ки чиро ва чӣ тавр таълим додан лозим аст. Аввалан шумо бояд «Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ва бо тамоми қуввати худ дӯст» доред (Такрори Шариат 6:5). Баъдан «ин суханон»–ро бояд «талқин бикунед». Бачаҳоро панд дода, дар онҳо муҳаббат нисбати Яҳува ва қонунҳои Ӯ парвариш намоед (қиёс кунед бо Ибриён 8:10). Феъли «талқин кардан» маънои бо такрорҳо омӯзонданро дорад. Пас, Яҳува дар асл ба шумо мегӯяд, ки беҳтарин роҳи дар фарзандонатон тарбия кардани шахсияти худописандона бо онҳо муттасил дар хусуси Ӯ сӯҳбат намудан аст. Ин омӯзиши мунтазами Китоби Муқаддасро бо эшон дар бар мегирад.

17. Чиро волидон бояд дар фарзандашон инкишоф диҳанд? Чаро?

17 Аксарияти падару модарон медонанд, ки ба даст овардани дили кӯдак осон нест. Петруси расул ҳамимононашро ташвиқ намуд: «Чун кӯдакони навзод муштоқи шири поки калом бошед» (1 Петрус 2:2). Истифодаи феъли «муштоқ бошед» фарзан нишон медиҳад, ки бисёриҳо ба ғизои рӯҳонӣ иштиёқи табиӣ зоҳир намекунанд. Шояд ба волидон лозим ояд, ки барои дар фарзандашон инкишоф додани чунин иштиёқ усулҳо ҷустуҷӯ намоянд.

18. Ба кадом роҳҳои таълими Исо волидон пайравӣ карда метавонанд?

18 Исо дилҳоро тавассути мисолҳо ба даст меовард (Марқӯс 13:34; Луқо 10:29–37). Ин усул хусусан дар таълими кӯдакон пурмаҳсул аст. Принсипҳои Китоби Муқаддасро ба онҳо бо истифодаи ҳикояҳои шавқовару пуробуранг, масалан аз нашрияи “Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас” омӯзонед *. Бигзор бачаҳо низ дар муҳокима ширкат варзанд. Ба онҳо имконият диҳед, ки қобилиятҳои эҷодкории хешро бо рассомиву ба саҳна гузоштани воқеаҳои Китоби Муқаддас ба кор баранд. Исо ҳамчунин аз саволҳо истифода мебурд (Матто 17:24–27). Ҳангоми омӯзиши оилавиатон ба ӯ пайравӣ намоед. Ба ҷои танҳо иқтибос овардани ягон қонуни Худо, саволҳо диҳед, мисли: Барои чӣ Яҳува ин қонунро ба мо дод? Чаро онро риоя бояд кард? Агар риоя накунем, чӣ мешавад? Ин гуна саволҳо ёрӣ медиҳанд, ки кӯдак амаливу муфид будани қонуни Худоро бифаҳмад — Такрори Шариат 10:13.

19. Агар волидон мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас бо фарзандонашон муносибат кунанд, аз чӣ манфиати бузурге бачаҳо баҳра хоҳанд бурд?

19 Барои фарзандатон намуна, дӯст, ҳамсӯҳбат ва муаллим шуда, барояш кӯмак хоҳед кард, ки аз айёми тифлӣ муносибати шахсии наздике бо Яҳува Худо бисозад. Тавассути ин муносибат фарзанди шумо ходими хушбахти Худо хоҳад шуд. Ҳатто дар сурати рӯ ба рӯ гаштан бо фишори ҳамсолон ва озмоишҳо, ӯ ҷаҳд хоҳад кард, ки мувофиқи имонаш зиндагӣ кунад. Ҳамеша ба фарзандатон кӯмак намоед, ки ин муносибати гаронбаҳоро қадр кунад — Масалҳо 27:11.

АҲАМИЯТИ МУҲИМИ ТАРБИЯ

20. Танбеҳу ислоҳ чист ва он бояд дар чӣ асос ёбад?

20 Тарбия маънои таълимдиҳӣ ва ислоҳи ақлу дилро дорад. Кӯдакон ба ин ҳамеша ниёз доранд. Павлус ба падарон панд медиҳад, ки фарзандонро «дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия [«ислоҳ», ТДН]» кунанд (Эфсӯсиён 6:4). Волидон бояд бомуҳаббат танбеҳу ислоҳ намоянд, мисли Яҳува (Ибриён 12:4–11). Ислоҳе, ки дар муҳаббат асос меёбад, фаҳмонидани талабҳоро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, ба мо гуфта мешавад: «Насиҳатро бишнавед» (Масалҳо 8:33). Фарзандро чӣ гуна танбеҳу ислоҳ бояд кард?

