Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 2

Чӣ тавр дар бораи Худо фаҳмидан мумкин аст?

Чӣ тавр дар бораи Худо фаҳмидан мумкин аст?

«Бигзор ин китоби шариат аз даҳони ту дур нашавад ва онро ту рӯзу шаб биомӯз, то бо риояти ҳар он чи дар он навишта шудааст, амал намоӣ, зеро ки он гоҳ дар роҳҳои худ комёб гардида, муваффақият ба даст хоҳӣ овард»

(Еҳушаъ ибни Нун 1:8).

«Китоби Тавроти Худоро ба тафсил хонданд ва шарҳ доданд, то он чиро, ки хонданд, бифаҳманд»

(Наҳемё 8:8).

«Хушо касе ки ба машварати шарирон намеравад... фақат ба шариати Худованд шавқ дорад ва рӯзу шаб Тавроти Ӯро меомӯзад... ва ҳар чӣ мекунад, барор хоҳад ёфт»

(Забур 1:1–3).

«Филиппус ба он ҷо давида, шунид, ки китоби Ишаъёи набиро мехонад. Гуфт: “Оё мефаҳмӣ он чиро, ки мехонӣ?” Гуфт: “Чӣ гуна фаҳмида метавонам, агар касе ба ман роҳнамоӣ накунад?”»

(Аъмол 8:30, 31).

«Моҳияти нонамоёни Ӯ, яъне қуввати ҷовидонӣ ва Илоҳияти Ӯ, аз хилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст, бинобар ин онҳо ҳеҷ узре надоранд»

(Румиён 1:20).

«Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк накун, то ки муваффақияти ту ба ҳама намоён шавад»

(1 Тимотиюс 4:15).

«Диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем ва ҷамъомади худро тарк накунем»

(Ибриён 10:24, 25).

«Агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд — ва ба вай ато хоҳад шуд»

(Яъқуб 1:5).