Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволи 16

Чӣ тавр ташвишҳоро бартараф кардан мумкин аст?

Чӣ тавр ташвишҳоро бартараф кардан мумкин аст?

«Бори дилатро ба Худованд парто ва Ӯ ба ту ғамхорӣ хоҳад кард. Ӯ ҳаргиз нахоҳад гузошт, ки одил фурӯ ғалтад»

(Забур 54:23).

«Мулоҳизаҳои шахси ғайратманд яқинан нафъовар аст, вале ҳар шитобкор яқинан гирифтори бенавоӣ мешавад»

(Масалҳо 21:5).

«Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд ва туро ёварӣ хоҳам дод ва туро бо ямини адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард»

(Ишаъё 41:10).

«Кист аз шумо, ки бо ғамхории худ қоматашро як зироъ баланд карда тавонад?»

(Матто 6:27).

«Пас, барои фардо ғамхорӣ накунед, зеро ки фардо барои худ ғамхорӣ хоҳад кард: заҳмати имрӯз барoи имрӯз кофист»

(Матто 6:34).

«Дарк намоед, ки чӣ беҳтар аст»

(Филиппиён 1:10).

«Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед,— ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт»

(Филиппиён 4:6, 7).