21. Кадом принсипҳоро падару модар ҳангоми ислоҳи фарзанд бояд дар хотир дошта бошанд?

21 Баъзе волидон фикр мекунанд, ки тарбия ва танбеҳу ислоҳи фарзандон фақат таҳдидомез ҳарф задан, мазаммат ва ё ҳатто таҳқири онҳоро дар бар мегирад. Аммо Павлус огоҳӣ медиҳад: «Шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред» (Эфсӯсиён 6:4). Тамоми ходимони Худо ташвиқ мешаванд, ки «бо ҳама меҳрубон бошанд ва... бо фурӯтанӣ мухолифонро насиҳат» диҳанд (2 Тимотиюс 2:24, 25). Волидоне, ки ходимони Худоянд, вақте ниёз ба қатъият мебинанд, саъй мекунанд, ки ин суханонро дар хотир доранд. Аммо баъзан фаҳмонидан кофӣ нест ва шояд ба кор бурдани ягон намуди танбеҳ лозим ояд — Масалҳо 22:15.

22. Ба кӯдак дар сурати ба танбеҳу ҷазо ниёз доштанаш чиро фаҳмонидан лозим аст?

22 Кӯдакон гуногунанд, аз ин сабаб тарзи тарбияашон ҳам якхела буда наметавонад. Баъзеи онҳо «аз суханон сабақ намегиранд». Барои онҳо танбеҳе, ки вақт аз вақт барои беитоатиашон мегиранд, метавонад сабаби наҷоти зиндагиашон гардад (Масалҳо 17:10; 23:13, 14; 29:19). Вале кӯдак бояд бифаҳмад, ки чаро ҷазо мегирад. «Чӯб ва танбеҳ [«мазаммат», ТДН] ҳикмат мебахшад» (Масалҳо 29:15, ТФ; Айюб 6:24). Беш аз ин, танбеҳу ҷазо ҳадд доранд. «Туро аз рӯи инсоф ҷазо хоҳам дод»,— гуфта буд Яҳува ба халқаш (Ирмиё 46:28б). Китоби Муқаддас ба ҳеҷ ваҷҳ ғазабона шаллоқ задан ё бераҳмона кӯфтанро, ки баданро кабуд кунад ё ҳатто кӯдакро захмию маиб намояд, дастгирӣ намекунад — Масалҳо 16:32.

23. Ҳангоми танбеҳу ҷазо дидан аз ҷониби волидон кӯдак бояд чиро дарк кунад?

23 Вақте ки Яҳува қавмашро аз нияти ҷазодиҳиаш огоҳ намуд, Ӯ аввал гуфт: «Натарс, зеро Ман бо ту ҳастам» (Ирмиё 46:28а). Монанди ин, баъд аз танбеҳу ҷазои падару модар (он дар ҳар шакли мувофиқе ки набошад), кӯдак ҳеҷ гоҳ набояд худро партофташуда эҳсос намояд (Қӯлассиён 3:21). Баръакс, кӯдак бояд ҳис кунад, ки сабаби ҷазо додани падару модар ин аст, ки онҳо “бо ӯ”, яъне ҷонибдори вай ҳастанд.

ФАРЗАНДАТОНРО АЗ БАДӢ НИГАҲ ДОРЕД

24, 25. Чӣ хатари нафратангезе вуҷуд дорад, ки кӯдакон дар ин рӯзҳо бояд аз он ҳимоя шаванд?

24 Бисёри калонсолон бачагии худро чун давраи хушвақтонае ба хотир меоранд. Онҳо эҳсосоти гарми бехатарӣ ва эътимод бар онро, ки волидон ҳарчи рӯй надиҳад, нигаҳбонашон хоҳанд буд, ёдовар мешаванд. Падару модарон ҳам мехоҳанд, ки фарзандонашон ҳамин эҳсосотро дошта бошанд, аммо дар ҷаҳони фосиди имрӯза аз хатар нигаҳ доштани бачаҳо беш аз пештара торафт душвортар мегардад.

