Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 6

Китоби Муқаддас дар бораи Масеҳ чиро пешгӯӣ карда буд?

Китоби Муқаддас дар бораи Масеҳ чиро пешгӯӣ карда буд?

ПЕШГӮӢ

«Ту, эй Байт-Лаҳми Эфрот... аз ту барои Ман Ҳокиме дар Исроил хоҳад баромад»

(Мико 5:2).

ИҶРОШАВӢ

«Чун Исо дар айёми подшоҳ Ҳиродус дар Байт-Лаҳми Яҳудо таваллуд ёфт»

(Матто 2:1).

ПЕШГӮӢ

«Сару либоси маро дар миёни худ тақсим мекунанд ва бар пероҳани ман қуръа мепартоянд»

(Забур 21:19).

ИҶРОШАВӢ

«Сарбозон, чун Исоро маслуб карданд, либоси Ӯро гирифта, ба чор ҳисса тақсим карданд... лекин пероҳан дарз надошт, балки аз боло то поён бофта шуда буд. Пас онҳо ба якдигар гуфтанд: “Онро пора накунем, балки қуръа бар он партофта бинем, ки аз они кӣ мешавад”»

(Юҳанно 19:23, 24).

ПЕШГӮӢ

«Ҳамаи устухонҳои ӯро нигоҳ медорад; ҳеҷ яке аз онҳо шикаста нахоҳад шуд»

(Забур 33:21).

ИҶРОШАВӢ

«Чун назди Исо омаданд ва диданд, ки аллакай мурдааст, соқи пойҳои Ӯро нашикастанд»

(Юҳанно 19:33).

ПЕШГӮӢ

«Онҳо бар Ман, ки найза задаанд, назар хоҳанд дӯхт»

(Закарё 12:10).

ИҶРОШАВӢ

«Яке аз сарбозон ба қабурғаи Ӯ найза зад ва ҳамон дам хун ва об ҷорӣ шуд»

(Юҳанно 19:34).

ПЕШГӮӢ

«Онҳо музди маро ба қадри сӣ сиқли нуқра баркашиданд»

(Закарё 11:12, 13).

ИҶРОШАВӢ

«Он гоҳ яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудои Исқарют ном дошт, пеши саркоҳинон рафт ва гуфт: “Ба ман чӣ хоҳед дод, то ки Ӯро ба шумо таслим кунам?” Онҳо ба вай сӣ сиккаи нуқра таклиф карданд»

(Матто 26:14, 15; 27:5).