25 Хатари нафратангезе, ки имрӯзҳо зиёд мегардад, таҷовузи ҷинсии кӯдакон аст. Аз рӯи ахборот дар Малайзия таҷовузи кӯдакон дар тӯли 10 сол 4 маротиба афзудааст. Дар Олмон ҳар сол қариб 300 000 кӯдак таҷовуз карда мешаванд. Дар яке аз кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ бошад, мувофиқи ахборе, ҳар сол шумораи бачаҳое, ки таҷовуз мешаванд, ҳудуди 9 000 000 нафар аст! Бадбахтона, аксарияти онҳо дар хонаҳои худ, аз ҷониби шахсоне таҷовуз мебинанд, ки кӯдакони мазкур эшонро мешиносанд ва барояшон эътимод доранд. Вале бачаҳо бояд ҳимояи тавоное дошта бошанд, — аз ҷониби волидонашон. Чӣ гуна волидон ҳимоягар буда метавонанд?

26. Чӣ гуна роҳҳои ҳимояи кӯдакон аз хатар вуҷуд доранд ва чӣ тавр дониш бачаро муҳофизат карда метавонад?

26 Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки кӯдаконе, ки дар бораи муносибатҳои ҷинсӣ дониши кам доранд, бештар қурбонии таҷовузгарон мегарданд, аз ин сабаб, тарзи асосии пешгирии фоҷиа ба кӯдак дониш додан аст, ҳатто агар ӯ ҳанӯз хеле хурд бошад. Дониш метавонад бачаро «аз роҳи бад халос кунад, аз касе ки каҷгуфтор аст» (Масалҳо 2:10–12). Чӣ гуна дониш? Дониш оиди принсипҳои Китоби Муқаддас, оиди он чизе, ки ахлоқан дуруст ва нодуруст аст. Дониш дар хусуси он ки баъзе калонсолон корҳои зишт мекунанд ва кӯдак ба шахси аз худаш калоне, ки ба ӯ кори ахлоқан бад пешниҳод менамояд, набояд итоат кунад (қиёс кунед бо Дониёл 1:4, 8; 3:16–18). Ин гуна насиҳатро ба як бор гуфтан маҳдуд насозед. Барои он ки дарс дар хотирашон бимонад, бисёри бачаҳо ниёз доранд, ки онро батакрор бишнаванд. Кӯдакон калонтар ки шуданд, падар бояд бомуҳаббат ҳуқуқи танҳомонии духтарашро эҳтиром намояд ва ҳамчунин модар чунин ҳуқуқи писарашро — ин фаҳмиши кӯдакро дар хусуси он ки чӣ айб асту чӣ не, тақвият медиҳад. Ва албатта, беҳтарин ҳимояи кӯдак аз таҷовуз ин назорати хуби шумо чун падару модар аст.

ҲИДОЯТИ ХУДОРО ҶӮЁ БОШЕД

27, 28. Ҳангоми рӯбарӯгӣ бо вазифаи ба воя расонидани кӯдак, барои волидон кӣ Сарчашмаи бузургтарини кӯмак аст?

27 Тарбияи кӯдак аз тифлияш дар ҳақиқат кори мушкил аст, лекин волидони имондор дар рӯбарӯгии ин душворӣ танҳо нестанд. Марде бо номи Монӯаҳ, ки дар рӯзҳои Доварон умр ба сар мебурд, вақте фаҳмид, ки падар хоҳад шуд, аз Яҳува Худо барои ба воя расонидани фарзандаш ҳидоят пурсид. Яҳува дуои ӯро мустаҷоб кард — Доварон 13:8, 12, 24.

28 Монанди ин, имрӯз ҳам волидони боимоне, ки фарзанд ба воя мерасонанд, метавонанд аз Яҳува дар дуо ҳидоят пурсанд. Падару модар будан — меҳнати вазнинест, вале он атои бузурге ҳам аст. Як ҷуфти ҳамсарон аз Гавай мегӯянд: “То оне, ки синни бӯҳронии наврасӣ фаро расад, шумо 12 сол доред, ки кори худро кунед. Ва агар шумо барои ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддас ҷидду ҷаҳд кардед, пас, вақте ки фарзандонатон аз таҳти дил қарори хидмат ба Яҳува мекунанд, шодиву амният ба бор мегиред (Масалҳо 23:15, 16). Ҳангоме ки бачаатон чунин қарор қабул кунад, шумо низ барангехта ба чунин хитоб мешавед: «Инак, фарзандон мерос аз ҷониби Худованд ҳастанд».

^ Нашри Шоҳидони Яҳува